• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeХАБАР ВА НАВГОНИҲОВИЖАНОМАИ САМАРҚАНД"САДОИ ШАРҚ"№11-2017

 

 

Салим КЕНҶА

САМАРҚАНД

Аё, эй боғшаҳри ҷовидонам,
Ғазал дар васфи ту аз ҷон бихонам,
Ниҳоли умри ман сарсабз аз туст,
Баҳори бехазону бӯстонам.
Зи номат коми ман бошад пур аз қанд,
Чу модар меҳрубони ман, Самарқанд.

Чӣ роҳатбахш боди ҷонфазоят,
Биҳиштосо бувад обу ҳавоят,
Ҳамефахрам ман аз гулгаштҳоят,
Ҳам аз фарзандҳои бовафоят,
Зи номат коми ман бошад пур аз қанд,
Чу модар меҳрубони ман, Самарқанд.


 

Баҳорону зимистон беш дидӣ,
Гулу хор аз ҷаҳон бисёр чидӣ.
Чу Дарғамгоҳ будӣ пурғаму дард,
Зи шодӣ чун Зарафшон гаҳ дамидӣ,
Зи номат коми ман бошад пур аз қанд,
Чу модар меҳрубони ман, Самарқанд.

Аз ин пас ҳам дар ин дунё чунин мон,
Ҷавону нозанину дилнишин мон.
Ба дилҳо мисли ҷаннат бахш сайқал,
Ҳамеша сайқали рӯи замин мон!
Зи номат коми ман бошад пур аз қанд,
Чу модар меҳрубони ман, Самарқанд.

МАНОР

Рост паҳлӯи манор истодаам,
Чун манора бовиқор истодаам.
Ҳуши кас нақшунигораш мебарад
Чашми кас ҳусни баҳораш мебарад.
Сангҳои он китоби бостон,
Рост истода бихонад достон.
Бар манор аз пой андозам назар,
Пеши по афтад маро тоқӣ зи сар.
Чун далерон хам намегардад сараш,
Бар сараш тобанда шамси ховараш.
Посбоне дар Самарқанд аст он,
Посбони донишу фарҳангамон.
Лек сад афсӯс, ки ин посбон,
Ҳаст санги бедилу ҳиссу забон…

ХОКИ МУҚАДДАС

Муқаддас бошадам хокат, Самарқанд,
Дилу ҷонам ба хокат ҳаст пайванд.
Бувад бунёдам, охир, аз ҳамон хок,
Расад аз он маро сар то ба афлок.
Ниёгони бузурги мо, Самарқанд,
Ба дида тӯтиё хоки ту карданд.
Заминат модари ҷон гуфта буданд,
Ба номат дурру гавҳар суфта буданд.
Ба рӯи хок по оҳиста монданд,
Ба хокат нахли бахти худ нишонданд.
Маро қимат зи зар ҳар зарра хокат,
Шавам ман, кош, рӯзе хоки покат…

***

Саидаи СИНАВӢ

НОМИ МОДАР

Касе омаду номи Модар гирифт,
Аз ин қалби хомӯши мо даргирифт.

Пазируфта нози чаман андалеб,
Ба табрики гул ҷому соғар гирифт.

Заминро ситойиш намуд офтоб,
Ҷаҳонро шамими муъаттар гирифт.

Нумӯ карда меҳру маҳи осмон,
Қадаҳро зи чашмони ахтар гирифт.

Зи эзид хабар шуд санову дуруд,
Ҳумо сӯи мақсуди дил пар гирифт.

Чароғони гетӣ фурӯзон шуданд,
Замину замону ҷаҳон фар гирифт.

БАР ХУД ФУРӯ БАРЕД

Эй ёдҳои сабзу гулафшони ошиқӣ,
Эй ҷомаҳои ишқ, мани хастарӯҳро
Бар худ фурӯ баред!

Эй нағмаҳои поки ғазалхони шоирон,
Гар қодиред, ҷони пур аз захми бандаро
Аз сӯҳбати ғализи ғанимон раҳо кунед,
Гар қодиред, то чаманистони орзу,
Яъне, ба шаҳри булбули хушгуфтугӯ баред!

Набвад писанд ҳеҷ
Оҳу фиғону нолаи ҷонкоҳи ошиқон...
Ин ҷони хастаро
Бар соясори марди накӯву шикастанафс,
Бообрӯ баред!

Маскан диҳед ҷони ғариби Саидаро
Бар Синаи шарифу мусаффову беғубор,
Бар шаҳри босалобати сад орзу баред!

ДУБАЙТӣ

Маро модар дар айёми баҳорон,
Бизоду шуст андар оби борон.
Ба оби раҳматам шусту дуъо кард,
Ки бошам сарвазири дӯстдорон.

***
Сафияи НОСИР

А Р Ӯ С

Дар пешгоҳи хона рӯ ба қибла чодари арӯсӣ кашида шудааст. Бибиотун берун аз чодар истода, аз ҷониби арӯсовардагон суруди саломномаро басе фораму шево тараннум мекунад, ки садои марғуладораш овози занони зиёди маҷлисро пахш намуда, то ба дуриҳо мерасад. Ҳозирон ба саломи арӯсу хешу ақрабояш бо «ҳазор алек» ҷавоб мегӯянд. Ин маросим он қадар шукӯҳ дорад, ки дар навбаҳорон ба пешвози дамидани субҳу тулӯъи хуршед нағмапардозӣ кардани мурғони хушилҳонро пеши назар меорад. Чодари арӯсӣ ҳам ба монанди чодари тулӯъгоҳи хуршед аз тараннуми бибиотуни ғазалхон ба тадриҷ кушода мешавад ва офтоби ин хонадон берун меояд.
Бибиотун таронахониро ба поён расонд ва ҷавонзани болобаланде, домани чодари арӯсиро ғунча карда, пас партофт. Дасти наварӯсро ду ҷавонзан дошта, аз чодар берун оварданд, гӯё вай мурги навбол буду онҳо шеваи парвоз меомӯхтанд.
Чеҳраи наварӯсро рӯмоли ҳарири гулобӣ панаҳ мекард. Дасти рости ӯ дар зери рӯмолаки пурнақшу нигори хошияҳош тангадор буду рӯи сандуқи дилаш ба нишони таъзим қарор дошт. 
Ба истиқболи наварӯс ҷавонзани кӯдакбадасте омад. Писараки сурхрӯ бо чӯбаки аз навдаи дарахти биҳӣ шикасташуда рӯймолакро аз чеҳраи наварӯс бардошт. Модараш ӯро ба замин гузошт. Писарак таҳти кафкӯбии меҳмонон берун тохт ва рӯймолакро рӯи роҳ аз даст афтонда сӯи ҷӯраҳояш шитофт, то бозиро идома диҳад.
Қоши тилло чун тоҷи зарин болои абрӯвони камоншакли ӯсмакашидаи наварӯс басе шинам омада буд. Гунаҳояш монанди ду себи гулобиранги хубонӣ, бинии нозуки ӯ чун шохчаи навдаи себ. Лабҳои ақиқаш шабеҳи гул, аммо аз ғояти ҳаяҷону ҳаё ончунон ба ҳам фишурда, ки мепиндоред ҳеҷ гоҳ боз нахоҳанд шуд.
Ҷавонзани дар паҳлӯи наварӯс истода дасти рӯмолакдори вайро оҳиставу батадриҷ ба рӯи ӯ бурда ва ба ҳамин минвол боз поён оварда, болои сандуқ дил гузошт. Ин тарз таъзимкунии наварӯс манзараи осмони навбаҳорро дошт, ки хуршеди оламтоб ҳар лаҳза зери абрҳои нуқрафом пинҳон мегардаду бо оламиён рустшаваконбозӣ мекунад.
-ӯ ҳӯ, арӯси сербизоат будааст, апаи Зеварам аҷаб заршинос-куя…
-Ҳамаи ин ориятӣ бошад, чӣ?-ҷавобан шунида шуд садои зани дигар.
Ҷавонзане, ки ба таъзимкунии наварӯс мадад мерасонд, бо имою ишора бонуи ба арӯсбинӣ маҳталро пеш хонд, то оини арӯсбиниро ба ҷо биёрад. Ҷавонзан пеш рафту ба нӯки по истода баланд шуд, то рухи наварӯсро бибӯсад. Баъд зани миёнсоле лаълии пур аз зарфҳои чинӣ бардошта сӯи наварӯс рафт. Меҳмонон соҳибтӯйро дида, ба такрор муборакбод мегуфтанд. Аммо вай хомӯш буд ва дасти холиашро ба сари сина гузошта таъзим мекарду бас. Ду лунҷаш варамидагӣ барин барҷаста буд. Дар лунҷҳояш қанд дошт. 
Таомули арӯсбинони модаршӯ чунин аст. Ҳини арӯсбинонаш вай бояд гунгу сокит бошад. Ин рамзи бо арӯси хеш доим аҳлу тифоқ зиндагӣ карданро доштааст.
Маросими арӯсбинон интиҳо ёфт ва меҳмонон ҳама пароканда шуданд. Ҷавонзанони дар ду паҳлуи наварӯс истода низ ӯро танҳо гузошта рафтанд. Наварӯс дар хонаи холиву бегона тани танҳо мисли мурғи пару болрехта сархаму ғамгин рост меистод. Аз дидагонаш сиришк чун сели навбаҳорон фурӯ мерехт. Навбаҳори зиндагии ҳар кас ба ҳар ранг мегузарад. Ин фасли гулафшон ҳамроҳ бо хушрӯзиҳо тирарӯзиҳо ҳам дорад. Гоҳо селу тӯфонҳо бармехезанду ба сари касс фалокатҳои ногаҳонӣ пеш меоранд. Алҳазар аз чунин тирарӯзон…
Русумест, ки наварӯс дар хонаи шавҳар кори рӯзгордориро даставвал аз хамир кардан ё резакунии равғани думба оғоз мекунад. 
Хушдомани наварӯс зани миёнсоли мавзунқомати гандумгун, ки чашмони бодомиаш аз иҳотаи ожангҳои тӯрвор тангтар гаштаанду лекин ҳанӯз шарорапошанд, дари хонаи наварӯсро кушода ва ба арӯси ба истиқболаш телба шуда, ки рӯймолаки пурнақши хешро фаромӯш карда, кафи дасташро ба рӯ бурдаву таъзим мекард, бо диққат, вале тамасхуромез чанд дақиқа дида дӯхт ва сипас ӯро ба берун даъват намуд:
-Келинпошшо, бо хаёлам, аз бекорӣ зиқ шудед, биёед, ба шумо коре баромад.
Дар ошхона рӯи палос сурфа густурда шуда буд. Дар паҳлӯи сурфа тағораи пурорд ва элак меистод. Хушдоман ба наварӯс фармуд: -Дастатонро бо собун шуста, ин ҷо биёед, хамир мекунед.
Наварӯс хеле ҳаял кард. Хушдоман бо таҳаммул омадани ӯро нитизор шуд, вале ҳини дар пеши дар пайдо шуданаш пурсид.
-Келинпошо, обу собунро наёфтед, а? Об дар нил ва собун дар пеши суфачаи нил истода буд-у…
Наварӯс эроди хушдоманро шунида ҳарфе нагуфта бошад ҳам, ду бари рӯяш аз шуълаи оташ гарм шудаги барин сурх гашт. Аз остона нагузашта, пешпо хӯрд. Хушдоман хандиду рӯяшро ба дигар сӯ тофт. Вақте, ки назди сурфа омада нишаст, хушдоман суоли дигар дод:
-Пешдоманро набастед?
-Надонистам,- гуфт арӯс ва аз ҷо бархеста ба атроф нигарист, то пешдоманро ёфта пеши куртааш бандад.
-Ҳу, дар мех овезон, 
Арӯсро аз эродгирии хушдоман ва зӯрии ҳаяҷони имтиҳони хамиркунӣ чашмонаш парда гирифтагӣ барин шудаву чизеро намедид. Хушдоман ин ҳолати наварӯсро намефаҳмид ва сабру қарораш рафту аз ҷо бархоста худ пешдоманро гирифта пеши куртаи арӯсро бубаст.
- Худованди карим! Ба ман келини ҳафтафаҳмро дучор кардӣ магар? Чӣ ношукриам гузашт? 
Арӯс овози хушдоманро гӯё аз дурҳо мешунид, ки маънии суханашро сарфаҳм нарафт. Ҳаяҷон сомеаи ӯро низ халалдор гардонда буд. ӯ мисли муллобачаҳо чорзону зада пеши тағораи орд нишаст.
- Дар хонаатон боре хамир кардед? - хушдоман аз тарзи нишасту чӣ кор карданро надонистани арӯс рамуз гирифта пурсид.
Арӯс ба маънии тасдиқ сар ҷунбонд.
- Ин тавр бошад, чаро гарангу шах истодаед? Ман об резам, шумо ордро шӯронед.
Арӯс панҷаҳои ҳиногинашро ба орд хаст ва маҳтали обрезии хушдоман истод. Хушдоман бо дӯлча об мерехту арӯс ордро ба об мешӯронид, панҷаҳои ӯ фақат дар мобайни тағора қарор доштанд. Хушдоман орди гирди тағораро ба дасти холиаш ба миёна тела дода гуфт:
-Орди даври тағораро ҳам шӯронед, охир. Фақат як ҷо қарор нагиред-дия.
Арӯс аз эродгириҳои хушдоман бештар телба гашт ва пораҳои хамир аз зери дасташ ба ҳар тараф пош мехӯрданд, хушдоманро алағда месохтанд:
-Аз даруни орд гунҷишк медоред-чӣ? О, хамира ба панҷаатон пош надиҳед. Ин чӣ хел хамиркунӣ? Қадди умрам ин хел хамир шӯронданро надидем.
Арӯсро инони худидоракунӣ ба куллӣ аз даст рафт ва раъшаи даҳшату ваҳшат вуҷудашро ба ларза овард. Панҷаҳояш акнун дар ҳақиқат гунҷишк медоштагӣ барин патаррос мезаданд. Ин ҳолат хушдоманро низ ба ваҳм андохт:
-И-и, келинпошшо, ба шумо чӣ шуд? Хезед, хезед!
Амри хушдоман арӯсро ором накард, баръакс ваҳшаташро фузуд ва қариб рӯи тағора пару меафтод, ки хушдоман ӯро боздошта фарёд зад:
-Ҳой мардак, мардак, мегӯям, шумо дар куҷоед? Ин ҷо тозед, ки келинатона дарди қуёнчуқашон гирифт.
Ба ошхона марди миёнсоли шонапаҳни туғмаи куртааш кушода шитобон ворид шуд. 
-Ту, гӯрсӯхта, одами сиҳатро ҳам касал мекунӣ бо амру фармо-нат. Аз келини якрӯза чиҳоро талаб накарда бошӣ, ту кайнона, хез, аз дастонаш дошта бардорем...
Ин имтиҳони нахустини рӯгордорӣ дигар наварӯсро барои ҳамеша пеши хушдоман фармонбардору итоаткор кард.

* * *
Солҳо гузаштанд, арӯс зани занон гашт, фарзандонро ба воя расонд, худ келин овард ва ҳинни наварӯсро дарси рӯзгордорӣ омӯхтан хост, ки хатои замоне содиркардаи хушдомани хешро ислоҳ бикунад:
- Келинмулло, ба ошхона гузаред, камтарак хамир кардан лозим. Таомул ин аст, ки арӯс аввал дасташро ба сафедӣ занад.
- Ин қадар зуд?! Мо янгамулломро баъди се рӯз ба кор андохтем. Даври арӯсешона ронанд, гуфтанд модарам.
- Ман фикр кардам, ки дар хона танҳо шишта зиқ намонед, майлатон, даври арӯси ронед, - гуфт навхушдоман ва банди андешаҳо аз хонаи арӯс бадар рафт.
Ӯ рӯи кати айвон амонат нишаст. Чашмони аз бедорхобию хастагӣ хумории хоб гаштааш дар як нуқта қарор гирифтанд. Гӯё рӯ ба рӯи ӯ экрани синамо барҷосту рӯзгори гузаштаашро ҷилвагар месозад. Хушдомани хешро пеши назар мебинад, ки субҳи содиқ омирона амр мекунад:
-Келинпошшо, ҷомашӯӣ кунем, дастархорнҳо ҳама чиркин шудаанд, бо эҳтиёт шӯед, аммо доғҳояш намонад.
Ҳаяле нагузашта фармони дигар зери гӯшаш садо медиҳад:
-Дастархонҳо рӯзи дароз дар тор овезон наистад! Намонам дарзмол кунед, барахт мешавад.
... Аз пешгоҳи ҳавлӣ садои шарфаи по ба гӯшаш расид, ӯ аз ҷо барҷаст, дар пиндораш, ки хушдоман аз хонаи хеш баромада сӯяш меояд. Дар собиқа хонаи хушдоман дар пешгоҳи ҳавлӣ буду хонаи ӯ дар поёни ҳавлӣ. Ҳоло баръакс…
Навхушдоман пешорӯ ба ҷои модаршӯи марҳум наварӯсашро дида ба худ омад…
-Ҳа, келинмулло, аз хона берун омадед?-пурсид хушдоман.
-Хамиркунӣ омадам!
Хушдоман ҳарфе нагуфта наварӯсро сӯи ошхона бурд, ва қабл аз ба ошхона даромадан, гуфт:
-Дастатонро аввал мешустед.
Хушдоман аз муомилаи нахустини наварӯс ҳарчанд иштибоҳи хешро дарк намуда ҳоло азм карда буд, ки ислоҳаш мекунад, лекин аз феълу хӯи нарми модарзодӣ куҷо мегурехт?

Ҷаъфар МУҲАММАД

БЕ ТУ

Бе туам аз худ ҷудо дар шаҳри худ,
Бо ғарибӣ ошно дар шаҳри худ.

Дар ба рӯям баст шодӣ, мекунам,
Бо ғами худ рафтуо дар шаҳри худ.

Аз фироқу печу тобу изтироб,
Кардаам қасре бино дар шаҳри худ.

Комрон дар шаҳри ман бегонагон,
Ман ғарибу бенаво дар шаҳри худ.

Дарди мардум шуд давову ман ҳанӯз,
Дардманде бедаво дар шаҳри худ.

Бе ту ҳам, эй ҷони Ҷаъфар, лаҳзае,
Нестам аз ту ҷудо дар шаҳри худ.

МО МОНДЕМ

Баски шӯридадилу маҳви тамошо мондем,
Ҳама рафтанд, фақат мо лаби дарё мондем.

Ҳама дар соҳили “имрӯз” расиданд ба ком,
Мо лаби соҳили “уммед ба фардо” мондем.

Раҳнамоён ҳама рафтанд, дар ин роҳи хатир,
Ману дил яккаву бечораву танҳо мондем.

Ишқ дар хотири айём намонду ману дил,
Ҳамчунон ошиқу дилдодаву шайдо мондем.

Ҳукми моро бинавиштанд, қалам ҳам доданд,
Чашми мо баставу гуфтанд, ки: “Имзо!”. Мондем.

Дил бубастем ба як ламъа нишот, аз мастӣ,
Ғофил аз шаъшааи “Шамсу зуҳоҳо” мондем.

Ҷаъфар, аз базми тараб бодагусорони муҳиб,
Ҳама рафтанд, дар ин хона фақат мо мондем.

ТО САМАРҚАНД НАЁӢ...

Бе назар дар дилам, эй ташна, ба дарё нарасӣ,
Бе “сафар дар ватан”-и хеш ба дунё нарасӣ.

То набинӣ, ки ғуломиву асирӣ чӣ балост,
Ба мақомоти азизии Зулайхо нарасӣ.

Лаззати ҳаҷр надониста чӣ лофӣ зи висол?
Тарсам, эй Қайс, ки як умр ба Лайло нарасӣ!

То ба ширинии як бӯса набахшӣ сари хеш,
Ба нигини лаби майгуни шакархо нарасӣ.

То ба печу хами ҳар нукта нагардӣ хаму печ,
Ба баландии фарофикрати Маъно нарасӣ.

Нагзарӣ аз“ман”-и худ, ё нарасӣ бар“ман”и худ,
Ба муҳаббаткадаи доираи “Мо” нарасӣ.

Ҷаъфар, аз Чоч биё, ё зи раҳи Тирмизу Кеш,
То Самарқанд наёӣ, ба Бухоро нарасӣ!

ДУР МАРАВ, ДУР МАШАВ!

Як дам аз давру барам дур марав, дур машав!
Як нигоҳ аз назарам дур марав, дур машав!

Тору пуди ману ту аз гуҳаре сохтаанд,
З-асли худ, эй гуҳарам, дур марав, дур машав!

Ману ту меҳру маҳ аз Коҳкашоне дигарем,
Нури шамсу қамарам, дур марав, дур машав!

То туӣ дар бари ман, шоми сияҳ субҳдам аст,
Аз шабат, эй саҳарам, дур марав, дур машав!

Болу пар аз дару боми дили ман боз макун,
Як дам аз бому дарам дур марав, дур машав!

Як дам, эй лаззати парвоз, маро тарк макун,
Қуввати болу парам, дур марав, дур машав!

Бо ту ман шавкати сад шамси фалак доштаам,
Тоҷи заррин, зи сарам дур марав, дур машав!

Ишқ роҳест хатарноку дароз, аз бари ман,
Як қадам, ҳамсафарам, дур марав, дур машав!

Дида дидори ту мехоҳаду дил васли туро,
Эй фурӯғ, аз басарам дур марав, дур машав!

З-остоне, ки муҳаббаткадаи Ҷаъфари мост,
Ҳамдилу ҳамназарам, дур марав, дур машав!

АЗ ТАБОРИ БОРОН

Ман наводаи дарё, пури кӯҳсоронам,
Ҳамнажоди ҷангалҳо, ёри обшоронам.

Ин қадар чӣ мелофӣ, аз сириштат, эй хокӣ?
Ман зи қавми тӯфонҳо, аз табори боронам.

Вазну баҳри шеърамро аз арӯзи соҳил ҷӯ,
Ман таронаи мавҷам, савти ҷӯйборонам.

Муҳтасиб! Таассубро бишкану табассум кун!
Ман муриди ангурам, пири майгусоронам.

Ту ба чашми ман, афсӯс, аз сиёҳкоронӣ,
Ман ба чашми ту, хуш бош, аз гуноҳкоронам.

Ошиқон! Куҷо рафтед, анҷуман парешон нест!
Ман ба лаб ғазал, имшаб шамъи ҷамъи ёронам.

Ишқ гул кунад, Ҷаъфар, дар дили зимистонҳо,
Чунки ман паёме сабз аз дили баҳоронам!

ФАРОМӮШ КАРДАНД

Чу ҳукми Ҳакамро фаромӯш карданд,
Ҳакимон ҳикамро фаромӯш карданд.

Каломи азалро, мақолу масалро,
Вуҷуду адамро фаромӯш карданд.

Аз ин сайри сийрат, в-аз ин ҳавли ҳайрат,
Ҳудусу қидамро фаромӯш карданд.

Чу дилҳо ба “Ло” шуд, “бале”-ҳо “бало” шуд,
Ки яксар “наъам”ро фаромӯш карданд.

Аз ин тундкешӣ, в-аз ин кундкӯшӣ,
Дами муғтанамро фаромӯш карданд.

“Сафар дар ватан”-ро зи хотир сутурданд,
“Назар бар қадам”-ро фаромӯш карданд.

Ба ҳар ҷо гусастан, шикастан, шикастан,
Азизон қасамро фаромӯш карданд.

Наъимон ниъамро фаромӯш карданд,
Каримон карамро фаромӯш карданд.

Дар ин шӯри ҳастӣ адибон зи мастӣ,
Чу Ҷаъфар қаламро фаромӯш карданд...

ТО ОХИРИН НАФАС

Захмест дар дилам, ба амонӣ намеравад,
Бо лутфҳои нӯкизабонӣ намеравад.

Ман пир мешавам, зи чӣ як ишқи сабзранг,
Аз дил чу қиссаҳои ҷавонӣ намеравад.

Ваҳмест бас азим, ки баъд аз “Аъуз”ҳо,
Сад бор “Қул аъуз...” бихонӣ, намеравад!

Дарвешвор бар дари дил “Ҳаққу ҳу” занад,
Бо санги шаръ гарчӣ биронӣ, намеравад.

Ишқест дар дилам, ки рақиб аст бо табиб,
Аз рӯҳам ин маризи равонӣ намеравад.

Ёрони нонталаб зи хаёлам гурехтанд,
Ин ишқ, яъне душмани ҷонӣ намеравад.

Панҷоҳсола мешавад ин ишқи навҷавон,
Аз дил чу захми ҷанги ҷаҳонӣ намеравад.

То охирин нафас нафасе ишқи ҷонгудоз
Аз тору пуди Ҷаъфари сонӣ намеравад.

ОФТОБИ ХУД МЕБОШ!

Норизо зи хуршедӣ? Офтоби худ мебош!
Абр агар нашуд чатрат, худ саҳоби худ мебош!

Шамъро намехоҳӣ? Хезу шамъи дигар шав!
Моҳро намебинӣ? Моҳтоби худ мебош!

Гирди дар чӣ мегардӣ бо калиди бегона?
Қуфлро шикан дар худ, фатҳи боби худ мебош!

Эй суоли печида, гирди лаб чӣ мегардӣ?
Дастро каш аз абрӯ! Худ ҷавоби худ мебош!

Аз китоби мо байте гар писанди табъат нест,
Матлаъе пур аз маъно дар китоби худ мебош!

Адаш ИСТАД

РЕГИСТОНИ МӮЪҶИЗАВӢ

Баъзе касон гумон мекунанд, ки маҷмӯа, яъне Ансамбли Регистон танҳо аз се мадраса ва майдони таърихии он иборат аст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ин ҷо иморатҳои бузурги дигаре низ буданд. Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш Мадрасаи Мирзо Улуғбек – ҳоким ва донишманди маъруфу машҳур мебошад, ки сохтани он соли 1417 ба охир расида, корҳои кошинкориву тазйин боз се соли дигар давом кардааст. Аз рӯи лоиҳаи Мирзо Улуғбек дар Регистон корвонсарой, хонақоҳ, гармоба ва масҷид низ сохтаанд. Ҳоло дар ҷои корвонсарой Мадрасаи Тиллокорӣ ва дар ҷои хонақоҳ Мадрасаи Шердор истодааст, ки бо фармоиши ҳокими Самарқанд Ялангтӯш бунёд ёфтаанд. Иморати аз ҳама калон мадрасаи Алика Кӯкалдош будааст, ки 210 гумбаз доштааст.
Номи деринаи Регистон Сардувоник будааст, тахмин ба маънои ҷои тақсимгоҳи оби равон. Ҳафриёти археологҳо мавҷудияти ҷӯйҳои қадимаи Регистонро тасдиқ кардаанд.
Дар сохтмони Мадрасаи Улуғбек бо илтимоси ӯ модараш Гавҳаршод аз Ҳирот меъмори машҳури он замон Қавомиддини Шерозиро мефиристад. 
Италия бо ёдгориҳои меъмориаш дар ҷаҳон машҳур аст. До-нишмандони он ба ҳар як рӯйдоди меъморӣ аз зинаҳои баланди комёбиҳои меъморони шӯҳрати ҷаҳонидоштаи худ баҳо медиҳанд. Чанд сол пеш китоби калони мусавваре дар Маскав бо номи «Мӯъҷизаҳои меъморӣ» (тарҷума аз итолёвӣ) чоп шуд, ки дар он Ансамбли Регистони Самарқанд дар радифи Персо-полиси Шероз, Масҷиди Имоми Исфаҳон ва Тоҷмаҳали Ҳиндустон ба рӯйхати мӯъҷизаҳои меъмории олам даромадааст.
Донишманди таърихи меъморӣ Мария Элоиза Коротса дар ин китоб навиштааст: «Ансамбли биноҳои дар Регистон қомат росткарда нишонаи нотакрори маданияти шаҳрсозии замони Темуриён аст. Ва ҳоло низ он касро ба ҳайрат меандозад».
Ҳар саҳар соати шаш дар майдони Регистон кор оғоз меёбад. Фаррошон ба поккорӣ сар мекунанд, боғбонҳо бо шинондани гулу рустаниҳои ороишӣ ва об додани буттаву ниҳолу дарахтону сабзаҳо машғул мешаванд. Кор аз субҳ то шом идома меёбад. Яъне кормандони маҷмӯаи Регистонро фидоӣ гӯед, хато наме-кунед. Дар ин маҷмӯа солҳост, ки Ҷамшед Маъруфӣ роҳбарӣ мекунад ва ӯ низ аз кормандони варзидаи соҳаи осорхонашиносӣ аст. Таҷрибаи калони рӯзноманигориро дар идораи газетаи «Самарқанд» соҳиб шуда буд ва мақолаҳояшро бо имзои Беҳрӯз Маъруфӣ чоп мекард. Падараш Рауф Маъруфӣ аз дилбохтагони санъати меъмории бостонӣ буданд ва ин меҳру муҳаббати самимӣ нисбати осори гузаштагонро ба писари худ ба меърос гузоштаанд.
Агар аз Регистон гузарам, ҳатман бо директори собиқ Қурбон Ҳасанов вохӯрда, сӯҳбат мекардам. Аз ватандӯстони ҳақиқӣ бу-данд раҳматӣ. Рӯзе дар як сӯҳбат гуфтанд, ки барои ба вазифаи муовини директор овардани Ҷамшед Маъруфӣ зӯр зада истода-анд.
– Ин кори бисёр душвор? – Пурсидам бо тааҷҷуб.
– Оре душвор,- гуфтанд он кас, – Ҷамшед Маъруфӣ дар Осорхонаи калон дар вазифаи муовин бисёр сол кор карда, дар тармиму муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ таҷрибаи калоне ҳосил кардааст. Ҳоло директори музеи тарихи Самарқанд дар Афросиёб мебошад.
Нӯъмон Усмонович Маҳмудов ба қадри чунин кадрҳо мера-санд. Ҳамин тавр баъди бисёр сӯҳбатҳо Нӯъмон Маҳмудов фаҳмид, ки Қурбон Ҳасанов пеш аз ба нафақа рафтан ба ҷои худ Маъруфиро пешниҳод карданиянд.
– Регистон - ҷои нозук. Ба ин ҷо ҳар рӯз меҳмонҳои олиқадр меоянд. Мана, дирӯз соати ёздаҳи шаб баногоҳ худи сарвазир Шавкат Мирамонович даромада омаданд. Маъруфӣ бошад, ба мисли ман ҳалол кор карда метавонад.
Баъди чанд сол Қурбон Ҳасанов ногоҳ бемор шуда аз олам гузаштанд. Бори вазнини роҳбарӣ ба маҷмӯи Регистон ба зиммаи Маъруфӣ гузошта шуд. Ҳоло ин маҷмӯи ёдгориҳои меъморӣ – Ансамбли Регистон ба ҷои дӯстдоштаи меҳмонон ва самарқандиён табдил ёфтааст. Боғҳояш хушобу ҳаво, тару тоза, салқин. Дарахтони сӯзанбарги арчаву санавбар бо ҳавои тозаи шифобахш атрофро таъмин мекунанд.
Мадрасаҳои куҳансол ба мисли мӯйсафедони пир ғамхории ҳамарӯзаро талаб мекунанд. Ягон рӯз нест, ки дар Регистон корҳои тармиму таъмир сурат нагирад. Маъмурияти Регистон низ мекӯшад, ки ба ҷои кошинҳои шикаста кошинҳои айнан ба кошини дерин монанд насб гардад.
Пеш аз ҳама бо дастгоҳи аккосӣ сурати ҷои тармиммешуда гирифта мешавад, то ки баъди тармим бо акси нави нақши тар-мимшуда муқоиса карда бовар ҳосил кунанд, ки нақши нав чӣ дар шаклу чӣ дар ранг бо нақши асл баробар аст.
Маъмурияти Регистон ҳама корҳоро дар асоси мантиқи илмӣ пеш мебарад. Бо муассисаҳои илмӣ, чи дар масоили тармиму муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ ва чи дар ташкили боғдорӣ, ҳамкорӣ мекунанд.
Корҳои ҳаҷман калонтар ба мисли сангфарш кардани майдон ва ғайра бо супориши идораҳои боло ва лоиҳаи институтҳо, иҷозати идораи муҳофизати ёдгориҳо амалӣ мешаванд.
Худи хонандаи азиз шоҳид аст, ки бо ташаббуси сарвари дав-лат барои барқарор кардани симои таърихии Регистон бисёр иморатҳои замони хрушёвӣ вайрон карда шуд. Дар натиҷа шаҳомати деринаи ёдгориҳои Регистон барқарор гардид.
Дар маҷмӯи ёдгориҳои Регистон корҳои илмиву тадқиқотӣ мунтазам давом мекунанд. Яке аз корҳои бузурги ба назар намо-ён, ки бо ташаббуси Маъруфӣ анҷом ёфт, ташкили аз забони арабию форсӣ ба забони ӯзбекӣ баргарон ва чоп кардани катибаҳои мадрасаҳо буд. Акнун роҳбаладу тарҷумонҳои сайёҳони хориҷӣ ба саволи меҳмонон, ки дар деворҳо чӣ навиш-та шудааст, бемалол посух дода метавонанд.
Имрӯзҳо боз кор дар майдони байни мадрасахо меҷӯшад. Яъне тайёрӣ ба фестивали байналхалқии «Шарқ тароналари» дар авҷ аст.
– Медонам, ки коратон аз мӯи сар зиёдтар аст. Аммо дар чу-нин як маҷмӯаи калон масъалаҳое, ки ҳалли худро талаб меку-нанд, будагистанд,- мегӯям ба Маъруфӣ.
– Оре, будани онҳо табиист. Он масъалаҳое, ки ҳалли онҳо иҷозати махсуси мақомоти болоиро талаб намекунанд, худамон дар доираи имконияти молии худамон иҷро карда истодаем. Чанде пеш камина оиди баъзе корҳое, ки дар оянда бояд иҷро шаванд, пешниҳодҳоямро ба мақомоти боло навишта супоридам.
Ӯ ба ман ин матни пешниҳодро нишон дод.
Дар пешниҳод ба ғайри ба дирексияи ансамбли ёдгориҳои Регистон додани мақоми ҳуқуқӣ (юридикӣ), ташкили идораи маъмурият, фонди музей, китобхона, анбор, толори конфронс ва ғайра бисёр масъалаҳои ниҳоят муҳим низ ҳастанд. Яъне Маъруфӣ ба Регистон аз нуқтаи назари осорхонаи илмӣ менигарад, ки ҳамин тавр бояд бошад.
Масъалаи дигаре, ки Маъруфӣ аз он ёдовар мешавад, бо мақсади боз бештар муҳофизат кардани ёдгориҳои Регистон харитаи археологии онро офаридан аст. Яъне агар чунин харита эҷод шавад, маълум хоҳад шуд, ки таҳкурсиҳои масҷиди Муқаттаъ аз ҷануби Улуғбек сохта шуда сарҳавзҳои бостонӣ, таҳкурсии Ҳаммоми Мирзоӣ (Улуғбек сохтагӣ, номи дар байни мардум машҳураш – Ҳаммоми Бозори сандуқ), пойдевори масҷиди Кучкунчихонро аз зери хок кушода консерватсия намудан лозим аст.
Пешниҳоди чоруми Маъруфӣ оид ба масоили Регистони Самарқанд бо ҷалби мутахассисони мамолики хориҷӣ таъсиси Шӯрои ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ мебошад. Яъне бо дарназардошти аҳамияти ҷаҳонии Регистон корҳои тармиму консерватсияро дар заминаҳои илми муосири ҷаҳонӣ ташкил намудан лозим меояд.
Дар ёд дорем, ки солҳои аввали истиқлоли Ӯзбекистон дар бобати ободонии Регистон озмуни байналхалқӣ бо иштироки Фонди Оғохон гузаронида шуда буд. Барзиёд намебуд, агар боз як чунин озмуни байналхалқӣ дар бобати барқарор кардани симои таърихии Регистон, дар атрофи он ба ҷои иморатҳои бенамуди хрушевӣ сохтани инфрасохтори туристӣ бо корбасти комёбиҳои меъмории миллӣ гузаронида шавад. Он гоҳ фикрҳои Президенти аввали Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов дар бобати барқарор кардани шаҳомати Регистон пурра амалӣ ме-гардид.
Пешниҳоди панҷуми Маъруфӣ оиди тармиму муҳофизати худи ёргориҳои Регистон аст. Қисми якуми ин пешниҳод масоили дренажи обҳо дар мадрасаҳои Тиллокориву Шердор аст. Бахши дувум пурра ба корҳои консервация ва тармими мадрасаҳои Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ доир аст. Ба ҳама маълум, ки ягонтои ин мадрасаҳо дар сад соли охир пурра тармим нашудааанд. Хусусан, мадрасаи Улуғбек, ки гунбазҳояшро Қавомиддини Шерозӣ ба мисли гунбазҳои дар Ҳирот сохтааш қабурғадор сохта буд, бояд ба шакли асл барқарор шавад.
То замоне, ки дар мадрасаҳо системаи гармкунӣ сохта наша-вад, деворҳо нам кашида кошинҳоро сармо зада афтидан меги-ранд. 
Баъзе пешниҳодҳо масъалаи ҳавогардонӣ ва зарурати сохтани системаи гармидиҳиро дар бар гирифтаанд. Маҷмӯаи Регистон пеш аз ҳама осорхона яъне музейи миллӣ аст. Аз рӯи ин мақомаш он бояд корҳои осорхонагиро ба дараҷаи баландӣ ҷаҳонӣ ташкил кунад. Аз рӯи ҳамин талаботи касбӣ Маъруфӣ пешниҳод кардааст, ки дар мадрасаи Улуғбек ва мадрасаи Шер-дор муҳити асрҳои 15-17-ро бояд сохт. Албатта, дӯконҳои армуғонфурӯширо кам бояд кард.
Тармими мадрасаи Тиллокорӣ боз як муаммои дигар аст. Гунбази он ба тармим ниёз дорад. Барои идомаи корҳои чаламондаи бинокорон (корҳои нақкошию кошинкорӣ) ва зебо-тар кардани ҳавлии мадраса лоиҳаи махсус лозим аст.
Ба фикри Маъруфӣ мадрасаи Тиллокорӣ барои таъсиси намоиши осори атиқаи худи Регистон ва ҳунармандони миллӣ мувофиқтар аст. Дар ин мадраса низ агар системаи гармидиҳиву хунуккунии ҳаво насб нагардад, вазъият чӣ хеле ки ҳаст, боқӣ хоҳад монд.
Пешниҳоди ҳафтум оид ба масоили таъмини барқ аст.
Пешниҳоди ҳаштум оид ба барқарор кардани дарвозаи таърихии Арки Амир Темур ва тимҳои таърихист ва ба ҷои асл (Кӯксарой) аз қабристони Шоҳизинда кӯчондани мақбараи Нуриддин Басир.
Пешниҳоди нуҳум эҳёи гузару растаи Заргарон аст.
Дар солҳои аввали истиқлол оид ба барқарор кардани он гапу ҳарфҳо зиёд буданд, аммо бо сабаби номаълум иҷрои нақшаҳо фаромӯш гардид. 
Пешниҳоди даҳуми Маъруфӣ дар Самарқанд сохтани манораи баландтарине аст, ки сайёҳон аз болои он тамоми шаҳрро дида тавонанд. Дар шаҳрҳои дигар, масалан Бухоро, Хива ва Тошканд чунин сохтмонҳо мавҷуданд.
Пешниҳоди ёздаҳуми Маъруфӣ барои сайёҳони хориҷӣ дар як қисми шаҳри кӯҳна бо номи «Шаҳри афсонавӣ» муҳити асри Амир Темурро сохтан аст. Ба монанди «Диснейленд», танҳо фарқ ин ки ба ҷои яхмосҳои имрӯза «роҳатиҷон», ба ҷои лимонад гулоби таърихиро мефурӯшанд.
Пешниҳоди охирин, яъне дувоздаҳум таъсиси Институти илмӣ-тадқиқотии ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ аст ва дар заминаи он ташкил намудани устохонаи таъмири ёдгориҳо.
Ба фикрам хеле зарур аст, чунин устохона. Солҳои гузашта кошинпазӣ дар Самарқанд барҳам хӯрд ва тармими мадрасаву масҷидҳо бо мушкилӣ рӯ ба рӯст.
Роҳбари нави давлатамон Шавкат Мирзиёев ҳам солҳои ҳокими вилояти Самарқанд буданашон ва ҳам солҳои сарвазириашон ба масоили Регистони Самарқанд доим эътибор медоданд.
Ба ин сабаб муаллифи ин мақола итминон дорад, ки пешниҳодҳои Маъруфӣ дар рӯи коғаз нахоҳанд монд, рӯзе мерасад, ки онҳо амалӣ мешаванд.
Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, нияти нек – ними давлат.
Муаллифи ин мақола дар як мақолае, ки солҳои пеш вобаста ба таърихи мадрасаи аз байн рафтаи Меҳрубонхонум навиштааш пешниҳод карда буд, ки Дахмаи Шайбониёнро ба ҷои асли худ - паҳлуи дармонгоҳ ва паси Иттиҳодияи «Усто» кӯчонидан кори савоб мебуд. Ҷои ҳозираи он – пушти мадрасаи Тиллокорӣ буда, ҷои савум бор кӯчонидашуда аст. Ва аз рӯи мантиқ ва ҳақиқати таърихӣ ба Регистон ҳеҷ иртиботе надоранд. Ё бигирем Чорсӯро. Он якуним метр зери хок аст.
Муаллифи мақола оид ба Регистон чанд шеър гуфтааст. Аз ин шеърҳо, ки дар матбуот ва китобҳо чоп шудаанд, мехоҳам якеро ҳамчун ҳусни хотимаи ин мақола пешкаш намоем.


ДАР РЕГИСТОН ИСТОДААМ...

Дар Регистон истодаам...
Регистон дилфарш аст,
Чун Арш аст.
Регистон аз кӯҳҳо болост,
Ва поёнтар аз Арши Аълост.
Замон ба мисли боди вазон
Аз бари Регистон мегузарад.
Регистон хомӯш аст,
Чу мӯсафеде, ки ҳама гапро гуфтааст.
Ва пире, ки рози ишқи Худоро
дар худ нуҳуфтааст.
Абадият ин ҷост,
Ҳузури Худо дар ҳар зарраи ҳавост.

Дар Регистон истодаам...
Мошинҳо мӯрчаҳои тезгардаканд,
Ҳавопаймоҳо парастуянд,
Парастуҳо парвонаянд.
Осмон абрист,
Вале дилам рӯшан.
Ман дар хомӯшистон истодаам,
Санги фарши аз поймолӣ хастаам,
Ба Регистон пайвастаам.
Чун ҷонамоз аст,
Майдони роз аст...

САЙҚАЛИ СУХАН

ПАЙВАНДИ МАЪНАВӢ

Зебо бувад, ар Марв бинозад ба Касоӣ,
Чун он ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.
Касоии Марвазӣ

Самарқанд ҳамеша ба унвони гаҳвораи тамаддуну фарҳанг ва адабиёти оламшумул ёд шудааст. Хусусан, дар баробари Бухоро чун ду ҷузви як пайкари воҳиди маънавӣ ва фарҳангӣ ҳамеша ёд шудани номи Самарқанд бисёр пурмаъно мебошад ва бар мартабаи волои ин шаҳри куҳанбунёд таъкид менамояд. 
Аз садаҳои дур дар ин хусус ҳоҷати шарҳу баён нест, аммо дар даврони навини рушди адабиёту тамаддун, танҳо як назар ба шоҳкори устод Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” кофист, то равшан гардад, шумори адибоне бо нисбат “Самарқандӣ”, ки дар ташаккули адабиёти пуровозаи тоҷик аз сапедадами оғози он саҳм гирифтаанд, чанд аст ва мақоми онҳо дар чи пояи баландест. Зимнан, ин асари сарнавиштсози устод Садриддин Айнӣ ҳам дар ҳамин шаҳри номвар таълиф гардидааст. Ин солҳоест, ки Самарқанд чун пойгоҳи муносиби маънавӣ барои устувор сохтани рукнҳои истиқлоли Тоҷикистон хидмат менамуд. 
Натанҳо ин асари таърихии муҳим, балки бисёр осори пурбаҳои дигари устод Садриддин Айнӣ, то замони ба пойтахти ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон омадани ӯ, дар Самарқанд иншо шудаанд ва хушбахтона манзили устод Айнӣ, ки дар айни ҳол коргоҳи эҷодии ӯ низ буд, имрӯз ҳам дар шаҳри Самарқанд чун осорхонаи устод обод ва маҳалли зиёрату боздид аст.
Нахустин шумораи маҷаллаи “Раҳбари дониш” таҳти сарпарастии бевоситаи устод Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба табъ расид. Ин маҷалла дар Тоҷикистон давраҳои такомули худро баъдан дар чанд марҳала бо тағйири ном (“Раҳбари дониш” – 1927 – 1932; “Барои адабиёти сотсиалистӣ” – 1932 – 1938; “Шарқи сурх” – 1938 – 1964; “Садои Шарқ” – 1964 то имрӯз) тай намудааст.
Дар соли 2005 бо Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маҷаллаи таърихӣ унвони пурифтихори Нашрияи миллӣ эълон гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин пайванд ва собиқаи таърихии “Садои Шарқ” буд, ки устоди Донишгоҳи Самарқанд, адабиётшиноси тоҷик Аслиддин Қамарзода зимни ширкат дар Ҳамоиши байналмилаии “Адибони ҳавзаи Наврӯз” дар Наврӯзи соли 2016 дар Душанбе пешниҳод намуд, ки Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” дар баробари дигар тадбирҳои амалишуда ба муносибати 90-умин солгарди ин маҷаллаи адабии таърихӣ ба адабиёти муосири Самарқанд таваҷҷуҳе хос бикунад. Баъдан ин донишманди муҳтарам пешниҳоди мазкурро ба воситаи сохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ низ расман ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва идораи “Садои Шарқ” ҳамроҳ бо шуморе аз маводи илмию адабӣ фиристод.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳайати таҳрири “Садои Шарқ” ҳамчунин ба воситаи сохторҳои мазкур ба ин муроҷиат посухи мусбат дода, бештарини маводи шумораи 11-ми имсолаи “Садои Шарқ”-ро аз осори донишмандон ва адибони Самарқанд интихоб ва ба чоп омода намуданд.
Боиси хушҳолист, ки ин иқдом дар ҳоле амалӣ мешавад, ки бо саъйу ҳиммати раҳбарияти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносибатҳои байни ду кишвари дӯсту бародар ба таври назаррас рӯ ба беҳбуд ниҳода, дар партави он аз ҷумла ба наздикӣ рӯзҳои фарҳанг дар ду кишвар ба таври мутақобил баргузор гардид.
Ҳамчунин, қобили ёдоварист, ки Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” то кунун ҳам пайваста осори арзишманди аҳли илму адаби Самарқанд ва марбут ба мавзӯи Самарқандро ба чоп расондааст. Аз ҷумла метавон аз романи муфассали устоди зиндаёд Холиқ Мирзозода ёдовар гардид, ки дар се шумораи “Садои Шарқ” (№11-12 – 2009; №1 - 2010) ба дасти хонанда расид. Намунаи осори адибони ҷавони Самарқанд низ пайваста ба воситаи ин маҷалла ба хонандагон пешкаш гардидааст.
Умед аст, ки интишори ин шумора иқдоми муассир ва муҳимме дар робитаҳои пурсамари адабию фарҳангӣ байни ду кишвар мешавад ва ҳамзабонону ҳаводорони адабиёти муштараки мо дар кишвари дӯсту бародар ба дастрасии бештари маҷаллаи “Садои Шарқ” дар фазои адабии худ ҳам мусоидат хоҳанд кард.


Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
Ҳайати таҳрири Нашрияи миллии адабии
“Садои Шарқ”


Аслиддин ҚАМАРЗОДА

МАВҚЕИ САМАРҚАНД ДАР ИНКИШОФИ
АДАБИЁТИ БАДЕӣ

Ташаккул ва инкишофи адабиёти тоҷик ва ӯзбек асрҳо боз бо номи Самарқанд вобаста аст ва беҳуда онро яке аз «гаҳвораҳои тамаддуни Шарқ» нагуфтаанд.
Самарқанд аз оғози асри Х сар карда аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ пайдо намуд ва яке аз марказҳои фарҳангиву адабии Мовароуннаҳр гардид. Дар тӯли асрҳои минбаъда дар ин ҷо садҳо шоирон, нависандагон ва таърихнависон умр ба сар бурда, ба равнақи адабиёти машриқзамин саҳми арзанда гузоштанд.
Дар бисёр тазкираҳо ва манбаъҳои таърихӣ-адабии дар асрҳои гуногун дар Мовароуннаҳр ва берун аз он офаридашуда номи садҳо шоирон ва нависандагон зикр карда шуда, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти онҳо маълумоти пурқимат дода шудааст, ки бештарини онҳо бо Самарқанд алоқамандӣ доранд.
Аз ин манбаъҳо ва осори боқимондаи адибон маълум мегардад, ки дар Самарқанд ҳанӯз то асри XV, яъне то ҳукмронии Темур ва темуриён ва ин шаҳрро пойтахти давлати худ ихтиёр кардани онҳо, даҳҳо адибони соҳибистеъдод ҳамчун Рашидии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Алӣ Шатранҷии Самарқандӣ, Заҳири Самарқандӣ ва дигарон зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Бисёр шоирон ва олимон таърифи Самарқандро шунида ба ин ҷо омадаанд ва ё дар бораи Самарқанд шеърҳо гуфтаанд. Аз ҷумла донишманди маъруф ва шоири рубоисаро Умари Хайём ба Самарқанд омада, чанд муддат дар ин ҷо зиндагӣ ба сар бурдааст.
Дар замони ҳукмронии темуриҳо Самарқанд ба маркази фарҳангӣ ва адабии як минтақаи васеъ мубаддал гардид ва ба ин ҷо аз Бадахшон, Қаршӣ, Андиҷон, Бухоро, Тошканд, Шероз, Ҳирот шоирон ва донишмандон омада, дар ривоҷи ҳаёти фарҳангию адабӣ фаъолона иштирок намуданд ва бархе аз онҳо аз ин шаҳр дил канда натавониста минбаъд муқими он шуда монданд.
Ба рушду камоли эҷодии онҳо ва махсусан дар шеъру адаб ба дараҷаи баланд расиданашон хидмати ду шоир ва мутафаккири бузург – Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ бағоят бузург буд.
Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 - 1492) ба Самарқанд бори аввал дар солҳои 20-уми асри XV омада, дар мадрасаи Мирзо Улуғбек таҳсил намудааст; бори дуюм дар солҳои 50-ум омада, дар мадрасаи Улуғбек, ки замоне худаш он ҷо таҳсил карда буд, мударрис шуда, ба шогирдон аз тасаввуф ва адабиёт таълим додааст; бори сеюм солҳои 70-ум бо даъвати яке аз алломаҳои бузурги давр ҳазрати Хоҷа Аҳрори Валӣ ташриф фармуда, дар як қатор шаҳрҳои Мовароуннаҳр рафта, бо шоирон ва донишмандони ин ҷойҳо мулоқот кардааст.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар Самарқанд бо бисёр шоирон ва олимон дар сӯҳбат шуда, минбаъд бо онҳо равобити мустаҳками дӯстӣ ва эҷодӣ доштааст.
Як давраи муайяни ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек, арбоби давлатӣ Алишер Навоӣ (1441-1501) низ бо Самарқанд алоқаманд аст. Алишер Навоӣ дар овони ҷавонӣ ба Самарқанд омада, дар ин ҷо аз алломаи бузурги замона Хоҷа Фақеҳ Абӯлайс таълим гирифта, дар соҳаи илми нуҷум (астрономия), ҷуғрофия, таърих, илми шеъру адаб дониши худро такмил додааст.
Доир ба замони зиндагии Алишер Навоӣ дар Самарқанд ва мақоми ин шаҳр дар рушду камоли эҷодии ӯ донишманди мумтози адабиёт аллома Воҳид Абдуллои Самарқандӣ дар рисолаи худ «Алишер Навоӣ дар Самарқанд» маълумоти муфассал додааст.
Дар илми адабиётшиносии ҳамин давр баробари таълими нозукиҳои илми адаб ба омӯхтани таърихи адабиёт низ эътибори хоса дода шудааст. Аз ҷумла дар “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи беш аз 160 шоир, ки дар асрҳои X-XV умр ба сар бурда, эҷод кардаанд, маълумоти пурқимат дода шудааст.
Ҷолиби диққат аст, ки дар асрҳои XV-XVI дар Самарқанд осори бадеӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва туркӣ-ӯзбекӣ офарида шудаанд. Бархе аз ин шоирон зуллисонайн, яъне донандаи забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ буданд. Аз ҷумла Мавлоно Саккокӣ, Бисотии Самарқандӣ, Ҷавҳарӣ, Хоҷа Суғди Самарқандӣ, Мирзобек, Вафоӣ, Риёзии Самарқандӣ ба ду забон баробар эҷод намудаанд.
Инкишофи адабиёти ин давра асосан бо ҳаёти аҳли ҳунар вобаста буд. Бино бар ин, сӯҳбатҳои адабӣ, баҳсу мушоираҳо бештар дар дӯконҳои тоҷирону ҳунармандон, растаҳои бозор, ҳуҷраҳои мадрасаҳо ба вуқӯъ мепайваст ва дар он намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ иштирок карда, аз сӯҳбати аҳли адаб баҳраманд мешуданд. Шоирон низ соҳибони касбу кори гуногун буданд. Аз ҷумла хаттот Муҳаммад Зоҳиди Самарқандӣ, зардӯз Фитрати Самарқандӣ, савдогар Масеҳои Самарқандӣ, гаҷкор-мусаввир Мулҳами Самарқандӣ, рангуборчиён Забеҳои Яҳудии Самарқандӣ, Раҳмин Яҳудии Самарқандӣ, саҳҳофон Абдуллои Самарқандӣ, Дӯстмуҳаммад Садрии Самарқандӣ, Мулло Муҳаммад Шоҳғариби Самарқандӣ, Хоҷа Миршоҳи Самарқандӣ, соҳибони касбҳои дигар Содиқи Самарқандӣ, Неъматуллоҳ ибни Яъқуби Самарқандӣ, Фақирии Самарқандӣ ва дигарон аз шоирони маъруфи ҳамин давр буданд.
Назар ба маълумоти “Тазкират-уш-шуаро”-и Мутрибии Самарқандӣ дар Бухоро, ки ҳамон вақт пойтахти мамлакат ҳисоб меёфт, зиёда аз 350 шоир зиндагӣ ва эҷод мекардаанд, ки бештарини онҳо зодаи Самарқанд будаанд ва ё дар мадрасаҳои Самарқанд таҳсили илм намудаанд.
Дар ҳамин давр дар худи Самарқанд низ даҳҳо шоирон ҳамчун Афзалии Самарқандӣ, Боқӣ Хумдонакии Самарқандӣ, Фигории Самарқандӣ, Муҳаммад ҳошими Даҳбедӣ, Завқии Миёнколӣ, Мир Абдуллоҳи Самарқандӣ, Абдулазизи Самарқандӣ, Арзии Самарқандӣ, Атоӣ Мавлоно Отақули Самарқандӣ, Ашкии Самарқандӣ, Базмии Самарқандӣ, Бедили Самарқандӣ, Восифи Самарқандӣ, Дарвеш Ҳошими Самарқандӣ ва дигарон умр ба сар бурда, эҷод кардаанд.
Шоҳ, саркарда ва шоири соҳибистеъдод Заҳириддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) низ дар ҳамин давр зиндагӣ ва эҷод кардааст. ӯ дар таърихи илму адаб ба ғайр аз ашъори лирикӣ ва рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла рисолае оиди илми арӯз, бо “Бобурнома” ном асари таърихӣ-хотиротии худ, ки барои омӯхтани таърихи Осиёи Марказӣ яке аз манбаъҳои нодир ба шумор меравад, низ шӯҳрат дорад.
Баъди танаффуси начандон тӯлонӣ аз солҳои 40-уми асри XVII дар Самарқанд ҳаёти адабӣ аз нав ҷӯшу хурӯш пайдо кард. Назар ба маълумоти шоир ва тазкиранависи машҳур Малеҳои Самарқандӣ, ки дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» (1692) овардааст, дар ин давр дар Мовароуннаҳр беш аз 200 шоири самарқандӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Дар манбаъҳои дигари таърихии асрҳои XVIII-XIX бисёр адибони самарқандӣ, аз қабили Абдуллоҳ Ҷаббор Наймани Самарқандӣ, Абдулқайюми Самарқандӣ, Мир Абдулҳайи Самарқандӣ, Муҳаммадзамони Самарқандӣ, Муқимхони Самарқандӣ, Раҳимии Самарқандӣ, Мирзо Шариф Дабири Самарқандӣ, Султонхон Аҳрории Самарқандӣ мутахаллис ба Адо, Хамулии Ургутӣ, Абдушакур Шакурӣ, Мирзо Абдуллоҳи Самарқандӣ мутахаллис ба Абдӣ, Абӯтоҳирхоҷаи Самарқандӣ мутахаллис ба Наво, Абдулҷаббори Ургутӣ номбар карда шудаанд.
Дар нимаи дуюми асри XIX баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна низ дар Самарқанд Абдулкарим Сипандӣ (1830-1909), Назриддин Ҳодӣ (1830-1892) барин шоирон анъанаҳои адабиёти гузаштаро давом дода, дар жанрҳои гуногуни классикӣ асарҳо офариданд.
Дар ин давра адабиёти нави маорифпарварӣ низ ба вуҷуд омад, ки намояндагони барҷастаи он Мирзо Акрам Фикрӣ, Абдулҷалил Писандӣ, Нақибхон Туғрал, Иброҳим Ҷуръат, Саидаҳмад Васлӣ адабиёти бадеиро ба манфиати оммаи васеи мардуми меҳнатӣ нигаронида, дар ашъорашон орзуву умеди халқро тараннум намуданд.
Ҳаёт ва эҷодиёти нависанда ва публитсист, муаллифи китоби «Саёҳати Искандаркӯл» Абдураҳмон Мустаҷири Самарқандӣ низ ба ҳамин давра рост меояд.
Дар ҳамин солҳо маорифпарвар Абдуқодир Шакурӣ (1875-1943) дар Самарқанд нахустин мактаби нав кушода, баробари дар он дарс гуфтан барои ин гуна мактабҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳо таълиф намуд. Дар ин китобҳо баробари шеъру ҳикояҳои худаш ва дигар муаллифони маҳаллӣ асарҳои адибони халқҳои дигар, аз ҷумла ҳикояҳои Ушинский, масалҳои Крилов ва дигар маърифатпарварони рус дар тарҷумаи ӯ ҷой дода шудаанд.
Адиби дигари зуллисонайн Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ низ баробари мактабҳои нав кушода, дар онҳо дарс гуфтан, дар шеъру достонҳои худ ғояҳои маорифпарвариро пеш ронда, мардумро ба сӯи маърифат даъват намуд. Ин маънӣ дар шеърҳои ҷудогонаи ӯ ва манзумаи «Миръоти ибрат» равшан ба назар мерасад. Аз ҷумла ӯ дар шеъри «Самарқанд» чунин мегӯяд:

Эй Самарқанд, эй биҳишт, эй махзани ирфону илм!
Хуфта дар зери лиҳофи ғафлатат бинам чаро?.

Соли 1894 дар Самарқанд ба кор шурӯъ кардани матбаа, соли 1905 таъсис ёфтани рӯзномаи «Самарқанд» барои табъу нашр ва дар байни омма тарғиб намудани асарҳои бадеӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, ба хусус китобҳои адибони маҳаллӣ, мақоми арзанда дорад.
Сонитар дар ин ҷо ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ рӯзнома ва маҷаллаҳои «Оина», «Меҳнаткашлар товуши», «Инқилоб», «Зарафшон», «Овози тоҷик», «Машраб», «Бигиз» ва ғайра низ нашр шуданд, ки барои рушду камоли адабиёти бадеӣ саҳми арзанда гузоштанд
Ҳамин тариқ, Самарқанд аз ибтидои асри ХХ сар карда боз ба яке аз марказҳои маданию маърифатии Осиёи Миёна табдил ёфт.
Дар маҳфили адабие, ки бо сарварии адиби зуллисонайн Саидаҳмадхоҷаи Васлӣ дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд созмон дода мешуд, адибони маорифпарвар Ҳоҷӣ Муин Шукруллоҳзода, Иброҳим Ҷуръат, Абдулкарим Сипандӣ, Назриддин Ҳодӣ, Фахриддин Роҷӣ, Мирзо Акрам Фикрӣ, Қорӣ Масеҳои Тамҳид, Наберахоҷа Хилъат, Абдулғании Ҷавдат, Абдулқодир Ҷомеъ ҷамъ шуда, асарҳои нави худро муҳокима мекарданд, мушоира ва мубоҳисаҳои адабӣ меоростанд. Дар ин маҷлисҳои адабӣ инчунин аз шаҳрҳои Тошканд Тавалло, аз Қӯқанд Муқимӣ, аз Хӯҷанд Асирӣ, аз Зарафшон Туғрал ва дигарон низ иштирок мекарданд, ки он аз нуфузу обрӯи арзанда доштани доираи адабии Самарқанди ин давр гувоҳӣ медиҳад.
Ташаккули драматургия ва театри миллии ӯзбек ва тоҷик низ дар ҳамин давр дар Самарқанд сурат гирифтааст. Дастаи ҳунарии театрӣ, ки соли 1913 дар Самарқанд таъсис ёфта буд, асари адиби маорифпарвари самарқандӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ «Падаркуш»-ро ба саҳна гузошт. Сипас пайи ҳам асарҳои саҳнавии Ҳоҷӣ Муин Шукруллоҳзода «Кӯкнорӣ», «Мактаби наву мактаби кӯҳна», «Зани мазлума», «Тӯй» (ин асар бо ҳамкории Нусратулло Қудратулло навишта шудааст) нашр гашта, ба саҳна гузошта шуданд.
Асосгузори адабиёти навини тоҷик ва ӯзбек СадриддинАйнӣ (1878-1954) дар ибтидои солҳои 20-уми асри ХХ аз Бухоро ба Самарқанд омада устод ва раҳнамои муҳити адабии ин ҷо гардид. Беш аз 30 сол хонаи устод Айнӣ воқеъ дар наздикии биноҳои мадрасаҳои машҳури майдони Регистони Самарқанд маскани аҳли илму адаби Самарқанд буд ва дар рушду камоли адабиёт ва фарҳанги ҷумҳуриҳои ӯзбекистон ва Тоҷикистон мақоми арзанда ёфт. Дар ин даргоҳ, ки шоҳасарҳои устод Айнӣ ҳамчун «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо»-и чаҳорҷилда ва аксар асарҳои илмии ӯ таълиф гардидаанд, адибони ҷавони тоҷик ва ӯзбек тез-тез ҷамъ шуда, асарҳои худро аз назари устод мегузарониданд ва аз вай сабақҳои адабӣ меомӯхтанд. Дар ҳамин маскан устод соли 1925 тазкираи машҳури худ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро таълиф намуд, ки дар он дар қатори адибони зиёди аз асри Х то рӯзҳои таълифи тазкира дар Мовароуннаҳр умр басарбурда, ки ба забони тоҷикӣ эҷод кардаанд, қариб 100 нафар адибони Самарқанд номбар шуда, аз эҷодашон намунаҳо оварда шудааст. Бештарини онҳо зуллисонайн буда, ҳамчун худи устод Айнӣ барои адабиёти халқҳои тоҷик ва ӯзбек баробар хизмат кардаанд.
Ҳамин даргоҳи муқадддас аз солҳои 60-уми асри гузашта бо қарордоди ҳукумати ӯзбекистон ба осорхонаи адабӣ - «Хона-музейи устод Айнӣ» табдил дода шуд, ки он дар харитаи мавзеъҳои фарҳангии Самарқанди бостонӣ ҷои муносибро ишғол намуда, дар тӯли зиёдтар аз чиҳил соли фаъолияташ ба ин ҷо ҳазорон нафар адибону олимон, арбобони ҷамъиятӣ, аҳли фарҳангу ҳунар – мухлисони адабиёт, бахусус осори устод Айнӣ, ташриф оварда, барои хидматҳояш дар рушду камоли илму адаб тасанно гуфта, ба рӯҳи поки устод дуои хайр мегӯянд. Инро аз навиштаҷоти зиёраткунандагон, ки дар дафтари хотираи осорхона сабт шудааст, низ ба хубӣ дарк кардан мумкин аст. Чунончи, адиби Австралия Джуда Уотен баъди зиёрати хонаи устод дар ин дафтар чунин навиштааст:
«Бунёди ин осорхонаи адабӣ рамзи эҳтироми бузург ба нависандаи барҷастаи асри мо Садриддин Айнӣ мебошад. Он барои абадӣ гардонидани хотираи адибе, ки ман бо асарҳои ӯ ҳанӯз солҳои 50-ум тавассути тарҷумаи англисии онҳо шинос шуда, ба вай таваҷҷӯҳи хоса пайдо кардаам, бунёд гардидааст…».
Имрӯзҳо низ хонаи устод Айнӣ яке аз масканҳои аҳли илму адаб буда, адибону олимон дар ин ҷо бо хайрхоҳию сарпарастии сарвари осорхона, марди фозил ва шоир Абдулкарим Ғанизода, ки дар Самарқанд ӯро «писархонди Айнӣ» мегӯянд, маҳфилҳои адабӣ ороста, асарҳои худро муҳокима мекунанд.
Ҳаёт ва эҷодиёти як зумра адибони маъруфи ӯзбек, аз қабили Шароф Рашидов, Уйғун, Мир Темир, Саид Назар, Ойдин Собирова, Раъно Узоқова, Исмоил Акрам, Мардонқул Муҳаммадқулов, Ҳайдар Яҳё, Душан Файзӣ, ки ба инкишофи адабиёти асри ХХ саҳми арзанда гузоштаанд, низ бо Самарқанд вобаста аст.
Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳасан Ирфон, Ғанӣ Абдулло, Самад Ғанӣ, Шамсӣ Қиёмов, Обид Исматӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқзода, Шодон Ҳаниф, Барот Бойқобилов, Нормурод Нарзуллоев, Асад Дилмуродов, Хуршед Даврон, Амон Матҷон, Насим Раҷаб, Сафия Носирова, адиб ва олими адабиётшинос Расул Ҳодизода, донишмандони илми суханшиносӣ Раҳим Хошим, Холиқ Мирзозода, Раззоқ Ғаффоров, Баҳром Шермуҳаммадов, Саъдӣ Маҳдиев, Насриддин Шарофзода, Ҷӯрахон Бақозода, Ҳамроқул Шодиқулов ва даҳҳо дигар адибону олимоне, ки дар равнақи илму адаби Тоҷикистон ва ӯзбекистон саҳми арзанда доранд, низ ё дар Самарқанд зода шудааанд, ё дар ҳамин ҷо ба воя расида, аз хазинаи бебаҳои илму дониши аҷдодон баҳраманд гардида, худ ба дараҷаи камолоти илму эҷод расидаанд.
Дар солҳои 70-уми асри гузашта донишмандони адабиёт Тӯрақул Зеҳнӣ ва Садрӣ Саъдиев китоби «Суханварони сайқали рӯи замин»-ро тартиб доданд, ки он соли 1973 тавассути нашриёти «Ирфон» дар Душанбе ба чоп расид. Дар ин тазкира оид ба беш аз 200 нафар адибони самарқандӣ, ки дар асрҳои Х-ХХ умр ба сар бурдаанд, маълумот дода шудааст. Ин китоб баъди «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ барои омӯхтани таърихи адабиёти беш аз ҳазорсолаи Самарқанд манбаъи муҳим ба шумор меравад.
Дар солҳои охир бо саъю эҳтимоми аҳли илму адаби Самарқанд дар ин ҷо чандин анҷуманҳои илмӣ доир ба масъала ва муаммоҳои гуногуни илми адабиётшиносӣ ва робитаҳои адабӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар кори он суханшиносон ва мусташриқон натанҳо аз ӯзбекистону Тоҷикистон, балки аз Русия ва ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии собиқ, инчунин Амрико, Олмон, Чехия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон иштирок доштанд.
Ҳамаи ин гуфтаҳо бори дигар ба яке аз марказҳои адабӣ ва фарҳангии олам будани Самарқанд ва саҳми арзанда гузоштани эҷодкорони он дар хазинаи тамаддуни умумбашарӣ, алалхусус адабиёти машриқзамин, гувоҳӣ медиҳад.

 

Боқӣ РАҲИМЗОДА

ШОДИИ ДИЛ

Ин шодии дил аз рухи зебои ту, ёро!
Шуд роҳати ҷон нозу таманнои ту моро.
Аз шавқи хаёли ту сурурест ба сина,
Кай бе ту равам сайри Самарқанду Бухоро?!
Бе гулшани рӯят накунам ёди рухи гул,
Аз софии ҳусни ту чаман гашт дилоро.
Бо ҳусни ту ҳамранг шуда фазлу камолат,
Омехта чун ширу шакар гашт гуворо.
Қурбони замон гардаму устоди муаззам,
Додаст туро бахту шараф, ақли расоро.
Дар дафтари Боқӣ наравад ҳарфи хатое,
Умрест сарояд ғазали сидқу вафоро.

Муъмин ҚАНОАТ

ЛАФЗИ МОДАР

Лафз ё худ чашмаи панд аст он,
Ё ки аз қанди Самарқанд аст он?
Ё ба шӯхӣ зодаи дарёст ӯ,
Ё ба шохи барқ пайванд аст он!

Абдулҳамид САМАД

САМАРҚАНД

Ман ошиқаму ошиқи дилҷӯйи Самарқанд,
Сармаст зи боғу чаману бӯйи Самарқанд.

Оҳанги вафо хеста аз ҳар дару девор,
Дар рақс шуда хуш ҳама дар кӯйи Самарқанд.

Ҳай моҳ, бинозида аз он гунбади мино,
То дидаву дил дода ба маҳрӯйи Самарқанд.

Ин хоки шаҳидону ҳама ҷони гиромист,
Сар карда ба болой зи сарҷӯйи Самарқанд.

Қақнуссифат гашта ба ҳар сӯхтан эҳё,
Эй мойилу ҳам сӯхтаи рӯйи Самарқанд.

Эй Чингизи хунташна, мабар даст ба дашна,
Бин, хору забун омада бадхӯйи Самарқанд.

Чангӣ зада хуш чанг, ки Ҷомӣ ғазале хонд,
Як умр бимонем саногӯйи Самарқанд.

Файзулло АНСОРӢ

ТОҶИКАМ, ТОҶИКИ САМАРҚАНДАМ!

Шаҳри покам, баҳори дилбандам,
Аз шукӯҳат зиёда хурсандам.
Чун бипурсанд, бо фараҳ гӯям:
Тоҷикам, тоҷики Самарқандам!

Шаҳри маҳбуби ман, дилу ҷонам,
Ҳастии ман, ҳаёту имонам.
Аз ҳавоят нафас кашам доим,
Шодии дил ба ту фиристонам.

Рӯи ту чун баҳор нурафкан,
Бӯи ту беҳ зи бӯи ҳар гулшан.
Нози ман, рози ман ту мебошӣ,
Гулу барги туро бибӯсам ман!

Иқтидори ман аз ҳавои туст,
Ифтихори ман аз бақои туст.
Бо дилу рӯҳи номдоронат
Ҳастиам дар раҳи вафои туст!

Шаҳри покам, баҳори дилбандам,
Аз шукӯҳат зиёда хурсандам.
Чун бипурсанд, бо фараҳ гӯям:
Тоҷикам, тоҷики Самарқандам!

Пиримқул САТТОРӢ

САМАРҚАНД

Боде, ки вазон омадам аз сӯи Самарқанд,
Бӯи гули ҷон бошадам аз кӯи Самарқанд.
Ё абри карам обфишон сабзаи дилро,
Ё оби равонбахш зи сарҷӯи Самарқанд.
Ё чаҳчаҳи булбул, ки маро хонд ба боғаш,
Ё коғази тӯёнае бар тӯи Самарқанд.
Ё хандаи дилдор ғам аз дил бирабояд,
Ё гиряи тифлони даригӯи Самарқанд.
Ё оташи Зардушт, ки аз нав шуда зинда,
Ё кулчае аз гандумии рӯи Самарқанд.
Ё лаҳзаи дидор пас аз чанд маҳу сол,
Ё лафзи ниёгони ман аз сӯи Самарқанд.

Ҷонибек ҚУВНОҚ

САМАРҚАНДАМ

Самарқандам!
Зи чашми шӯъларези ту,
Аён гардад ҷаҳоне пеши чашмонам – 
Ҷаҳони мардхези ту.
Ҷаҳоне, ки ҷаҳонро дод сайқалҳо,
Варо илму ҳунар омӯхт.
Дар он аҷдодҳои тоҷдори ман
Чароғи маърифат афрӯхт.
Бихонам синну соли миллати худро
Ман аз чини ҷабини ту.
Туро таҳкурсии подор
Мисли шеърҳои пойдори Рӯдакӣ бошад.
Ва то он дам, ки хуршеди ҷаҳонбон гирд мегардад,
Ду чашмат нур мепошад.
Агар ғам бар сари ту теғ бардорад,
Дамаш дар ҷавшани ҷону дилам бандам.
Зи баски бо ту пайвандам.
Самарқандам!

Собир СУЛТОН

НОНИ САМАРҚАНД

Оғоз кунам шеъри худ аз нони Самарқанд,
Бас нону намак хурдаам аз хони Самарқанд. 
Ноне ба чунин рангу чунин таъм напухтанд,
Дар даҳр ба ҷуз лолаузорони Самарқанд.
Аз неъмати дунёст пур ин шаҳри муборак, 
Бо файзи фузун силсилаҷунбони Самарқанд. 
Дар мулки Аҷам боғи сафобахши ҷаҳон аст,
Чинам гули матлаб зи гулистони Самарқанд.
Боғоти варо навъи ҳама меваи дунёст,
Аз шарбати дарёи Зарафшони Самарқанд.
Аз лаззати ҳам нону ҳам ангуру анораш,
Бебаҳра намон, чун шавӣ меҳмони Самарқанд.
Пайванди дилу дидаи ман ҳаст дар ин ҷо, 
Хуш бод ҳаме дидани ёрони Самарқанд.
Аз санъати мемории ин шаҳр чӣ гӯям,
Арзандатар аз гавҳари тобони Самарқанд. 
Шаҳри кӯҳан имрӯз шуда яксара обод,
Гул-гул шукуфад бахти дурахшони Самарқанд.
Ин шаҳр қадамгоҳи бузургони ҷаҳон аст, 
Чун Рӯдакӣ – устоди сухандони Самарқанд.
Шеъру ғазали тоза саро, Собири масъуд, 
Бар васфи чунин мардуми даврони Самарқанд.

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37