• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 ТАЉАССУМИ ШЕЪР

Мо, навќаламони побарањнаи њаёту адабиёти солњои шаст, дуздакони ашъори Нодири Нодирпур будем, ки ба унвони шеъри нави форсї мунташир шуда, моро њавою васваса медод. Яке сатре меканду яке лахте, яке мазмуне мерабуду яке ташбење, яке вожае мебардошту яке љумлае. Аз вожааш вожаю аз суханаш сухану аз љумлааш љумлаю аз сатраш сатру аз байташ байту аз ташбењаш ташбењу аз тасвираш тасвиру аз ташхисаш ташхис ва аз шеъраш шеър мебофтем. Ба таќлиди "Эй бенаво дарахт!"-у "Шеъри ангур" садњо шеъри дарахту дарахти шеър навишта, ба равиши "Туро дар хобњои кўдакї гум карда будам ман" ва "Сафар ба дењкадаи сабзи кўдакї кардам" он ќадар кўдакињо сурудем, ки агар дар як љилд гирд оварда шаванд, китоби сангине мешавад, ки кўдаки дањсола бардошта наметавонад.

Агар ба амри тањљўйї нахустин китобчањои пўстипиёзии моро вараќ гардонї, метавон дид, ки чи ќадар осори Нодири Нодирпур дар таркиби њар шеъраки мо њамчун пўлакњои тилло дар муште рег мављак зада рўшанї мекунад.

Худашро њам бори аввал дар анљумани пурљамъияти пуршўру пуровозаи забону назми форсї, ки дар Душанбе баргузор шуда буд, њамон солњо дида будем. Љавони олуфтанамои хушандому болобаланде буд, сар то ба ќадам варзидаю тарошидаю мураттабу мутаносиб ва мўйлаби сиёњ ба њељ сурате њамчун ба сурати сафеди нуронии ў намезебид. Яъне, сурати хушояндаш таљассуми шеъру сирати хушояндаш буд.

Ўро дар паси минбари он анљумани дерина низ њанўз фаромўш накардаем. Аз шарму њаёи љавонию сењру афсуни чашмњои нигарон, ки аз чањор љониб сар то ба ќадамашро менигаристанду мечариданд, дона-дона араќ мекард. Ва раиси маљлис њам, ки шоире буд, бадоњатан гуфт:

Нозанине, ки дар араќ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Дубайтии зерин, ки он рўз аз забони Нодири Нодирпур тару тоза шунида будем, сию панљ сол инљониб ёдовари гаронбањои махмалпечи хотираи мост:

Насиме, к-аз сари он кокул ояд,

Маро хуштар зи бўи сунбул ояд.

Хаёлашро шабе гирам дар оѓўш,

Сањар аз бистарам бўйи гул ояд.

Лањзае ки танаффус дода шуд, барои соядасташро гирифтан кашмакашу аљалаю њангомае бархост, ки гуфтан надорад; китоб болои китобу дафтар болои дафтару даст болои даст ба ў дароз мешуду дароз мешуд ва ў зайли кафбине мегирифту мекушоду менигаристу менавишту пас мегардонд. Дар дафтарчаи ман навишта буд:

Тољи хурўсњои сањарро буридаанд,

Дар хок кардаанд,

Аз хок љаста хирмани анбўњи лолањо.

Ман дар домани лолазори Файзобод ба воя расида, њамшаклию њамрангии дуќабатаи тољи буридаи хурўсу лолаи хунљўшро њељ тасаввур накарда будам. Шоири соњибзавќ дар њамин як соядасти нўгиќаламї њам шоирие карда, ки фаромўш намешавад. Ва маќолае, ки дар он анљуман ќироат кард, сабаќи воќеии нахустину вопасини мост, ки сиюпанљ сол муќаддам аз устоди воќеие гирифта будем, ки ў низ ќариб њамсоли худамон буд. Ў гуфт, ки шеърро андешаи шигифту шигарф шеър мекунад, на унсурњои шеърї.

Њанўз мо аз таассуроти он дидору мулоќоти тез ба худ наомада будем, ки Нодири Нодирпур ба Тењрон баргашт. Мо дигар ўро ањёнан дар рўйи љилди китобњояш медидем, ки њамчунон хушрўю љиддию андешаманд менамуд, намехандид, хандонаки хандонлабу хандонрў набуд. Умуман, дар ёд надорем, ки ў дањан кушода хандида бошад, њол он ки хандаи љавонї ба он сурату симои ќашанги монавии ў мезебид.

Дубора мо мондему:

Эй бенаво дарахт!

Мурѓони баргњои ту дар оташи хазон

Якбора сўхтанду ба пойи ту рехтанд,

Гунљишкњои дар ба дар аз ошёни хеш

Њамроњи баргу бод ба сањро гурехтанд,

Оё дар интизори бањорї њанўз њам?..

Боз мо мондему:

Чї мегўед?

Куљо шањд аст ин обе, ки дар њар донаи ширини ангур аст,

Куљо шањд аст?

Ин ашк аст,

Ашки боѓбони пири ранљур аст,

Ки шабњо то сањар бедор буда,

Токњоро об дода,

Пуштро чун љафтањои мў дуто карда...

Шаробаш к-аз куљо хондед?

Ин хун аст.

Шумо њам, эй харидорони шеъри ман,

Агар дар донањои нозуки

                                  лафзам

Ва ё дар хўшањои равшани шеърам,

Шаробу шањд мебинед,

Ѓайр аз ашку хунам нест...

Боз њам мо мондему:

Ситора дар ќафаси шохањо нафас мезад,

Сапеда дар шутури кўњњо сафар мекард...

***

Борон чи гиряест?

Гирйидане ба вусъати андўњи осмон...

***

Дар гўш карда пунбаи барф имшаб

Шањре, ки љовидона пур аз њарф аст;

Чашмони поки љўй пур аз об аст,

Мижгони сабзи кољ пур аз барф аст...

Мо мондему:

Ту њар ѓуруб назар мекунї ба хонаи ман,

Дареѓ панљара хомўшу хона торик аст.

Хаёли кист дар он сўйи шишањои кабуд,

Ки аз ту дур, вале бо дили ту наздик аст...

Мо будему:

Эї шеър, эй тилисми сиёње, ки сарнавишт

Умри маро ба риштаи љодуии ту баст.

Гуфтам туро рањо кунаму зиндагї кунам,

Бас тавбањо, ки дар сари ин орзу шикаст...

Боз њам мо будему шеъри ташбењ андар ташбењу тасвир андар тасвиру ташхис андар ташхису талмењ андар талмењу малењ андар малењи Нодири Нодирпур. Дар љайби њар кадомамон дафтарчае аз гулчину сарчини эљодиёти ў буд, ки рањ ба рању кўча ба кўча, ќадам ба ќадам мехондему азбар мекардем. Алъон њељ асари Нодири Нодирпур зери дасти ман нест ва њар пораю лахту хўрдае, ки дар ин маќола иќтибос овардаам, муште аз њамон дафтарчањост, ки дар кўчањои Душанбе ќадам зада њифз мекардам.

Мо Мањдии Ахавони Солис, Сиёвуши Касрої, Суњроби Сипењрї, Фурўѓи Фаррухзод, Сояи Ибтињољ,Фаридуни Таваллулї, Симини Бењбањонї, Жолаи Исфањонї ва дигаронро низ таќлиду тарѓиб менамудем. Натанњо ошиќу шайдои шеъри нав, ошиќи шайдои њар вожае будем, ки созмони вожањои форсї интишор медод. Њар вожаи авастоиро зайли нонрезае бардоштаю бўсида бар чашм мебурдем. Солномаю моњномаи пањлавиро шинохта - фарвардину урдибињишту даймоњу бањманмоњ мегуфтем. Мањфилу маљлису хонишу сароиши достонњои њамосии "Шоњнома" мекардем, ки баробари бузургдошти ниёгон ќомати мардум барозанда мешуд. Мо њам забони форсии шевою тавоное мехостем, ки мояи ифтихору ќадру шинохти фарњанги миллат бошад. Ва ройсозу ройзани он њама кўшишу полишу пажўњиш шоирон буданд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved