• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...


Назаре ба фаъолияти садорат ва бахшҳои ИН Тоҷикистон дар соли 2017

Садорати  ИНТ:

Январ: Эълони озмунҳои Раёсати ИНТ ба муносибати ҷашни фархундаи 20-солагии  Рӯзи ваҳдати миллӣ ва аз ҷониби СММ пазируфта шудани ташаббуси башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор. 2018-2028"

Июн: Маҷлиси Садорат дар мавзӯи «Нақши адабиёти бадеӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ». Гузориши муфассали Раиси Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон. Шоири халқии Тоҷикистон Низом қосим.

 

-Ҷамъбасти озмуни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ. Адибон Озарахш, Беҳрӯзи Забеҳулло ва Садриддин Ҳасанзода ғолиби озмун шуданд.

Октябр: Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Раиси ИНТ Низом Қосим бо Раиси ИН Ӯзбекистон Муҳаммад Алӣ дар бораи  ҳамкориҳо ва равобити адабӣ суҳбат карданд.

Бахши назм

 

Феврал: Маҳфили адабӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии забонҳо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон.

Март: Базми шеъру суруд ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода.  Бо иштироки  Низом Қосим, Гулрухсор, Гулназар, Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳобзода, Муҳаммадалии Аҷамӣ.

Апрел: Базми шеъру суруд  дар минтақаи Рашт-бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Бо иштироки Аҳлиддин Ҳисорӣ, Маҷид Салим, Азизи Азиз, Диловари Мирзо, Зайниддини Худойдод.

-Мизи мудаввари ИНТ оид ба  "Тавсифи Ваҳдат дар шеъри муосир".

Май: Маҳфили адабӣ бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб дар муассисаи таълимии рақами 51-и ба номи Убайд Раҷаби пойтахт. Бо иштироки Ато Мирхоҷа, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Алимуҳаммади Хуросонӣ.

-Табрики Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 85 солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ устод Муъмин Қаноат.

-Конфронси илмӣ-адабии ҷумҳуриявии ИН Тоҷикистон ва Академияи фанҳои кишвар ба муносибати 85-солагии устод Муъмин Қаноат.

 Июн: Маҳфили шеъру суруд дар шаҳри Ваҳдат-ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Бо иштироки  Муҳаммадалии Аҷамӣ, Маҷиди Салим,  Давлати Раҳмониён, Абдусаттори Раҳмон, М. Сабурӣ.

Сентябр: Бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоира Рудобаи Мукаррам бо ордени "Шараф" сазовор шуд.

-Базми шеъри суруд бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ  бо иштироки Низом Қосим - Раиси ИНТ, Фарҳод  Раҳимӣ-президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон,  Абдунабӣ Сатторзода,  Рустам Ваҳҳобзода, Муҳаммадалии Аҷамӣ.  Макони баргузорӣ-Майдони Донишгоҳи кишоварзӣ, дар канори пайкараи устод Рӯдакӣ.

 -Базми шеъру суруд бахшида ба рӯзи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ. Бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раиси ИНТ Низом Қосим,  Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳобзода. 

Октябр: "Шамъи фурӯзони ёд". Маҳфили ёдбуди шоири шинохта Искандари Хатлонӣ. Бо ширкати Абдулҳамид Самад, Гулрухсор,  Ато Мирхоҷа,  М.  Аҷамӣ Акбар Абдулло, Ҷӯрабек Назрӣ.

Ноябр: Маҳфили шеъру суруд бахшида ба Рӯзи Парчам дар Академияи ВКД Тоҷикистон.  Бо ширкати Муҳаммадалии Аҷамӣ ва овозхонони шинохта Афзалшоҳи Шодӣ ва Тобиши Ҳилол.

 

Бахши наср

 

Феврал: Маҳфили адабӣ бахшида ба вазъи тарҷумаи асарҳои нависандагони муосири тоҷик ба забонҳои дигар.

-Мизи мудаввари ИНТ бахшида ба нашр расидани китоби дуюми романи "Гардиши девбод"-и Абдулҳамид Самад. Бо иштироки Раиси ИНТ Низом Қосим,  Саттор Турсун,  Мисбоҳиддин Нарзиқул, Иброҳим Усмонов, Абдураҳмон Абдуманнон, Мирзо Шукурзода,  Барот Абдураҳмон, Муҳаммад Ғоиб.

 -Мизи мудаввари ИНТ дар мавзӯи «Фантастика ва насри муосир»  бахшида ба 90-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдумалик Баҳорӣ.

 Март: Ташкили базми наврӯзӣ бо иштироки адибони номвари мамлакат дар шаҳри Душанбе ва вилояту ноҳияҳо.

Апрел: Маҳфили адабии "Нависанда ва хонанда" дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо иштироки Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад.

-Маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ.

Июн: Мизи мудаввари ИНТ оид ба худшиносии миллӣ дар романи "Восеъ"-и Сотим Улуғзода (бахшида ба панҷоҳсолагии ба нашр расидани романи адиб).  Бо иштироки Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Барот Абдураҳмон,  Абдураҳмон Абдуманнон, Иброҳим Усмонов,  Шарифмурод Исрофилниё, Мисбоҳиддин Нарзиқул.

-Иштироки нависандагон дар чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

 Июл: Сафари нависандагон бо гурӯҳи таблиғотӣ ба вилояти Хатлон ба муносибати Соли ҷавонон.

Конфронси илмӣ-адабии ИНТ ва мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Панҷакент ба муносибати 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод

Сентябр: Мизи мудаввари "Забони миллат - ҳастии миллат" (дар ҳамкорӣ бо Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ)- бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ.

-Бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нависанда Барот Абдураҳмон унвони "Нависандаи халқии Тоҷикистон" дода шуд.

Октябр: Маҳфили эҷодии "Ҷавонӣ кун, ҷавонӣ" бахшида ба Соли ҷавонон (дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода). Бо ширкати нависандагони ҷавон Башир Усмон, Зулолаи Нур, Таҳмина Эмин, Маҳдӣ Абдураҳмон.

Декабр: Конфронси илмӣ-адабии ИНТ ва мақомотҳои иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ба муносибати 70-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад.

Ёдбуди нависанда Аброри Зоҳир дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон.

 

Бахши адабиёти кӯдак

 

  Феврал: Баргузории маҳфили "МАН" (Маҳфили адибони наврас) дар ҳамкорӣ бо шабакаи телевизонии бачагону наврасони мамлакат "Баҳористон" ва Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давоми сол ба тамошобинони хурдсол 16 барнома пешкаш шуд.

Март: Мизи мудаввар  доир ба вазъи наср барои кӯдакони синни томактабӣ. 

Апрел: Ширкати адибон дар Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон".

Май: Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ,  инчунин  ташкилоти  "Кемоникс"-и  ЮСАИД зиёда аз 108 асари дар 5 соли охир ба хонандагони хурдсол  пешниҳоднамудаи нашриётҳои мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

-Ёдбуди устод Мирсаид Миршакар, Мавҷуда Ҳакимова, Нуъмон Розиқ, Убайд Раҷаб. 

Август: Маҳфили адабӣ бо иштироки адибони бачаҳо Ҷӯра Ҳошимӣ, Азизи Азиз, Абдусаттори Раҳмон, Шарифи Муҳаммадёр.

Сентябр: Баррасии назму насри бачагона дар нашрияҳои  "Ахтарон", "Чашма", "Ғунчаҳои Ватан", "Анбоз" ва "Пайрав".

Октябр: Баргузории маҳфили илмӣ-адабии ИНТ- "Назаре ба насри кӯдакона".  Бо иштироки Ато Мирхоҷа,  Азимҷон Аминӣ, Зайниддин Муртазоев,  Азизи Азиз, Ғанӣ Ҷӯразода.

 

Бахши нақд

 

Ҷашнвораҳо ба муносибати 110-солагии Ҳабибулло Назаров, 110-солагии Шарифҷон Ҳусейнзода, 100-солагии Воҳид Асрорӣ, 80-солагии Худоӣ Шарифзода ва дигар санаҳои муҳимми зиндагии ходимони адабу фарҳанг.

-Бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус бо унвони "Корманди шоистаи Тоҷикистон" қадрдонӣ гардид. 

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37