• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeХАБАР ВА НАВГОНИҲОДОНИШ ВА ИЛМ-ДУ НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

 

Робитаҳои илмиву маърифатӣ ба инкишофи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидати ҳамаҷониба менамоянд. Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар вохурӣ бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, баён дошта, илова намуданд, ки "Дониш ва илм дар садаи бисту як мазмуну мундариҷаи хос пайдо намуда, ба неруи пешбарандаи ҳар як ҷомеа табдил ёфтаанд. Бе ин ду наметавон ояндаро сохт".

 

     Сарвари Давлат зикр намуданд: "Ин фикр, алалхусус дар замони мо, ки давраи ҷаҳонишавист, маънии амиқе касб мекунад. Ба ин манзур таҳкими низоми илму маориф ва дар ин замина омода кардани насли ояндасози кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон гардидааст".

        Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон беҳтар намудани сифати таҳсилро дар мадди назар гузошта, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Дар идомаи суханронии худ ин равандро яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, зикр намуданд: "Дар доираи чунин сиёсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳсилот, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархӯрдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илму техникаи муосир саъю талошҳои доимӣ ба харҷ медиҳад.Вобаста ба ин мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки тамоми шароиту имконотро муҳайё созем, то ҷавонони мо тавонанд дар дохилу хориҷи кишвар таҳсилу касбомӯзӣ намуда, номбардори Ватанашон шаванд".

  "Дар ин росто мо ба тавсеаи робитаҳоямон бо Чин дар соҳаи маориф, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем ва ҳамкориҳоямонро дар ин арса яке аз самтҳои муҳими  маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар медонем",-илова намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37