• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeХАБАР ВА НАВГОНИҲОМУШКИЛОТИ НАСРИ КӮДАК

 

 

Дар ИНТ дар мавзӯи "Нигоҳе ба насри кӯдак" маҳфили илмию адабӣ баргузор шуд, ки дар он адибону мунаққидон, ноширон ва ҳаводорони адабиёти кӯдак ширкат варзиданд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз иброз намуд, ки адабиёти кӯдак бахши бисёр муҳими адабиёт буда, дар вусъатёбии ҷаҳонбинӣ ва доираи маърифати насли наврас нақши зиёд дорад. Ёдоварӣ шуд, ки ба ин шохаи адабиёти тоҷик адибони бузургамон С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М. Миршакар, Г.Сулаймонова, У.Раҷаб ва дигарон таваҷҷуҳи доимӣ доштанд ва дар рушди он саҳми бориз гузоштаанд.

 

Ато Мирхоҷа таъкид намуд, ки имрӯз ҳам адабиёти кӯдак ба чеҳраҳо ва асарҳои наву ҷолиб ниёз дорад.

Мудири бахши адабиёти кӯдаки ИНТ Азизи Азиз перомуни масъалаи асосии маҳфил - насри кӯдак ба таври васеъ мулоҳиза ронда, мушкилоти мавҷударо дар ин самт зикр намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки баъзе ҳикояҳои барои кӯдакон эҷодшуда ба талаботи насри кӯдак ҷавобгӯ нестанд, тарзи баён ва муҳтавои онҳо бо меъёрҳои асари бадеӣ созгорӣ надорад.

Адабиётшинос Азимҷон Аминов ба ин масъала дар маърӯзааш  назари фарох андохта, афсонаву ҳикоя ва қиссаҳои солҳои охир барои кӯдакони синни томактабӣ эҷодшударо мавриди нақду баррасӣ қарор дод. Номбурда ба ҳикояҳои Азизи Азиз, Гулсара Авазова, Фирӯза Ҳоҷаназарова ва дигарон баҳои хуб дода, дар баробари ин камбуду нуқсони асарҳои баъзе нависандагонро баршумурд.

Иброз гардид, ки асари барои кӯдакон иншошуда бояд дорои мазмуни ахлоқӣ, ҳикмат ва назокат бошад, то кӯдакон ба василаи он неку бад ва покию олудагиро шиносанду дар рӯҳияи накукорию хушахлоқӣ тарбия ёбанд.

Адибону донишмандон Алӣ Бобоҷон, Ғанӣ Ҷӯразода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Муҳаммад Ғоиб, Равшан Раҳмонӣ, Комила Камолова, Сангини Гулзод ва дигарон дар бораи ҷиҳатҳои гуногуни адабиёти кӯдак сухан гуфтанд.

Дар рафти маҳфил зикр шуд, ки чопи асари кӯдакон бояд дар ҳамоҳангӣ бо ИНТ сурат гирад, то ба хонандагони хурдсол китобҳои сазовору ба талаботи адабиёти кӯдак ҷавобгӯ пешкаш шаванд.

 

"АС"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37