• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Симпозиуми назми форсї дар Тољикистон бо ибтикори устод Мирзо Турсунзода ба вуќўъ пайваст, ки дар шароити шўравї кори осон набуд. Шоир ва сиёсатмадори бузург ин њамоиши шоирони форсигўро дар рўзњои таљлили љашни 80-солагии устод Абулќосим Лоњутї (12-13 декабри соли 1967) дар шањри зебоманзари Душанбе ташкил намуд, ки дар он худи устод Мирзо Турсунзода маърўза кард ва мењмонони симпозиум низ ширкат варзида, суханњои пурмаънї иброз доштанд. Чунончи, шоир ва донишманди маъруфи эронї Лутфалии Суратгар фармуда буд: "Каломи шоир њукми замон ва сарњаду масофаро намеписандад. Эљоди Лоњутї аз њамин гурўњ аст. То даврае, ки мардуми форсизабон зиндаанд, назми Абулќосим Лоњутї пойдор хоњад буд".

Бо саъю кўшиши устод Мирзо Турсунзода љашни Абулќосим Лоњутї дар Маскав њам баргузор гардид, ки дар он шоир ва фозили шинохтаи эронї Парвиз Нотили Хонларї иштирок ва суханронї кард.

Симпозиуми назми форсї 13-уми декабри соли 1967 дар толори Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон оѓоз гардид, ки ин воќеаи тозаи гуворо дар њаёти илмї ва адабии љумњурї буд.

 

Ин мулоќоти дўстонаи илмию адабї метавон гуфт, ки аз фурудгоњи шањри Душанбе оѓоз ёфт. Ба пойтахти Тољикистон њайати вакилони Эрон доктор Парвиз Нотили Хонларї, доктор Лутфалии Суратгар, шоири овозадор Нодири Нодирпур ташриф оварданд. Вакилони илму адаби Афѓонистон Абдулњаќќи Вола, Накњати Саидї, Моили Њиравї, Ањмад Љавод буданд. Аз Њиндустон доктор Мунибуррањмон, аз Маскаву Санкт-Петербург ва Ўзбекистон як гурўњ донишмандон ва нависандагон бо иштироки худ дар симпозиум мулоќотњои илмию адабиро шукўњи хосса бахшиданд. Шоир Нодири Нодирпур умедњои худро аз симпозиум дар худи фурудгоњи Душанбе изњор дошт: "Симпозиум ба гумони ман, яке аз муњимтарин корњоест, ки барои густариши равобит дар миёни миллатњои форсизабон анљом гирифтааст. Мо дар ин симпозиум илова бар таљлили масоили марбут ба шеър фурсати онро дорем, ки бо намояндагони миллати форсизабон суханони худро дар миён нињем ва тўшае аз њамдилї ва дўстї баргирем".

Симпозиуми назми форсї ба љашни дўстии намояндагони илму адаби Тољикистону Эрон, Афѓонистону Њиндустон ва Русия табдил ёфт. Зиёда аз ин, мухлисони назми форсї, ки муштоќи дидори гарми дўстони њамзабон, бавижа эронињо буданд, дар маљлисњо бо шавќу раѓбати зиёд, њамчун ташнањои шеъри муосири форсї ширкат варзиданд. Гўё аз њар љониб овои малакутии Хоља Њофизи лисонулѓайб ба гўш мерасид:

Донї, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,

Дар кўи ў гадої бар хусравї гузидан.

Аз љон тамаъ буридан осон бувад, валекин

Аз дўстони љонї мушкил   тавон буридан.

Устод Мирзо Турсунзода, ки ба кори симпозиум њусни ифтитоњ бахшид, вакилони ин базми сухан ва тафаккури рангинро бо як байти устод Абўабдуллоњи Рўдакї, падари адабиёти форс-тољик хайрамаќдам гуфт ва табрик кард:

Њељ шодї нест андар ин љањон

Бартар аз дидори рўи дўстон.

