• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

БОРОНИ БӮСА

Ман тухмаҳои сабзи нигоҳамро

Дар киштзори чашми ту мекорам.

Борони бӯса мешаваму як шаб

Бар дашти гунаҳои ту меборам.

Баргард, эй ҳамешабаҳори ман,

Бар ман баҳор бе ту чу поиз аст.

Баргард, эй тамомати зебоӣ,

К-ин ҷо баҳор бе ту ғамангез аст.

Нафрин ба ман, ки бе ту ба ёд орам

Нилуфару шақоиқу шаббӯро.

Нафрин ба ман, ки бе ту кунам бӯе

Он атри пунаҳои лаби ҷӯро.

Баргард, к-ин тилисми сукути шаб

Бо хандаат шикаста шавад рӯзе.

Бигзор, роҳи шикваи лабҳоям

Бо бӯсаҳот баста шавад рӯзе.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved