• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Соли равон хатмкунандагони шуъбаҳои актёрӣ ва режиссёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо пешниҳоди ҳашт спектакли калон донишкадаро хатм карданд. 

Мунсифона бояд иқрор шуд, ки донишкадаи мо хеле пеш рафтааст. Муносибат ба асари саҳнавӣ ва санъат комилан дигаргун, назар ба солҳои қаблӣ ҷиддӣ шудааст. Интихоби асарҳои классикӣ ва муосири машҳур  аз ҷониби донишҷӯён ба сифати кори дипломӣ далели он аст. 

 

Спектаклҳои пешниҳодшуда бо вуҷуди ҷой доштани нуқсу камбудиҳо аз лиҳози талаботи театр  асарҳои хуби саҳнавӣ  буданд, бинобар ин, маро водор карданд, то дар бораи онҳо андешаамро баён намоям. 

Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, педогоги маъруфи мо Абдулҳафиз Қодиров бо хатмкунандагони худ се спектакл омода карданд. Хушбахтона, гурӯҳи Қодировро метавон як гурӯҳи мустақили саҳнавӣ номид. Зеро онҳо саҳна ва санъатро дарк кардаанд. Онҳо моҳияти кори эҷодиро медонанд, эҳсос кардаанд, ки эҷодкор шахсест, ки бояд ба одамон ҳарфи гуфтанӣ дошта бошад.

Дар намоиши "Салом, падарҷони азиз!" ин маъниро коргардон ва актёрон ба таври равшан нишон доданд. Дар ин спектакл ба ман тарзи офаридани характер хеле писанд омад. Мутахассисон медонанд, ки характерофарӣ кори ниҳоят душвор аст ва ҳар ҳунарманд наметавонад ба қаҳрамонаш характер бидиҳад. Айни замон ҳатто дар театрҳои касбии мо ба  характерофарӣ то андозае диққат намедиҳанд. Вақте ҳар як қаҳравони офаридаи актёр характер надорад, он ба тамошобин писанд намеояд.   Худойбахшов  Мурод нақши Гиоргий, Бердиев Парвиз нақши Сверчков, Аминов Ҷовидҷон нақши Володяро хеле муассир бозӣ карданд.

Спектакли дигаре, ки шогирдони А. Қодиров ба саҳна гузоштанд, асари драматург Ато Ҳамдам "Агар ҷанг намебуд" мебошад. Воқеаи асар баъд аз ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба вуқӯъ меояд. Ҳамид (дар нақш Мурод Худобахшов) баъди ғалаба ба диёраш барнамегардад. ӯ мефаҳмад, ки завҷааш Саодат (дар нақш Марҷонгул Наврӯзмамадова) як рӯз пеш аз омадани шавҳараш бо сабаби "хати сиёҳ" гирифтан, ба дӯсти ҳамяроқаш Шариф (дар нақш Боймурод Ҳайитов) хонадор шудааст. Драматизми ин фоҷеа дар он аст, ки маҳз Мурод Шарифро баъди ярадор шудан дар майдони ҷанг аз марг наҷот дода буд. Яъне ӯро хиёнати бузурги дӯсташ ба гирдоби ғам андохт.

Саодат, чун зани покдоман, вақте ҳақиқатро мефаҳмад, худро ба дарё меафканад. Яъне фарҷоми фоҷеа хуб нест, аммо номуси баланди зани боиффатро инъикос мекунад. Актёрони ҷавон - ман онҳоро аллакай актёрони мустақил мегӯям, на донишҷӯ, нақшҳоро чунон хуб бозӣ карданд, ки шахс гумон мекунад онҳо дар замони ҷанг зистаанд. Даҳшати ҷангро медонанд, дар лабони мардум табассум набудан, чашмони маҳзунро дидаанд.

Воқеан, Абдулҳафиз Қодиров устоди ҳақиқӣ аст. ӯ вуҷуди худро ба шогирдонаш мебахшад. Онҳоро аз ҳама ҷиҳат омода мекунад. Дар спектаклҳои пешниҳодкардааш ба зимаи шогирдонаш вазифаҳои гуногун мегузорад, то онҳо техникаи омодасозии спектаклро омӯзанд. Ҳамин тавр, ӯ шогирдони худро бо актёрӣ маҳдуд накарда, балки нозукиҳои режиссураро ҳам омӯхтааст. Спектакли "Хонаи дилкушо"-и Александр Вампилов дар таҳияи шогирди А. Қодиров Мурод Худобахшов далели ин гуфта аст.

Ба саҳна гузоштани осори Вампилов кори осон нест. Ман ҳамеша фикр мекунам, ки Вампилов бо Чехов монандӣ дорад. Дар асарҳои ин ду драматург андеша хеле муҳим аст. Ҳар як сухан бори маънӣ мекашад. Барои донишҷӯён ин асар бисёр вазнин аст, аммо онҳо аз уҳдаи иҷрои нақшҳояшон баромаданд. Нахустин кори коргардонии Худобахшов низ боиси таҳсин асту ман ӯро муборакбод мегӯям.

Устоди санъат, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов  бо шогирдони худ ду шоҳкори классикӣ - "Ромео ва Ҷулетта"-и У. Шекспир ва "Шоҳ Комбиз"-и П. Қимматшоевро ба саҳна гузошт. Дар ибтидо устодон бовар надоштанд, ки донишҷӯён аз уҳдаи иҷрои ин асарҳо мебароянд, аммо таҷрибаи зиёди Шералӣ Абулқайсов ва бовар ба шогирдонаш боис шуда, ки ин асарҳо хеле ҷолиб рӯйи саҳна оянд.

"Ромео ва Ҷулетта"-и хатмкунандагон дар саҳнаи театри мо - Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуд. Ташаккур ба Лутфулло Давлатов, директори театр, ки донишҷӯёнро дастгирӣ намуд ва саҳнаро дар ихтиёрашон гузошт. Дар ин спектакли машҳури ҳама давру замонҳо, ки шояд ҳазорон бор ба саҳна гузошта шуда, то ҳол қимати худашро гум накардааст, ба ман ороиши саҳна ва либос писанд афтод. Донишҷӯён саҳнаро чунон оро додаанд, ки шахс фикр намекунад, ки дар кори хатми донишҷӯён қарор дорад, балки чунин ба назар менамояд, ки дар театри ҳақиқии академӣ нишастааст.

Албатта, ман дар бораи "Ромео ва Ҷулетта" зиёд ҳарф заданӣ нестам, зеро ин фоҷеа ва паёми он ба тамошобинро ҳама медонанд. Аммо кори донишҷӯён ба ман писанд омад. Махсусан, Раҳматуллоев Меҳроб нақши Меркутсиоро хеле дар сатҳи олӣ иҷро кард. Юсупов Ризо нақши Ромео ва Асанова Шамсия нақши Ҷулеттаро низ хеле моҳирона иҷро карданд.

"Шоҳ Комбиз" асари таърихист ва мубориза барои тахту паёмади онро инъикос мекунад. Нақши Шоҳро дар ин спектакл Меҳроб Раҳматуллоев хеле хуб иҷро кард.

Аммо бо хуб иҷро карданд, гуфта баҳо додани мо муроде ҳосил намешавад. Актер дар саҳна пухта ба камол мерасад. Бозёфтҳои мо пас аз тамошои корҳои дипломии донишҷӯён хеле ҷолиб аст. Ман қариб 10 актёрро аз байни хатмкунандагон номбар мекунам, ки театрҳо бояд онҳоро ба зудӣ, шавқашон кам нагашта ба кор гиранд. Худобахшов Мурод, Марҷонгул Наврӯзмамадова, Боймурод Ҳайитов, Меҳроб Раҳматуллоев, Шамсия Асанова ва Юсупов Ризоро агар мо сари вақт ба театрҳо ба кор гирифта, ба намоишномаҳо ҷалб кунем, аз андӯхтаашон истифода карда, онҳоро тарбия намоем, дар оянда онҳо актёрони сатҳи олӣ мешаванд.

Дигар ин ки тавлиди як спектакл осон ба даст намеояд. Ин ба ҳамагон равшан аст, аммо корҳои дипломии хатмкунандагон ҳамагӣ як маротиба ба саҳна мераваду халос, ки ин беинсофист. Спектакл дар натиҷаи чанд маротиба саҳнавӣ шудан, сайқал меёбад, кори худи актёр суфта мешавад. Аммо ин спектаклҳо, ки як маротиба намоиш дода мешаванд, зуд фаромӯш мешаванд.

Бояд мо имкон диҳем, ки хатмкунандагон корҳояшонро чанд маротиба ба тамошобинон нишон диҳанд. Албатта, ин дар театрҳо шояд имкон надошта бошад, аммо айни замон донишкада  толори хубе сохтааст, ки барои ба намоиш гузоштани спектаклҳо хеле қулай аст. Аммо ҳоло дар он толор мушкилиҳои зиёде ҳаст, ки бояд бартараф шавад. Мутахассиси рӯшноӣ (свет) бояд дар он ҷиддӣ кор кунад.

Гарчанде  донишкадаи мо хеле пеш рафтааст, аммо ҳанӯз ҳам баъзе камбудиҳо ҳаст, ки бояд аз ҷониби педогогҳо бартараф шаванд. Махсусан, маданияти саҳна ҳоло камтар риоя мешавад. Баъдан, актёр вақте костюм мепӯшад, мувофиқ ба он бояд рафтор кунад. Костюм бояд бо актёр як маъниро ифода кунад. Ҳаракат кардан барои ашрофзодагон ва инсонҳои оддӣ фарқкунанда аст, ки на дар ҳамаи намоишҳо он ба назар мерасид. Яъне, донишҷӯён ба пластика камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Бинобар ин, устодони моро мебояд барои рафъи ин камбудиҳо бештар кор кунанд. 

 Хатмкунандаи магистратураи бахши режиссураи драма Отахон Саидов асари Валентин Распутин "Рудолфио"-ро ба саҳна гузоштааст. Ин спектакл дар саҳнаи Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба намоиш гузошта шуд.

Ба ман аз ҳама маданияти саҳна, ки дар боло аз бетаваҷҷуҳӣ ба ин унсури муҳим, танқид кардам, писанд афтод. Дилафрӯз Саидова нақши Ио ва Кароматулло Сафаров нақши Рудолфиоро хеле хуб бозӣ карданд. Маълум ки Отахон бо онҳо хуб кор кардааст, алоқаи режиссёр бо актёрон хуб ба роҳ монда шудааст. Нутқи актёрон низ сазовори таҳсин аст. Бовар дорам, ки Отахон дар театри Бохтар корҳои наҷибе мекунад.

Спектакли дигаре, ки хатмкунандаи шуъбаи магистратураи режиссёри драма Саидакрам Алимов ба саҳна гузошт, фоҷиаи "Дугоникҳо"-и Сергей Могилевсев мебошад. Ин асар дар саҳнаи Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара ба саҳна гузошта шуд. Ин спектакл бисёр аҷиб ва дар саҳнаи тоҷик як чизи комилан нав аст. Дар батни модаранд дугоникҳо: Якум ва Дуюм. Ба назар менамояд, ки онҳо мардони номианд. Якум ба унвони генералӣ расидаву Дуюм адиби намоён аст. Ҳарду аз ояндаи худ дилпуранд. Хеле сюжаи ҷолиб дорад ин спектакл.

Театри Данғара мушкилоти зиёд дорад, ки бояд бартараф шавад. Пешниҳод мекунам, ки "Дугоникҳо"-ро Саидакрам Алимов ба фестивали "Парасту", ки соли равон баргузор мегардад, пешниҳод намояд.

Қамариддин Мирзоев, ҳунарпешаи аллакай шинохта, низ бахши магистратураи шуъбаи режиссёриро хатм кард. Ба сифати кори дипломӣ ӯ моноспектакли "Актриса"-ро аз рӯйи асари К. Шадилова пешниҳод кард.

Ин моноспектакл дар 9-умин Ҷашнвораи байналмилалии "Арсаи ҷавонӣ", ширкат карда, соҳиби 3 ҷоиза ва 2 дипломи махсуси аъзои ҳакамон шудааст. Худи Қамариддин ҳам актёр ва режиссёри ҳирфаие аст, ки театрро медонад, завқи тамошобинро дарк мекунад.

Ин моноспектакл бисёр аҷиб аст. Зарина Бадалова дар он нақши худро хеле моҳирона иҷро кардааст. Маълум ки онҳо бо режиссёр забон ёфта, ҳамдигарро дарк кардаанд.

Аз як саҳна ба саҳнаи дигар гузаштан, аз як ҳолат ба ҳолати дигар даромадан ба ӯ ба хубӣ даст медиҳад. Нутқ ва эҳсоси ӯ ниҳоят хуб аст. Аммо як чиз ҳаст, ки бояд ошкоро бигӯям.  ӯ ҳоло ҷавон аст, чусту чолокӣ аз ӯ талаб карда мешавад. Дар ин спектакл ҳам ӯ дар иҷрои рақсҳо ва ҳаракатҳо каме душворӣ кашид. Бинобар ин, ман тавсия мекардам, ки ба гимнастика машғул шавад. Зеро ман ва умуман театри тоҷик аз ӯ умедҳои зиёд дорем. 

Хулоса, ин спектаклҳо оғози парвози ин ҷавонон аст, аммо хушбахтона аввалин парвозашон бомуваффақият сурат гирифт. Акнун, тақдири онҳо чӣ гуна мешавад, мо онҳоро чӣ тавр истифода мебарем, ба мо вобастагӣ дорад. Ҷалбашон кардаву тарбия кунем, ба фоидаи санъати мо мешавад, аммо агар ба ҳолашон гузорему таваҷҷуҳ накунем, бисёр чизро аз даст додаем.

Саврӣ Сабзалиева,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37