Мирзо Турсунзода изњори аќида кард, ки симпозиум дар њаллу фасли масоили бањсталаби шеъри муосири форсї имкону шароити мусоид фароњам хоњад овард. Бино бар он, суханронї ва бањсу мунозирањое, ки дар ин толор ба вуќўъ хоњанд омад, донишмандон ва шоирони форсигўро ба њамдигар бештару бењтар наздик мекунанд. Дар фазои мулоќоти мо панди хирадмандонаи Мавлавии Балхї њамеша танинандоз хоњад буд:

Њар касе, к-ў дур монд аз асли хеш,

Боз љўяд рўзгоре васли хеш.

Дар маљлиси якуми симпозиум, ки тањти сарварии устод Муњаммад Осимї, Президенти Академияи илмњои Тољикистон љараён гирифт, аз олимон ва шоирони тољик Носирљон Маъсумї, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакї дар мавзўи "Сулњ, дўстї ва гуманизм дар назм", профессор Шарифљон Њусейнзода дар масъалаи "Шеъри классикї ва шеъри нав", Раљаб Амонов оид ба "Тасвири табиат дар назми лафзї ва хаттї" суханронињои пурмуњтаво карданд. Моили Њиравї, шоир, узви Анљумани таърихи Афѓонистон рољеъ ба авзони арўз дар шеъри муосир андешањои судманд иброз дошт.

Дар суханронии устод Маъсумї баъзе умумиятњои мундариљавї, ѓоявї ва шаклии адабиёти форсизабонони Машриќзамин мавриди баррасї ќарор ёфтанд.

Дар рўзи якуми симпозиум шоири пуркор ва донишманди заковатманди эронї устод Лутфалии Суратгар рољеъ ба "Суннати адабї ва шеъри муосир" суханронии муфассали илмї кард. Ў дар ибтидои суханрониаш нисбат ба тољикон ва забони тољикї изњори муњаббат намуд.

Доктор Лутфалии Суратгар дар бораи адабиёти форсї, тањаввул ва вижагињои он аз ањди Рўдакї то давраи љанги љањонии дувум, таъсири забони арабї ва душворињое, ки забони бегона ба назму насри форсї ворид намуд, сухан ронд. Ў оид ба хусусиятњои анвои адабии маснавї ва ќасида, ѓазал ва мусамман, тарљеъбанд ва мустазод, рубої, мураккаботи иртиботи шаклу мазмун ва ѓайра изњори андешањои судманд карду наќши Рўдакї, Фирдавсї, Саъдї, Њофиз, Хоќонии Шервонї, Сўзании Самарќандї ва Низомии Ганљавиро дар тањаввули шеъри форсї нишон дод, љустуљўи калима, ќофия ва радифи муносибро барои ифодаи матлаб таъкид кард: "Шеъру адабро бояд њар рўз љило ва сайќалї кард, ба тавре ки дурахшанда бошад" ("Садои Шарќ", 1968, №2).

Дар рўзи дуюми Симпозиуми назми форсї, ки бо роњбарии олими афѓон, профессор Ањмад Љавод љараён гирифт, аз шуарои тољик устод Боќї Рањимзода, аз донишмандони мо Бозор Тилавов, Абдуќодир Маниёзов, Сайфулло Саидов, Хуршеда Отахонова дар хусуси вазъи шеъри муосири тољик, тањаввули достони миллї, муносибати назми лафзї ва хаттї мубодилаи афкор карданд. Шеъри нави тољикро яке аз шаклњои таъсири назми муосири Эрон ба шумор оварданд, ки дар Эрон аз Нимо Юшиљ ва дар Тољикистон аз устод Айнї оѓоз ёфта буд.

Шоир Абдулњаќќи Вола, мудири раёсати нашри китоб дар њузури Вазорати ахбор ва фарњанги Афѓонистон, дар бораи падидањои нављўии шуарои Афѓонистон, таърихи пайдоиш ва инкишофи шеъри нав дар Афѓонистон мулоњизоти худро арза дошт.

Маљлиси сеюми (пагоњии) симпозиум, ки тањти роњбарии мусташриќи номвар, узви вобастаи Академияи илмњои Тољикистон профессор И. С. Брагинский давом кард, хеле гарм буд. Шоирони форсигў доктор Муњаммад Накњати Саидї (Афѓонистон) дар мавзўи "Шеъри нав дар Афѓонистон" ва Жола Бадеъ (Эрон) дар масъалаи "Шеъри нав чист?" суханронї карданд ва пайдоишу ташаккули шеъри навро дар мамолики форсизабон њамчун самарањои ковишњои бадеии шоирони асри ХХ арзёбї карданд. Дар ин љода навпардозињои шоирони Эронро аз Нимо Юшиљ то Нодири Нодирпур тазаккур доданд. Донишманди тољик Абдулѓанї Мирзоев дар суханронии худ дар хусуси баъзе нуктањо дар маърўзаи Лутфалии Суратгар, ки шояд маќоми суннатњои адабиро дар инкишофи назми муосир чунон ки бояд ба таври шоиста ташрењ накарда бошад, домони бањсу мунозира бикшод.

Академик Мирзоев ба аќидаи Суратгар розї нашуд, ки "Баъд аз Нуриддин Абдурањмони Љомї дар адабиёти форсї аз лињози фикр як ваќфе пайдо шуда буд… Ѓазалњо њам аз он туѓён ва хурўш афтода буд…".

Донишманди мазкур дар мисоли осори Бадриддин Њилолї, Сайидои Насафї, Мушфиќї ва дигар шоирон ба исбот расонд, ки дар адаби форсї фикру андешањои иљтимої, танќиди нуќсонњои замона ва масъалањои ишќї ва ахлоќї таназзул наёфтаанд, ѓазал низ бо маънињои тоза пеш мерафт.

15-уми декабр дар љаласаи пас аз нисфирўзии симпозиум устод Парвиз Нотили Хонларї, мудири идораи маљаллаи "Сухан", роњбарї кард. Шоирони тољик Мирсаид Миршакар, Ѓаффор Мирзо рољеъ ба вазифа ва маќоми назм ва шоир дар њаёти љомеа андеша ва мулоњизоти худро иброз доштанд. Ховаршинос Шарафбону Пўлодова дар бораи таъсири осори Муњаммад Иќбол, шоири шањири Покистон ба зиндагии халќњои Шарќ ва инкишофи назми форсї гузориш дод.

Рўзи дигар Ањмад Љавод рољеъ ба мавзўи озодии занон дар назми дарии Афѓонистон, шоири шинохтаи Эрон Нодири Нодирпур дар бораи куњна ва нав дар шеър суханронињои љолиби таваљљуњ карданд. Бавижа, Нодири Нодирпур бо дониши жарфу густардаи илмиву назарї, таљрибаи фаровони адабї, хотираи мустањкам ва мантиќи устувори худ њозиринро мафтун кард. Хеле пурњарорат, равшану возењ ва таъсирбахш буд суханронии ў. Ў фикру андешањои худро рољеъ ба тањаввулоти шеъри форсї ва ќонунмандињои тозаљўйии он бо далелњои фаровон аз назми классикии форсї ва љањонї, аз эљодиёти шоирони муосири Эрон, ба исбот мерасонд. Нодири Нодирпур таќрибан ду соат бе матни маърўза, яъне бе коѓаз ва бетанаффус, бе рост кардани нафас, суханроние зебою шоистаи номи пуршарафи худ кард. Нимаи дуюми моњи декабр бошад њам, аз њарорати суњбат араќ кард. Заррањои араќ дар пешонї ва рухсори ў мезебиданд, зеро худи нотиќ љавонмарди зебо ва болобаланд буд, либосњояш њам ба ќомати ў мувофиќ афтода буданд. Абдулњаќќи Вола, ки раиси љаласа буд, ин њолро дида гуфт:

Нозанине, ки аз араќ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Нодири Нодирпур дар бораи мазмуну моњияти анъана ва навоварї хеле муфассал таваќќуф намуд, ки шоир бояд мазомини баландро бо шакли дилписанд баён намояд.

Бегоњї як гурўњ нависандагон, аксаран љавонон, ки дар байни онњо Муъмин Ќаноат ва Лоиќ Шералї њам буданд, Нодири Нодирпурро ба Иттињодияи нависандагони Тољикистон даъват карданд ва Нодирпур ин даъватро хуш пазируфт. Дар толори Иттињодияи нависандагони Тољикистон як суњбати ѓайрирасмї ва хеле дўстона баргузор шуд.

Љавонони Тољикистон ба ашъори Нодири Нодирпур тавассути маљаллаву рўзномањои эронї ошної доштанд, бавижа "Шеъри ангур"-ро ќариб њамаи шоирони љавони Тољикистон азёд медонистанд.

Бинобар ин, мухлис ва пайрави Нодирпур буданд. Њамон бегоњ то шаб суњбати гарму љўшон ва мушоираи хотирмон ба вуќўъ пайваст, Нодири Нодирпур њам шеърњои худро ќироат кард, њам андешањои хусусии худро дар бораи шеър иброз дошт, њам ба саволњои сершумори љавонон љавобњои ќонеъкунанда дод.

Њусни маљлиси хотимавии симпозиум бо лутфу мењрубонї роњбарї кардани устод Мирзо Турсунзода ва суханронии устод Хонларї дар мавзўи "Халќият дар назми форсї" буданд. Доктор Мунибуррањмон низ бо изњори фикру аќоиди худ рољеъ ба маќоми назм дар рўзгори мо мазмуну моњияти симпозиумро афзуд. Ситсилия Бону оид ба навоварї дар назми Абулќосим Лоњутї ибрози андеша кард. Расул Њодизода, муњаќќиќи варзидаи таърихи адабиёти тољик, фикру мулоњизоти муњимме дар бораи назми форсї ва наќли адабї баён намуд.

Дар љаласањои Симпозиуми назми форсї шоирон, олимон ва донишмандони Русия Анатолий Софронов, Д. С. Комиссаров, З. И. Розенфелд, Л. А, Пригарина, муњаќќиќи озарї Ѓазанфар Алиев, профессори самарќандї Рањим Муќимов, нависанда ва олими Ўзбекистон Сарвар Азимов ва дигарон рољеъ ба пањлуњои мухталифи назми форсї мубодилаи афкор карданд. Ин њама далели равшани ањаммияти байналмилалии Симпозиуми назми форсї мањсуб мешаванд.

Мусташриќи рус З. Г. Османова, ки аз адабиёти тољик огоњии хуб дошт, дар маърўзаи худ "Оё гули сурх пажмурда шудааст?", таќлид ва такрорро дар шеър мазаммат намуда, истифодаи эљодкоронаи суннатњои миллиро ба љањонбинї ва истеъдоди шоир вобаста ба шумор овард ва барои исботи фикри худ ба осори устод Мирзо Турсунзода мурољиат кард.

З. Г. Османова навпардозиро муњимтарин ќонуни инкишофи адабиёти љањонї ба шумор овард ва дар ин љода сањми шоирони тавоноро нишон дод.

Дар осори ин шоирон намунањои фаровоне аз навоварињо ва истифодаи органик аз суннатњои классик вуљуд дорад, ки тавассути онњо шўр ва њаяљону эњсосоти иљтимої ва мењанпарастиро нишон медињанд.

Дар хотимаи љаласа устод Мирзо Турсунзода таъкид намуд, ки симпозиуми чањоррўза ва бањсу мунозираи удабо ва уламо дар ин муддат хеле муфид буданд. Ин мубоњисањо ба минбаъд такмил ва давом додани равияи инсондўстии назм, ба мустањкам гардидани равобити ањли ќалами мамолики форсизабон хеле ёрї хоњад расонд.

Доктор Парвиз Нотили Хонларї аз номи њайати вакилони Эрон масъала ба миён гузошт, ки ин гуна мулоќот ва гуфтугў дар оянда низ давом дода шавад ва даъват кард, ки симпозиуми оянда бояд дар Тењрон баргузор гардад. Тибќи хоњиши ў даъвати мазкур ба ќарори симпозиум, ки онро нависанда, мутарљим ва адабиётшиноси тољик Рањим Њошим ќироат кард, дохил гардид.

Дар ќарори мазкур таъкид шудааст, ки "равобити бевоситаи байнињамдигарии ањли адаби мамолики форсизабон муфид ва самарабахш аст, бояд ин суннат минбаъд идома ёбад ва рў ба тараќќї бинињад, аз ин љост, ки даъвати њайати вакилони эрониро аз хусуси дар Тењрон гузаронидани Симпозиуми оянда њозирин хеле љоиз ва маъќул медонанд".

Ёд дорам, ки њамаи фаъолони симпозиум, аз он љумла Нодири Нодирпур изњор дошт: симпозиум хеле самарабахш омад, дўстињо ва ошноињо ба миён овард ва мо, намояндагони миллати форсизабонро, ба њам наздиктар сохт.

Бегоњии 16 декабр дар Донишгоњи давлатии Тољикистон шаби байналмилалии назм баргузор гардид, ки дар он шоирони форсизабон-мењмонони симпозиум ва шуарои тољик ширкат варзиданд, суњбат карданд ва аз ашъори тозаи худ ќироат намуданд.

Мењмонон дар муддати чанд рўз дар шањрњои Душанбе, Норак, ноњияњои Њисору Варзоб сайр карданд ва таассуроти хуб бардоштанд. Субњи 19 декабр мењмонони симпозиум ба Маскав парвоз карданд, то дар маљлиси ёдбуди устод Лоњутї ширкат дошта бошанд. Љолиби таваљљуњ аст, ки Нодири Нодирпур њангоми падруд чунин изњор дошт:

-Дар таи якчанд рўз эњсоси шодї доштам, ваќте медидам, ки забони форсї бо он фарњанги ѓанї ва он ганљинаи саршори адабї ва шеъраш њамчунон зинда аст ва калимоташ ба забони эрониён, тољикон, афѓонон ва њиндуёну покистониён равон аст ва ин мардум, ки дар нуќоти мухталиф зиндагї мекунанд, њама дар амри забони форсї бо њам муттафиќ ва муштараканд.

Симпозиуми байналмилалии назми форсї дар Душанбе ба исбот расонд, ки таърих, фарњанг, забон ва адабиёти халќњои Тољикистон, Эрон ва Афѓонистон муштарак буда, љозибаи дўстии халќњои форсизабон ба њамдигар таќозои њаёт ва амри воќеист. Вай марњалаи тозае дар и ртиботи адабии Тољикистону Эрон ва дигар мамлакатњои форсизабон эљод намуд.

Иштирокдорони симпозиуми шеъри форсї пас аз бозгашт ба ватан таассуроти худро дар матбуоти Эрон њикоят карданд. Дар маљаллаи "Сухан" маќолаи доктор Парвиз Нотили Хонларї чоп шуд.

Маљаллаи "Садои Шарќ" ёддошти Парвиз Нотили Хонлариро тањти унвони "Дар сарзамини Рўдакї (Базми сухан дар Тољикистон") аз маљаллаи "Сухан" гирифта чоп кард (1968, №4), ки дар он на танњо бардошти ў аз сафар ба кишвари мо, балки рисолати олии симпозиум-ѓояи муттањид кардани шуарои форсигў хеле равшан баён шудааст. Ба њамин тариќ, Симпозиуми назми форсї дар Тољикистон ба њадафи худ расид. Минбаъд омадурафти шоирон, нависандагон ва донишмандони форсизабон ба мамолики њамдигар зиёд шуд ва нашри осори онњо дар Тољикистон, Эрон ва Афѓонистон афзуд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved