• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Низом ЌОСИМ: «ЊАМОИШ РЎЊИ НАВРЎЗ ДОРАД»18-24 марти соли равон дар Тољикистон Њамоиши байналмилалии адибони кишварњои њавзаи Наврўз баргузор мегардад, ки ба ин чорабинии бузурги фарњангї адибон, олимону муњаќќиќони кишварњои њавзаи Наврўз даъват шудаанд.

Иттифоќи нависандагони Тољикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи Њамоиш мањфилњои шеъру суруд, дарсњои мањорати адабї ва љаласањои илмї баргузор намояд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита бо ин бо Раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон Низом Ќосим њамсуњбат гардид.

- Устоди азиз, огоњ шудем, ки Иттифоќи нависандагони Тољикистон Њамоиши байналмилалии адибони кишварњои њавзаи Наврўзро баргузор мекунад. Лутфан бигўед, ки он чї чорабинист ва чї њадафњо дорад?

-Тавре ки медонед, чанд сол ќабл бо ташаббуси Љумњурии Тољикистон ва љонибдории як зумра кишварњо иди миллии мо - Наврўз аз љониби СММ љањонї эълон гардид ва имрўз дар бисёр кишварњо чун љашни бедории табиат, сарсабзиву шукуфої ва сафову оромї таљлил мешавад. Айёми Наврўз халќи мо ботинан сардиву нороњатињои зимистонро хайрбод мегўяд, рў ба офтоб меорад, хона метаконад, бо ниятњои нектарин дастархон меорояд ва мењмонони азизашро интизор мешавад.

Имсол Тољикистон адибони зиёдеро низ чун мењмонони љашни Наврўзи хеш мепазирад. Њамоиши байналмилалии адибони њавзаи Наврўз бо дастгирии Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба наќшаи кори имсолаи Њукумати кишвар ворид шудааст ва зери сарпарастиашон бояд дар сатњи баланд сурат бигирад. Њадафи он тањкими мавќеи адабиёт, аз љумла шеъри форсї, робитањои адабиву инсонї, бозгўи наќши адабиёт дар посдории суннатњои миллї, дўстии халќњо ва сулњу осоиши дунёст.

- Њамоиши адабие дар чунин шаклу шукўњ бори аввал баргузор мешавад…

- Соли 1967 дар Тољикистон Симпозиуми байналмилалии шеъри форсї барпо шуда буд. Иштироки бузургоне чун Нодири Нодирпур, Парвиз Нотили Хонларї, Лутфалии Суратгар, Абдулњаќќи Вола, Моили Њиравї боиси шукўњу шуњрати зиёди он гардид ва шеъри тољикро такони љиддие бахшид. Њамоиши имсола, ки ќариб ним аср баъд сурат мегирад, бењтарин анъанањои онро идома хоњад дод ва фурсати мусоиде барои суњбату хулосањо оид ба имрўзу фардои шеъри тољикиву форсї, мавќеи инсониву њунарии ањли адаб фароњам хоњад овард.

- Аз номи њамоиш бармеояд, ки дар он адибони њавзаи Наврўз иштирок мекунанд...

- Баъд аз ташаббуси Љумњурии Тољикистон ва тасмими Созмони Милали Муттањид имрўз тамоми дунё ќаламрави Наврўз аст. Ба њамоиш њам аз ќаламрави таърихии Наврўз ва њам аз кишварњое, ки адибони форсигў маскунанд, дар маљмўъ аз бисту ду мамлакат, мењмонон даъват шудаанд.

- Баргузории чунин њамоишњо дар замони љањонишавї чї ањамияти амалие дорад?

- Тавре ки гуфтем, њадафњои њамоиш амалии заминианд. Дар замоне, ки љањонишавї фарњангњоро ба коми худ мекашад ва бисёр махсусияту суннатњои миллиро аз байн мебарад, њифзу нигањдошти падидаи бузурге чун Наврўз ва суннатњои инсонсози он бисёр заруранд. Дар зинда нигоњ доштани ин љашни бузург ва анъанањои он адабиёти тољику форс - аз ќадим то имрўз - сањми арзанда дорад ва хоњад дошт. Тавассути мусоњибаву мубоњиса, табодули афкор, суханрониву шеърхонињо ин љињатњо бозгў мешаванд ва умед дорем, ки иштирокдорон, бинандагону шунавандагонро оид ба таќдири адабиёти бузурги форсизабон, арзишњову суннатњои абадзиндаи он, аз љумла корбурди њадафмандонаи Наврўз дар адабиёт ба андеша вомедоранд, дар ангезиши эњсоси наљиби инсониву шањрвандии мардумонамон сањме мегузоранд.

- Лутфан бигўед, ки њамоиш дар чї шакл сурат мегирад, аз чї чорабинињо иборат аст?

-Аввалан, дар Китобхонаи миллї Симпозиуми байналмилалии илмї барпо мешавад, ки љињатњои гуногуни Наврўзро мавриди баррасї ќарор медињад. Сипас дар Кохи Борбад маросими ифтитоњи њамоиш бо суханрониву шеърхонии мењмонону мизбонон баргузор мегардад. Мо, ањли адаб, аз таваљљуњу дастгирии Пешвои миллатамон бењад миннатдорем ва ташрифашон ба ин чорабинии бузурги адабиёт боиси сарафрозии бештарамон хоњад буд. Њамчунин, иштироки мењмонон дар љашни Наврўзи пойтахт, сафарњои гурўњњо ба шањру ноњияњои кишвар дар назар аст. Албатта, њузури адибон бе суњбатњои гарму шеърхонї намешавад. Ба истиќболи њамоиш як моњ - аз 19 феврал то 19 март дар толорњои пойтахт ва марказњои вилоятњо силсилаи мањфилњои шеъру суруд бо иштироки шоирону њофизони маъруфи тољик сурат мегирад ва пахши онњо тавассути шабакањои телевизионї Наврўзи имсоларо рангинтару пуршукўњтар, ба маънои асливу маљозї шеърборон хоњад кард.

- Бешубња, барои хонандагон љолиб хоњад буд, ки рамзи њамоиш ба мўќалами кадом рассом мансуб аст?

- Мусаввирони чирадастамон Вафо Назар ва Олимљон Рабеъзода дар ин кор зањмати пурсамар кашиданд ва рамзе офариданд, ки сарсабзиву хуррамии кураи арз, сериву пурии инсоният ва наќши ањли ќаламро дар ин амри хайр ифода мекунад.

- Бовар дорем, ки мардуми адабдўстамон ба њамоиш таваљљуњи зиёд зоњир мекунанд ва аз тафсилоти он бештар огоњ шудан мехоњанд…

- Дар Иттифоќи нависандагони Тољикистон ситоди њамоиш амал мекунад. Алоќамандон тавассути телефони 224-14-71 аз навбатдорони он ба саволњояшон љавоб гирифта метавонанд. Њамчунин дар сомонаи интернетии Иттифоќи нависандагони Тољикистон - www.navisandagan.tj бахши махсуси њамоиш боз шудааст, ки оид ба таърихи њамоишњои шеъру адаб, намояндањои барљастаи шеъри муосири форсизабони дунё ва чорабинињои гуногун пайваста маводи љолиберо пешкаши алоќамандон мекунад.

Њамаи љањду талоши Иттифоќи нависандагон, ки имрўз аз дастгирии бесобиќаи Сарвари давлату миллат бархурдор аст, комилан барои огоњиву бархўрдории бештари мардуми адабдўстамон сурат мегирад. Аз љумла, чорабинињои Њамоиши байналмилалии адибони њавзаи Наврўз. Наќшаи баргузории чорабинињо тавассути воситањои ахбор манзур мешаванд ва мо аз иштироки хурду бузург дар ин маъракаи фарањафзои наврўзї шодмон хоњем буд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved