• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Назарпурсӣ бо меҳмонони Ҳамойиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз

Абдулќаюми Ќавим, шоир, устоди Донишгоњи Кобул:

-Ман умедвор њастам, ки тамоми форсизабонони дунё, ки якзабон њастанду лањљањои мухталиф доранд, албатта бо њамдигар муттањиду муттафиќ бошанд, барои бењбуди вазъи зиндагияшон, барои инкишофи забону адабиёташон, барои пайванд додани дўстї миёни халќњои Тољикистону Афѓонистону Эрон кор бикунанд, то таърихи бостонї ва гузаштаи њамин сарзаминњо боз њам шукуфон, рўшантар ва бањравартар шавад.

Идомаи: Назарпурсӣ бо меҳмонони Ҳамойиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз

Наврӯз зодрӯзи ҳумоюни тоҷикон

9-уми март дар Филармонияи давлатї мањфили шеъри Шоири халќии Тољикистон Камол Насрулло барпо гардид, ки дар он сарояндагони маъруф Афзалшоњи Шодї, Файзалї Њасан, Хосияти Зарафшонї, Абдумаљид Бердиев ва дигарон иштирок доштанд.

Шеърњои ватандўстонаи шоир аз љониби њозирон бо хушнудї пазируфта шуданд.

10-уми март чунин мањфил бо иштироки Шоири халќии Тољикистон Њаќназар Ѓоиб дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский бо иштироки њунармандони номвари љумњурї доир шуд.

Идомаи: Наврӯз зодрӯзи ҳумоюни тоҷикон

Дар баҳори шеъри Гулрухсор

Дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз 7-уми март дар Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ маҳфили шеъри яке аз ташаббускорони ҳамоиши мазкур, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор барпо гардид. Пас аз сухани ифтитоҳоии раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим шоираи машҳур зимоми суханро ба даст гирифта, бо суханрониҳои ҷолиб ва шеърҳои тозааш хотири ҳозиронро болида намуд. Ҳунармандони шинохтаи кишвар Саидқул Билолов, Давлатманд Холов ва дигарон сурудҳои дилошӯбу муассир сароиданд.

Қироати шеъри шоира аз тарафи ровиёни хушовоз ҷиҳати дигари хотирмони ин мафҳил буд.

«АС»

Шеър дунёро мунаввар мекунад

4-уми март дар «Хонаи адибон»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъри шоирон Раънои Мубориз ва Акбар Абдуллоҳ бо иштироки ҳунармандони маъруф Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасан, Афзалшоҳи Шодӣ ва дигарон барпо гардид.

Идомаи: Шеър дунёро мунаввар мекунад

Ширу шакар бо Гулназар

Дар доираи Ҳамойиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз

 26-уми феврал дар Кохи Љомї мањфили шеъри Шоири халќии Тољикистон Гулназар бо иштироки њунармандони Филармонияи давлатї доир гардид. Дар мањфил адибон, ањли зиё ва донишљўёни мактабњои олї њузур доштанд.

ҲАМОИШ РӮҲИ НАВРӮЗ ДОРАД

Низом ЌОСИМ: «ЊАМОИШ РЎЊИ НАВРЎЗ ДОРАД»18-24 марти соли равон дар Тољикистон Њамоиши байналмилалии адибони кишварњои њавзаи Наврўз баргузор мегардад, ки ба ин чорабинии бузурги фарњангї адибон, олимону муњаќќиќони кишварњои њавзаи Наврўз даъват шудаанд.

Иттифоќи нависандагони Тољикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи Њамоиш мањфилњои шеъру суруд, дарсњои мањорати адабї ва љаласањои илмї баргузор намояд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита бо ин бо Раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон Низом Ќосим њамсуњбат гардид.

Идомаи: ҲАМОИШ РӮҲИ НАВРӮЗ ДОРАД

Баргузории маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаҳо ва зиёрати оромгоҳи «Лучоб»

Номгӯйи чорабинӣ

Муҳлати иҷро

Иҷрокунанда

1.

Гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ

19.03.2016,

с. 7.00

Низом Қосим

2.

Тақсимшавӣ ба гурӯҳҳо

7. 20

Юнус Юсуфӣ

3.

Ҳаракати автобусҳо

7.30

4.

Гурӯҳи 1. Гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Рӯдакӣ

8.00

Ато Мирхоҷа

5.

Гурӯҳи 2. Гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Сино

8.00

М. Аҷамӣ

6.

Гурӯҳи 3. Гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Айнӣ

8.00

Ато Ҳамдам

7.

Гурӯҳи 4. Гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Лоҳутӣ

8.00

Р. Махсумзод

8.

Гурӯҳи 5. Гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Фирдавсӣ

8.15

Р. Ваҳҳоб

9.

Гурӯҳи 6. Гулгузорӣ дар пояи ҳайкали М. Турсунзода ва зиёрати оромгоҳи «Лучоб»

8.15

Низом Қосим

М. Салим

Ватан гуфтам

19-уми марти соли равон ба пешвози Њамоиши байналмилалии шоирони форсигўи њавзаи Наврўз дар Хонаи адибони Иттифоќи нависандагони Тољикистон мањфили шеъри шоири маъруф Рустами Вањњоб баргузор шуд. Дар мањфил адибону донишмандон ва донишљўён њузур доштанд. Раиси Иттифоќи нависандагон Низом Ќосим дар оѓоз баргузории Њамоиши мазкурро падидаи бисёр муњими адабї дониста, изњори умед кард, ки он дар сатњи баланд ва шоиста доир хоњад шуд. Номбурда Рустами Вањњобро аз љумлаи шоирони маъруфу донишманд номида, мањфилро њусни ифтитоњ бахшид.

Идомаи: Ватан гуфтам

Як моҳи пур аз шеъру тарона

Тавре ки ќаблан иттилоъ дода будем, аз 17 то 24-уми март дар кишвар Њамоиши байналмилалии шоирони форсигўи њавзаи Наврўз барпо мегардад.

Иттифоќи нависандагони Тољикистон барои дар сатњи баланд гузаронидани ин Њамоиши бошукўњ њама тадбирњоро андешида истодааст. Ситоди Иттифоќи нависандагон оид ба гузаронидани чорабинињои Њамоиш ташкил ёфт, ки кори худро оѓоз кардааст. Тибќи иттилои раиси ситоди мазкур Акбар Абдулло феълан рўйхати навбатдорони Ситод тартиб дода шудааст, барои сазовор пешвоз гирифтани мењмонон ва гузаронидани чорабинињо заминањо фароњам оварда шудаанд.

Идомаи: Як моҳи пур аз шеъру тарона

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37