• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeХАБАР ВА НАВГОНИҲООИНАИ ТАМОМНАМО

 

Дар мулоқоти охири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар синамои тоҷик ва дурнамои он дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт ва таъкид мешуд, ки ин риштаи муҳими ҳунар бояд мувофиқи талаботи замони муосир густариш ёбад.

 

Баъди ин гуфтаҳои Роҳбари давлат дастандаркорони соҳаи синамо барои рушди бештари он талоши зиёд ба харҷ дода истодаанд ва адибон низ бо навиштани филмнома дар ин амр саҳиманд.

Вобаста ба ин дар мавзӯи "Кино ва адиб дар даврони истиқлолият" дар ИНТ нишасти муштараки ИНТ ва киностудияи "Тоҷикфилм" баргузор шуд, ки дар он адибону синамогарон ва донишҷӯён ширкат доштанд.

Нишаст бо суханронии муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз ёфт. Ӯ ёдовар шуд, ки адибон бо синамогарон ҳамкории доимӣ доранд ва дар ИНТ барои баррасии масъалаҳои умдаи соҳаи мазкур чунин нишастҳо ҳамасола доир мегарданд. Вобаста ба пайванди кинову адабиёт номбурда гуфт, ки агар аз рӯи асари бадеӣ кино гирифта шавад, таъсири он садчандон зиёд мегардад. Аз ин рӯ, адибон бояд ҳамкорияшонро бо синамогарон таҳким бахшанд.

Директори киностудияи "Тоҷикфилм" Носир Раҳмонов зимни суханронияш дар нишаст ҳамкории адибонро бо синамогарон дар садаи гузашта ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки адибони номвар Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон дар рушди кинои тоҷик саҳми худро гузоштаанд ва ин анъана имрӯз бояд идома ёбад. -Аз ин рӯ, мо шуморо ба ҳамкорӣ бо "Тоҷикфилм" даъват мекунем, -  муроҷиат кард ба адибон номбурда.  

Мавриди зикр аст, ки тайи чанд соли охир филмҳои киностудияи "Тоҷикфилм" дар кинофестивалҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардиданд ва ин далолат мекунад, ки фаъолияти киностудияи мазкур бесамар нест. Дар ин ҷо метавон филми "Хоби ҳамдуна"-и Румӣ Шоазимовро мисол овард, ки ҷоизаи байналмилалиро ба даст овард.

Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод масъалаи ҳамкории адибон бо синамогарон ва дигар мушкилоти кинои имрӯзи тоҷикро ба таври муфассал таҳлилу баррасӣ намуда, аз ҷумла дар бораи робитаи адабиёт ва синамо чунин гуфт: "Асари бадеӣ, ҳатто як шеър метавонад дастмоя ва асос барои филмнома бошад. Муҳаққиқи машҳур Сит Филд мегӯяд, ки фарқи филмнома аз адабиёт мисли фарқи себ аз афлесун аст. Яъне онҳо робитаи хеле зич доранд, ҳарду мева ҳастанд, вале ҳар кадоме шираву шарбати хоси худро дорад".

Сафар Ҳақдод инчунин ҳамкории устод Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва коргардони бузург Борис Кимёгаровро зикр намуд ва аз ҷумла филми "Ҳасани аробакаш" ва "Қисмати шоир"-ро, ки аз рӯи асарҳои М.Турсунзода ва Сотим Улуғзода ба навор гирифта шудаанд, ёдовар шуд.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳамаи филмҳои замони Шӯравӣ бо забони русӣ рӯйи навор меомаданд ва баъдан адибони тоҷик онро тарҷума кардаанд. Ҳатто сенарияи силсилафилмҳои аз рӯи "Шоҳнома" таҳияшуда ба забони русӣ буданд ва баъдан устод Лоиқ онҳоро дар вазни "Шоҳнома" (баҳри мутақориб) ба забони тоҷикӣ тарҷума карду ба назм даровард. Ҷамшеди Ромишгар низ дар тарҷумаи ин силсилафилмҳо саҳми хеле зиёд гузоштааст.

Сафар Ҳақдод  ҳуқуқи муаллифиро низ яке аз масъалаҳои доғу мубрам дониста, иброз намуд, ки дар сурати ба танзим даровардани он адабиёт ва синамо рушди бештар меёбанд. Ба андешаи ӯ иттифоқҳои эҷодӣ барои ҳалли ин масъала бояд талош варзанд. 

Дар мавзӯи мавриди баррасии аҳли нишаст маърӯзаи нависанда ва драматурги шинохта, мудири бахши робитаҳои адабӣ ва драматургияи ИНТ Ато Ҳамдам шунида шуд.

Нависанда ва филмноманавис Абдурофеъ Рабизода зимни музокира иброз дошт, ки имрӯз киностудияи "Тоҷифилм", "Суғдсинамо" ва киностудияи Хатлон филмҳои хубу диданӣ истеҳсол мекунанд ва мо умедворем, ки кинои тоҷик ояндаи хуб дорад.  Нависанда эҳёи кинотеатрҳоро дар ноҳияҳои кишвар амри муассир дар рушди синамо донист.

Муҳаққиқи синамо Саъдулло Раҳимов ҳамкории адибон ва синамогаронро бисёр муҳим шуморида, филмномаро мояи асосии кино арзёбӣ намуд.

Нависандаи ва драматурги шинохта Нур Табар дар рафти сухангӯйӣ изҳор намуд, ки барои филмноманависӣ дониши хеле фарох ва огоҳӣ аз осори филмноманависони муваффақи ҷаҳон бояд дошт. Мавсуф ҳалли мушкили ҳаққи қаламро низ дар ин росто муҳим шуморид.

Дар музокира ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, нависанда ва тарҷумони филмҳо Сироҷиддин Икромӣ ва дигарон изҳори андеша намуданд.

 

Дар охир зикр гардид, ки ҳамкории адибон бо синамогарон бояд бештар аз пештар густариш ёбад.  

                                                                                                                                    Т. ХАЛИЛӢ "А. С."

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37