Ғазалвора
Ту он шаб –
Чунон Шаҳрнози асотир –
Аз он дурҳо –
Аз он дурҳои бешаи токбунҳои обистани сабз –
Фаро мерасидӣ.
Чу Билқис, аврангат аз оҷ,
Зи шаҳри Сабо мерасидӣ.
Баросуда дар сояи чатри шангарфгуна зи дебоҷ
Аз он нокуҷо мерасидӣ.
Ту, эй Шаҳрнози асотир,
Дар он шаб, ки бар боми ҳар вожаи сурх
Copyright © 2017. All rights Reserved