• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeНАВГОНИҲОПАЁМИ СОЗАНДА ВА ҶОМЕЪ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Садои Шарқ-№1-2018

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол чун солҳои пешин ҷомеъ ва фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат ва ояндаи кишвар аст. Гузашта аз ин, дар Паёми имсола як силсила масъалаҳое тарҳ ва баррасӣ гардид, ки ҷанбаи равшани амалгароёна доштанд ва бешубҳа ба сурати амалӣ ва муассир дар беҳбуди зиндагии фардию иҷтимоии ҳамватанонамон, ободию рушди рӯзафзуни зербинои иқтисодии мамлакат, беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт.

 

ФАЗОИ АМН. Бори дигар ба сароҳат эълом гардид, ки муҳимтарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мусоидат ба фазои амн дар сатҳи байналмиллалӣ, минтақавӣ ва дохилӣ мебошад. Дар Паём таъкид мегардад “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”.

Тоҷикистон дар масири ташаккул ва камоли сиёсати хориҷии худ ба ин натиҷа расидааст, ки беҳтарин ва мусоидтарин роҳ барои таъмини фазои амн сиёсати арзишмеҳвари “дарҳои боз” ва эҷоди эътимоду робитаҳои некхоҳона бо ҳама кишварҳои ҷаҳон мебошад. Чунин сиёсат имтиёзҳои хоссу вижа ва истифода аз стандартҳои дугонаро дар ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои алоҳида истисно менамояд ва боиси шаффофияти қобили эътимоди ҳамкориҳои байналмилалӣ мегардад, ки натиҷаҳои мусбати он имрӯз дар мисоли пазириши паёпайи ташаббусҳои ҷаҳонии раҳбарияти олии кишварамон дар маҷомеъи байналмилалӣ равшан ва ошкор гардидааст. Оғози расмии давраи иҷроии яке аз ин ташаббусҳои муҳими ҷаҳонӣ – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ҳамзамон бо таҷлили Наврӯз падидаи фараҳбахшест, ки на танҳо дастовардҳои маънавии дипломатияи ҷаҳонии Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад, балки аз унсурҳои арзишманди фарҳанги бостонии миллӣ комилан бархурдор намудани ин ташаббусҳои ҷаҳониро нишон медиҳад. Ба ин восита бори дигар маънавияти олӣ, сиришти созанда ва инсонпарваронаи фарҳанги миллии тоҷикӣ ба субут мерасад. Дар ин замина захираҳои фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистон, хушбахтона, хеле фаровон аст ва ҳар бобе аз он метавонад дарҳои наверо барои ҳамкориҳои созандаи бесобиқа боз намояд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта аст, ки дар идомаи Паём ёдоварӣ мегардад: “Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.”

БАРНОМАИ ҶОМЕЪ. Ҷаззобияти Тоҷикистон чун яке аз нуқтаҳои амн дар ҷаҳони пурошӯби имрӯз ба изофаи табиати мумтоз, фарҳанги мардумии ғанӣ, захираҳои фаровони маъданӣ муассисаҳои дармонӣ ва ғайра рӯз то рӯз афзоиш меёбад ва ба сурати табиӣ заминаҳои мусоидеро барои рушди сайёҳӣ ба вуҷуд меорад. Барои рӯйи кор овардан ва ба сатҳи амалию иҷрои баровардани имконоти фаровони билқувва (потенсиалӣ) бо як иқдоми мавридшиносона дар Паём таъкид гардидааст: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.”

Рушди соҳаи сайёҳӣ бо мудирияти танзимшуда ва огоҳона чандин соҳаҳои дигари иқтисоди миллиро фаъол ва босамар мегардонад, ки дар айни ҳол дар сурати зарфиятҳои роҳандозӣ нашуда боқӣ мондаанд:

- Эътимодсозӣ барои сармоягузории хориҷӣ. Амалан бештари ашхоси дорои имконоти саёҳати хориҷӣ соҳиби сармояҳо мебошанд, ки бидуни мутолиа ва омӯзиши имконоти маҳалли сармоягузорӣ ҳозир ба фаъолияти сармоягузории хориҷӣ намешаванд. Бино бар ин, амалан бахши муҳимме аз сайёҳонро сармоягузороне ташкил хоҳанд дод, ки бевосита заминаҳои ҳамкории мусоидро баррасӣ намуда, ба ҳамкории худ бо мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ эътимод ҳосил хоҳанд кард.

