• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 Корманди маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Эҳсон Абдуллозода зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки он рўз барои кормандони сохтори қудратӣ иди китоб буд ва онҳо бо шавқу рағбат китобҳои арзишманди шоирони классик ва адибони муосирро мехариданд ва ба ин ганҷинаи хираду маънавиёт сидқу алоқаи самимона зоҳир менамуданд.

Сипас дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон бо иштироки адибон ва дўстдорони китоб китобҳои тозанашри «Адиб» рўнамоӣ шуданд. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар оғоз изҳор намуд, ки нашриёти «Адиб» ибтикороти хуби худро идома дода, вусъати бештар бахшида истодааст ва талош дорад, ки бо такя ба сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар асарҳои пурарзиши адибони дирўзу имрўзамонро дастраси мардум гардонад ва ба ин восита хазинаи маънавиёти онҳоро ғанитар намояд.

- Дар роҳандозӣ намудани ин тадбир нақши сарвари нашриёт Давлат Сафарзода хеле назаррас аст, - гуфт Низом Қосим.

Мураттиби китоби «Баро, ситораи ман»-и устод Мирзо Турсунзода – Муҳтарам Ҳотам китоби мазкурро муаррифӣ намуда, баён дошт, ки он аз ашъори солҳои гуногун сурудашуда ва чанд достону либреттои шоир иборат мебошад. Ба гуфтаи мураттиб, ин китоб аз намунаҳои беҳтарини ашъори шоири бузург тартиб ёфтааст.

Романҳои «Восеъ»-и Сотим Улуғзода ва «Тахти вожгун»-и Ҷалол Икромиро, ки ба тозагӣ дар як муҷаллад нашр шуданд, мураттиби китоб Абдураҳмон Абдуманнон муаррифӣ кард ва изҳор дошт, ки дар як ҷилд бознашр кардани ин романҳои машҳуру хондании нависандагони маъруфи тоҷик барои хонандагони имрўз хеле муҳим аст.

Аз китобҳои муҳими дигаре, ки дар як муҷаллад пешкаши хонандагон шудааст, гулчини ашъори се сутуни шеъри муосир – Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ мебошад, ки аз ҷониби Низом Қосим мураттаб гардидааст. Тавре ки мураттиб зимни муаррифии ин китоб баён намуд, ашъори ин шоирони бузург мардумиву мондагор ва ҳамсафари доимии хонандагон мебошанд.

- Таҳияи ин китоб барои банда боиси саодатмандӣ ва соли гузашта, ки ин китобро омода намудам, аз беҳтарин солҳои умри банда буд. Тавсия медиҳам, ки ҳамагон, махсусан ҷавонон ин китобро бадиққат бихонанд, - афзуд Низом Қосим.

Сипас Шоири халқии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи «Адиб» Камол Насрулло ҳамагонро бо муҳтавои шумораи нави маҷалла шинос кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки адибон бо ин маҷаллаи хонданӣ ҳамкорӣ мекунанд ва барои ҷолибтар шуданаш саҳм мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки шумораи нахустини маҷаллаи «Адиб» аз сўи хонандагон ба гармӣ истиқбол ёфт ва шумораи дувумаш низ аз матлабҳои пурарзиш фароҳам омадааст.

Дар бораи китобҳои тозанашр адибон ва пажўҳишгарон Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Носирҷон Салимӣ, Рустам Ваҳҳобзода, сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Шералиев ва директори Китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор андешаҳояшонро баён намуданд.          

Тавассути нашриёти «Адиб» ҳамчунин китобҳои «Ишқи сархўр»-и Кароматуллоҳи Мирзо, «Кафсанг»-и Камол Насрулло, «Фасли орзуву андеша»-и Зулфия Атоӣ, «Гулбоғи рубоӣ»-и Раънои Мубориз, «Нимароҳи аъроф»-и Бароти Абдураҳмон, «Подош»-и Сироҷиддин Икромӣ, «Назаркарда»-и Абдуғаффори Абдуҷаббор, «Тафсилоти як марги эъломшуда»-и Г. Г. Маркес (тарҷумаи Низом Қосим ва Юнус Юсуфӣ) ва ғайраҳо ба табъ расиданд.

 Т. Халилӣ, «АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved