• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeХАБАР ВА НАВГОНИҲОБОҒИ ШИРИНКОМИҲОИ МАЪНАВӢ

 

Низом Қосим,

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

 

Ин хона зи хишти куҳна андохтаам,   

Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам,  

То аҳли замони мо бидонанд, ки ман  

Як умри ҷавонӣ ба чи раҳ бохтаам.      

 

Дар оғози қарни бистум устод Садриддин Айнӣ бо ҳамроҳону ҳаммаслаконаш аз хиштҳои куҳани саргузашту сарнавишт, таъриху фарҳанг, илму адаб, расму оин, ахлоқу маънавиёти бузурги бостониамон бинои ҳастии давлату миллатамонро бунёд ниҳоданд ва, рамзист, ки дар охири он қарни пуршӯр дигар фарзонафарзанди миллат натанҳо баҳри дифои он бинои муқаддас ҷону дил сипар кард, балки аз хиштҳои заррини сипосу ихлос, қадрдониву қадршиносӣ ва меҳру муҳаббати самимонаи фарзандиву сарварӣ шукӯҳу пойдории он бинои ҷовидонаро садчанд афзуд.

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсияти фавқулодаест, ки комилан андарзи бузургу ҳастисози ниёгонамонро асливу маҷозӣ ба ҷо оварда, хонае бе мислу монанд - Тоҷикистони навини озоду ободро бунёд кард, фарзандони солеҳу шоиста - насли нави бофарҳангу бонанги миллатро тарбия намуд, ба хотири сарсабзию бақои воқеию маънавии халқу давлат пайваста боғҳои бузурги фарҳангу нанги миллатро бунёд гузошт.

 

Бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ кардани хидматҳои воқеан қаҳрамононаи бузургтарин шахсиятҳои адабии асри гузаштаи халқамон - Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, бунёди боғҳои устод Рӯдакӣ дар Душанбеву Панҷакент, Боғи Фирдавсӣ дар Душанбе, Боғи Хоҷа Камол дар Хуҷанд, Боғи Сайфуддини Исфарангӣ дар Исфара, Боғи Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб, саҳм дар ободонии Боғи Мирзо Бедил дар Деҳлӣ, оғози бозсозии хона-музейи устод Айнӣ, таъмиру тармими хона музейи устод Мирзо Турсунзода, таҷлили заминиву замонӣ ва милливу ҷаҳонии ҷашнҳои устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, хоҷа Камоли Хуҷандӣ, Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷомӣ, ба шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку хиёбонҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, дигар муассисаҳои фарҳангу маориф гузоштани номи номварону номоварони адабиёти оламгирамон, ташкили ҳамоишҳои байналмилалии адабӣ, бунёди наврӯзгоҳҳо, ки минбари арзандаи шеърҳои баланду шоирони арҷманданд, хурраму шодобсозии маҷозии боғи бузургу сарсабзи адабиёти гузаштаву имрӯзаамон аз ибтикорҳоест, ки рӯҳи бузургони адабамонро шод ва хотири аҳли қаламу дӯстдорони адабиётро абадан болида медорад.  

 

Инак, Боғи устод Айнӣ, баъд аз таъмиру таҷдид, боз дар ба рӯи хушдилону хушдимоғони адабу фарҳанг ва тамоми мардуми соҳибдилу бонангамон мекушояд. Он, аз як ҷониб, тимсоли барҷастаи гиромидошти ин адибу олими бузург аст, ки барои бунёду сарсабзии боғи илму адаби давлату миллатамон хидматҳои беназир кардааст ва худ барҳақ фармудааст, ки:

 

Ин боғ зи нахли куҳна оростаам

В-он нахл ба теғи хома пиростаам,

Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,

Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

 

Аз ҷониби дигар, ин боғи муҳташаму муқаддас ёдовари он аст, ки  Пешвои муаззами миллат натанҳо доиман дар саросари кишвар боғҳои аслӣ бунёд намуда, коми халқамонро ширин ва Ватанамонро шукуфону накҳатафшон медорад, балки пайваста дар пайи бунёду сарсабзии боғҳои илму адаб ва хушдиливу хушдимоғии маънавии мардумамон аст. Боғи нави устод Айнӣ далели тозаи он аст, ки адабиёт, фаъолиятҳои офарандаи адабӣ, қисматҳои омӯзандаи адибон ҷузъи муҳими сиёсати созандаи фарҳангии Сарвари давлати тоҷиконанд ва дар ҳаёти ҷомеаи навини кишвар нақши устуворе доранд.

