• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Доркӯб

Ҳар мевае ки даст расондем, чӯб шуд,

Мо лоиқи баҳор набудем, хуб шуд.

Ин гирудори мову шумо дар миёни роҳ

Чун рўза боз кардани пеш аз ғуруб шуд.

Дардо, дар ин миёна дарахте ки доштем,

Қурбонии лаҷуҷтарин доркӯб шуд.

Он оташе ки ғайрати сад офтоб дошт,

Дар як нафас бурудати қутби ҷануб шуд.

Офат набуд, то тапиши орзу набуд,

Ин хона гар хароб шуд, аз руфтурӯб шуд.

То бо ғадири мо чї кунад ҳукми саравишт,

Туғёни рӯди Нил ки дидам, русуб шуд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved