• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeХАБАР ВА НАВГОНИҲОШУКУФАҲОИ ЗИМИСТОНӣ

Жола БАДЕЪ

Хонандаи тоҷик бо ном ва осори Жола Бадеъ ва ё Жолаи Исфаҳонӣ ба хубӣ ошно мебошад. Ин шоири муҳоҷири эронӣ, мисли устод Лоҳутӣ пас аз муҳоҷират аз меҳани аслиаш Эрон, Тоҷикистонро ба унвони меҳани дуввуми худ ихтиёр намуда ва дӯст дошта буд. Жола Бадеъ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, бо адибон ва …нашрияҳои Тоҷикистон ошноӣ ва ҳамкории доимӣ дошт ва тақрибан тамоми осораш дар Тоҷикистон мунташир гардидааст. Шеъри Жола шеъри содаву равшан ва саршор аз рӯҳиёти шодзистӣ ва умедворӣ ба ояндаи фарруху фархунда мебошад. Жола, ки бори зиндагии душвореро рӯи шонаҳои нозукаш ҳама умр кашида, вале шаҳомати як инсони фарзона ва озодаро дар вуҷуди худ ҳифз намудааст, бо дардҳои башар беш аз ҳар касе ошност ва сарояндаи ин дардҳо низ ҳаст. Лозим ба таъкид аст, ки осори Жола Бадеъ он тавре ки шоиста аст, ҳанӯз дар Тоҷикистон мавриди тадқиқот ва пажӯҳиши ҷомеъу фарогир қарор нагирифта, то мавқеи воқеӣ ва ҷойгоҳи ишон ва осори ишон дар адабиёти тоҷик таъйин гардад. 


Жола Бадеъ, ки то охири умр бо маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳамкорӣ мекард ва ҳатто аз ғурбат, аз Урупо ашъори худро ба сурати дастнавишта ба унвони маҷаллаи «Садои Шарқ» ирсол менамуд, дар мавриде муҳаббати худро ба ин маҷалла бо чунин шеъри самимӣ баён кардааст:
Садои Шарқи куҳансол буда садҳо қарн,
Нидои донишу шеъре, ки монда ҷовидон.
Садои Шарқи навин – нағмаҳои озодист,
«Садои Шарқ», ту з-ин ҳарду ёдгор бимон!
Басо намудиям аз хоби субҳдам бедор,
Ки хезу бо ҳама ҳастӣ ба зиндагӣ рӯй ор.
Басо ба гӯши ту хондам навои шодиву ғам,
Басо зи панди ҳакимонаат шудам маҳкам…
«Садои Шарқ» дуруди маро, саломи маро,
Умеди поки маро, беҳтарин паёми маро
Расон ба шоири фардо, ки баъди ман ояд,
Ба булбуле, ки бад-ин ҷовидон чаман ояд…
Жола Бадеъ дар соли 2007 дар Ландан, дар ҳалқаи фарзандонаш ин ҷаҳонро падруд гуфт. Аз ашъори охирини ишон, ки ба дасти фарзандонаш дар ҳамон сол дар маҷмӯае бо номи «Шукуфаҳои зимистон» тадвин ва мунташир гардида, маълум мегардад, ки ишон то вопасин нафас лабе ошно бо шеър дошта ва охирин анфоси худро бо раёҳини шеъри ноб омехтааст. Хушае аз охирин хирмани умри пурбаракати жола Бадеъи Исфаҳониро ба шумо пешкаш менамоем.
Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод.
Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод. 
Ҳофиз
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон,
Ман зи даврони ҷавонӣ
Бо ту дорам ошноӣ;
Ошноӣ бо заминат,
Бо забонат,
Бо зану марди матини меҳрубонат,
Бо бузургони адаб,
бо шоиронат.
Борҳо дар дафтари шеъри ту будам,
Нағмаҳо баҳри туву Эрон сурудам.
Борҳо дар сарзаминат
Бо гурӯҳи шоирон
саршору шайдо.
Шеър буду орзуҳо…
Соҳили Варзобу домони Ҳисорат.
Даштҳои сабзпӯши лолазорат,
Ҷиргаи уммедворон
«Ёд бод он рӯзгорон!»
Борҳо дар домани меҳрат нишастам,
Баҳравар аз номи Лоҳутиву Айнӣ
Аҳдҳо бо шеър бастам,
Гарчи имрӯз аз ту дурам,
Дар ҳузурам, бо ту ҳастам.
Тоҷикистон, 
Бод пайванди ту поё
Ҳамчу Помири баландат
Ҳарчи рушантар 
раҳи пирӯзмандат.
ТАН БА ТАН
Дар ин пайкори тори тан ба тан
фотеҳ туӣ ё ман?
Намедонам.
Ҳамин донам, ки ман омодаам,
истодаам,
сангам.
«Сияҳчсол» аст агар дар пеши рӯям,
ё сиёҳӣ, бар сари ҷангам.
Дар ин поёни раҳ
Гӯӣ дар оғозам,
Умеду орзумандист
боли бози парвозам.
ДАШТИ АНДЕША
Шаб асту моҳ фурӯзону сарви ҳамсоя,
Ки соярушани сабзаш 
нишаста бар девор
Мане, ки сарвқадонро 
басе зи худ рондам,
Бубин кунун зи дарахте 
чи гунаам саршор!
Чи сарвҳо, ки нишонад ба дашти андеша
Касе, ки то дили шаб 
ҳамчу ман бувад бедор.
БАҲОР КАРДА ҶАВОНАМ
Дар ин хазонзадагӣ
Баҳор кард ҷавонам;
Чи шӯру шавқи шигифте
Шукуфта дар дилу ҷонам,
Ки лаҳзае нагузорад
Дигар ба хона бимонам.
Зи бонги чаҳчаҳи мурғону рақси сабзи дарахтон,
Зи атри дарҳами гулҳо чи маст мешавад инсон!
Хушо, чу оҳуи ваҳшӣ задан ба кӯҳу биёбон
Ва ё ба шӯри ҷавонӣ
Пайи умед давидан
Ба авҷи қулла расидан…
ОЁ?
Бо сукути кӯҳ,
Бо ғавғои дарё,
Дар тӯли торих,
Дар арзи умр,
Дар инфиҷори фишорҳо
Инсон
Шӯъла, шӯъла сар мекашаду
ногаҳон
Хомӯш мешавад.
Оё 
Аз амвоҷи каҳкашонҳо
В-аз хотираҳои замон
Фаромӯш мешавад?
ҶУҒРОФИЁИ ҶАҲОН
Ман шарқу ғарбро дидааму дарк кардаам:
Фарқе намекунад, ки куҷо зиндагӣ кунем,
Мардум ягонаанд,
ҷудогона марзҳост.
Ҷуғрофии ҷаҳон
Як шеъри ошиқона
барои ману шумост.
ВОЖАИ ВАҲШӣ
Замона носоз аст,
Ва ман насозтарам.
Ки шоирам, башарам.
Дам аз ҳуқуқи башар мезананд нобашарон,
Ки тӯпу тонк бувад мӯҳраҳои бозишон
Ва бар мадори замин
даступодарозишон.
Дарандахӯии онон чунон занад ба сарам,
Ки ҳарчи вожаи ваҳшист
оварам ба қалам,
Вале дареғи шеърам,
ки ҳаст болу парам.
БА ҶОНИ ШЕЪР
Ба ҷони шеър,
Ки фарзанди меҳрубони ман аст,
Ки ҷовидон зебост
Ману ҳамора ба озодагӣ вафодорӣ
Ва охирин нафасам
Нағмаи раҳоиҳост.
ШУКУФАҲОИ ЗИМИСТОНӣ
Дарахти хушки зимистон пур аз шукуфа шуда:
Шигифт нест, агар ман зи нав шукуфта шавам.
Ҳазору як шаби афсонаи нагуфта шавам.
Хушо, шукӯҳи гули сурх 
дар саҳории
Сард
Ва меҳрубонии лабханд дар талотуми дард.
НАЁ БА СУРОҒАМ ДИГАР
Наё, наё ба суроғам дигар,
Раҳоям кун!
Зи дарду дағдағаи хештан ҷудоям кун
Ва ё чу он ба лабам мерасад,
садоям кун:
Садои мусиқии меҳр, нағмаи ёрӣ…
Худо кунад, қаламам бишканад дар ин лаҳза,
Ки вожае нанависам зи рӯи безорӣ.

Таҳия ва хатгардони Рустами ВАҲҲОБ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37