• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Бозор Собир

h 73Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Соли 1962 бахши таърих ва филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба поён расонд. Дар ниҳодҳои фарҳангие чун рӯзномаи «Маориф ва маданият», моҳномаи «Садои Шарқ» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Соли 1990 вакили мардум дар Парлумони Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳоло дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико иқомат дорад.

Бозор Собир дар ғурбат ҳам ба ёди ватан зист ва бо эҷоди чакомаҳои меҳанпарастонаи хеш дар ваҳдати миллии тоҷикон ва таҳкими Истиқлоли кишвар саҳми босазо гузоштааст. Теъдоди зиёде аз ашъори ошиқонаи ӯ аз сӯи овозхонҳои машҳури тоҷик суруда мешвад. Дар имтидоди солҳои 70-и қарни бист номбурда бо ашъори ғаноӣ ва ватанхоҳонааш дар миёни дӯстдорони шеъру адаб шуҳрати тамом пайдо кард.

 Намунаҳое аз ашъори шоирони ҷаҳонро тарҷума ва нашр намудааст ва беҳтарин чакидаҳои хомааш ба чанд забони хориҷӣ тарҷима шудаанд. Роҷеъ ба зиндагӣ ва осори адибон Нодири Нодирпур, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ғаффор Мирзо ва Убайд Раҷаб мақолаҳо таълиф намудааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон, ба номи Абуабдулло Рудакӣ буда, соли 2013 бо ордени «Ситораи Президент» сарафроз гардидааст.

Намуни осор

«Оташбарг», 1974, 1984

«Гули хор», 1987,

«Мижгони шаб», 1981,

«Офтобниҳол», 1982,

«Бо чамидан бо шамидан», 1987,

«Чашми сафедор», 1992,

«Гулчини ашъори устод Бозор Собир», 1993

«Симхор», 1995

«Аз гули хор то симхор», 1997,

«Чорчашм», 2001, «Шоиру шеъре агар ҳаст», 2006,

«Хуни қалам», 2010,

 

Раҳмат Назрӣ

Раҳмат Назрӣ 15-уми октябри соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар бахши рӯзноманигорӣ ба итмом расонидааст. Мухбири рӯзномаи «Маориф ва маданият», коргузори Дафтари тарғиби адабиёти бадеии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири шуъба ва муовини сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», мушовири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аз соли 2002 то имрӯз вазифаи котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Нахустин маљмўаи шеърњояш «Барги сабз» соли 1977 ба табъ расид. То имрўз китобњои ашъораш «Ситораи рўз», «Лолаи оташ», «Сарнавишт», «Мењроб», «Њафтранг», «Садои хомўшї», «Ситораборон», «Чилчароѓ», «Ширмањтоб», «Дида ба дида», «Ширинкома», «Шилшила» ба дасти хонандагон расидаанд.

Шеърҳои Раҳмат Назрӣ ба забонҳои русӣ, олмонӣ, инглисӣ, арабӣ, туркӣ, булғорӣ, арманӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Соли 2004 маҷмӯаи шеърҳояш «Сояи танҳоӣ» ва «То боздид, эй офтоб» дар Эрон ва Тоҷикистон бо ҳуруфи форсӣ интишор ёфтанд.

Эҷодиёт ва хизматҳои Раҳмат Назрӣ дар дар рушди адабиёту фарҳанги миллӣ бо Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

               Намунаи осор:

«Барги сабз», 1977

«Ситораи рӯз»

«Лолаи оташ»

«Сарнавишт»

«Меҳроб»

«Ҳафтранг»

«Садои хомӯшӣ»

«Ситораборон»

«Чилчароғ»

«Ширмаҳтоб»

«Дида ба дида»

«Ширинкома»

«Шилшила»

 

Сафиева Гулрухсор

gulruhsor4ГУЛРУХСОР (Сафиева Гулрухсор) 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) таваллуд ёфтааст.

Маҷмӯаҳои манзуму мансури Гулрухсор дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, дар аксари ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Шеърҳои ба забони русӣ навиштаи Гулрухсор дар китобҳояш «Солнце без Монэ» ва «Одна планета на двоих» (2014) дастраси умум гардидаанд.

Намунаҳое аз ашъори адибони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла О.Бергголтс, Г. Лорка, Г. Мистрас, М. Булгаков, А. Камю, М. Бойҷиев, М. Ю. Лермонтов, Л. Украинка, Р. Казакова, Т. Кузовлева, А. Дементйев, Файз Аҳмади Файз, Й. Милев, С. Капутикянро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст

Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1976), Созмони ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ (1978), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2003), Ҷоизаи адабии ба номи Ҳелмут Ҳаммет (ИМА, 1994).

Шоираи халқии Тоҷикистон (1999) мебошад.

Намунаи осор:

«Бунафша», 1970

«Хонаи падар» 1973

«Шабдарав» 1975

«Афсонаи кӯҳӣ» 1975

«Дунёи дил» 1977

«Ихлос», 1981

«Гаҳвораи сабз», 1984

«Сипар», 1990

«Оинаи рӯз», 1984

«Оташи Суғд», 1986

«Рӯҳи урён ё ҳафт суруди

носурудаи Робия» (1986),

«Рӯҳи Бохтар», 1987

«Занони Сабзбањор», 1987

«Қасидаи кӯҳистон», 1988

«Жакон» (1990),

«Тахти сангин», 1992

«Сиёҳу сафед», (1993)

«Зодрӯзи дард», 1995

«Ману шаб» (1995)

«Дар паноҳи сояи худ», 1998

«Озарахш» (2006)

«Мурофиаи баҳор» (2006)

«Паймонаи ғазал», 2007

«Ҷовидона», 2009

«Сакарот», 2009

«Шуъла дар санг», 2010

«Сад оҳи як нафас», 2012

«Таърих гувоҳ аст...», (2011)

«Муждаи аржушти як

   ҷуфти парасту», (2012)

«Қандил», (2014)

«Дигар ишқ!», 2014

 

 

Аскар Ҳаким

asqar hakim10 октябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, ду сол дар идораи барномаҳои ҷавонон ва наврасони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон муҳаррир будааст. Солҳои 1969-1974 аспиранти кафедраи таърихи адабиёти советии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, баъдан муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», сипас сармуҳаррири он (ҳоло «Адабиёт ва санъат), аз соли 1991 то марти 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Алҳол ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ мебошад.

Осори адабиётшиносиаш дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982) «Творцы созвучий» (Маскав, 1988), «Испытане поэзией (1992) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 1974 дар мавзӯи «Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Ашъори ў дар кутуби «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987)), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993), «Шаҳри меҳолуд» (ба ҳуруфи ниёкон; 1993), «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким»

(Теҳрон, 1995), «Ашъори мунтахаб» (2012) ва ғ. нашр гардидаанд.

Ашъораш, бар иловаи русӣ, ба чанде аз забонҳои дигари хориҷӣ ҳам интишор ёфтаанд.

Осори В.Биков «Сотников» (1979), М.Ю. Лермонтов «Хазинадорзани тамбовӣ» (1981), Г. Эмин «Аср, замин, ишқ» (1983), А. Данте «Мазҳакаи илоҳӣ» (бахши «Дӯзах», 1987) ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Мураттиби китоби «Лирика. Из персидско-таджикской поэзии» (Маскав, 1987) мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Намунаи осор

«Раҳнавард», 1983,

«Тарозуи Офтоб», (1987),

«Рӯзи умед», 1990,

«Рубоиёт», 1992,

«Баргпайванд» 1993,

«Шаҳри меҳолуд», 1993,

«Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким», Теҳрон, 1995,

«Ашъори мунтахаб», 2012.

 

Камол Насрулло

kamol nasrulloКамол Насрулло соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1968 мактаби миёнаи деҳаи Ғусари ҳамин ноҳияро хатм намуда, ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуд. Шуъбаи филологии ин донишкадаро соли 1971 ба итмом расонда, ба шуъбаи хориҷии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон ба кор даромад.

Баъдан дар маљаллаҳои «Машъал» ва «Садои Шарқ» ба сифати ходими адабӣ ва дар Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати сарвар кор кард. Соли 1986 маҷаллаи кӯдаконаи «Чашма» («Родник»)-ро ба забонҳои тоҷикиву русӣ, баъдан бо ҳуруфи форсӣ таъсис дод. Соли 2003-ум дар Анҷумани нависандагони Тоҷикистон муовини раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд.

Муаллифи 13 маҷмӯаи ашъор буда, барои китоби шеърҳои «Нидои шаҳидон» сазовори ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст. Баъдан китоби шеърҳои ӯ «Тоҷикистонро дигар қисмат макун» ба гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ шарафёб шуд. Камол Насрулло унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистонро дорад. Маҷмӯаҳои алоҳидааш дар Маскав ба забони русӣ ва дар Теҳрон бо ҳуруфи форсӣ интишор ёфта, шеърҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр шудаанд. Худ низ дар тарҷумаи адабиё­ти ҷаҳонӣ пайваста саҳм мегузорад.

Адиби маъруф бо хидматҳои шоистаи худ дар нақди адабӣ, рӯзноманигорӣ, ҳамкорӣ бо ҳунармандон, тарбияи эҷодкорони ҷавон, ҷомеашиносӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ низ маҳбубият дорад.

Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Асарҳои Камол Насрулло:

«Навгонӣ», 1978

«Барги зуф», 1980

«Нидои шаҳидон», 1981

«Гузаргоҳи дил», 1983

«Номаи боли кабӯтар», 1986

«Нома ба офтоб», 1988

«То даме, ки лонаҳо гарманд», 1994

«Тоҷикистонро дигар қисмат макун», 1996

«Дар фурудгоҳи як таманно», 2003

«Фаросӯи нигоҳ», 2007

«Рӯ ба меҳроби Ватан», 2010

«Зангӯлаҳои фарёд», 2011

«Ашки сапеда», 2011

«Баҳои ҷон», 2012

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved