БО ИШҚ
Одамӣ шод мешавад бо ишқ,
Аз ғам озод мешавад бо ишқ.
Кандани кӯҳ мешавад ширин,
Теша Фарҳод мешавад бо ишқ.
Ҷон ба аржанг медиҳад Монӣ,
Хома Беҳзод мешавад бо ишқ.
Аз раги ток то дили афлок
Бода бунёд мешавад бо ишқ.
Эй басо дар шикоргоҳи нигоҳ
Сайд сайёд мешавад бо ишқ.
Оташи интиқом мехусбад,
Кина барбод мешавад бо ишқ.
Copyright © 2017. All rights Reserved