• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Шумо аз он адибони ҳунарманду чирадастед, ки бо ҳузуратон натанҳо шеъри муосири тоҷикро рангу бӯи тоза додаед, балки ба адабиётамон шукӯҳу шаҳомати тоза овардаед.

 

Омӯзиши амиқу дақиқи шеъри бузурги тоҷику форс ва ҷаҳон дар рушди истеъдоди Шумо нақши муассир дорад. Мактаби шоириву инсонии устод Мирзо Турсунзода Шуморо аз рӯзҳои аввали ба адабиёт қадам ниҳоданатон дастгиру раҳнамо гардид. Он Шуморо ба ҳазорон дӯстодорони сухан абадӣ пайваст ва шеъратонро муқими дили мардум кард. Шеъри латифу бадеъ, дилнишину равон ва баёнгари афсонаву ҳақиқати зиндагӣ ҳунари асили Шуморо дар суханварӣ нишон медиҳад. Тавсифу талқини озодиву озодагӣ, сидқу садоқат, меҳру муҳаббат, ватандӯстиву ҳувияти миллӣ аз рукнҳои муҳимтарини осори Шумост. Аз ин рӯ, ҳар асари тозанашратон, чи манзуму чи мансур, аз ҷониби муштоқони адабиёт ошиқонаву самимона истиқбол мешавад.

Эҳсоси амиқи инсонӣ, дардошноӣ, корбасти табиии мавзӯъҳо Шуморо бо шеъри зебову шевоятон дар қаламрави адабии ҳамзамонон низ ҳамчун суханвари воқеӣ маъруф гардондаанд. Шеъри Шумо эҳсоси ҳазорон соҳибдилон, баёнгари эҳсоси воло ва умеду орзӯҳои равшани онҳост.

Шумо дар тӯли фаъолияти эҷодӣ худро натанҳо чун шоири асил муаррифӣ намудед, балки дар насру драматургия ва публитсистика ҳам пайваста муваффақ будаед. Хонандагони Тоҷикистону берун аз он роману намоишномаҳоятонро ҳам ба мисли шеъру достонҳоятон бо шавқи афзун мехонанду баҳра мебаранд.

 Аз баракати қалами тарҷумонии Шумо осори адибони маъруфи халқҳои гуногун - Олга Берголтс, Гарсиа Лорка, Габриэлла Мистрал, Мар Бойҷиев, Леся Украинка, Римма Казакова, Андрей Дементйев, Файз Аҳмади Файз, Йордан Милев, Силва Капутикян ва дигар адибони шинохтаи олам дастраси хонандаи тоҷик шудаанд.

Чун узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти адабӣ ва чорабиниҳои созмони эҷодиамон низ фаъолона ширкат варзиданатон боиси ифтихору арҷгузорист.

Унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бозгӯи хидматҳои бузургу мондагоратон баҳри рушди маънавиёти халқамон мебошад.

Зодрӯзи муборакатонро  самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавому хушиҳои зиндагӣ ва дар роҳи эҷод фатҳи марраҳои тоза ба тозаро орзӯмандем.

 

 

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37