- Равнақи бозори маҳсулоти дохилӣ. Имрӯз ҷо пайдо кардан дар бозорҳоихориҷӣ барои маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, хусусан, маҳсулоти кишоварзӣ, ки бештарин тавлидоти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, кори осоне нест. Таҳримҳо ва маҳдудиятҳои пайдарпай дар ин замина имкони бозорёбӣ барои истеҳсолкунандагон ва соҳибкоронро ба душвориҳои зиёд рӯбарӯ кардааст. Дар сурати вуруди шумораи бештари сайёҳон, ин маҳсулоти воқеан пурарзиш дар дохили кишвар харидори зиёд пайдо хоҳад кард. Ҳамчунин коркарди ин маҳсулот бо технологияи муосир ва бастабандии муносиб ба сурати ҳадя ва дастовез равнақ хоҳад ёфт.

- Ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ. Беҳуда нест, ки рушди сайёҳӣ ҳамроҳ бо ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ дар Паём дар як сарфасл ҳамроҳ омадааст. Дар баробари таъсисоти зербиноии сайёҳӣ, аз қабили шабакаи роҳҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои тафреҳию дармонӣ, зиёратгоҳҳои таърихию фарҳангӣ... ҳамчунин маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, хусусан, ҳунарҳои суннатии дастӣ ва бозорҳои арза ва фурӯши чунин маснуот яке аз муҳимтарин рукнҳои ривоҷи соҳаи сайёҳӣ мебошад. Ба ин восита заминаи бисёр густурда ва мусоиде ҷиҳати рушду тавсеаи хурдиқтисодӣ (микроэконмика) ва бо кори доимӣ таъмин гардидани шумори зиёди аҳолӣ, хусусан дар шароити манзилӣ фароҳам мегардад, ки ин дар айни ҳол эҳёи сохтори анъанавии саноати ҳунарҳои миллии дастиро ҳамроҳ дорад.

- Беҳбуди таъсисоти таърихию фарҳангӣ. Бешубҳа, ривоҷи сайёҳӣ ва афзоиши сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ дар ин бахш дар айни ҳол барои беҳбуди маконҳои зиёратии таърихию фарҳангӣ ва бо истифода аз имконоти иловагӣ мараммату беҳсозии чунин таъсисоти ҳанӯз бозсозинашуда ва ташкили осорхонаҳои нав ёрии амалӣ мерасонад, ки дар айни ҳол ин ҷараён таъмини ҷойҳои нави кориро дар пай дорад. Ҳамчунин беҳбуди шабакаи роҳҳои дохили кишвар ва, хусусан, сохти раҳторҳо (канатная дорога) ва истифода аз равтор (фуникулер) муносиб ба сохти замин ва манзараҳои ҷаззоби табиати Тоҷикистон дар тараққии ин соҳа бисёр мусоидат хоҳад кард.

Имтиёзоте, ки дар Паём, аз ҷумла ба воситаи имтиёзоти молиётӣ ва осонсозии сабти ном барои муассисаҳои хусусӣ пешбинӣ гардидааст, ташвиқ ва дастгирии бамавқеъ ҷиҳати рушди ин соҳа мебошад: “Аз ин лиҳоз, зарур мешуморам, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад.

Тадбирҳои пешбинишуда дар як барномаи ҷомеъ ва рукнҳои ба якдигар пайваста силсилаи номаҳдуди имкониятҳоро барои тавсеаи иқтисоди миллӣ фароҳам месозад ва омода намудани мутахассисон дар ҳамаи бахшҳо ҳам барои таъмини шабакаи муназзами соҳа ва ҳам барои пешгирӣ аз осебҳои эҳтимолӣ аз иқдомоти зарурӣ ба шумор меояд.

АМНИЯТИ ҒИЗО ВА ДАВО. Аз нуктаҳои муҳимтарини дигаре мебошад, ки дар Паём ба онҳо диққати махсус дода шудааст ва амалан ин ду ҷузъи як маҷмуаи масъалаҳои ҷомеаи имрӯзи кишвар аст. Тасаввур кунед, ки ғизои пастсифат боиси густариши бемориҳо мешавад ва табиист, ки бемор ба дору ниёзманд мегардад ва агар дору ҳам пастсифат бошад, он гоҳ ин бемор вориди доираи мушкилоте мегардад, ки роҳи раҳоӣ надорад. Тибқи он фармуда, ки:

Гӯшт чу гандад, намакаш мезананд, Вой бар он рӯз, ки гандад намак!

Ин масъала дар Паёми соли гузашта низ матраҳ шуда буд ва, хушбахтона, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти фавқулодаи мавзӯъ имсол ба такрор ва ҳамроҳ бо роҳнамоиҳо ва имконоту имтиёзоти нав дубора ба ин масъала руҷуъ шуд. Барои мутахассисони соҳа ва соҳибкорон ғанимати бузургест, ки камоли истифодаро аз ин имконот ба амал оранд ва ҳамроҳ бо суди тазминшуда барои халқи кишварамон хидмати ҳаётан муҳимро анҷом диҳанд.

Тавре, ки дар Паёми имсола ва ҳамчунин солҳои пешин ба такрор таъкид гардидааст, Тоҷикистон дорои захираҳои кофии табиӣ ва неруи қобили инсонӣ барои таъмини аҳолии худ бо маводи ғизои солим ва беш аз он содироти маводи ғизо ба хориҷи кишвар мебошад. Бештари маводи ғизои носолим, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, ба гӯшти паранда (мурғ) ва анвои дигари гӯшт ва фаровардаҳои чорводорӣ тааллуқ дорад, дар ҳоле, ки Тоҷикистон бо зарфиятҳои худ дар ин соҳаҳо на танҳо худро ба хубию фаровонӣ метавонад таъмин созад, балки дар содироти ин коло низ муваффақият ба даст орад.

Дар бахши доруворӣ низ имконот ва зарфиятҳои илмии суннатӣ ва нав ва захираҳои табиии Тоҷикистон дар олам камтар назир дорад. Чунончи дар Паём омадааст: “Ҳоло дар мамлакат 32 корхонаи хурди соҳа фаъолият дорад, вале онҳо ҳамагӣ 240 номгӯи маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунанд.

Яъне нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд. ”

Бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон на танҳо метавонад аҳолии худро бо маводи баландсифати давоӣ таъмин созад, балки ба яке аз кишварҳои пешрафтаи содиркунандаи дору дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил шавад. Имтиёзоте, ки дар Паём барои ин соҳа пешбинӣ гардидааст, дар ин кор мусоидати зиёд менамояд: “Бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод менамоям, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад. ”

Имрӯз гиёҳдармонӣ (фитотерапия) дар сохтори тибби ҷаҳонӣ дар радифи аввал қарор гирифта истодааст, зеро ҳам аз назари арзиш ва дастрасӣ ва ҳам аз ҷиҳати саломат ва амният, нисбат ба навъҳои дигари дармон мумтоз мебошад. Гиёҳҳои камназир ва пуршумори давоии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохили кишварро таъмин карда метавонанд, балки имкон дорад яке аз бахшҳои муҳимми содироти онро низ ташкил диҳад ва дар айни ҳол аз қочоқи ин мавод пешгирӣ шавад. Барои такмили ин соҳа парвариши бевоситаи гиёҳони давоӣ низ дар кишварамон заминаҳои густурдае дорад.

Фазилатҳои табиии Тоҷикистон қабл аз ҳама ба иқлими нодири ин сарзамин вобаста мебошад, ки ба баракати тоҷи булурини лозурҳо (пиряхҳо) бар фарқи кӯҳистон таъмин ва ҳифз мегардад. Солҳост коҳиши шадиди ин ганҷи бебадали миллӣ боиси нигаронӣ гардидааст ва Пешвои миллат дар Паёми имсол низ батакрор ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим муроҷиат намуд: “Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад”.

Дар шумори тадбирҳое, ки метавонад суръати ин раванди нигаронкунандаро коҳиш бидиҳад ва барои барқарории иқлими табиии кишвар, иқлиме, ки дар ташаккули ин пиряхҳо дар давоми солҳои зиёд мусоид буд, яке тибқи назари мутахассисон барқарор кардани ҷангалҳои азбайнрафтаи кӯҳистон мебошад. Ин иқдом ҳамзамон бо беҳбуди иқлим ва ҳифзи рутубати зарурӣ ва ҷазби боришоти бештар, барои ҳалли чандин масъалаи дигари ҷанбӣ, аз ҷумла пешгирӣ аз селу тармаҳои харобиовари зиёд, кӯчиши заминҳои кӯҳистонӣ (хокселҳо), барқарории таркиби гиёҳон ва ҷонварони нодир, ҳатто таъмини чӯби сохтмонӣ дар оянда мусоидат менамояд. Иқдоми дигари зарурӣ ин хоҳад буд, ки минтақаи пиряхҳо ба шумори мамнуъгоҳҳои табиӣ ворид карада шуда, аз вуруди зиёд ва беназорати шумори зиёди чорво ва одамон ба ин минтақаҳо пешгирӣ шавад.

Ҳамчунин, эҳёи ҷангалҳои нодири кӯҳистонӣ ҷаззобиятҳои сайёҳии кишварамонро дучандон менамояд. Ин захираҳои оби баста аҳаммияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд ва комилан мустаҳиқи сармоягузориҳои байналмилалӣ мебошанд.

Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар асл маҷмӯаи тадбирҳои баҳампайвастаи амалие мебошад, ки иҷрои онҳо беҳбуди сатҳи зиндагӣ, маънавият, амният ва рушди кишварро дар ҳамаи соҳаҳо тазмин менамояд.

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37