• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Абдулқаюми Қавим, шоир, устоди Донишгоҳи Кобул:

 -Ман умедвор ҳастам, ки тамоми форсизабонони дунё, ки якзабон ҳастанду лаҳҷаҳои мухталиф доранд, албатта бо ҳамдигар муттаҳиду муттафиқ бошанд, барои беҳбуди вазъи зиндагияшон, барои инкишофи забону адабиёташон, барои пайванд додани дўстӣ миёни халқҳои Тоҷикистону Афғонистону Эрон кор бикунанд, то таърихи бостонӣ ва гузаштаи ҳамин сарзаминҳо боз ҳам шукуфон, рўшантар ва баҳравартар шавад.

Ман чандин бор ба Тоҷикистон омадаам. Соли 1978 рисолаи илмиямро дар ин ҷо дифоъ кардам. Ҳоло Душанбе мисли як ҷаннат аст. Нигоҳ кунед, мардум чӣ қадар хушу шодмонанд, кўчаҳо поку назифанд. Душанбе ҳоло бо он солҳо қобили муқоиса нест, Тоҷикистон бисёр пеш рафтааст.

 

Ман аз классикон Турсунзода ва аз шоирони баъдӣ Бозор Собир, Мўъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Фарзона ва ҷавонони дигареро, ки тоза ба дунёи шеър қадам гузоштаанд, мешиносам, бо баъзеяшон маърифат дорам, дўстӣ дорам. Насли нави шоирони Тоҷикистон комилан дар роҳи ҷадиди шеъру шоирӣ равон ҳастанд. Мутобиқи шароити замон дар гузиниши вожаҳо, дар таркибсозиҳо, дар интихоби вазнҳо, дар ташбеҳсозиҳо, дар ироаи тахайёл ва дар ҳамин қабил масоил шоирони ҷавони тоҷик хеле пеш рафтаанд.

Солеҳмуҳаммад Халиқ, Афғонистон:

-Наврўз худ ҷашни миллӣ ва таърихии ориёиҳост ва он метавонад миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамзабонро наздик созад. Ҳамоиши мазкур метавонад форсизабонони гўшаву канори дунёро муттаҳид ва аз ин нигоҳ дастовардҳои азиме хоҳад дошт.

Ман фикр мекунам, шеъри шоирони ҷавони тоҷик рў ба боландагӣ овардааст. Дар гузашта ҳам шеъри Тоҷикистон шеъри пурбор буда. Дар замони истиқлол корҳои назаррасе дар ин ҷо сурат гирифтанд. Шеъри Тоҷикистон феълан яке аз бахшҳои умдаи шеъри форсист.

Ман яке аз дўстони марҳум Лоиқ Шералӣ будам. Ў дар бораи ман шеъре суруд ва ман низ ба ў шеъре бахшида будам, ки дар рўзномаи «Маориф ва маданият» нашр шуда буд. Шеърҳои дигарам низ дар нашрияҳои Тоҷикистон чоп шудаанд. Чун ман ба насли пешини шоирон муттааллиқам, бештар бо шоирони ҳамсолам иртибот дорам, ки дар миёни онҳо Бозор Собир аз шоирони дўстдоштаам аст. Аз Гулрухсор, Фарзона, Раҳмат Назрӣ ва дигар шоирони тоҷик шинохти комил дорам.

Парвизи Кова, Афғонистон:

 -Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврўз барои даври ҳам овардани шоирони форсизабон дар нафси худаш хеле боарзиш аст. Ҷамъ шудан, суҳбат кардан, табодули таҷоруб кардан миёни шоирон бидуни шак нақши муҳим дорад. Интизори мо ин аст, ки ин ҳамоиш солҳои оянда ба сурати занҷира дар дигар кишварҳои форсизабон баргузор гардад ва ба истилоҳ шабакаи шоирони форсигў сохта шавад. Ин имкон медиҳад, ки шоирон ба сурати мудовим дар иртибот бошанд.

 

Ман бидуни шак бо шоирони тоҷик ошно ҳастам, шеърҳояшонро мехонам, аммо фикр мекунам як нигаронӣ ва мушкили ҷиддие, ки дар заминаи шеъри Тоҷикистон вуҷуд дорад, ин аст, ки забони шеъри шоирони тоҷик ҳанўз зери таъсири, ба истилоҳ ҳуҷуми сойири забонҳо қарор дорад ва ҳанўз натавониста ба унвони як забони шуставу рўфта ва як забоне, ки битавонад ҷойгоҳи забони форсиро дар байни сойири забонҳо барҷастатар бисозад, табдил ёбад. Ҳанўз ба ин мушкилот мувоҷеҳ аст. Фикр мекунам, ба ҳар ҳол талош вуҷуд дорад. Корҳое, ки солҳои охир дар Тоҷикистон анҷом шуда, умедвориҳоро барои рушди забони тоҷикӣ ва дар воқеъ робита бо шеъри тоҷик бештар бисозад. Умедвор ҳастем, ки шеъри тоҷик, ҳамон гуна, ки шеъри Эрону Афғонистон шеърҳои бартар дар ҳавзаи мо шинохта мешаванд, битавонад, ки ин масирро бипаймояд ва дар ҳамоҳангӣ бо ҳавзаҳои форсизабон ҳамсон ҳаракат бикунад.

Алӣ Акбаршоҳ, профессори Донишгоҳи Деҳлӣ:

-Таваққўе, ки мо аз ҳамоиш дорем, ин аст, ки кулли минтақа, ки замоне маҳди забони форсӣ ва фарҳангҳо буда, алъон ба сабаби маҳдудиятҳои ҷуғрофӣ дур афтода, бо фарҳангҳои ҳамдигар ошно бишаванд. Хусусан фарҳанги наврўзӣ, ки байни миллатҳои форсизабон мушатарак аст. Бояд ҳама бидонанд, ки Наврўз дар кишварҳо чӣ гуна таҷлил мешавад, ойинҳояш чӣ тавранд.

Дар Ҳинд замоне, дар ҳукумати исломӣ Наврўз ҷашни расмӣ буд. Аксари чизҳое, ки тавассути форсизабонон ва подшоҳони исломӣ омада буд, аз байна рафтааст. Аммо ҳанўз Наврўз чун ҷашни умдаву маъруфи Ҳинд баргузор мешавад. Мо мехоҳем бубинем, ки ин ҷо Наврўз чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло, ки намояндагони кишварҳои мухталиф ин ҷо ҳастанд, чӣ форсизабон ва чӣ ғайрифорсизабон, таваққўамон ин аст, ки натиҷаи мусбате аз ин ҳамойиш ҳосил бикунем ва бубинем, ки ин фарҳанги чӣ гуна ин миллатҳоро наздик месозад.

Муҳаммадкозими Козимӣ, Эрон:

-Мо бояд ба ягонагии забони форсӣ дар ин ҷо таъкид бикунем. Чун воқеият ин аст, ки мутаассифона, дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон як забон бо се ном номида шудааст ва ин боис шуда, ки фосила дар миён афтад. Махсусан фосилае, ки байни хатти форсӣ ва хатти сирилике, ки дар ин ҷо ҳаст. Инҳо ҳама заминаҳоро барои иртиботи бештари ин се миллат кам кардаанд. Аз ин ҳамоиш ман интизор дорам, ки ин заминаҳои муштаракоти забонию адабии мо бештар равшан бишавад ва мо бо мероси имрўзи адабиёти форсӣ ошно бишавем ва бидонем, ки осори адабие, ки дар Эрон ҳаст, дар Тоҷикистон ва осори адабии Тоҷикистонро дар Эрону Афғонистон инъикос бидиҳад. Мутаассифона, мо дар заминаи адабиёти муосир як миқдор аз ҳамдигар беииттилоъ ва бегона ҳастем. Мо бояд ин бегонагиҳоро, ки дар заминаи шеър ва адабиёти достонии имрўз ҳаст, бартараф бикунем.

Шеъри имрўзи Тоҷикистон бисёр хуб аст. Мо воқеан мебинем, ки дар ин кишвар дар ин солҳо адабиёт рушди бисёре карда, шоирон ва нависандагони тоҷик, касоне мисли Бозор Собир, марҳум Лоиқ Шералӣ ва дигарон осори боарзише доранд. Дар канори он чизе, ки барои мо бисёр ҷолиб аст, зуҳури як насли миёна ва ҷавон аст, касоне мисли Муҳаммадалии Аҷамӣ, Фарзона ва зумрае аз ҳамнаслони инҳо ва ҷавононе, ки дар оянда бисёр моро умедвор ба растохези адабӣ дар Тоҷикистон мекунанд.

Оғомурод Султонов, Туркманистон:

-Мо аз Туркманистони офтобӣ ба тоҷикон саломи гарму самимӣ овардем. Моро бо Тоҷикистон асрҳо ва решаҳои таърихӣ, расму ойинҳо ва идҳои муштараке мисли Наврўз пайванд медиҳанд ва мардуми моро наздик месозанд. Мову шумо аз як дарё-Амударё об менўшем.

Мо аз Сарвари кишвари тоҷикон ва раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар ин диёри зебо моро барои баррасии робитаҳои дўстию адабӣ ва таҷлили ҷашни инсонсозу башарпарвари Наврўз ҷамъ оварданд, сипосгузор ҳастем.

Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам. Маро зебоӣ, табиат ва сафои ботини мардум ба ҳайрат оварданд. Ман чун шоир дидам, ки Наврўз, табит ва зебоӣ бо рўҳи мардуми тоҷик пайванд доранд. Ин расму оийнҳоро гузаштагонамон чун сарвати бебаҳои инсоният ба ёдгор мондаанд. Дар Туркманистон низ Наврўз чун иди дўстию зебоию илҳом дар сатҳи хеле баланд таҷлил мешавад. Мероси модию маънавии ниёгони мо дар тарбияи насли ҷавон нақши хеле муҳим доранд. Ин нуктаро ба назар гирифта, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли 2016-ро соли гиромидошти мероси ниёгон эълон кард. Дар ин замина ҳоло корҳои таҳқиқотию ҷустуҷўҳо ҷараён доранд.

Бояд бигўям, ки роҳбарои кишварҳои мо ҳамдигарро бародар мехонанд, нисбати якдигар эҳтироми зиёд доранд. Ба воситаи ҳамин бародарию дўстӣ мо саодатмандем. Бародарию дўстии сарваронамон моро ба сулҳу комёбиҳо мерасонанд. Мо аз ин бародарию дўстии халқҳоямон ифтихор дорем.

Дар Туркманистон ҳама шоирони классики адабиёти форсию тоҷикиро мешиносанду осорашон мехонанд. Онҳо дар барномаи таълимии мактабу донишгоҳҳо ворид шудаанд. Садриддин Айнию Мирзо Турсунзодаро низ хуб мешиносанд. Дар ватани шумо ҳам Махдумқулӣ ва классикони туркман маъруфият доранд. Фикр мекунам, ки бузургон миллат надоранд, онҳо ба тамоми башар мутааллиқанд. Бубинед, ки шеър бо эъҷози худ моро чӣ гуна ба ҳамдигар дўсту наздик мекунад.

Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳамойиш гуфт, ки шоиронро дўст медорам. Ин ҳарф моро хеле шод кард.

 

Таҳияи Толиби Луқмон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved