• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeФАЪОЛИЯТИ ИНТФАЪОЛИЯТИ ИНТ

ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОⱩИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

11 августи соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Ⱪосим ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки бо Ⱪарори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз 28 июни соли 2017, нависанда Мирзонасриддин, тарҷумон Амонбой Ҷуманов, адабитшинос Абдухолиқ Набавӣ бо Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва шоирон Озарахш, Давлати Раҳмониён ва Файзи Ашур бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2017 сарфароз гардонда шуданд.

Идомаи: ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОⱩИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи  сазовор гардондани асарҳо бА ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва ба номи  Мирзо Турсунзода

Раёсати ИНТ қарор мекунад:

Асарҳ ои зерин ба ҷоизаҳ ои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва  ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2017 сазовор дониста шаванд:

Идомаи: ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

ЭҲЁИ АНЪАНАИ ДЕРИНИ СОЗМОН

28 июни соли 2017 ҷаласаи Раёсати ИН Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар оғоз аз ширкати фаъолонаи адибони кишвар дар кулли чорабиниҳ ои пуршукӯҳ  ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳ дати миллӣ ёдовар шуда, кори  онҳ оро самарабахш хонд.

Идомаи: ЭҲЁИ АНЪАНАИ ДЕРИНИ СОЗМОН

ҚАРОРИ Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 28 июни соли 2017

  1. Маърӯзаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим "Нақши адабиёти бадеӣ дар таҳ кими Ваҳ дати миллӣ" ба инобат гирифта шавад.

    Идомаи: ҚАРОРИ Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 28 июни соли 2017

Аз Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба иттиллои аъзои арҷманди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва хонандагони хушзавқи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" мерасонад, ки мақолаи "Достони ҷавонмардӣ" (№ 48, 1 декабри соли 2016) фикри шахсии муаллифи он буда, принсипу мавқеъ ва назари ҳирфаии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро оид ба асари бадеӣ ва танқиди адабӣ ифода намекунад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар роҳи иҷрои супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳбуди сатҳу савияи асарҳои адабиёт (дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 апрели соли 2016) пойдору устувор аст ва ин дастури созанда минбаъд низ асоси фаъолияти он хоҳад буд.

ҚАРОРИ Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 28 июни соли 2017

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба иттиллои аъзои арҷманди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва хонандагони хушзавқи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" мерасонад, ки мақолаи "Достони ҷавонмардӣ" (№ 48, 1 декабри соли 2016) фикри шахсии муаллифи он буда, принсипу мавқеъ ва назари ҳирфаии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро оид ба асари бадеӣ ва танқиди адабӣ ифода намекунад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар роҳи иҷрои супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳбуди сатҳу савияи асарҳои адабиёт (дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 апрели соли 2016) пойдору устувор аст ва ин дастури созанда минбаъд низ асоси фаъолияти он хоҳад буд.

БО ҲУНАР АЗ ДИЛУ ҶОН ДАР ХИДМАТИ ҲАМДИЛОН

Фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақому манзалаташ дар рушди маънавии кишвар, худшиносиву худогоҳии мардум ва муаррифии диёрамон ба аҳли мутамаддини дунё пайваста дар паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикру таъкид ва арҷгузорӣ мешавад. Баргузории чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар мамлакат ва берун аз он далели равшани амалишавии ин сиёсати фарҳангсолорист.

Идомаи: БО ҲУНАР АЗ ДИЛУ ҶОН ДАР ХИДМАТИ ҲАМДИЛОН

АБДУЛҒАФУРИ ОРЗУ: "ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ ФАРҲАНГИИ МОСТ"

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу мулоқот баргузор шуд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин дигар кормандони сафоратхонаи Афғонистон ширкат доштанд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оғоз изҳор намуд, ки ҳадаф аз ин вохӯрӣ дар бораи хидматҳои сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулғафури Орзу, ки чанде пас муҳлати хидматаш дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад, суҳбате оростан мебошад.

Идомаи: АБДУЛҒАФУРИ ОРЗУ: "ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ ФАРҲАНГИИ МОСТ"

ПАЙҒОМИ НАКӮ

Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Остона - пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки он ҷо Ҷаласаи ХХХ1 Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии давлатҳои узви ИДМ доир гардида буд, хабари хуш расид.

Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии давлатҳои узви ИДМ директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Шарифзода Манучеҳр Муртазоро барои саҳми арзандааш дар ташаккули фазои умумии театрӣ; нависандаи шинохта Маҷид Салимро барои фаъолияти тарҷумонӣ дар доираи ИДМ; Ҷаҳонгир Садиров, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро барои меҳнати бисёрсола ва фаъолонааш баҳри рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ дар байни кишварҳои ИДМ бо Ифтихорнома ва нишони сарисинагӣ қадр кардааст.

Идомаи: ПАЙҒОМИ НАКӮ

АЗ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОНИ МАМЛАКАТ

Чуноне ки қаблан хабар дода будем, аз 3 то 6-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд Машварати омӯзишии адибони ҷавони мамлакат бо ташаббуси ИНТ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд баргузор гардид, ки барои иштирок дар он ҷавонони эҷодкор аз манотиқи кишвар, аз ҷумла Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат намуда буданд.

Идомаи: АЗ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОНИ МАМЛАКАТ

АДИБОНИ ҶАВОН БОЯД АЗ ХУДНАМОӢ ПАРҲЕЗ КУНАНД

Роҳи ҳамвору нақбҳои чароғони синаи кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи ватани азизамон Тоҷикистон, ки пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои онро ба вилояти Суғд мепайвандад, барои иштирокчиёни ин машварат, ки бисёрии онҳо бори аввал ба ин вилоят сафар намудаанд, ҷолибу хотирмон буд. Раҳ ба раҳ аксбардорӣ мекарданду суруд мехонданд ва аз истиқлолу ободкориҳои ватани худ шукргузорӣ менамуданд. Машварати адибони ҷавон ҳам самараи истиқлол аст. -Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангу адабиётамон назаррас аст,- мегуфтанд байни худ онҳо ва аз ҳампову ҳамболи истиқлол будани худ ифтихор мекарданд.

Идомаи: АДИБОНИ ҶАВОН БОЯД АЗ ХУДНАМОӢ ПАРҲЕЗ КУНАНД

НАСИМИ ТОЗАИ АДАБИЁТ

Машварати адибони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи сеюми октябр дар вилояти Суғд оғоз шуда буд, 4-5 октябр кори худро идома бахшид. Ёдовар мешавем, ки осори адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар шаш бахш, аз ҷумла назм, наср, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона, публитсистика, адабиёти ӯзбек мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Идомаи: НАСИМИ ТОЗАИ АДАБИЁТ

МУРОҶИАТНОМАИ ИШТИРОКЧИЁНИ МАШВАРАТИ АДИБОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОРИ МАМЛАКАТ

Мо, иштирокдорони Машварати адибони ҷавони Тоҷикистон, ки аз 3 то 6 октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ба падидаи фараҳбахши адабиёти муосири тоҷик табдил ёфт, аз он ифтихорманд ҳастем, ки бори аввал дар даврони Истиқлолият аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ин ҷо ҷамъ омадем. Беш аз сад наврустаи бӯстони адаб аз минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, Бадахшону Рашту Ҳисори шодмон ва вилояти Суғд дар ин шаҳри бостонӣ ва адабпарвар ҷамъ омада, бо устодони адабиёти муосир рӯ ба рӯ асарҳоямонро муҳокима кардем, то дар қаламрави сухан бо фикру андешаи бикр, тахайюл ва тасвирҳои зебо пайроҳаи худро дарёбем.

Идомаи: МУРОҶИАТНОМАИ ИШТИРОКЧИЁНИ МАШВАРАТИ АДИБОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОРИ МАМЛАКАТ

МАШВАРАТИ АДИБОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН

Аз сеюм то панҷуми октябри соли равон дар вилояти Суғд Машварати адибони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Осори адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар Китобхонаи вилояти ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар шаш бахш, аз ҷумла назм, наср, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона, публитсистика, адабиёти ӯзбак мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар анҷоми Машварат иштирокдорони он ба ҷавонони эҷодкори кишвар Муроҷиатнома қабул карданд.

ЧОПИ ОСОРИ АДИБОНИ ТОҶИК ДАР БЕЛАРУС

Дар шумораи нави маҷаллаи "Нёман"-и Ҷумҳурии Беларус намунаҳои осори адибони имрӯзи тоҷик зери рубрикаи "Сябрына": Беларусь-Таджикистан" пешкаши хонандагони ин кишвар шуд. Силсилаи мазкур бо пешгуфтори Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим "Нуқтаи пайванд" ("Точки соприкоснавения"), ки дар он сухан роҷеъ ба робитаҳои таърихӣ ва адабии Тоҷикистону Беларус меравад, оғоз мешавад.
Намунаҳои ашъори Муъмин Қаноат, Гулназар, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, қиссаву ҳикояҳои Урун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Ато Ҳамдам, Мансур Суруш, Равшани Махсумзод, Ҷумъа Қуддус дар ин шумораи маҷалла интишор ёфтаанд.

АДИБОНИ ҶАВОН ДАР СОҲИЛИ САЙҲУН

ДАР ХУҶАНД  МАШВАРАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ АДИБОНИ ҶАВОН ОҒОЗ ГАРДИД

04

Машварати омӯзишии ҷумҳуриявии адибони ҷавон субҳи сеюми октябри соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд шурӯъ гардид. Дар рафти маросими кушодашавии машварат муовини раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ва адибони шинохта Гулназар, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим, Фарзона, Атахон Сайфуллоев, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ато Мирхоҷа, Парда Ҳабиб, Акбари Абдулло ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд.

Идомаи: АДИБОНИ ҶАВОН ДАР СОҲИЛИ САЙҲУН

АЗ ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2016 ба сабаби ҷавобгӯ набудани осорашон ба сатҳи адиби касбӣ шахсони зерин аз узвияти ИНТ хориҷ шуданд:

Идомаи: АЗ ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

КАМ БОШАДУ ХУБ БОШАД

15-уми сентябр маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим нахуст аъзои раёсатро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфт ва бо барномаи маҷлис шинос кард.
Тавре ки хабар дода будем, озмуни шеър ва ҳикояи беҳтарин бахшида ба 25-солагии Истиқлолият дар арафаи ин ҷашни бузург ҷамъбаст шуда буд. Аз ҷониби Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар маҷлис ба ғолибони ин озмун ҷоиза супорида шуд. Дар баробари ғолибон аъзои ҳакамон низ ҳавасманд карда шуданд.
Сипас аз рӯи барнома масъалаи тасдиқи директори Хазинаи адабиёт ба миён гузошта шуд. Раиси Иттифоқи нависандагон зикр кард, ки ташкилоти мазкур солҳои охир тақрибан аз фаъолият бозмондааст ва дигаргунӣ мехоҳад. Бинобар ин, ба вазифаи иҷрокунандаи директори Хазинаи адабиёт шоир Акбар Абдулло пешбарӣ шуд ва аъзои Раёсат якдилона пешниҳодро ҷонибдорӣ намуданд.

Идомаи: КАМ БОШАДУ ХУБ БОШАД

АЁДАТИ АДИБОНИ КУҲАНСОЛ

Бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъулони Хазинаи адабиёти ИНТ дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати адибони куҳансол рафтанд ва ба онҳо ёрии пулӣ расониданд.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагон солҳои охир суст шуда буд ва инак ин сохтор дубора кори худро вусъат бахшидааст.

ТАҲЛИЛИ НАСРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон насри даврони Истиқлолият аз ҷониби нависандагон ва адабиётшиносону мунаққидон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Юнус Юсуфӣ дар оғоз иброз дошт, ки дар насри замони истиқлол воқеан бо шарофати ваҳдату осудагӣ дигаргунию пешравиҳо дида мешаванд. Номбурда бар хилофи андешаҳое, ки гӯё жанри ҳикоя рӯ ба таназзул овардааст, зикр кард, ки дар ин давра нависандагони баркамол ва ҷавони тоҷик бисёр ҳикояҳои хуб навиштанд. -Дар дигар жанрҳо низ навгониҳо ба чашм мерасанд,-афзуд Юнус Юсуфӣ.

Идомаи: ТАҲЛИЛИ НАСРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АЗ МИҚДОР БА СИФАТ

Имрӯзҳо кори Комиссияи таҳлилу омӯзиши сатҳи касбӣ ва маҳсули эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бамаром ҷараён дорад ва силсилаи тақризҳо ба эҷодиёти аъзои нави Иттифоқ дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" нашр шуда истодаанд. Мо назари чанде аз адибони шинохтаро дар бораи ин тадбир пурсон шудем.

Идомаи: АЗ МИҚДОР БА СИФАТ

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37