• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Ҳанўз аз ибтидои солҳои сиюм киносозони тоҷик ба асарҳои  устод Садриддин Айнӣ рў оварданд ва нахуст ба романи "Дохунда" таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин бобат сенаристони рус А. Олшанский, Н. Достал ва И. Прут аз рўйи ин роман сенарияҳо эҷод карданд ва  борҳо барои  маслиҳат  бо муаллифи роман вохўрданд. Аммо бо ҳар баҳона таҳияи сенарияи "Дохунда" аз як сол ба соли дигар мемонд.

Умуман, муроҷиати киносозон ба асарҳои  устод Садриддин Айнӣ аз соли 1931 оғоз ёфт ва то соли 1938  натиҷае надод. Бино бар шаҳодати киношинос ҳазрат Сабоҳӣ "… пас аз се соли таълифи роман - соли 1931 дар заминаи "Дохунда" офаридани филм ба нақша гирифта шуда буд. Рўзномаи "Коммунист Таджикистана"  (аз 29 ноябри соли 1931) дар ин бобат навиштааст: "Зарурати ба навор гирифтани филмҳои баландғоя  тақозо менамояд, ки ба осори С. Айнӣ ва дигар  нависандагони баркамоли миллӣ муроҷиат  карда шавад". Назар ба тафсилоти рўзномаи мазкур, як даста сенарияҳо пешкаш гардиданд ва аз ҷумла нақшаи офариниши филм аз рўи романи "Дохунда" мураттаб шудааст, ки таълифи сенарияи онро С. Айнӣ ва А. Громов ба уҳда доштаанд". Баъдҳо Осип Брик соли 1935, А. Олшанский ва  Н. Достал 1936, И. Прут ва А. Олшанский  1938 аз рўйи роман  вариантҳои гуногуни сенарияро навиштанд. Вале ин кўшишҳо ҳамоно амалӣ нашуданд. Сенарияи "Дохунда" солҳои сол дар "портфел"-и сенарияҳои киностудия мехобид. Фақат сенарияи Осип Брик  дар таҳияи режиссёри маъруфи  советӣ Лев Владимирович Кулешов соли 1935 барои таҳия пешниҳод гардид, вале аз пеш монеаҳои зиёд пайдо шуданд.

Соли 1935 ба ҳукумати РСС Тоҷикистон ва киносозони тоҷик муждаи фараҳбахш расид. Бояд дар Осиёи Миёна, дар студияи "Тоҷиккино" аввалин филми ҳунарии овоздорро ба навор  гиранд. Азбаски масъала хеле муҳим буд, режиссёр Комил Ёрматов дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ пешниҳод кард, ки барои ин кори ҷиддӣ, ки дар Осиёи Миёна  таҷрибаи аввалин аст, бояд режиссёри таҷрибадор аз шаҳри Москва даъват карда шавад. Ў дар ин бора менависад: "Соли 1935 фаро расид. Мо қарор додем, ки дар "Тоҷиккино" аз рўйи романи машҳури классики адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ - "Дохунда" филм таҳия кунем…Мебоист  ки ин аввалин филми овоздори тоҷикӣ шавад.

Ман пешниҳод кардам, ки барои таҳияи филм режиссёр Лев Владимирович Кулешовро даъват кунем…

 

Лев Владимирович Кулешов (1899-1970) аввал ҳайати эҷодии киногурўҳро тасдиқ кард. Инҳо: сенарист Осип  Максимович Брик, режиссёри таҳиягар Лев Владимирович Кулешов, режиссёр С. Сквортсов, операторон К. Кузнетсов ва И. Барамиков буданд.

Дар нақшҳои  асосӣ Ёдгор - К. Ёрматов, Гулнор - Т. Рахманина, Азимшоҳ - С. Комаров, мўйсафед Алимардон - Р. Петров, Амир Олимхон - А. Столпер, Собир - С. Свашенко, рассом П. Галаджев тасдиқ ва ҳайат бо рассоми ҷавони тоҷик М. Хошмуҳаммадов мукаммал  гардид. Банаворгирии филм дар манзараҳои зебои шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тоҷикистон ва қисман дар павилони киностудияи "Межрабпомфилм" (ҳоло "Мосфилм") -и шаҳри Москва идома дошт. ҳангоми банаворгирии филм режиссёр ва сенарист борҳо барои машварату маслиҳат ба устод Айнӣ муроҷиат кардаанд. Ба режиссёр ва сенарист лозим омад, ки дар ин муддат таърих, осор, расму русум ва фарҳанги халқи тоҷикро бештар омўзанд. Лев Владимирович  аз ин хусус дар китоби хотираҳояш "50 сол бо кино" (Москва, "Искусство", соли 1975. саҳ.166-167) менависад: "Дар яке аз сафарҳоямон дар Тоҷикистон ва Ўзбекистон мо бо муаллифи "Дохунда" Садриддин Айнӣ шинос шудем. Сенарияи Осип  Брик ба нависанда хеле маъқул шуд. Мо ба Самарқанд, Бухоро, водии  Вахш, ҳисор, қўрғонтеппа ва ағбаи Шаҳристон рафтем. Заминҳои беканори пахтазор, бешазори туқай, қишлоқҳои кўҳӣ, умуман ҳама ҷоро  дидем. Дар бозиҳои миллии аспдавонӣ ва бузкашӣ иштирок карда, ҳатто чанд сурат  ҳам гирифтем.  Сурати аксбардоштаи ман "Савораҳо" дар рўзномаи "Правда" чоп шуда буд. Аз ҳад зиёд сурат гирифта, барои филм маводи фаровон ҷамъ кардем. Зиёд сафар кардем. Брик сенарияи олиҷаноб навишт. Баъдҳо ба Москва рафта, сенарияро дар коркарди режиссёрӣ мукаммалтар кардем.

Дар шаҳри Москва ба мо муяссар шуд, ки дар бораи Осиёи Миёна китобҳои ниҳоят нодирро ба даст орем ва бо завқи тамом ва шавқ мутолиа кунем. ҳатто лозим шуд, ки қуръонро бо диққат таҳқиқ карда, омўзем".

Рассоми филм Пётр Степанович Галаджев (1900-1971), ки баъдҳо ба дараҷаи Рассоми хизматнишондодаи РСФСР (1965) ва Лауреати мукофоти давлатии СССР (1971) расид, ҳамроҳи шогирдаш рассоми ҷавони тоҷик Маҷид Хошмуҳаммедов  эскизҳо, декоратсияҳо ва костюмҳои аҷоиб ва шинами ба давру замон мувофиқ офариданд.

Бештарин  лаҳзаҳои  филмро дар натура - дар табиати зебои Тоҷикистон ва қисмеро дар саҳни ҳавлӣ ва павилонҳои киностудияи "Межрабпомфилм"-и Москва ба навор гирифтанд.

Аввалин филми ҳунарии  "Дохунда"-ро бо усули синхронӣ, яъне ҳам овоз ва ҳам сурату тасвири баробар ба лентаи кино мебардоштанд. Филм дар ҳолати ба охир расидан қарор дошт. Танҳо қисмати охирин - "Ишғоли аморати Бухоро аз тарафи аскарони сурх" монда буд.

Ба наворгирии филм ба охир расид, аммо банду басти (мантажи) он давом дошт. Зеро лаҳзаҳои асосии филмро дар якчанд дубл ба лентаи кино сабт карда буданд. Мебоист аз ин дублҳо, ки баъзеҳояш то даҳ ададро дар бар мегирифт, беҳтаринашро интихоб намуд ва баъди монтажи филм ҳуқуқ доштанд, ки онро  ба тамошобин нишон диҳанд. Афсўс, ки он солҳо масъулини ҷумҳурӣ на ҳама аз нозукиҳои санъати кино, бахусус монтаж, огаҳӣ доштанд.

Режиссёр Лев Кулешов дар ёддоштҳояш менависад:

"Баъди ба охир расонидани наворгирии филм дар Москва мо материали сабтшударо ба Сталинобод овардем ва ин ҷо ҳодисаи ногаҳонӣ  рух дод.

Мо мақсад доштем, ки аз рўи нақша монтажи филмро дар Сталинобод, ки барои киногурўҳ мувофиқ буд, ба анҷом расонем.   

Айёме, ки ҳайати киногурўҳ ба Сталинобод баргашт, маҷлиси ботантанае идома дошт ва бе иҷозати мо филми нотайёрро ба иштирокчиёни  маҷлис нишон доданд. Яқин, ки шахсони аз санъати кино дур чизеро сарфаҳм нарафта, маводи дидаашонро баҳо дода натавонистанд. Азбаски актёрон бо забони русӣ гап мезаданд, мазмуни он на ба ҳама фаҳмо буд…

Кормандони киногурўҳ худро гум карда, ба тарсу ҳарос афтоданд ва ба Москва, ба раиси Комитети кино Б. Шумятский шикоят карданд. Раис супориш дод: "Таҳияи минбаъдаи филмро манъ карда, наворҳои мавҷуда ба раф (полка) гузошта шаванд".

Бо ҳамин, дар натиҷаи нофаҳмӣ, хўрдагириву эродҳои беасос ва туҳматҳои ғайричашмдошт аввалин филми ҳунарии овоздори тоҷик "Дохунда" ба гўшаи фаромўшӣ гузошта шуд. Вале ин шикасти аввал набуд.

Вақте ки банаворгирии қисмати зиёди саҳнаҳо, махсусан манзараҳои табиат ва хонаву кўшкҳои он айём дар Тоҷикистон (натура) ба охир расид, ҳайати киногурўҳ  ба шаҳри Москва  баргаштанд. Дар павилонҳои кинофабрикаи "Межрабпомфилм" декоратсияҳо сохта, лаҳзаҳои алоҳидаи филмро  ба навор гирифтанд. Материалҳои сабтшуда ҳанўз ба як тартиб  дароварда нашуда буданд, ки як шахси масъулро фиристониданд. Ў мебоист материалҳои ба наворгирифтаро тамошо  кунад, вале онҳо ҳанўз ба як тартиб набуданд. Эҷодкорони  ҷавони филм хостанд, ки дублҳои беҳтаринро  ҷудо  кунанд, аммо…

ӣ тавр мо онро нишон диҳем? Охир мо то ҳаштод дублӣ сабт дорем. Биёед, дублҳои беҳтаринашро ҷудо кунем.

Лекин Кулешов гуфт:

- Лозим нест. Бигузор бовар ҳосил кунанд, ки мо пули давлатро  беҳуда сарф накардаем. ҳар як лаҳзаро ҷустуҷў ва ба навор гирифта, беҳтаринашро интихоб мекунем, то ки яке аз дигараш хубтар  бошад.

Рафиқи ваъдагӣ - ревизор омад ва дар зали хурди намоиш Кулешов  ба вай филме, ки банду баст нашуда, аз дублҳои зиёд, порчаҳои нуқсондор  ва вариантҳои  гуногун иборат буд, нишон дод, ревизор  ба ғазаб омада:

- Ин чӣ бемаънигӣ? Деҳқонони ба шўр омада бойро ҳашт маротиба  ба ҳавз мепартоянду ҳеҷ не ки вай ғарқ шавад! Ба сўяш  санг мепартоянд, боз ҳашт маротиба, ман қасдан ҳисоб кардам.

Кадом як духтар тарзе мерақсад, ки гоҳ дастонаш, гоҳ пойҳояш ва гаҳе сараш метобад. Ин ҳама лаҳзаҳо низ даҳ маротиба.

Ин таҳқири мухлисон аст!

Мо дар ҳайрат мондем.

- Охир, ин ҳама дублҳо  ҳастанд, - аз онҳо беҳтаринашро  ҷудо карда, покиза мекунем, - мулоимакак фаҳмонданӣ шудем.  

Ман ҷасорат пайдо карда гуфтам:

- Бубахшед, марҳамат карда гўед, шумо филми  "Чапаев"-ро дидаед? Дар хотир доред, чи тавр  Анкаи пулемётчӣ ба тарафи каппелёвчиён тир мепарронд? Дар экран гоҳ рўяш, гоҳ ҳаракати лентаи тирҳои  пулемёт, гоҳ мили пулемёт ва гоҳе фишори оташу қадамзании гвардиячиёни сафедро нишон медиҳанд. Инҳоро  порчаҳои монтаж меноманд.

- Сарамро гаранг накунед, - гапамро бурид он рафиқ.

Дар Сталинобод низ киногурўҳи "Дохунда"-ро рўзҳои хуш интизор набуданд.

Филми нотамоми "Дохунда" то солҳои баъдиҷангӣ дар бойгонии киностудияи "Тоҷикфилм" маҳфуз буд. Баъдҳо  бо сабабҳои номаълум,  ягона нусхаи "Дохунда"-и Лев Кулешовро "гум" карданд ва касе аз тақдири минбаъдаи он хабар надорад. Тақдири талхи филм  ба мо низ равшан нест.

Мутаассифона, ин филм ба феҳристи (филмографияи) филмҳои ҳунарии "Энциклопедия кино Таджикистана" (Душанбе, ЭР-  граф", 2012, 394 саҳ.) дохил нашудааст.

Киношиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров менависад:

"…  Он чизе, ки ба аввалин филми  ҳунарии овоздор дар Осиёи Миёна "Дохунда" алоқаманд аст, ҳеҷ гоҳ  фаромўш намешавад".

Пас аз шикасти ногаҳонӣ Лев Кулешов хост, ки материалҳои филми нотамомашро монтаж карда, ба охир расонад, аммо дар гирди киногурўҳ гапу калочаҳои зиёд пайдо шуданд, ки дар он айём хеле хатарнок буд ва метавонист бо фоҷеа анҷом  ёбад. ҳайати эҷодии киногурўҳро ба сарфи зиёди маблағ муттаҳам карданӣ шуданд.

"Моро ташкилотчигӣ,  дақиқкории директори киногурўҳ Г. Д. Харламов наҷот дод. Ў ҳар қадам,  ҳар кор  ва амалиёти киногурўҳро дар китоби ҳисоботаш қайд мекард. ҳатто  ҳуҷҷатгузории  расмӣ ва молиявии мо ба тартибу қоида ҷавобгў буд. Аз  ин сабаб, ба киногурўҳи "Дохунда" эрод гирифта натавонистанд", - менависад режиссёр Лев Кулешов.

Нотавонбинон ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки аввалин филми ҳунарии овоздори Осиёи Миёна маҳз дар Тоҷикистон истеҳсол шавад. Илова бар ин, ин иқдоми наҷибро яке аз поягузорони кинои советӣ Лев Владимирович Кулешов дар кишвари мо ба анҷом бирасонад.

Бозиҳои махуф ононро оқибат ба мақсади нопокашон расонид.  Онҳо дар оғози ин корҳо филми нотамомро ба роҳбарон ва иштирокчиёни маҷлис нишон дода, бо ин роҳ инкишофи кинои тоҷик ва таҳияи минбаъдаи филми ҳунарии "Дохунда"-ро боздоштанд. Ниҳоят, тафтишотро аз болои филм оғоз карда, хостанд тариқи хароҷоти молиявӣ директор ва режиссёри филмро муттаҳам кунанд. Аммо ин варианти "кўрдилон" нагузашт.

Ин лаҳзаҳои ногувор ва пурдарду аламро Комил Ёрматов ба хотир оварда, хеле афсўс мехўрад.

"Пас аз чанд вақт ман бо афсўс ва андуҳи зиёд устодонамро ба Москва гусел кардам. Рўзе маро ба як идораи босалоҳият  даъват намуданду боисрор ва мақсаднок  пурсупос карданд, ки дар вокзал чи кор доштам.

 - Кулешовро гусел кардед?… Барои чӣ маҳз ҳамон рўз?...

Баъд фаҳмидам, ки дар он поезд ҳамроҳи Кулешов аз Сталинобод ба Москва яке аз масъулини онвақтаи  Тоҷикистон сафар карда буд", - навиштааст Комил Ёрматов дар китоби хотираҳояш.

Бо гузашти солҳо дигар касе ба тақдири талхи филм мароқ зоҳир накард. Бо вуҷуди "шикасти эҷодӣ" Лев Кулешов баъдҳо филми нотамоми "Дохунда"-ро банду баст карда, қисмҳои нодаркорро ихтисор ва ба як тартиби муайян медарорад  ва, ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо бо донишҷўён дар Институти давлатии умумииттифоқии кинематография - ВГИК чун асбоби аёнӣ истифода мекард.

 Бо гузашти солҳо касе таҳияи сенарияи "Дохунда"-ро ба хотир наовард. Танҳо баъди бист сол ба режиссёри ҷавон ва навкор Борис Кимёгаров муяссар  гардид, ки соли 1956 аз рўйи сенарияи Виктор Борисович Шкловский филми ҳунарии "Дохунда"-ро дар шаҳри Сталинобод ба навор гирад. Режиссёр лаҳзаҳои зиндагии устод Айниро ҳанўз дар қайди ҳаёт буданаш ба навор гирифта буд. Дар ин байн аз зиндагиномааш чаҳор филми ҳуҷҷатиро таҳия намуда, таҷрибаи хуб ва маводи зиёде ҷамъ кард.

Пеш аз оғози ин мақсади наҷиб ва нек дар Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон маҷлиси махсус гузаронида шуд. Дар маҷлис як масъала - киносенарияи Виктор Борисович Шкловский аз рўйи романи "Дохунда"-и устод Садриддин Айнӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар муҳокимаи сенария адибон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода ва таърихшиноси маъруф Зариф Раҷабов фаъолона иштирок карда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сенария фикру андешаҳояшонро баён карданд.

Филми ҳунарии "Дохунда" (муаллифи  сенария В.Б. Шкловский, режиссёр Б. Кимёгаров, оператор Ф. Силченко, рассомон П. Веременко ва Д. Илёбоев, оҳангсоз С. Баласанян) соли 1956 ба экранҳои кино баромада, аз тарафи аҳли зиё ва тамошобинон гарму ҷўшон истиқбол гирифта шуд.

Як сол пас ин филм санъати кинои моро дар Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва муаррифӣ намуд. Вале тақдири талхи "Дохунда"-и Лев Кулешов ҳанўз ҳам моро бетараф гузошта наметавонад.

Ҳамин тавр, тақдири талхи филми "Дохунда"-и Лев Кулешов фаромўш шуда, тақдири ширину гуворои "Дохунда"-и режиссёри фидокор ва миллатдўст Борис Кимёгаров зиёда  аз шаст сол боз  моро хурсанд ва рўҳбаланд  мекунад.

Тиллои НЕКқАДАМ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37