Бо дастури Ҷаноби Олӣ чанд рӯз қабл дар симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба рӯзгору осори устод Рӯдакӣ дар Шоҳигарии Шветсия иштирок доштам. Суханрониам - "Айнӣ - ҷӯянда ва ёбандаи оромгоҳи Рӯдакӣ" ғайричашмдошт боиси таваҷҷуҳ ва пурсишҳои зиёди иштирокдорони симпозиум гардид. Ин таваҷҷуҳ ба шахсияти фавқулодаи инсонӣ, истеъдоди бузурги илмиву адабӣ, ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ ва миллатдӯстиву башарпарварии беназири устод Айнӣ буд. Бо вуҷуди ин, бояд иқрор шуд, ки имрӯз дар доираҳои илмиву адабии ҷаҳон ин алломаи воқеии халқи моро ба дараҷаи кофӣ намедонанд ва аз корномаҳои инсониву адабиаш камтар огоҳанд. Аз ин рӯ, мо, аҳли илму адаби кишварро дар ин самт корҳои зиёде дар пешанд. Мебояд, ки натанҳо дар анҷоми нашри тоҷикии куллиёти Айнӣ ва ба тамоми мардуми кишвар расондани ин осори барои тарбияи худшиносиву худогоҳии миллат бисёр зарур ёриву ҳамкорӣ бикунем, балки ба чоп ва тавассути роҳҳои гуногун, аз ҷумла сафоратҳои кишварамон дар хориҷа, интишору тарғиби мунтахаби асарҳои асосии адабиву илмии устод мусоидат намоем. Ҳамчунин, дар сатҳи баланд ташкилу баргузор кардани як ҳамоиши байналмилалии илмиву адабӣ ба муносибати 140-солагии зодрӯзи устод, ки соли оянда фаро мерасад, бисёр заруру муфид аст. 

Мо, аҳли адаби тоҷик, бо ҳама бешу ками худ, ба маънии комилаш, пайрави Айнии бузургем, аз ҳар қадами ҳаёту ҳар сатри эҷодиёти безаволи он бузургвор сабақҳои самимияту садоқат ва заҳмату хидмат ба халқу кишвар мегирем ва имрӯз, дар ин боғи муқаддаси миллат, барои собитқадамӣ дар ҷодаи равнақу тарғиби фарҳанги халқамон, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, посдории оини қадрдониву қадршиносӣ, гиромидошти бузургони адаб, ёриву дастгирӣ ва ҳолпурсиву дилбардории пайвастаи Иттифоқи нависандагон, ки низ мероси устод Айнӣ ва ҳаммаслакони ӯст, ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи аҳли адабро изҳор медорем.  

Ҳайкали Айнӣ

Миллату мулке ба гирдаш, дар миён ӯ ҳамчу меҳвар,

Ё ба майдони ҳақиқат собиту барҷой довар.

 

Эй басо рӯшан ба ҷонаш оташи суғдон бисӯзад,

Пурфурӯғ он оташи пок ҷону дилҳоро фурӯзад.

 

Сарбадоре андар он дил бишканад сад пояи дор,

Бо ғурури ӯ бигардад оламе аз хоб бедор.

 

Дар дилаш оташдилоне расми дилсардӣ бисӯзанд,

Дар ҷаҳони тира шамъи худфурӯзӣ барфурӯзанд.

 

Дар дилаш барпову барҷо ҳайкали афкори Синост,

Ҷониби фардо шитобон Рӯдакӣ бо чашми биност.

 

Пайкари илм асту фарҳанг, пайкари нуру китоб аст,

Пурсиши дилро ҷавоб аст, баҳри бедорӣ хитоб аст.

 

Роҳи ӯ дуру сафед аст чун раҳи уммеди тоҷик,

 

Ҳар саҳар сар мекашад боз ҳамраҳи хуршеди тоҷик.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37