• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

HomeНАВГОНИҲО

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

НИЗОМ ҚОСИМ: РОБИТАҲОИ АДАБӢ ДӮСТИИ ХАЛҚҲОЯМОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

Хабарнигори ӮзА бо раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, шоири мардумии Тоҷикистон Низом ҚОСИМ, ки дар айни ҳол дар кишварамон аст, доир ба робитаҳои адабии халқҳои ӯзбеку тоҷик суҳбат орост. Ӯ аз ҷумла гуфт:

– Муносибатҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки дину ҷаҳонбинӣ, урфу одат ва анъанаҳояшон муштарак аст, дар бӯстони адабиёт низ шабоҳатҳои зиёде пайдо кардааст. Намунаҳои фолклор, достонсароӣ ва адабиёти муосири ду халқ низ ҳаммазмунанд.

Идомаи: НИЗОМ ҚОСИМ: РОБИТАҲОИ АДАБӢ ДӮСТИИ ХАЛҚҲОЯМОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

С. Турсун: «Адибони тоҷику ӯзбек аз азал пайвандҳои ногусастанӣ доштанд»

АМИТ «Ховар»/. Аз 1-ум то 4-уми августи соли равон ҳайати 55-нафараи фарҳангиёну донишмандони тоҷик дар кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон қарор доштанд. Ин дидор дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт. Дар доираи ин сафар миёни фарҳангиёну донишмандони тоҷик ва ӯзбек вохӯриву мулоқот ва мизҳои мудаввар баргузор гардида, ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд дидан карданд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ҳам шомили ин ҳайат буд ва пас аз бозгашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО дар бораи таассурот ва бардоштҳояш изҳори андеша намуд.

Идомаи: С. Турсун: «Адибони тоҷику ӯзбек аз азал пайвандҳои ногусастанӣ доштанд»

ДАР ТОШКАНД БАЙНИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО МЕРАСАД

Дар доираи баргузории  конфронси байналмилалии « Омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири  ӯзбек  дар сатҳи байналмилалӣ ва маъруфияти он», ки рӯзҳои  7-8 август дар шаҳри Тошканд доир мешавад,  байни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ёддошти  тафоҳум оид ба ҳамкорӣ  ба имзо  мерасад.

Дар ин хусус дар  шаҳри Тошканд зимни  суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  муовини раиси Итифоқи нависандагони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки  дар ҳамоиши мазкур  беш аз 40 нафар намояндагони  25 давлати дунё – шоирону нависандагон, адабиётшиносон иштирок менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  ин конфронс раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим намояндагӣ мекунад.

Идомаи: ДАР ТОШКАНД БАЙНИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО МЕРАСАД

«ҲЕҶ ГУНА САДҲОИ ТАЪРИХ ВА МАРЗҲОИ ҶУДОӢ НАМЕТАВОНАНД МОРО БА ҲАМ БЕГОНА СОЗАНД!»

Сафаргуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз кишвари Ӯзбекистони бародар!

Сафари Ҳайати дӯстии Тоҷикистон ба кишвари Ӯзбекистони бародар, ки аз 1 то 4  августи соли  равон  идома дошт, намунаи баланди ҳамҷаворӣ, ҳамдилӣ ва муҳаббати халқҳои тоҷику ӯзбек гардид. Ин ду халқи  дӯсту бародар, ки асрҳои аср  дар як сарзамини куҳанбунёд ва соҳибтамаддун бар ба бар бо ҳам зиндагӣ доранд,  чунон пайванди хешутаборӣ  гирифтаанд, ки ҳеҷ гуна садҳои таърих ва марзҳои ҷудоӣ наметавонанд онҳоро бегона ба ҳам созанд.

Рӯҳияи дӯстиву ҳавои муҳаббат ин ҳайатро аз нахустин баҳамоии он дар пойтахти ватанамон, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоии ёвари Президенти муҳтарамамон Абдуҷаббор Раҳмонзода фаро гирифта буд.  Ин рӯҳия дар пазироии ин ҳайат аз ҷониби аҳли Хуҷанди бостонӣ ва гусели он дар марзҳои кишвар идома ёфта, бо изҳори хушнудӣ ва истиқболи  оғӯши гарму пурмуҳаббати бародарона дар сарҳади Ӯзбекистон, ки бо садои карнаю сурной ва суруду рақс оғоз ёфт, то охирин лаҳза — гусели ҳайат дар марзи сарҳади Самарқанду Панҷакенти бостонӣ идома дошт. Ҳайати дӯстиро, ки таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баргузор гардид,  дар тӯли сафар эҳсосоти баланди дӯстӣ ва муҳаббат раҳнамо буд.

Идомаи: «ҲЕҶ ГУНА САДҲОИ ТАЪРИХ ВА МАРЗҲОИ ҶУДОӢ НАМЕТАВОНАНД МОРО БА ҲАМ БЕГОНА СОЗАНД!»

НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХИЁБОНИ АДИБОН

Дар вохӯрӣ байни сарони ду давлат, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба амал омад, чун дигар соҳаҳо бобати ҳамкории маданиву маърифатӣ, зинда кардани анъанаҳое, ки ба мустаҳкамсозии робитаҳои адабӣ марбутанд, табодули фикр ба амал омада буд. Имрӯзҳо байни муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, ҷамоаҳои эҷодӣ ва варзишӣ, созмонҳои ҷавонон ва занон, иттифоқҳои касаба ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ байни ду мамлакат муносибатҳои бевосита ба роҳ гузошта шудаанд.

Дар Ӯзбекистон шудани намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, ҳамчунин, далел бар он ки риштаҳои адабию фарҳангӣ байни кишварҳои дӯст мустаҳкам мегарданд.

Идомаи: НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХИЁБОНИ АДИБОН

БАРНОМАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ТАҲИЯ ШУД

Дар ин хусус Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд изҳор дошт

 «Дар саҳифаи таърихи ҳамкории Душанбе ва Тошканд марҳилаи нав оғоз шуд. Бо шарофати иродаи сиёсии президентҳои ҳарду давлат  робитаҳо ба сатҳи сифатан нав баромаданд», — иброз дошт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода зимни клуби матбуотии байналмилалӣ, ки рӯзи панҷшанбе, 2 август дар Тошканд баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

«Вақтҳои охир метавон дастовардҳои зиёди ноилшударо мушоҳида кард. Муносибатҳои дӯстона, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг таҳким ёфтанд. Имрӯз дар саҳифаи таърихи ҳамкориамон марҳилаи нав оғоз шуд», — зикр намуд Ш. Орумбекзода.

Идомаи: БАРНОМАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ТАҲИЯ ШУД

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37