• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Ба истиќболи њамоиши байналмилалии адибони форсигўи њавзаи Наврўз

                 ДУШАНБЕ - ЊИРОТИ ЉОМИЮ НАВОЇ

Ду њамоиши байналмилалии адибони форсигў ки дар шањри Душанбе баргузор гардидаанд, дар сафњаи хотираам наќши носутурданї бастааст. Аввалаш ба муносибати Љашни 1100-солагии ќофиласолори шеъри тољику форс устод Абўабдуллоњи Рўдакї барпо гардида буд. Ин соли 1958 ба вуќўъ пайваст, ки он ваќт дар соли аввали факултаи филологии Университети давлатии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллї) тањсил доштам. Дар арафаи ин љашни оламшумул муассисањои табъу нашри кишварамон як силсила китобњои дилчаспу хонданї интишор доданд, ки мо, љавонони он солњо њамчун даравгарони ташнаи об ба ин китобњо дарафтода, онњоро талошак карда мехондем. Ин китобњо: «Ашъори Рўдакї», «Ашъори њамасрони Рўдакї», асарњои устод Абдулѓанї Мирзоев «Абўабдуллоњи Рўдакї», «Рўдакї ва инкишофи ѓазал дар асрњои Х-ХY», китоби устод Шарифљон Њусейнзода «Сухансарои Панљрўд» ва боз як силсила китобњои дигар мањсуб меёбанд, ки ба њамин љашни бузург бахшида шуда буданд. Аввалин бор дар як сањифаи алоњида унвони ин китобњо ва ному насаби муаллифон ба њуруфи ниёгон чоп шуда, њайрату шавќу њаваси моро афзун менамуданд. Аз ин љињат ин китобњо ба диламон боз њам наздиктару љаззобтар ва маќбултар менамуданд, моро бо замонањои ќадим ва ба асолатамон пайванд медоданд. Душанбе њам ба ин муносибат оростаю пероста ва тазйин ёфта буд. Кўчаю хиёбонњо, гулгашту фавворањо тозаю озода ва хушнамуду рангинтару зеботар менамуданд.

Муаллимони донишгоњ ба мо гуфтанд, ки дар њамин рўзњои љашни устод Рўдакї дар шањри Тошканд бо кадом масъалае њамоиши бузурги шарќшиносони олам баргузор шудааст ва адибону олимон ё, ки аз гўшаю канорњои гуногуни љањон ба ин љо омадаанд, ба пойтахти љумњурии мо низ ташриф меоваранд ва дар љашни шоири бузург ширкат меварзанд. Дидани дидори олимону суханварони олам моро боз њам фарањманд менамуд.

Рўзи љашн њам фаро расид. Ва мо бо роњбарии устодон дар сањни донишгоњ саф ороста, бо пиёдарави пањлўи хиёбони марказї ба тарафи майдони Театри опера ва балети ба номи С.Айнї њаракат намудем. Дар ин майдон одамони бисёре љамъ омада буданд. Мо њам бо онњо пайвастем. Дар наздикии фаввора мошини калони боркаш меистод ва ќисмати охири соѓуи мошин кушода буда, се тарафи он бо шиорњои дар матоъ навишта ороиш ёфта буданд. Дар соѓуи мошин микрофон насб намуданд ва пас як гурўњ адибону олимон ба соѓуи ин мошин баромаданд. Њамин тавр мањфили шеър бахшида ба љашни 1100-солагии Одамушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї оѓоз гардид. Дар ин мањфили бузург бисёр шоирони тољик ва мењмонон шеърњои худро ќироат намуданд. Аз чї бошад, ки ин манзара ба назари ман мањфилњои дар сояи дарахти санавбар шеърхонии шањри Њироти замони Мавлоно Абдурањмони Љомї ва Мир Алишери Навоиро таљассум намуд, ки он ваќт Њусайн Бойќаро подшоњ буд. Ин шеърхонињоро нависанда ва шоири соњибистеъдоди тољик Мавлоно Зайниддин Мањмуди Восифї дар асари безаволаш «Бадоеъ-ул-ваќоеъ» тасвир намудааст.

Дар мањфили шукўњманди майдони назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнї шоири машњури турк Нозим Њикмат, ки ба ќарибї аз зиндон озод шуда буд, дар поёни шеърхонї гуфт: Ман ба халќи тољик умри њазорсолаи Рўдакиро орзу дорам! Ва агар бори дигар ба мулки шумо сафар намоям, њатман ба забони ноби тољикї сухан мегўям!

Шоири халќии Тољикистон устод Боќї Рањимзода ќасидаи машњури худро низ дар њамин базми шеър ќироат кард, ки тарљеъбандаш чунин буд:

Дење, ки шўњраи дунёст, Панљрўд аст он,

Диёри Рўдакї шоистаи дуруд аст он!

Симпозиуми шеъри форсї, ки соли 1967 дар шањри Душанбе баргузор шуд, њамчунин Њироти замони Љомию Навоиро ба хотир меовард. (Албатта, аз рўи тасвири Восифї дар «Бадоеъ-ул-ваќоеъ»). Љаласањо ва мањфилњо дар бинои Академияи Улуми Љумњурии Тољикистон баргузор мешуданд. Ба ин њамоиш аз мамолики Эрон, Афѓонистон, Ќазоќистон, Туркманистон, Покистон, Њиндустон, Озорбойљон, Арманистон, Гурљистон ва албатта, аз Маскаву Ленинград ва дигар мулку макон мењмонон ташриффармо шуда буданд. Ба ѓайр аз намояндагони кишварњои форсизабон - Эрону Афѓонистон ва Тољикистон дигар мењмонон низ ба форсї-дарї такаллум менамуданд, њатман шеърњои форсї мехонданд. Танњо фиристодагони кишвари њамсояи Ўзбекистон якравї мекарданд. Шарќшиносони ин мамлакат фаќат ба забони русї њарф мегуфтанд. Лекин забони муомилаи куллияи ширкаткунандагони ин њамоиш тољикї буд.

Њамон ваќт камина дар вазифаи мудири шўъбаи пропаганда ва агитатсияи (таблиѓ ва тарвиљ) рўзномаи «Комсомоли Тољикистон» (њоло «Љавонони Тољикистон») хизмат карда, аз ин њамоиши ѓайриодї гузориш омода менамудам. Дар љаридаи љавонон адабиёт ва санъат њам ба пропаганда ва агитатсия марбут буд.

Ёд дорам, ки суханронии олими тољик Абдуќодир Маниёзов хеле писанди њозирин гардид. Устод чунин оѓоз кард:

- Тифли тољик њанўз дар синфи якум тањсил накарда, бадоњатан шеър эљод менамояд. Масалан, ў ба модараш мегўяд:

- Ман ба мактаб меравам! Дар ќолаби «фоилотун, фоилун» ин як мисраъ шеър аст. Ё худ агар ў чунин бигўяд:

- Ба мактаб меравам ман! Ин њам як мисраъ аст, дар ќолаби «мафоилун, фаўлун»....

Боре шарќшиноси машњури шўравї Иосиф Самоилович Брагинский садри маљлис шуда, љаласаро чунин ифтитоњ намуд:

- Маљлиси худро кушода гуфта эълон мекунем!

Ин як сатри манзум боиси хушњолї ва шодмонии њозирин гардид ва њамагон ба мањорати устод изњори тањсин ва нисори офарин намуданд.

Аз кишвари Эрон олими номвар Парвиз Нотили Хонлари, шоири навпардоз Нодири Нодирпур, шоири ќасидасаро Лутфалї Суратгар дар њамоиш ширкат доштанд.

Шоирони љавони тољик беш аз њама ба Нодири Нодирпур таваљљўњ доштанд. Албатта, ўро аксаран ѓоибона мешинохтанд, китобњои ашъори ин сухансарои борикбин ва даќиќназарро ба даст оварда, шеърњояшро аз бар намуда буданд.

Њамон рўзе ки Нодири Нодирпур дар бораи шеър ва шеърнигорї ибрози назар намуд, маљлисгоњ љои холї надошт, ба истилоњ дар он љои сўзанпартої набуд. Аз шоирони љавон сар карда, то шоирони маъруф Муњиддин Фарњат, олими куњансол, устод Тўраќул Зењнї њузур доштанд ва њамагон мафтуни суханварии ин адиби нуктапардоз гардида буданд. Нодири Нодирпур таќрибан аз як соат бештар сухангустарї кард ва аќоиди хешро аз ганљи хотира баён намуда, дар даст маърўзаи тайёр надошт. Дар ваќти сухангўї бисёр њаракат мекард ва дар поёни гуфтор дар чењрааш донањои араќ пайдо шуданд. Биноан шоири Афѓонистон Моили Њиравї инро мушоњида намуда, дар мавќеъ байти зеринро гуфт:

Нозанине, ки дар араќ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Чи тавре ки дар боло зикр гашт, шоирони тољик ба шеъри Нодири Нодирпур шавќу унс ва алоќаи зиёд доштанд. Биноан маслињат шуд, ки сўњбати алоњидаи ин шоири соњибистеъдод бо шоирони тољик баргузор гардад. Ва ин мањфил дар бинои Иттифоќи нависандагони Тољикистон, ки он солњо дар пањлуи Вазорати фарњанг ва њафтаномаи «Маориф ва маданият» (њоло идораи Кумитаи љангалпарварии љумњурї) воќеъ буд, баргузор шуд.

Дар ин мулоќот шоирони тољик Мўъмин Ќаноат, Ќутбї Киром, Лоиќ Шералї, Гулназар Келдї, Бозор Собир, Мењмон Бахтї, Мастон Шералї, Аскар Њаким, Ашўр Сафар, Озод Аминзода, Њаќназар Ѓоиб, Алї Бобољон, Нозирљон Боњирї, Саидљон Њакимзода, Њаким Абдулмаљид, Саидалї Маъмур, Сарвар Амирљон, Салимшо Њалимшо, Аслам Адњам ва дигарон иштирок доштанд.

Шоирони забардасти Эрон Нодири Нодирпур дар хусуси ќудрати каломи форсї ва беѓалату ба мавќеъ истифода бурдани ин ганљина изњори аќида намуд.

- Дар Тењрон дўсте дорам,- гуфт Нодири Нодирпур,- маслакаш дуктур буда ва худаш њам хеле муташоир аст. Боре пеши ман ѓазали Хоља Њофизро хонд ва ба ибораи «хинги сабзи осмон» эрод гирифт ва гуфт, ки «хинг аспи сабз аст, боз сабз ва осмон низ сабз бошад, магар инњо мукарраран истифода шуда, ѓалат нестанд. Дар посух гуфтам, ки њаргиз ѓалат нестанд, ин љо таъкид аст ва њар чї Хоља фармуда, комилан сањењ аст!

Баъдан касе аз мизбонон савол дод:

- Љаноб, шумо дар бораи њазрати Лоњутї чї аќида доред?

Чун ин савол садо дод, дар утоќе, ки нишаста будем, хомўшии куллие барќарор шуд. Мо љумла гўшу њуш гардида, ба дањони мусоњиби сухандону суханвар ва хеле њам мўътабари хеш дўхтем, ки ў ин дам чї мегуфта бошад? Зеро барои њар якеаз мо донистани аќидаи намояндаи Эрони имрўза дар бораи асосгузори шеъри даврони навини тољик хеле муњим буд.

Нодири Нодирпур аз шишаи оби маъдан ќадање нўшида, ташнагї шикасту оромона гуфт:

- Њазрати Лоњутї он чї ки дар ин љо ёфт, дар он љо намеёфт ва он чи ки дар ин љо наёфт, дар он љо меёфт.

Посухи устоди бузургвор Нодири Нодирпур чунин мухтасар ва бад-ин сон пурмаъною пурмўњтаво буд, ки мо воќеан њам мутањайир гардидем.

Баъди чанд моњи анљоми ин њамоиш аз Эрон маљаллае ба диёри мо расид ва дар он маќолаи олими гаронмоя ва баландпоя Парвиз Нотили Хонлариро хондем, ки ў чунин навишта будааст: (мазмунан)

- Шуарои љавони тољик Нодири Нодирпурро он ќадар эњтиром ва дўстдорї карданд, ки ў чун ќадањ аз даст ба даст мегузашт.

***

Љаноби Мирзо Турсунзода, шоири тавонои тољик бародари ман аст. Њам дар номи ман, њам дар номи ў нишоне аз бегонагї њаст.

Мо мењмони хонадони љаноби Мирзо Турсунзода ва оќои Мўъмин Ќаноат будем.

Ба мо љомањо бахшоиш карданд. Ба мењмон љома бахшидан расму оини ќадимаи эрониён аст, ки то њол дар Тољикистон ин расму оин зинда ва поянда боќї мондааст!

***  

Њамоиши шеъри форсї, ки соли 1967 дар шањри Душанбе баргузор шуда буд, барои пешрафту муравваљ ёфтани шеъри имрўзи тољик таъсири короие бахшида буд. Умед аст, ки Њамоиши байналмилалии адибони форсигўи њавзаи Наврўз низ таъсироти бобаракате ва пурфайзу пурнашоте хоњад расонд.

                                                                             Бахтиёри МУРТАЗО

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved