• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Атахон САЙФУЛЛОЕВ,

доктори илмњои суханшиносї, профессор

АВВАЛИН СИМПОЗИУМИ НАЗМИ ФОРСЇ

ДАР ТОЉИКИСТОН

Симпозиуми назми форсї дар Тољикистон бо ибтикори устод Мирзо Турсунзода ба вуќўъ пайваст, ки дар шароити шўравї кори осон набуд. Шоир ва сиёсатмадори бузург ин њамоиши шоирони форсигўро дар рўзњои таљлили љашни 80-солагии устод Абулќосим Лоњутї (12-13 декабри соли 1967) дар шањри зебоманзари Душанбе ташкил намуд, ки дар он худи устод Мирзо Турсунзода маърўза кард ва мењмонони симпозиум низ ширкат варзида, суханњои пурмаънї иброз доштанд. Чунончї, шоир ва донишманди маъруфи эронї Лутфалии Суратгар фармуда буд: «Каломи шоир њукми замон ва сарњаду масофаро намеписандад. Эљоди Лоњутї аз њамин гурўњ аст. То даврае, ки мардуми форсизабон зиндаанд, назми Абулќосим Лоњутї пойдор хоњад буд».

Бо саъю кўшиши устод Мирзо Турсунзода љашни Абулќосим Лоњутї дар Маскав њам баргузор гардид, ки дар он шоир ва фозили шинохтаи эронї Парвиз Нотили Хонларї иштирок дошт ва суханронї кард.

Симпозиуми назми форсї 13-уми декабри соли 1967 дар толори Академияи илмњои Тољикистон оѓоз гардид, ки ин воќеаи тозаи гуворо дар њаёти илмї ва адабии љумњурї буд. Ин мулоќоти дўстонаи илмию адабї метавон гуфт, ки аз фурудгоњи шањри Душанбе оѓоз ёфта буд. Ба пойтахти Тољикистон њайъати вакилони Эрон доктор Парвиз Нотили Хонларї, доктор Лутфалии Суратгар, шоири овозадор Нодири Нодирпур ташриф оварданд. Вакилони илму адаби Афѓонистон Абдулњаќи Вола, Накњати Саидї, Моили Њиравї, Ањмад Љавод буданд. Аз Њиндустон доктор Муниббуррањмон, аз Маскаву Санкт-Петербург, аз Ўзбекистон як гурўњ донишмандон ва нависандагон бо иштироки худ дар Симпозиум мулоќотњои илмию адабиро шукўњи хоса бахшиданд. Шоир Нодири Нодирпур умедњои худро аз Симпозиум дар худи фурудгоњи Душанбе изњор дошт: «Симпозиум ба гумони ман, гуфт ў,–яке аз муњимтарин корњоест, ки барои густариши равобит дар миёни миллатњои форсизабон анљом гирифтааст. Мо дар ин симпозиум илова бар таљлили масоили марбут ба шеър фурсати онро дорем, ки бо намояндагони миллати форсизабон суханони худро дар миён нињем ва тўшае аз њамдилї ва дўстї баргирем».

Симпозиуми назми форсї ба љашни дўстии намояндагони илму адаби Тољикистону Эрон, Афѓонистону Њиндустон ва Русия табдил ёфт. Зиёда аз ин мухлисони назми форсї, ки муштоќи дидори гарми дўстони њамзабон, ба вижа эронињо буданд, дар маљлисњо бо шавќу раѓбати зиёд, њамчун ташнањои шеъри муосири форсї ширкат варзиданд. Гўё аз њар љониб овои малакутии Хоља Њофизи лисонулѓайб ба гўш мерасид:

Донї, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,

Дар кўи ў гадої бар хусравї гузидан.

Аз љон тамаъ буридан осон бувад, валекин,

Аз дўстони љонї мушкил тавон буридан.

Устод Мирзо Турсунзода, ки ба кори симпозиум њусни ифтитоњ бахшид, вакилони ин базми сухан ва тафаккури рангинро бо як байти устод Абўабдуллоњи Рўдакї, падари адабиёти форсу тољик хайрамаќдам гуфт ва табрик кард:

Њељ шодї нест андар ин љањон,

Бартар аз дидори рўи дўстон.

Мирзо Турсунзода изњори аќида кард, ки симпозиум дар њаллу фасли масоили бањсталаби шеъри муосири форсї имконият ва шароити мусоид фароњам хоњад овард. Бино бар он, суханронї ва бањсу мунозирањое, ки дар ин толор ба вуќўъ хоњанд омад, донишмандон ва шоирони форсигўро ба њамдигар бештару бењтар наздик мекунанд. Дар фазои мулоќоти мо панди хирадмандонаи Мавлавии Балхї њамеша танинандоз хоњад буд:

Њар касе, к-ў дур монд аз асли хеш,

Боз љўяд рўзгори васли хеш.

Дар маљлиси якуми симпозиум, ки тањти сарварии устод Муњаммад Осимї, Президенти Академияи илмњои Тољикистон љараён гирифт, аз олимон ва шоирони тољик Носирљон Маъсумї, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмњои Тољикистон дар мавзўи «Сулњ, дўстї ва гуманизм дар назм», профессор Шарифљон Њусейнзода дар масъалаи «Шеъри классикї ва шеъри нав», Раљаб Амонов оид ба «Тасвири табиат дар назми лафзї ва хаттї» суханронињои пурмўњтаво карданд. Моили Њиравї, шоир, узви Анљумани таърихи Афѓонистон рољеъ ба авзони арўз дар шеъри муосир андешањои судманд иброз дошт.

Устод Носирљон Маъсумї суханронии худро чунин оѓоз намуд:

«Тобистони соли гузашта (1966) бо иштироки намояндагони халќњои форсизабон дар Кобул семинари тарљима баргузор шуд. Њарчанд ки дар маркази диќќати он анљумани илмї асосан масъалањои тарљима гузошта шуда буданд ва муњокимаву музокираи ањли маљлис низ ба њамин маќсад тобеъ буд, масъалаи шеър ва љараёни тараќќиёти имрўзаи он аз муњокима берун намонд. Маълум шуд, ки музокира ва мубодилаи афкор дар масъалаи шеър ва хусусиятњои инкишофи имрўзаи он њамчун талаби зиндагї хеле зарур мебошад.

Инак, имрўз, ки ин анљумани илмї ва адабї бо иштироки намояндагони адабиёт ва адабиётшиносии халќњои бо њам дўст (Иттифоќи Советї, Эрон, Афѓонистон, Њиндустон, Покистон) барои музокираи вазъияти назми муосири форсизабонон тартиб ёфтааст, њамчун давоми мантиќии он бањсу музокироте ба назар мерасад, ки дар давоми 10-15 соли ахир чи дар дохили њар яке аз мамлакатњои номбурда ва чи дар конгрессу конференсияњои байналхалќии шарќшиносон воќеъ шудаанд.

Маълум аст, ки шеър њамеша њамроњу њамдами љамъият, мўнису мададгори њар фард буд ва њаст. Њамчун аслињаи маънавии кўшишу кор ва муборизаи одамон хизмат дошт ва дорад. Акнун вазифаи он, ќувваи таъсири амалкунандаи вай дар асри ХХ, хусусан дар замони мо, ки њаёт бо марг даст ба гиребон шуда, њаќќоният ва ќудрати маѓлубнопазири худро намоиш медињад,–садчанд афзудааст. Ин аст, ки адабиёт, аз љумла назми имрўзаи халќњои мо, мувофиќи рўњи замон, бо заминаи иљтимоии худ сахт марбут, бо њаёти мутараќќии мамлакат њамќадам, бо хонандагони худ њамнафас ва дар мавридаш пешраву пешхабари њодисањои зиндагї гардидааст, ки назми шўравї ва њаракати фаъоли назми пешќадами форсизабонон далели барљастаи он аст».

Устод Маъсумї дар бораи адабиёти форсизабон, аз он љумла адабиёти муосири Эрон чунин изњори андеша кард:

«Чунон ки адабиёти манзуми имрўзаи форсизабонон гувоњї медињад, суханварони равшанфикру тараќќипарвар талош доранд, ки дар эљодиёташон љунбиши умумии мардум, олами њиссу фикр ва орзую умеди њаётдўстонаю адолатхоњонаи ў беш аз пеш пурратар, равшану муассиртар акс ёбад; яъне бо ибораи устод Парвиз Нотили Хонларї «дар маонї ва шеваи баён мутаносиб бо авзои имрўз бошад», ба хонандагони замони худ «дар идроки мафњуми зиндагї, бо њамаи вусъат ва умќи он, ёрї кунад».

Ваќте ки мо дар ашъори шоирони Эрон тасвири њаќиќатнигоронаеро рољеъ ба чорањои бењбудии зиндагии коргару дењќон (чунончї, ашъори Афрошта, Пирўз, Парвин Эътисомї ва дигарон), њуќуќ ва мавќеи зан дар љамъият (масалан, ашъори шоира Фурўѓи Фаррухзод, Рубоб, Жола ва амсоли инњо), талош, умеди некї, њифзи шарафу эътибори инсон (масалан, дар ашъори Маликушшуаро Бањор, Дењхудо, Парвизи Хонларї, Нодир Нодирпур, Содиќ Сармад ва дигарон) ва амсоли ин масъалањои муњими иљтимоиро мехонем, мефањмем, ки адабиёти манзум чї андоза њаёту муборизаи халќро фаро гирифта, мазмунан ва шаклан таѓйир ёфта пеш меравад.

Сатрњои оташин дар дилу фикри оммаи хонандагон нишаста, рањнамої мекунад. Паймони Муњаммад Пирўз – «Лаб зи гуфтори њаќ намебандам!» (шеъри «Њаќгўй»), таъкиди Фирўзи Фирўзиён «Инсон њаќир нест!» (шеъри «Пирўзии башар»), даъвати Фаррухии Яздї «Њаќќи худро аз дањони шер мебояд гирифт» ва хитоби озодихоњонаи Фаридаддини Кор:

…Лекин ба хасми дун

Бо ќудрате фузун

Фарёд мезанем:

«Нобуд бардагї!

Пирўз зиндагї!»

њамчун нидои њаёт ва мубориза ба гўшњо мерасад ва бо таъбири Муњаммад Иќбол гўем, мехоњад, ки «кавкаби таќдир»-и одамро мунаввар сохта бошад.

Талошу орзуњои њаётљўёнаи суханварони њар мамлакат пайваста бо эњсосоти ватандўстии онњо ќувваи азим пайдо мекунад. Оё манзумањои Парвиз Нотили Хонларї «Моњ дар мурдоб», «Ёд ва орзу», «Уќоб», манзумаи Мањдии Њамидї «Байраќи Эрон дар боми ширкати нафт» ва бисёре аз ашъори «нав»-у анъанавї, ки табиати зебои Эронзамин, бењтарин одамони он, њисси ватандўстии онон тараннум меёбад, пояндагии истиќлолияти мамлакати Эронро ифода намекунад?».

Дар суханронии устод Маъсумї баъзе умумиятњои мундариљавї, ѓоявї ва шаклии адабиёти форсизабонони машриќзамин мавриди баррасї ќарор ёфтанд.

Дар рўзи якуми симпозиум шоири пуркор ва донишманди заковатманди эронї устод Лутфалии Суратгар рољеъ ба «Суннати адабї ва шеъри муосир» суханронии муфассали илмї кард. Ў дар ибтидои суханрониаш нисбат ба тољикон ва забони тољикї изњори муњаббат намуда, чунин гуфт:

«Ќабл аз арзи нуктае чанд дар боби мероси адаби форсї мехостам ба хидмати хонумњо ва оѓоён арз кунам, ки ман аз шањре меоям, ки яке аз шуарои он љо азизтарин ва гаронбањотарин чизе, ки дар назар дошт, ба холи чунин яке аз дилрабоён бахшид ва он Самарќанд ва Бухоро буд, чизеро мебахшид, ки пеши ў аз њар чизе алоќааш зиёдтар буд. Бинобар он аз он рўз, ки Њофиз ин шеърро гуфт, то имрўз мо, эрониён, бахусус ва умуман ва мардуме, ки сокини хонаи Њофиз ва Саъдї њастанд, ба бародарони тољик, ки забони ширини форсиро ин тавр салис ва равон ва пок ва ноолуда нигоњ доштаанд, як эњсоси самимият ва бародарии ќалбї ва ќатъї бикунем. Аз њамин љињат хоњиш мекунам, саломи муштоќона ва бародаронаи њамшањриёни ман – Шероз ва эрониёнро умуман бипазиред».

Доктор Лутфалии Суратгар дар бораи адабиёти форсї, тањаввул ва вижагињои он аз ањди Рўдакї то давраи љанги љањонии дуввум, таъсири забони арабї ва душворињое, ки забони бегона ба назму насри форсї ворид намуд, сухан ронд. Ў оид ба хусусиятњои анвои адабии маснавї ва ќасида, ѓазал ва мусамман, тарљеъбанд ва мустазод, рубої, мураккаботи иртиботи шаклу мазмун ва ѓайра изњори андешањои судманд карду наќши Рўдакї, Фирдавсї, Саъдї, Њофиз, Хоќонии Шервонї, Сўзании Самарќандї ва Низомии Ганљавиро дар тањаввули шеъри форсї нишон дод, љустуљўи калима, ќофия ва радифи муносибро барои ифодаи матлаб таъкид кард ва то давраи Абдуарњмони Љомї расида афзуд:

«Баъд аз Нуриддин Абдурањмони Љомї дар адаби форсї аз лињози фикр як ваќфе пайдо шуда буд. Ба ин таъбир, ки афкори ирфонии мо аз замони Љомї ба ин самт он ќадр љило ва равшанї ва фурўѓро дигар надошт. Ѓазалњо њам аз он туѓён ва хурўш афтода буд ва ќасоиди мадења ва он чї, ки мо дар боби табиат мегуфтем, дар њамон њудуд монда буд, њељ ваќт боло намерафт. Мўътаќадоти мазњабї ё мўътаќадоти иљтимої њам дар ин 600-400 сол аслан тафовут накарда буд. Вале дар ќарни ХХ назар ба ошноии мардуми Эрон бо мамолики хориља ва назар ба тарљумаи бисёре аз кутуби аврупої ба забони форсї, аз љумла Пушкин, Лермонтов кам-кам як навъе кушодагї дар андеша ва афкори мардуми кишвари ман пайдо шуд…

Адабиёт мисли як рўдхона аст, ки бояд муттасил дар њаракат бошад ва ба дарё бирезад, ба дарёи адаб. Агар љилави ин адабиётро бигиранд, оби пушти сараш мурдор мешавад ва бўи бад медињад ва дуруст нест. Балки ин адабиёт бояд муттасил дар љараён бошад.

Аз тарафи дигар мулоњиза бифармоед, ки мардуме, ки шеърро мешунаванд, бо мардуми ќадим тафовут кардаанд, чї тавр тафовут кардаанд? Дар ќадим як дастаи муайяне аз мардум, ки чандин соли умрашон ба китобу шеър сарукор доштанд, аз шеърњо хушашон меомад ва шеъри Њоќониву ѓайри Њоќониро мефањмид. Ба мардуми оддї як даста аз ашъор, ки марбут ба авзои эшон буд, хуш меомад. Одатан аз шеъри Саъдї хушашон меомад.

Вале имрўз дар асари зањмати бисёр, ки давлатњо мекашанд ва њамин тавр Тољикистон лобуд ин њолат дорад, ки мо дорем, як пораи зиёде аз мардум њар рўз босавод мешаванд. Ман хаёл мекунам, баъд аз дањ соли дигар дар кишвари ман иддаи босавод ба 98-99 дар сад бирасад ва боистї, ки барои он хўроки завќї, хўроки рўњонї, лаззати фикрї аз лињози шеър тањия бикунем. Агар ин корро накунем, дастгоњњои дигаре, монанди синамо (кино), радио, телевизион ва ѓайра ин њаќќи мусаллами шоирро аз ў хоњанд гирифт. Зеро, ки мо бояд мардумро ба тараб биоварем, агар натавонем, яъне барои ў ѓизои тараб эљод накунем, бо завќаш њамроњї накунем, дилашро ба даст наёрем, аќиби синамо меравад ва ёдаш ба мо дигар намеафтад. Магар ваќте бимирем санги мазорамон бинависанд ё лавњаш бизананд ва тамошо биёянд.

Шеъру адабро бояд њар рўз љило ва сайќалї кард, ба тавре ки дурахшанда бошад» («Садои Шарќ», 1968, №2).

Дар рўзи дуюми симпозиуми назми форсї, ки бо роњбарии олими афѓон, профессор Ањмад Љавод љараён гирифт, аз шуарои тољик устод Боќї Рањимзода, аз донишмандони мо Бозор Тилавов, Абдуќодир Маниёзов, Сайфулло Саидов, Хуршеда Отахонова дар хусуси вазъи шеъри муосири тољик, тањаввули достони миллї, муносибати назми лафзї ва хаттї мубодилаи афкор карданд. Шеъри нави тољикро яке аз шаклњои таъсири назми муосири Эрон ба шумора оварданд, ки дар Эрон аз Нимо Юшич ва дар Тољикистон аз устод Айнї оѓоз ёфта буд.

Шоир Абдулњаќи Вола, мудири раёсати нашри китоб дар њузури Вазорати ахбор ва фарњанги Афѓонистон дар бораи падидањои нављўии шуарои Афѓонистон, таърихи пайдоиш ва инкишофи шеъри нав дар Афѓонистон мулоњизоти худро арза дошт.

Маљлиси сеюми (пагоњии) симпозиум, ки тањти роњбарии мусташриќи номвар, узви вобастаи Академияи илмњои Тољикистон профессор И. С. Брагинский давом кард, хеле гарм буд. Шоирони форсигў доктор Муњаммад Накњати Саидї (Афѓонистон) дар мавзўи «Шеъри нав дар Афѓонистон» ва Жола Бадеъ (Эрон) дар масъалаи «Шеъри нав чист?» суханронї карданд ва пайдоишу ташаккули шеъри навро дар мамолики форсизабон њамчун самарањои ковишњои бадеии шоирони асри ХХ арзёбї карданд. Дар ин љода навпардозињои шоирони Эронро аз Нимо Юшич то Нодири Нодирпур тазаккур доданд. Донишманди тољик Абдулѓанї Мирзоев дар суханронии худ бо баъзе нуктањо дар маърўзаи Лутфалии Суратгар, ки шояд маќоми суннатњои адабиро дар инкишофи назми муосир чунон ки бояд ба таври шоиста ташрењ накарда бошад, домони бањсу мунозира бикшод.

Академик Мирзоев ба аќидаи Суратгар розї нашуд, ки «Баъд аз Нуриддин Абдурањмони Љомї дар адаби форсї аз лињози фикр як ваќфе пайдо шуда буд… Ѓазалњо њам аз он туѓён ва хурўш афтода буд…».

Донишманди мазкур дар мисоли осори Бадриддин Њилолї, Сайидои Насафї, Мушфиќї ва дигар шоирон ба исбот расонд, ки дар адаби форсї фикру андешањои иљтимої, танќиди нуќсонњои замона ва масъалањои ишќї ва ахлоќї таназзул наёфтаанд, ѓазал низ бо маънињои тоза пеш мерафт.

15-уми декабр дар љаласаи пас аз зўњрии симпозиум устод Парвиз Нотили Хонларї, мудири идораи маљаллаи «Сухан» роњбарї кард. Шоирони тољик Мирсаид Миршакар, Ѓаффор Мирзо рољеъ ба вазифа ва маќоми назм ва шоир дар њаёти љомеа андеша ва мулоњизоти худро иброз доштанд. Ховаршинос Шараф-бону Пўлодова дар бораи таъсири осори Муњаммад Иќбол, шоири шањири Покистон ба зиндагии халќњои Шарќ ва инкишофи назми форсї гузориш дод.

Рўзи дигар Ањмад Љавод рољеъ ба мавзўи озодии занон дар назми дарии Афѓонистон, шоири шинохтаи Эрон Нодири Нодирпур дар бораи кўњна ва нав дар шеър суханронињои љолиби таваљљўњ карданд. Ба вижа, Нодири Нодирпур бо дониши жарфу густардаи илмиву назарї, таљрибаи фаровони адабї, хотираи мустањкам ва мантиќи устувори худ њозиринро мафтун кард. Хеле пурњарорат, равшану возењ ва таъсирбахш буд суханронии ў. Ў фикру андешањои худро рољеъ ба тањаввулоти шеъри форсї ва ќонуниятњои тозаљўйии он бо далелњои фаровон аз назми классикии форсї ва љањонї, аз эљодиёти шоирони муосири Эрон ба исбот мерасонд. Нодири Нодирпур таќрибан ду соат бе матни маърўза, яъне бе коѓаз ва бетанаффус, бе рост кардани нафас суханронии зебою шоистаи номи пуршарафи худ кард. Нимаи дуюми моњи декабр бошад њам, аз њарорати сўњбат араќ кард. Заррањои араќ дар пешонї ва рухсори ў мезебиданд, зеро худи нотиќ љавонмарди зебо ва болобаланд буд, либосњояш њам ба ќомати ў шинам афтода буданд. Абдулњаќи Вола, ки раиси љаласа буд, ин њолро дида гуфт:

Нозанине, ки дар араќ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Нодири Нодирпур алоќамандии нављўињоро дар шеъри форсї бо њаёти иљтимої таъкид карда, маърўзаи худро чунин оѓоз кард:

«Достони кўњнаву нав дар шеър мисли тазоде, ки дар дохили њамин иборат њаст, њам кўњна аст ва њам нав. Муњаќкиќан дер замонест, ки шеъри нав њаќќонияти нисбиро исбот кардааст.

Гумони ман ин аст, ки њељ тањаввуле дар шеър ё дар фарњанги як миллат ё миллатњо ба таври куллї пеш нахоњад омад, магар ин ки ин тањаввул решаи иљтимої дошта бошад. Ин дигаргунї њаргиз аз он дигаргунї, ки дар амн ва батни як љомеа сурат мегирад, људо нест. Бо ин далел њаргиз набояд пиндошт, ки шеъри нав тафаннунест, ки тане чанд ба ибдоаш пардохтаанд. Аммо бояд ба ин нукта таваљљўњ кард, ки мо дар рўзгоре њастем, ки бадбахтона, дар айни њаќќонияти нисбї, ки шеъри нав ба худ пазируфтааст, дастхуши ошўбе шуда.

Ин ошўб хоси муонидон ва мухолифони шеъри нав нест, балки дар худи ўрдугоњи шеъри нав њам чунин ошўбе њукмравост. Шояд ба далели ин аст, ки њанўз меърёњо ва миќёсњои собиќе, ки шеъри кўњан дошт, барои шинохтани шеъри нав ин меъёрњо ва миќёсњо падид наёмада. Ва иллат ин аст, ки њанўз шеъри нав љавон аст. Бадењист, пайдоиши як мактаб ё навњаи шеърї ё як идроки шеърии љадид ба идроки њунарии љадид таври куллї, баъд аз ин ки русуб мекунад, он ваќт метавонем миќёсњо ва меъёрњои аќли барои наќд ба санљиш ва баррасии он ба даст бидињем. Ва ваќте чизе њанўз зинда, пуртакопў ва љўшон аст, муяссар нест, ки меъёрњо ва миќёсњои содиќеро интихоб бикунем, ё ин ки барои доварї ва баррасии ин падидаи љадид аз њамон меъёрњо ва миќёсњое, ки барои шеър ё њунари пешин истифода мекардем, дар ин љо њам истифода бикунем.

Ман кўшиш мекунам ба чанд нуктае, ки чи дар дохили ўрдугоњи шеъри нав ва чи дар хориљ чї касон бо ин падида мухолифат мекунанд ва чї касон, ки мудофеаш њастанд, ишора кунам.

Бештар аз њар чиз шеъри навро аз рўи шаклаш мешиносанд. Яъне аввалин меъёре, ки ба дасти муонидон дода мешавад, барои ин ки шеърро шеъри нав бигўянд, бидъатест, ки эњтимолан дар шакли шеър вуљуд дорад. Ба нањви ин ки меъёрњо ва миќёсњоеро, ки дар шеъри ќадими мо ва шеъри асили мо вуљуд дошта, мунтабиќ мекунанд ба ин падидаи љадид ва намунањое, ки то ба њол ба даст дода шуда ва мебинанд, ки ин меъёрњо ва миќёсњо созгор нест, он ваќт мегўянд, ки ин шеър нав аст ва бар ин калом талвењан тањќиќ ё истењзое нуњуфтааст. Яъне хулосатар ва соддатар бигўям, ин аст, ки агар шеъреро бибинанд, ки сурати ѓазал, ќасида, мухаммас, мусаддас ва ѓайра надорад ва шакли дигаре ба худ гирифтааст, билофосила истинтоб мекунанд, ки ин шеъри љадид ва бидъатест дар шеър. Тардид нест, ки бидъате дар шакл аз чизњоест, ки миќёс ё ќазовати ин падида буда метавонад. Аммо њамаи он нест. Яъне пардохтани мутлаќ ба шакл њаргиз наметавонад баррасии даќиќе, ки шеъри нав номида мешавад, ба мо дињад.

Касоне њастанд, ки шеъри навро муттањам мекунанд ва шоиронро – ба як навъ формализм. Бидуни тарѓиб дар ўрдугоњи шоирони навпардоз чунин касоне њастанд, ки мутлаќан ба шакл таваљљўњ доранд.

Аммо ман мепурсам, оё шаклпарастї, суратпарастии мутлаќ ин нест, ки мо ба чанд шакл, ба чанд ќолибе, ки аз дер боз расида, вафодор бошем? Агар бардошт ин бошад, ки пардохтани мутлаќ ба шакл дар шеъри љадид бояст, ки формализм хонда бишавад, ман аз тарафи дигар мегўям, ки худи вафодор будан ба чанд шакл ва ќолиби класики шеър як нав формализм аст, зеро ки мо дар батни амр мебояст, ки шеърро аз лињози мубтаќї баррасї бикунем ва баъд ба он бипардозем. Ва ин љо дар гуфторам ишора хоњам кард, ки чї гуна шакл ва мубтаќї доимо ба њам зода мешаванд ва доиман бо њам иртиботи даќиќ ва наздик доранд.

Ашколи дигаре, ки муонидон мегиранд, забони шеър аст. Яъне билофосила, ваќте ки дар муќобили шеъре њарф мегиранд, ки дар он калимоти мањзур омадааст, мањкум мекунанд, ки ин шеър шеъри нав њаст. Ин љо ман ба ин нукта шуморо таваљљўњ бидињам, ки калимот худ ба худ мисли њамон ашколи шеър љовидон нестанд. Калимот њам умр доранд, њамчунон ки шакли шеър умри муайяне доранд, њамчунон ки одамњо умри мањдуд ва муайяне доранд. Бидуни тардид калимот њам ва ашкол ва ќолибњои шеърї њам умр ва замони муайяне доранд. Ин умр ва замони муайян бо эњтиёљоти муњит, эњтиёљоте, ки ин калимот ва ин ашколро ба вуљуд меорад, мунтабиќ аст. Яъне имкони ин њаст, ки калимае ё калимоте дар рўзгоре сарзиндаву шодоб ва пурнирў бошад ва барои ба кор рафтани маонию мазомини хосе дар шеър ба кор меравад ва њамин калимот дар рўзгори дигар ба куллї аз маънї туњї бошанд ва табдил ба лошањое шуда бошанд, ки фаќат маъонии љони онњоро дар фарњангномањо љуст. Дар шеъри шоирони бузурги ќадими мо муњаќќаќан имрўз ба калимоте бармехўрем, ки дар замони худашон маъонии том ва зиндае доштаанд ва он тавре, ки мехостанд, ба дигарон мунтаќил мекарданд. Аммо имрўз мо барои дарёфтани маънии онњо бояст, ки ба китоби луѓат руљўъ бикунем. Айнан ин масъала дар шакли шеър њам њаст. Шакли шеър фаќат бозгўкунандаи ниёзњо ва њољоти замони хосе њаст, онро ба унвони чизњои абадї набояд бипазирем. Њар замоне таќозо дорад, ки шеър бо калимоте ва бо ашколе иброз бишавад, ки ба бењтарин навъ ва вазн мазмун ва мубтаќо ва маънавиёти шоирро битавонад мунтаќил бикунад.

Ашколи асосии дигар дар байни муонидон ин аст, ки фарќе байни фикр ва эњсос намегузоранд. Аѓлаб ин дуро ба њам махлут мекунанд. Ман бисёр ба касоне бархўрдаам, ки баъзан фикрњои бисёр сатњї ва обї, вале эњтимолан муфидро ба нањви ин ки бо вазн ва ќофияи мураттаб иброз бишавад, шеър медонанд ва бидуни чунун чаро мепазиранд. Ман ба ёд дорам, ки имрўз њам дубора барои ёдоварї аз устоди арљманд доктор Хонларї пурсидам ва ба кўмаки оќои доктор Суратгар як шеъри дигар ба ман ёдоварї карданд, ки ин љо мехонам. Фикр мекунам, ки шеър аз љињати фикр муфид аст ва дастурамалеро медињад, вале хаёл намекунам, ки ба замми ин ки ќофия ва вазни дуруст дорад, мо битавонем ин суханњоро унвони шеър бипазирем:

Њашт соат барои кор бас аст,

Беш аз ин љону тан набояд хаст.

Хуб, ин ќофияњо дуруст, калом њам. Аммо ман гумон мекунам, ки њељ чизи шеърї дар ин вуљуд надорад. Ё:

Як зани хуб мардро кофист,

Беш аз ин њам дигар намебояд.

Ин њам шеърест, ки хеле мунсаљим ва хуб суруда шуда. Аммо ман хаёл намекунам, ки кўчактарин мояи шеърї дар ин љо бошад. Инро ман барои намуна арз кардам ва илло адабиёти ќадими мо ва шеъри асили мо пур аст аз ин гуна намунањо.

Аммо ба нањве, ки ин гурўњ эњсоси латиферо, эњсоси воќеан шоиронаеро дар вазнњо ва абёти комилан мавзун ва муќаффо набинанд, ин эњсос ба бењтарин шакли шеър бошад, ба тамоми маъно шеър бошад њам, рад мекунанд. Эътиќоди ман дар ин аст, ки эњсоси мутлаќ мумкин аст шеър бошад, гарчї шеъри мутаолї набошад. Вале як фикри хом, бидуни ин ки аз софии эњсоси шоир бигзарад, истењком ва ќуввати баён ва лафз дошта бошад, шеър буда наметавонад. Яъне ин ки мебояд, албатта, дар як шеъри мутаолї бидуни њељ гуна тардид њар навъ фикр бо он омезаи љодуии хаёл ва эњсос омехта мешавад ва пеш аз ин ки фикри моро мустаќиман таъсир бикунад, аз роњи инфиоли зењнї, аз роњи эњсосот таъсир дар авоќифи мост, ки ба мо мунтаќил мешавад. Бинобар ин ѓояи асосии шеърро фаромўш накунем, ки эњсос ва тахайюл аст. Як эњсос бидуни ин ки андешаи бузургеро доро бошад, гарчї гуфтам шеъри мутаолї набошад, шеър буда метавонад. Вале њаргиз як андешаи хом, ки аз ин омезаи љодуии њис ва тахайюл нагузаштааст, наметавонад шеър бошад. Гоњо метавонад як намунаи эњсос ба бадеътарин шакл њамчун шеър љилва кунад. Фаќат як байт мансуб ба Боботоњирро барои шумо мехонам, ки албатта, њовии њељ фикри бузурги фалсафї ва хосе нест, вале ба далели нобудани мислаш комилан онро ба унвони шеър мешиносем.

Чу шаб гирам хаёлатро дар оѓўш,

Сањар аз бистарам бўи гул ояд.

Ба назари ман бо вуљуди ин ки дорои фикри бисёр муњим ва бузург ё тозае нест, ин љо шеър њаст».

Нодири Нодирпур дар бораи мазмуну моњияти анъана ва навоварї хеле муфассал таваќќуф намуд, ки шоир бояд мазомини баландро бо шакли дилписанд баён намояд.

Бегоњї як гурўњ нависандагон, аксаран љавонон, ки дар байни онњо Мўъмин Ќаноат ва Лоиќ Шералї њам буданд, Нодири Нодирпурро ба Иттињодияи нависандагони Тољикистон даъват карданд ва Нодирпур ин даъватро хуш пазируфт. Дар толори Иттињодияи нависандагони Тољикистон як сўњбати ѓайрирасмї ва хеле дўстона баргузор шуд.

Љавонони Тољикистон ба ашъори Нодири Нодирпур тавассути маљаллаву рўзномањои эронї ошної доштанд, ба вижа «Шеъри ангур»-ро ќариб њамаи шоирони љавони Тољикистон аз ёд медонистанд.

Бинобар он мухлис ва пайрави Нодирпур буданд. Њамон бегоњ то шаб сўњбати гарму љўшон ва мушоираи хотирмон ба вуќўъ пайваст Нодири Нодирпур њам шеърњои худро ќироат кард, њам андешањои хусусии худро дар бораи шеър иброз дошт, њам ба саволњои сершумори љавонон љавобњои ќонеъкунанда дод.

Њусни маљлиси хотимавии симпозиум бо лутфу мењрубонї роњбарї кардани устод Мирзо Турсунзода ва суханронии устод Хонларї дар мавзўи «Халќият дар назми форсї» буданд. Доктор Мунибуррањмон низ бо изњори фикру аќоиди худ рољеъ ба маќоми назм дар рўзгори мо мазмуну моњияти симпозиумро баланд бардошт. Ситсилия Бону оид ба навоварї дар назми Абулќосим Лоњутї ибрози андеша кард. Расул Њодизода, муњаќќиќи варзидаи таърихи адабиёти тољик фикру мулоњизоти муњиме дар бораи назми форсї ва наќли адабї баён намуд.

Дар љаласањои симпозиуми назми форсї шоирон, олимон ва донишмандони Русия Анатолий Сафронов, Д. С. Комиссаров, З. И. Розенфелд, Л. А, Пригарина, муњаќќиќи озарї Ѓазанфар Алиев, профессори самарќандї Рањим Муќимов, нависанда ва олими Ўзбекистон Сарвар Азимов ва дигарон рољеъ ба пањлўњои мухталифи назми форсї мубодилаи афкор ба вуќўъ оварданд. Ин њама далели равшани ањамияти байналмилалии симпозиуми назми форсї мањсуб мешаванд.

Мусташриќи рус З. Г. Османова, ки аз адабиёти тољик огоњии хуб дошт, дар маърўзаи худ «Оё гули сурх пажмурда шудааст?», таќлид ва такрорро дар шеър мазаммат намуда, истифодаи эљодкоронаи суннатњои миллиро ба љањонбинї ва истеъдоди шоир вобаста ба шумор овард ва барои исботи фикри худ ба осори устод Мирзо Турсунзода мурољиат кард. Ў гуфт: «Мирзо Турсунзода симои дилангези раќќосаи њинду Тара Чандриро тавассути ташбењот ва таъбироти абрў ва зулфони сиёњ, ки чењраи ўро аз нигоњњои номањрам њифз мекунанд ва ѓайра, яъне њамон чизњое, ки шоирони мутаќаддими Шарќ нишонаи зебоии зан мепиндоштанд, дар айни њол ин ташбењот ва истиорот монеи муосир будани шеъри Турсунзода намешаванд.

Турсунзода ќањрамони асари худро шарики њаводиси иљтимоии муосир менамояд. Љавонии Тарачандрии зебо намудори љавонии Њинди кўњан аст, ки ба остонаи тањаввулоти бузурги иљтимоии солњои пас аз љанги љањонии дуюм ќадам мегузошт.

Умеду орзуи халќи худро дар дилат љо кун,

Дили пурњасрати онро ба мисли ѓунчае во кун.

Ту, эй фарзанди мањбуби диёру кишвари бебахт,

Сияњчашму сияњабрў, сияњмў духтари сарсархт.

Ашъоре, ки Турсунзода дар бораи Њиндустон гуфтааст ва манзумањои баъдии ў монанди «Садои Осиё», «Чароѓи абадї», «Љони ширин» ва низ ашъор дар бораи Африќо муваффаќиятњои зиёде ба даст овардааст.

Шоири тољик бо ин ашъори худ традитсияи интернатсионалиро дар адабиёти шўравї тараќќї дод.

Бояд гуфт, ки навоварии њунарии ў, ки бо масоили хоси зиндагии муосир вобастагї дорад, аз суннатњои адабии классик сарчашма гирифтааст.

Ба њама маълум аст, ки дар адабиёти халќњои Осиёи Миёна, Кавказ, Эрон ва Туркия ва кишварњои арабї аз замонњои ќадим гул, булбул, марворид, сарв, бунафша, лола, корвон ва ѓайра истеъмол мешудааст. Яке аз ин кишварњо зодгоњи аввалияи ин калимот будааст ва баъдњо дар асари тамосњои гуногун ва таъсири мутаќобил он калимот дар кишварњои дигар низ реша давондааст.

Адиби донишманди рус Александр Василевский мўътаќид аст, ки сирри зебоии шоиронаи ин ташбењот ва таъбирот дар ин аст, ки онњо дорои маонї ва мафоњими гуногун буда ва нафаќат мазмунњои миллии як кишварро њифз мекунанд, балки аз таљрибаи адабии кишварњои дигар њам ѓанї ва бањравар мешаванд. Масалан, дар бораи гули сурх Василевский навишт: «Гули сурх ибтидо дар Эрон рўида, сипас аз роњи фариќаи Македония то Юнон ва Рум рафт ва дар асъори масењият аз кишварњои Ховар ба Аврупои Шимолї расид. Гули сурх афсонањои љанубиро њамроњи худ ба он кишварњо бурд ва ин афсонањо ва ин символњои шоирона барои мардуми он сарзаминњое ќобили фањм буд, ки дар он љо гули сурх нахустин пайки бањор, пайки ишќ ва орзу ба шумор мерафт».

Бинобар ин масъалаи персонажњои шоирона ва ташбењот ва таъбирот бо љараёни таъсири мутаќобили адабиёт ва фарњангњои милали Осиёи Миёна, Кавказ ва Ховари Миёна ва Наздик бо кишварњои Аврупои Ѓарбї вобастагии фаровон дорад. Ва ин љараён аз замонњои ќадим оѓоз шудааст. Воќеиятњои таърихї, завќњои отик ва назариёт ва идрокоти њунарї ба тадриљ ташкил шуда, формањои њунарии мушаххасе падид оварда ва ин формањо бар асоси таљрибањои эстетик ва иљтимоии мардум устувор аст.

Аз ин љињат аст, ки лозим медонем њангоми таљзия ва тањлили персонажњои шоирона на боистї дар чањорчўби адабиёти як миллати људогона мањдуд шавем, балки бояд онро ба миќёси адабиёти љањонї арзёбї кунем».

З. Г. Османова навпардозиро муњимтарин ќонуни инкишофи адабиёти љањонї ба шумор овард ва дар ин љода сањми шоирони тавоноро нишон дода, андешањои худро чунин баён кард:

«Осори теъдоди фаровони нависандагони шўравї ва шоирон ва нависандагони мутараќќии Аврупо ва махсусан суханварони кишварњои Ховар, масалан Нозим Њикмат, Файз, Сиёвуши Касрої, Соя, Нодири Нодирпур, Абдулшукури Рашиди Ќандањорї ва дигарон чунин замина ва итакоеро ба мо медињад, ки дар бораи наќши персонажњои шоирона дар вањдати адабиёти байналмилалї амиќтар фикр кунем.

Дар осори ин шоирон намунањои фаровоне аз навоварињо ва истифодаи органик аз суннатњои классик вуљуд дорад, ки тавассути онњо шўр ва њаяљон ва эњсосоти иљтимої ва мењанпарастиро нишон медињад.

Масалан, шоири Покистон Файз Ањмади Файз дар ѓазале, ки ба истиќболи шоири сатирики ќарни XVIII милодї Масъуд навишта, ба персонажи шоиронаи маъмули классик, яъне гули сурх маънои инќилобї додааст. Ва дар љои дигар вобастагии инсони муосирро бо персонажњои традитсионии классик хотирнишон карда ва масалан мегўяд: мо њастем, ки Маљнунро ва ишќро дар љомае аз гули сурх ва ифтихори ќањрамонони гузаштаро дар наѓмањои худ тавсиф мекунем. Дар инљост, ки худ ба худ ѓазали машњури Лоњутиро ба ёд меоварем:

Нўшам ба шодмонии он дам шароби сурх,

К-аз Шарќи инќилоб дамад офтоби сурх.

Ин шеър мутааллиќ ба яке аз нахустин шоирони инќилобии Эрон аст, ки ба ганљинаи тиллоии адабиёти Эрон ва Тољикистон афзуда шудааст.

Ва билохира масъалаи дигаре аз персонажњои традитсиониро ба ёд меоварем ва ин марворид аст.

Мунаќќидони муосир ѓолибан аз кўњнагии истифода аз ташбењи марворид бањс мекунанд ва бояд гуфт, ки беасос њам нест, барои ин ки ин истифода дар осори бештар шоирони муќаллад холї аз рўњ ва тозагї шудааст. Аммо, ваќте ба осори шоирони воќеї, аз Рўдакї ва Шањиди Балхї гирифта, то Соя ва Сулаймони Лоиќ нигоњ мекунем, мебинем, ки онњо марворидро баљо ва навоварона ба кор бурдаанд, ба марворид маонии амиќ ва рангоранге додаанд. Марворид на фаќат намудори сафедї ва дурахшандагї ва зебоии дандон ва лабханд аст, балки нишонаи дониш ва хирадмандї, баландњимматї ва покии рўњ, тавфиќњои камназир ва пирўзињои душвор мебошад. Барои ин ки љараёни кашф ва ба даст овардани марворид бо сахтї ва хатар барои зиндагї муяссар мешудааст, садњо садафи тињиро боистї аз жарфнои дарёњо берун кашид, то яке аз онњо марвориде дар даруни худ нуњуфта бошад.

Тасодуфї нест, ки ватани ин персонажњои шоиронаи марворид кишварњои Осиё ва Африќо мебошад, ки атрофи онњоро дарёњои гарм фаро гирифта ва дар он кишварњо марворид, навъе аз даромадњои мардуми бостонии Машриќ будааст.

«Марворид» дар шеъри Соя маънии муосиртар ва тозатареро ба худ гирифтааст:

Бистарам

Садафи холии як танњоист.

Ва ту чун марворид

Гардановези касони дигарї.

Андўњи талхи танњоии инсонї дар чањор мисраи кўтоњ мунъакис шудааст, ки дорои сюжети мушаххас ва ду навъ эњсоси пуршўр ва зиндаи инсонист, ки марворид њалкунанда ва нишондињандаи он мебошад.

Барои мо ѓайри мунтазира аст, ки мебинем шоири муосири русї Смеляков дар шеъри ба унвони «Забони русї» ба кор бурдааст. Ин шеър бахше аз китоби тозаи ў «Рўзи Россия» аст (1966). Дар ин шеър марворид лабханд ва ё дандон нест, балки калимоте аст, ки аз дањони зани рязанї, шањри ќадими русї суфта мешавад ва мерезад. Таърих ва забони русї аз ин калимоти марворид сарчашма гирифтааст. Шоир хитоб ба забони русї мегўяд:

Бар сари гањвораи фаќири ту,

Рўзи бисёр орому хомўш шунида мешавад,

Ки занони Рязан мехонанд,

Ва калимотро монанди марворид аз дањон берун мерезанд.

(Тарљумаи тањтулафзї)

Ин мисол таъкид мекунад, ки суннатњо ваќте зинда ва муассир мебошанд, ки фаъолона мунъакискунандаи эњсосот ва аќоид ва назарот ва изтиробњои инсони муосир мебошанд ва суннатњое мурдаанд, ки фаќат наќши зиннатро дар њунар ифо мекунанд.

Намешавад аз ёд бурд, ки гул ва булбул, сарв ва чинор, бунафша ва марворид худ ба худ пажмурда ва кўњна намешаванд. Масъалаи њалкунанда дар чизи дигаре аст. Оё нависанда садои асри худ мебошад ё ољизона ба гузашта нигоњ мекунад?» («Садои Шарќ», 1968, №2).

Дар хотимаи љаласа устод Мирзо Турсунзода таъкид намуд, ки симпозиуми чањоррўза ва бањсу мунозираи удабо ва уламо дар ин муддат хеле муфид буданд. Ин мубоњисањо ба минбаъда такмил ва давом додани равияи инсондўстии назм, ба мустањкам гардидани равобити ањли ќалами мамолики форсизабон хеле кўмак хоњад расонд.

Доктор Парвиз Нотили Хонларї аз номи њайати вакилони Эрон масъала ба миён гузошт, ки ин гуна мулоќот ва гуфтугў дар оянда низ давом дода шавад ва даъват кард, ки симпозиуми оянда бояд дар Тењрон баргузор гардад. Тибќи хоњиши ў даъвати мазкур ба ќарори симпозиум, ки онро нависанда, мутарљим ва адабиётшиноси тољик Рањим Њошим ќироат кард, шомил гардид.

Дар ќарори мазкур таъкид шудааст, ки «равобити бевоситаи байнињамдигарии ањли адаби мамолики форсизабон муфид ва самарабахш аст, бояд ин суннат минбаъд идома ёбад ва рў ба тараќќї бинињад, аз ин љост, ки даъвати њайати вакилони эрониро аз хусуси дар Тењрон гузоридани симпозиуми оянда њозирин хеле љоиз ва маъќул медонанд».

Ёд дорам, ки њамаи фаъолони симпозиум, аз он љумла Нодири Нодирпур изњор дошт: симпозиум хеле самарабахш омад, дўстињо ва ошноињо ба миён овард ва мо, намояндагони миллати форсизабонро, ба њам наздиктар сохт.

Бегоњии 16 декабр дар Донишгоњи давлатии Тољикистон шаби байналмилалии назм баргузор гардид, ки дар он шоирони форсизабон–мењмонони симпозиум ва шуарои тољик ширкат варзиданд, сўњбат карданд ва аз ашъори тозаи худ ќироат намуданд.

Мењмонон дар муддати чанд рўз аз шањрњои Душанбе, Норак, ноњияњои Њисору Варзоб дидан карданд ва таассуроти хуб бардоштанд. Субњи 19 декабр мењмонони симпозиум ба Маскав парвоз карданд, то дар маљлиси ёдбуди устод Лоњутї ширкат дошта бошанд. Љолиби таваљљўњ аст, ки Нодири Нодирпур њангоми падруд чунин иттило дод:

–Дар таи якчанд рўз эњсоси шодї доштам, ваќте медидам, ки забони форсї бо он фарњанги ѓанї ва он ганљинаи саршори адабї ва шеъраш њамчунон зинда аст ва калимоташ ба забони эрониён, тољикон, афѓонон ва њиндуёну покистониён равон аст ва ин мардум, ки дар нуќоти мухталиф зиндагї мекунанд, њама дар амри забони форсї бо њам муттафиќ ва муштараканд.

Симпозиуми байналмилалии назми форсї дар Душанбе ба исбот расонд, ки таърих, фарњанг, забон ва адабиёти халќњои Тољикистон, Эрон ва Афѓонистон муштарак буда, љозибаи дўстии халќњои форсизабон ба њамдигар таќозои њаёт ва амри воќеист. Вай марњилаи тозае дар артиботи адабии Тољикистону Эрон ва дигар мамлакатњои форсизабон эљод намуд.

Иштирокдорони симпозиуми шеъри форсї пас аз бозгашт ба ватан таассуроти худро дар матбуоти Эрон њикоят карданд. Дар маљаллаи «Сухан» маќолаи доктор Парвиз Нотили Хонларї чоп шуд.

Истиќлолияти давлатии Тољикистон давраи сифатан наве дар ин љода бикшод.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved