• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeХАБАР ВА НАВГОНИҲО ЧУ ШАМЪ АЗ ПАЙИ ИЛМ БИГДОХТА БУД

Абдухолиқи НАБАВӢ, адабиётшинос

 

Зуҳури нақду адабиётшиносии ҷадиди тоҷикӣ, ки аз ибтидои асри XX оғоз гирифта буд, таърихи андаке беш аз сад солро дорад. Аз замони бознигариҳои куллии ҷадидон ба аҳволи кишвар ва аҳли ҷомеа, кўшишҳои таҷдидгаронаи эшон барои беҳбуд бахшидан ба вазъи умумии сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ ва адабии он сарчашма мсгирад. Ба ҳамин радиф нақду баррасии адабиёт ва хосса шеър дар нахустрўзномаи тоҷикии "Бухорои шариф" ва нашрияҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ - "Самарқанд" ва "Оина" низ мавқеи муҳимме ишғол намуд ва ҳатто ба масъалҳои арзиши адабӣ ва тағйири онҳо иртибот мегирифт.

 

Солҳои баъди инқилоби болшевикӣ чанд муддат, ки матбуоти тоҷикӣ аз табъу нашр бозмонд, нақди тоҷикӣ низ ривоҷ наёфт ва танҳо бо ташкили Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва созмон додани Нашриёти давлатии Точикистон, шурўъ ба чоп кардани нашрияҳои тоҷикӣ - рўзномаҳои "Овози тоҷик", "Бедории тоҷик", "Тоҷикистони Сурх", маҷаллаҳои "Раҳбари дониш" ва "Барои адабиёти сотсиалистӣ" роҳ барои нақднависии тоҷикӣ кушода шуд. Бо иттифоқи оро ҳамаи адабиёгшиносон ибтидои нақди адабӣ ва адабиётшиносии нави тоҷикро ба асари машҳури устод Садриддин Айнӣ "Намунаи адабиёти тоҷик" (1926) вобаста донистаанд.

Аммо бояд эътироф кард, ки ранги илмӣ гирифтани нақди адабии ҳирфаии тоҷикӣ маҳз дар ибтидои солҳои 30-юм оғоз ёфт. Дар ин давра  як гурўҳ ҷавонон аз Институти илмии тадқиқотии назди Комиссариати маорифи Тоҷикистон, Шўрои илмии Тоҷикистон ва Институти агропедагогӣ (ҳоло Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон), нашрияҳои сиёсиву адабӣ бо андешаҳои аниқи илмӣ ва сиёсии нав ба арсаи нақди адабӣ ворид шуданд ва ин ҳама ба нақднависӣ суръату савияи нав бахшид. Навиштаҳои Раҳим Ҳошим, Шарифҷон Ҳусейнзода, Нарзуллоҳи Бектош, Сотим Улуғзода, Турақул. Зеҳнӣ, Набӣ Фахрӣ, Fанӣ Абдулло, Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳриддин Азизӣ, Ҳамид Бақозода, Xолиқ Мирзозода, Ҳабиб Юсуфӣ дар канори мақолаву тадқиқотҳои устод Айнӣ маҳз бо баррасиҳо ва баҳсу натиҷагириҳои илмӣ тафовут доштанд. Нақди тоҷикӣ аз ибтидо вобаста ба талаботи замон дар риштаҳои иҷтимоъгароии муътадил ва дурушт, ҳукмҳои сиёсиву мафкуравӣ ва омехтагии ин ҷанбаҳо, гоҳо истиқлоли яке аз онҳо ба рушду такомул оғоз кард. Марҳалаи нав дар нақднависӣ дар солҳои ҷанг ва пасазҷангии то солҳои шаст ба шумор меояд, ки бо мавзўъу чеҳраҳои нави худ имтиёз дорад. Дар ин марҳала нақди тоҷикӣ, ки дар охири солҳои сӣ як дараҷа ба касбияти худ унс гирифта буд, дар солҳои ҷанг ин равиш тақвияти  бештаре касб кард.  Аммо пас аз як-ду соли баъд аз ҷанг ҳизб тақозо намуд, ки "танқиди адабӣ аз рўйи хоҳиши вай ташкил карда шавад". Танҳо дар замони "нармшавии хрушовии ҷомеа" барои нақднависӣ озодии нисбие ба вуҷуд омад. Мунаққидони пуркору соҳибтаҷриба Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, Соҳиб Табаров, Расул Ҳодизода, Раҷаб Амонов, Юрий Бобоев, Расул Ҳодизода,баъдтар Абдуқодир Маниёзов, Атохон Сайфуллоев ва дигарон пасу пеш маҳз дар ҳамин айёми "пурмоҷаро" ба нақди адабӣ ворид гардиданд.  Хуршеда Отахонова низ дар ҳамин айём аз пайи эшон қадам ба арсаи илму адаб ниҳодааст.

Ўро сарнавишти аҷибест. Дар оилае тарбият ёфтааст, ки минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад (модараш аз Истаравшан ва падараш аз Фалғар, пайвандони Туғрали Аҳрорӣ будаанд) ва худ тибқи ҳуҷҷатҳо дар Душанбе ба дунё омадааст. Дар бачагӣ ба талхиҳои зиндагӣ рў ба рў мегардад: соли 1937 сегонаҳои сталинӣ падарашро ҳамроҳ бо амакаш чун "душмани халқ" ҳабс мекунанд. Аммо ин кўдаки бехабар аз асли гaп ба мактаб меравад, аъло мехонад, дохили ҷомеа суруд ва хор месарояд, шеър мегўяд. Сипас мефаҳмад, ки падараш бегуноҳ ҳабс шудаву аммо доғи он домангири фарзандон ҳам будааст. Вай инро баъдтар, пас аз хатми Донишоҳи давлатии Тоҷикистон, замоне ки хоҳиши ба аспирантура дохил шудану муҳаққиқ шуданро кард, дарк намуд. Беадолатиҳо ўро ба ҳақталошӣ водоштанд ва Хуршедаи ҷавон ҳам барои номи падар ва ҳам барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба талош даромад ва ниҳоят ба барқарор кардани ҳақиқат муваффақ гардид: ҳам номи падарро ба сафедӣ баровард ва ҳам худ ба аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶШС Тоҷикистон дохил гардид. Ҳамин тавр, вай наздик ба 60 сол, то охирин рўзҳои зиндагонӣ дар ин даргоҳи илм поку ҳалол хидмат карда, ҳам илму адаби тоҷикиро пеш бурд ва ҳам дар тарбияи олимони ҷавон саҳм гирифт.

Аслан ин далелҳо дар зиндагиномаи ў аз кай боз маълум аст. Лекин онҳо барои мо аз он ҷиҳат муҳим мебошанд, ки сахтиҳо ва азияти маънавӣ рўҳи ўро дар роҳи ҳақталошӣ, росткорӣ, ростгўиву дурустбинӣ тарбият карданд, балки ин духтари ҷавони илмхоҳро дар муқобили онҳое рў ба мубориза гузошт, ки зоҳиран барои адолати шўроӣ талош доштанд, аммо дар асл нисбат ба сарнавишти одамон бефарқу сарддил буданд. Ва ин ҳақталошӣ ва адолатхоҳиро минбаъд дар кору зиндагӣ, навиштаҳои Хуршеда Отахонова ба равшанӣ ба мушоҳида гирифтан мумкин аст…

Вай аз синни мактабхонӣ ба шеърнависӣ (1947) ва аз соли 1952 ба баъд ба навиштани мақолаву тақризҳо машғул мешавад. Шеърро хуб мегуфт ва чакидаҳои қаламаш дар чандин маҷмўаҳои дастаҷамъӣ ба табъ расидаанд. Аммо ба хотири расидан ба аслу умқи илм аз баҳри шеърависӣ(ҳарчанд то охири умр дар иртибот ба ҳолатҳои равонӣ ва вазъи зиндагӣ шеър мегуфта) баромад, вале нақду баррасии шеъри тоҷикиро нозукбинона анҷом медод. Чизи дигари муҳим дар ибтидои фаъолияти илмии Хуршеда Отахонова ҳамин аст, ки вай аз оғоз ба пажўҳиши соҳаҳои мухталифи адабиёт машғул шуд: дар бораи Зебуннисо, Фирдавсӣ (воқеан, ин мавзўи поённомаи донишгоҳиаш  будааст), Саъдии Шерозӣ, Чехов, тарҷума, силсилаи шеърҳо, насри бадеӣ тақризу мақолаҳо менавишт. Ва ин ҳама ўро ба он водоштанд, ки дар ҷараёни кори илмӣ фарохназар ва ҷиддиву саракор бошад. Ин мазиятро дар монография ва рисолаҳои ў "Абулқосим Фирдавсӣ" (1960), "Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ў" (1962, таҳрири нав 2015), "Падидаҳои навҷўӣ" (1972), "Аз рўи меҳр меҳр" (1979), "Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик" (1983, 2015), "Абулқосим Лоҳутӣ" (1987, бо ҳамқаламии А. Абдуманнонов ва Ҳ. Шодиқулов),  "Ду адиби номвар" (дар бораи Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, 2002), "Чеҳраҳои шинохта" (2004) ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Маълум аст, ки муҳаққиқ бештар мутаваҷҷеҳи баррасӣ ва пажўҳиши  масъалаҳои муҳим ва номакшуфи таърихи адабиёт ва нақди адабии муосир аст. Ин хусусияти таҳқиқии ўро дар миқёси умумишўравӣ низ писандида буданд ва дар мавриди рисолаи вай оид ба Раҳим Ҷалил яке аз адабиётшиносони босалоҳияти шўравӣ З. Г. Усмонова дар саҳифаҳои маҷаллаи бонуфузи адабиётшиносӣ - "Вопросы литературы" тақризи мусбат навишт.

 Баъди аз ин X. Отахонова дар доираи донишмандони шўравӣ шинохта гардид ва таълифи бахши муҳимми асари бисёрҷилдаи "Таърихи адабиёти сермиллати шўравӣ" - "Насру назми солҳои пасазҷангии тоҷикӣ (1945-1956)"-ро (1972) дар ин китоб ба ў бовар карданд, ки он баъдтар бо номи "Адабиёти пасазҷангии тоҷик" (1945-1956) дар энсиклопедияи якҷилдаи "Республикаи Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон" (1984) низ чоп  гардид. Ҳамчунин таълифи "Хроникаи ҳаводис ва воқеаҳои муҳимми адабиёти тоҷик дар солҳои 1917-1967" ба қалами ў тааллуқ дошта, дар ҷилди ниҳоии таърихи мазкур чоп гардидааст. Ниҳоят рисолаҳои бунёдии ў "Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик"-ро таълиф намуд, ки асоси рисолаи доктории эшонро ташкил медод ва бори нахуст заминаву сарчашмаҳои зуҳур, шаклгирӣ ва таҳаввули мазмуну мундариҷа, шаклҳои жанрӣ ва сабку услуби достоннависӣ дар назми тоҷикиро аз оғоз то аввали солҳои 80 асри гузашта фаро гирифтааст.

Хуршеда Отахонова аз оғози кори нақднависӣ ба баҳсу талош ва ба ҳақиқат баровардани асли ҳодисаҳои адабӣ майл дошт. Рўҳи мубоҳисавӣ барои равшан кардани масъалаҳо ва таҳрики ҷараёни адабӣ бисёр муҳим мебошад, ҳарчанд ки дар ин раванд на ҳамаи мулоҳизаҳо бебаҳс буда метавонанд. Мақолаҳои нахустини вай дар бораи силсилаи шеърҳои Ғаффор Мирзо, А. Қаҳҳорӣ, ҳикояи Пўлод Толис "Муаллим", "Чанд сухан дар бораи журнали "Шарқи Сурх", мақола-тақриз ва баҳсҳо дар атрофи романи Ҷалол Икромӣ "Maн гунаҳгорам" (1958, 1959), "Симои шоири бузург" (1961), "Сухан дар хусуси сурудҳо" (1966), "Назми тоҷик дар соли 1966" (1967), "Шеъри соли 1976" (1977), "Барои шеъри асил" ва "Лирика ва достони эпикӣ", "Назаре ба танқиди солона" (1981), "Инсофро аз худ талабед!" (1990), "Мақоми Муъмин Қаноат дар инкишофи достони муосири тоҷик" (2002) ва даҳҳои дигар мақолаҳои илмии ў пур аз андешаҳои тоза, баҳсу талоши илмӣ буда, бисёр аз сифатҳои адабиёти муосирро одилона рўшан кардаанд. Ў ҳамеша кўшидааст, ки то дар бораи падидаҳои тозаи адабиёти муосир сухани аввалро бигўяд ва бисёр муҳим аст, ки ин андешаҳо ў бо гузашти солҳо асолати худро гум намекунанд. Дар ин маврид мақола-тақризҳои ўро дар бораи романи Ҷалоли Икромӣ "Ман гунаҳгорам" (1958) ва бахусус романи машҳури Сотим Улуғзода "Восеъ (1967)  ёдовар шудан мумкин аст. Ин нахустин тақризи бодалелу ҳирфаӣ ба ин романи беҳтарини насри воқеъгароёнаи тоҷик буд ва устод Улуғзода мулоҳизаҳои танқидии мунаққидро (масалан дар мавриди тасвири маорифпарварон ва бахусус нокифоягии образи Мулло Сафар) ба эътибор гирифта, онро таҳриру такмил кардааст. Ба ин маънӣ X. Отахонова аз мунаққидони моҳиятбин ва тозаназари тоҷик ба шумор меравад ва маҷмўи осори интиқодиаш дар китобҳои "Падидаҳои навҷуӣ" (1972) ва "Пайванди ҳис ва андеша" (1982) гирд омадаанд.

Муаллима X. Отахонова аз пажўҳишгарони хеле меҳнатдўст ва пуркор буд. Ҳамеша масъалаҳои мураккаб ва гоҳоба фаромўшӣ супоридашуда ва роҳу равишҳои нави адабиётшиносиро наҳаросида бо камоли шавқ ба таҳқиқ гирифтааст. Аз аввалин мақолаҳои вай дар ин равиш "Чанд шеъри номаълуми Зуфархон Ҷавҳарӣ" ("Шарқи Сурх, 1957, № 3") ном дорад. Минбаъд рўйи об баровардани саҳифаҳои номаълуми таърихи адабиёти навини тоҷикӣ яке аз риштаҳои пажўҳишҳои илмии ў қарор мегирад. Мулоҳиза дар бораи шеърҳои Шайх Алии Пинадўз (1957), "А. Лоҳутӣ ва С. Айнӣ" (1962, 1967), "Қиссаи ду байти Пайрав" (1971), "Ганҷинаи осори устоди сухан" (1973), хроникаи "Адабиёти тоҷик" дар зарфи қариб 60 сол (дар китоби "Таърихи адабиёти сермиллати шўравӣ", ҷ. У1. -М., 1974), "Ёде аз Толис" (1979), "Даври сари зулфи ту ё ду сари зулфи ту?" (1984), "Лоҳутӣ кай ба Душанбе омада буд?" (1987), "Таърихи эҷоди "Эй ранҷбари сиёҳтолеъ" (1987), "Арзи ҳол"-и Абдулвоҳиди Мунзим" (1988), "Боз як далел аз ҳаёти Сарвар" (1991), "Оё ин бозёфт аст?" (1991), "Оид ба як мактуби усгод Айнӣ" (1991), "Китоби ҷанҷолӣ" (1992), "Шеърҳои тоза ба даст омадаи Пайрав Сулаймонӣ" (1999), "Ду мақола" (мақолаҳои устод Айнӣ" (2002), "Оид ба шарҳи ҳол ва нашри осори Зуфархон Ҷавҳарӣ" (2002), "Сайре ба бойгонии Сотим Улуғзода" (2003), "Фарзанди фарзонаи миллат" (2006), "Як шоири ношинохта" (2011) ва бисёр навиштаҳои ў аз ҷустуҷў ва заҳматҳои зиёда барои барқарор кардани ҳодисаҳои адабӣ ва ҳақиқати лаҳзаҳои зиндагии адибону осори гумноми онҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Матншиносии адабиёти замони шўравӣ аз бахшҳои мураккаб ва пурмушкилест, ки аз муҳаққиқ ба ҷуз аз дақиқназарии ҳирфаӣ, дарки вазъи замону шароити эҷод ва тамиз додани таҳрирҳои хоставу нохостаи осори адабӣ, боз ҳам инсофу адолатро тақозо дорад. Х. Отахонова ҷиддияти масъалаи мазкурро дарк карда, ба омўзиши масъалаи мазкур мушғул шуда,дар ин боб мақолаҳои "Архиви нависанда чист?" (1980), "Матни асосӣ дар нашри илмӣ" (1990), "Чанд масъалаи матншиносии адабиёти муосири тоҷик" (2004), "Устод Маъсумӣ ва матшиносии адабиёти муосири тоҷик"(2005)-ро навишт ва ниҳоят китоби ў"Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик" (1999) ба чоп расид. Аслан матшиносии адабиёти муосир пас аз он ҷоннок гардид, ки мероси адабии аҳли адаби тоҷик ба бойгонӣ ворид шуд ва имкони дастрасӣ ба дастнависҳои адибон ба миён омад. Лозим ба зикр аст, ки дар оғози ин кор низ Х. Отахонова меистад. Ин заруратро роҳбарияти Институти забон ва адабиёт Носирҷон Маъсумӣ ва мудири бахши адабиёти муосир Муҳаммадҷон Шукуров (Шакурӣ) дарк карда,ташкили  ин ниҳодро ба муаллима бовар карданд. Вай бо ҷиддияти том ба кор пардохта, дар як муддати кўтоҳ ба аз бойгониҳои марказии адабиёт ва санъати Маскав, Бойгонии Горкий дар назди Институти ҷаҳонӣ, Хонаи Пушкин дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), Бойгонии Мухтор Авезов дар Алма-Ато дидан карда, тарзу тариқи илмиву фаннии сабту нигаҳдории мероси адибонро омўхт. Дар натиҷа муваффақ ҳам шуд.

Инак, имрўз тавассути меҳнату ташаббуси  X. Отахонова як бахши тоза - шуъбаи  мероси адабӣ ва бойгонии адибон дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ амал мекунад, ки зиёда аз 40 фондро дар бар мегирад. Бойгони мазкур бо ин фарогирии густурда, ба қавле дар дар миқёси собиқ ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ягона аз чунин марказҳо ба шумор меояд. X. Отахонова ҳамеша дар ғами беҳбуд бахшидан ба шароити нигоҳдошту ҳифозати ин ганҷинаи бебаҳо - фарзанди дастпарварди худ буд, ки вазъаш имрўз ҳам беҳбудӣ мехоҳад. Ў чи мероси адибон, чи тадқиқоти худу устодон ва ҳамкоронашро мисли фарзанд азиз медошт, ба онҳо ғамхорона рафтор менамуд ва аз пайи ба сифати тоза табъу нашр кардани онҳо мегашт.Басо рамзист, ки инак як ҷузъи ин бойгониро мероси дастнависҳои худи ў ташкил медиҳанд…

Дар ин маврид аз як шохаи дигари бисёр муҳимми пажўҳишҳои муаллима Отахонова ёдовар шудан лозим аст. Ин ҳам бошад, ба таври мунтазам омўхтан, таҳия ва ба чоп омода кардани мунтахаби асарҳо, куллиёти интиқодии осор ва номаҳои адибон мебошад. Аз ҷумла вай дар омодаи чоп кардани "Куллиёт"-и Абдусалом Деҳотӣ (ҷ. 1, 1965),"Девон"-и Суҳайлӣ Ҷавҳаризода (1968),"Ашъори мунтахаб"-и Муҳаммадҷон Раҳимӣ (ҷ.1, 1978; ҷ.2, 1980; ҷ.3, 1982), "Осори мунтахаб"(ҷ.1-2, 1981) ва"Куллиёт"-и Мирзо Турсунзода (ҷ. 4, 1985), маҷмўаи шеъру достонҳои Абулқосим Лоҳутӣ (1978, 1984,1987) саҳм гирфтааст. Аммо хидмати вай дар таҳияву  нашри"Куллиёт"-и Пайрав Сулаймонӣ ва "Куллиёт"-и ҳафтҷилдаи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор ба таъкиди махсус мебошад. Аввалан, ин ду асар нашри интиқодӣ буда, ба навъи худ дар матншиносии тоҷикӣ аз корҳои аввалин ба шумор меоянд. Сониян, бори аввал дар онҳо кулли осори ин ду шоир асосан пурра фаро гирифта шудааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки "Куллиёт"-и Пайрав комилан маҳсули кору заҳмати муаллима аст ва таҳияи хафтҷилдаи Лоҳутӣ таҳти раҳнамоии эшон анҷомида,ў худ ҷилдҳои яку ду, ҳамчунин номаҳои устод Лоҳутиро (дар ҷилди 7) омодаи чоп кардааст.

Месазад, ки дар бораи заҳматҳои муаллима Отахонова дар таҳия ва чопи номаҳои адибон махсусан таваққуф кард. Албатта, номанигорӣ ва номаҳои ашхоси бузург, олимону адибон ва кормандони расмиву давлатӣ барои омўхтани бисёр ҳодисаҳои таърихӣ, ҷамъиятӣ, сиёсиву адабӣ ва фарҳангӣ, бахусус зиндагии шахсӣ, адабӣ ва ҷамъиятии эшон аҳаммияти хоссаеро молик мебошад. Дар матбуоти мо номаҳои адибони тоҷик солҳост, ки ба таври паро-канда ба табъ мерасанд. Аммо мо то ба ҳол дар бораи тартиби омўхтан ва табъу нашри номаҳои адибон фикр накардаем. Хеле кам аз осори мунтахаб ва ё мукаммали адибони мо бахши номаҳоро дар бар гирифтаанд. X. Отахонова ин камбуди адабиётшиносии моро ҳис карда, барои ислоҳи он кўшид. Кўшиши нахустини ў дар ин маврид аз чопи мактубҳои устод Айнӣ, бахусус он номаҳое, ки то ба ҳол рўйи чопро надида буданд, оғоз ёфт. Аввал ду номаи ҷудогонаи устод Айнӣ ва сипас китоби "Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ" (1978) бо иловаи тавзеҳоти лозима ба чоп расид. Устод Муҳаммад Осимӣ, ки аз хеле сирру асрори зиндагӣ ва номаву номанигории аҳли адаб бохабар буд, дар сарсухани маҷмўаи мазкур заҳмати X. Oтахоноваро қадр карда, таъкид карда буд: "Дар бораи аҳаммияти мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, ки саҳифаҳои дуррахшони таърихи адабиёти советии тоҷикро дар назари хонанда муҷассам мекунанд, сухан дароз аст". X. Отахонова низ дар поёни гуфтори худ таъкид намудааст, ки "... ҳанўз ҳамаи мактубҳои онҳо (Айнӣ ва Лоҳутӣ - А.Н.) ба даст надаромадааст. Умедворем, ки онҳо дар оянда ба даст меоянд ва ба нашри нави мукотиба дохил мешаванд. Вай худ аз пайи иҷрои ин кор шуд ва пас аз ҷустуҷўҳои зиёде маҷмўаи авваларо хеле пурра намуда, нашри дувуми онро бо такмилу иловаҳо ва тавзеҳот соли 2003 аз чоп баровард (Душанбе: "Деваштич", 2003).Баъди як сол китоби дигари ў "Абулқосим Лоҳутӣ. Номаҳо", ки нашри илмӣ буда, ба он сарсухан ва тавзеҳоти муфассале илова шудааст (Душанбе: "Адиб", 2004), ба дасти хонандагон расид.

Дар ҳар ду китоб ҳам хеле аз номаҳои дар нашрҳои аввал бо тақозои давру замон ихтисоршуда мукаммал гардида, боз бисёре аз номаҳои номаълуми устодон, ки чопашон дар замони шўравӣ аз имкон берун буд, фаро гирифта шуданд. Акнун ин тарзи кор ба дастури амали муҳаққиқ табдил ёфт ва ҳангоми чопи осори адибон (зикраш боло омад), вай ба ин ҷиҳати фаъолияги онҳо, албатта, диққати махсус медиҳад. Масалан, дар "Куллиёт"-и Пайрав Сулаймонӣ, як бахши муҳим ба мактубҳо ихтисос дода шудааст. Зиёда аз он, дар заминаи ин номаҳо корҳои илмӣ ба миён омаданд. Худи X. Отахонова дар асоси маводди онҳо мақолае дар бораи масъалаҳои забон дар номаҳои устод Айнӣ ва мубоҳисаҳои ин ду устод дар бораи шеъри муосирро навишт. Дигар аз аҳли тадқиқ низ ин китобҳоро ба баррасиҳои илмӣ кашиданд. Банда низ ҳангоми танқиди нақди адабии тоҷикии солҳои 20-30 ин номаҳоро як навъи хоси нақди адабӣ - нақди номаӣ ё дарунӣ (зеҳнӣ) номзад карда, аҳаммияти махсуси онҳоро таъкид намудаам (А. Набиев. Адабиёт ва нақди адабӣ. - Душанбе: Адиб, 1993). Масъала сари он аст, ки дар замони ҳукмронии ҳокимияти худкома (диктотурӣ) хеле аз андешаҳои адабиро дар шакли мақола озодона дар матбуот гуфтан имкон надошт. Ва ин ногуфтаҳо бисёр вақт дар номаҳои маҳрамонаи адибон, бахусус ин ду устоди бузурги адабиёти тоҷик - Айнӣ ва Лоҳутӣ ифода ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат номаҳо аз ҷиҳати таърихӣ ба аҳаммияти калон моликанд. Аммо фаромўш набояд кард, ки нома жанри зеҳнист ва ҳангоми истифода аз он андешаҳои беғаразро аз баёни фикри хусусӣ тафовут додан лозим аст. Бинобар ин, чопи номаи адибон аз корҳои хеле муҳимми таҳқиқи адабӣ ба шумор меояд ва кўшишу ғайрати муалима Отахонова дар ин ришта низ ҷанбаи ибтикорӣ дорад ва аз навназарии эшон гувоҳӣ медиҳад…

Инак, дар ин рўзҳо ба мавлуди доктори илми суханшиносӣ, узви Иттифоқи наисандагони Тоҷикистон, узви пайвастаи АИ ҶТ, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ Хуршеда Отахонова ҳаштоду панҷ сол пур мешавад. Мо ҳамкорону дўстон ўро бо некӣ ёд мекунем ва ба хидматҳои илмиву адабиаш арҷ мегузорем. Ёдаш ба хайр!

 

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37