• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкилоти эҷодӣ, ки адибони Тоҷикистонро муттаҳид месозад. То соли 1992 ҷузъи Иттифоқи нависандагони ИҶШС, баъд аз он аъзои дастаҷамъонаи Иттиҳодияи байналхалқии иттифоқҳои нависандагон мебошад. Моҳи майи соли 1934 чун қисми таркибии Иттифоқи нависандагони ИҶШС ташкил ёфтааст. То таъсиси он адибони тоҷик лар ҳайати «Ҷамъияти шоирон» (1922), «Ҷамъияти муҳаррирон» (1925), «Қалами сурх» (1930), «Сексияи нависандаагони шӯроии тоҷик» (1930), «Ассосиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон» (1931) амал мекардаанд ва ҳар кадоме аз ин гурӯҳу ҷамъияту иттиҳодияҳо мақсаду маром ва уҳдадорию вазифаҳои мушаххаси худро доштанд, вале муттаҳидию якмаромии нависандагонро таъмин карда наметавонистанд. 10 июни соли 1932 КМ ҲК(б) Тоҷикистон барои амалӣ сохтани қарори КМ ҲК(б) ИҶШС «Дар бораи бозсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» тадбирҳо таҳия намуд. Бо ин мақсад дар назди КМ ҲК(б) Тоҷикистон комиссияи махсусе бо сарварии С. Носиров (комиссари ҳамонвақтаи маориф) созмон ёфт, ки ба ҳайати он адибон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, С. Улуғзода, Қ. Дайламӣ, М. Ҳасанӣ, М. Рустамов, Б. Азизӣ, М. Бурҳонов, Юртаев дохил мешуданд. Комиссия барои даъват ва баргузории Анҷумани нависандагони Тоҷикистон гурӯҳи ташаббускор таъсис дод. Дар Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон, ки 1018 майи с. 1934 дар ш. Душанбе баргузор гардид, ташкили ИНТ эълон карда шуд. Раиси ИНТ А. Лоҳутӣ интихоб гардид. Аз рӯзҳои нахустини таъсисаш ИНТ дар атрофи худ нависандагони маъруфи калонсол, ҳамчунин адибони ҷавонро ҷамъ оварда буд ва фаъолияти эҷодии онҳоро ба тасвири меҳнати бунёдкоронаи халқ равона месохт. Адабиёти тоҷик дар солҳои 30-юми асри 20 бо осори устодони каломи бадеъ С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ ғанӣ гашт; дар ин солҳо шоирону нависандагон М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, А. Деҳотӣ, Ҳ. Юсуфӣ, Р. Ҷалил, Алӣ Хуш, Ҳ. Карим, Ғ. Абдулло, Н. Шанбезода ва дигарон ба майдони адабиёт ворид гардиданд. ИНТ баррасӣ ва нашри асарҳои адибонро ташкил мекард, ҷашнвораю шабҳои эҷодӣ баргузор менамуд. Бо ташаббуси ИНТ барои ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани осори классикони ҷаҳон кӯшишҳо ба харҷ дода шуд. Ин анъана то ҳол давом дорад. Бисёре аз асарҳои классикони ҷаҳон тарҷума гардид, ки ин ба рушди бадеияти адабиёти тоҷик, ошноии мардум бо осори барҷастаи адабиёти ҷаҳон мусоидат кард. Ба тарҷума қариб ҳамаи адибони Тоҷикистон машғул шудаанд, вале дар байни онҳо саҳми тарҷумонҳои касбӣ ва баъзе нависандагон – Раҳим Ҳошим, С. Улуғзода, Ҳ. Аҳрорӣ, Э. Муллоқандов, Ш. Шараф, Ш. Собир, Анора, А. Адҳам, Ҷ. Азизқулов (Ҷумъабой), Ҳ. Раҳмат, А. Насимов, Абдулло Зокир, А. Абдуҷаббор, Азимқул Насимов ва дигарон хеле назаррас аст, ки баъзе аз онҳо имрӯз ҳам дар ин ҷода фаъолият менамоянд. Дар ин солҳо робитаҳои байналмилалии адабиёти тоҷик ба роҳ монда шуд ва самараҳои пурарзиш дод. Навъҳои тозаи адабӣ ба адабиёт роҳ ёфтанд, драматургияи миллӣ ташаккул ёфт. Дар романи «Ғуломон» ва «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ, шеъру достонҳои А. Лоҳутӣ, Пайрав ва дигар муҳимтарин хусусиятҳои назму наср инъикос ёфтаанд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 45) нависандагони Тоҷикистон бо асарҳои худ мардумро ба муборизаи зидди истилогарони фашистӣ, ба меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ даъват менамуданд. Дар ин солҳо С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Б. Раҳимзода ва дигарон осори барҷаста офариданд. Бисёре аз нависандагон ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд. Адибон Ҳ. Карим, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, Л. Бузургзода, Ҳ. Бақозода дар майдони набард ҳалок шуданд. Адибони тоҷик дар солҳои ҷанг ва солҳои баъдӣ низ ба мавзӯи ҷанг рӯ оварданд. (шеъру публитсистикаи С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Р. Ҷалил, С. Улуғзода, А. Қаҳҳорӣ, романҳои Ф. Ниёзӣ «Вафо», «Сарбозони бесилоҳ», М. Қаноат («Сурӯши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр») ва ғайраҳо). Солҳои баъди ҷанг яке аз паҳлуҳои асосии фаъолияти ИНТ кӯшиши таҳкими дӯстию бародарӣ, дастгирии халқҳои истисморшавандаи Осиё ва Африқо дар муборизаи онҳо барои озодӣ ва истиқлол ба шумор мерафт. Офаридаҳои М. Турсунзода – силсилаи шеърҳои ҳиндустонӣ ва достонҳои «Аз Ганг то Кремл», «Ҷони ширин», манзумаи «Садои Осиё» дар тамоми олам машҳур гаштанд. Дар осори насрии он давр повести «Марги судхӯр» (таҳрири нав), «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, «Одамони ҷовид»-и Р. Ҷалил, «Вафо»-и Ф. Ниёзӣ ва ғайра намунаи беҳтарин дониста шудаанд.

Дар охири солҳои 40-ум сафи ИНТ-ро шоирону нависандагони ҷавон П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, А. Шукӯҳӣ, А. Баҳорӣ, М. Фарҳат, Ғ. Мирзо, Ф. Ансорӣ ва дигарон ба мавзӯъҳою навъҳои адабии дӯстдоштаи худ пурра намуданд.

Аз нимаи солҳои 50-ум то ба ҳол  фаъолияти ИНТ бо ҳаёти ҷомеа пайваста аст; он ба нависандагони калонсол ва ҷавон роҳбарӣ намуда, иқтидори эҷодии онҳоро ба инъикоси воқеоти муҳимми зиндагии одамон, таҳаввулоти ҷомеа равона мекунад. Адибон ба мавзӯъҳои таърихӣ, ба тасвири кору зиндагии муосирон дар навъҳои гуногуни адабӣ рӯ меоваранд. Асарҳои нисбатан муҳимми ин давра осори С. Улуғзода дар бораи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, романҳои таърихии ӯ – «Восеъ», «Фирдавсӣ», «Ривояти суғдӣ»,; асари Ҷ. Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», асарҳои Р. Ҳодизода дар бораи Аҳмади Дониш («Ситорае дар тирашаб»), драмаҳои М. Бахтӣ «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», С. Айюбӣ «Фоҷеаи халқ», «Меъроҷи Шоҳин», «Сомонхудот», достонҳои Мӯъмин Қаноат, осори Лоиқ, Ҳабибулло Файзулло, Гулназар, Гулрухсор, Саттор Турсун, Ш. Ёдгорӣ,  Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Ғ. Сафарзода, Саидалӣ Маъмур, Нурмуҳаммд Ниёзӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Абдулҳамиди Самад, Ҷонибеки Акобир, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Сайф Раҳимзлди Афардӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Ширин Бунёд, Султон Шоҳзода, Ҳайрат Шанбезода, Зулфия Атоӣ, Низом Қосим, Фарзона, А. Раҳматзод ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Кашфи олами ботинии қаҳрамонҳо, рӯҳияи онҳо ва дигар ҷараёнҳои услубӣ ба асарҳои насрии П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ю. Акобиров, Ӯ. Кӯҳзод, А. Самадов, Сорбон, Ҷ. Одинаев, М. Наҷмиддинов, М. Бахтӣ, К. Мирзоев, С. Турсун, Ҷ. Акобиров, Баҳманёр, Ш. Ҳаниф ва дигарон хос мебошад.

Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри 20  дар адабиёти тоҷик марҳалаи наве ба сӯйи мушаххасбаёнӣ ва даст кашидан аз умумигӯйии номатлуб оғоз гардида, фаъолиятмандии иҷтимоии нависандагон ва дахолати ҷасуронааи онҳо ба ҳаёти воқеии ҷомеа афзуда, ҷойи публитсистикаи хушкро насри андеша ва шеъри иҷтимоию фалсафӣ ишғол кард. Ба туфайли романи Ҷ. Икромӣ «Ман гунаҳкорам» таҳлили амиқи масъалаҳои муҳимми ахлоқиву маънавии ҳамзамонон оғоз ёфта, чунин тарзи таҳқиқи бадеӣ солҳои 60-уми асри 20 дар қиссаҳои П. Толис «Тобистон», Ҷ. Одинаев «Авроқи рангин» ва «Иншо дар мавзӯи озод» идома пайдо кардааст. Ф. Муҳаммадиев аввал дар қиссаҳои «Одамони кӯҳна» ва «Дар он дунё», баъдтар дар романи «Палатаи кунҷакӣ» тамоюли услубии мазкурро хеле вусъат бахшида,  пояҳои фалсафӣ ва иҷтимоию вуқӯъгӯиро дар насри бадеӣ пойдортару устувор гардониданд.

Масоили ахлоқи ҷомеа ва шахс, маънавиёти мардум, муносибати инсон ба муҳити зиндагӣ дар насри солҳои 70 – 80-уми асри 20  тоҷик бо роҳу василаҳои гуногуни тадқиқи бадеӣ зуҳур кард.  Ю. Акобиров, М. Хоҷаев

( Хоҷазод), С. Турсун, Ӯ. Кӯҳзод, М. Бахтӣ, Сорбон, Б. Фирӯз, А. Самад, А. Истад, М. Бобоҷон, М. Солеҳ, С. Р. Афардӣ, Баҳманёр ва дигарон қиссаву ҳикояҳое офариданд, ки меъёрҳои зебоишиносиро дар насри тоҷик амиқтару фарохтар ва муассиртар гардониданд.

Баъзе аз нависандагон  дар тасвири воқеаҳои муосир тақдири инсону халқро ба ҷойи аввал гузоштанд. Асарҳои М. Хоҷаев «Нангу номус», Саттор Турсун «Се рӯзи як баҳор», Меҳмон Бахтӣ «Хубон», қиссаҳои Ӯ. Кӯҳзод «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз», А. Самадов «Парончакҳо» ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Вусъатафзойии уфуқҳои ғояву зебоишиносии адабиёти тоҷик дар даврони шӯравӣ аз роҳу равишҳои инкишофи шеър ҳам ба хӯбӣ намоён мегардад.

Таҳқиқи бадеии мавзӯъҳои ҷангу сулҳ, тақдири башарият, бедории халқҳо ва муборизаи онҳо дар роҳи озодиву истиқлол, ҳамдилии мардуми шӯравӣ бо халқҳои озодихоҳ, ки дар шеъри тоҷикӣ аз даврони баъд аз ҷанг оғоз ёфта буд, дар солҳои 60 – 80-уми асри 20  вусъати бештаре пайдо карда.

Дар ин давра достон аз шаклу усулҳои тасвири романтикӣ ба самти устувор гардонидани пояҳои реалистӣ рӯй овард, ки чунин ҷараён аз «Ҳасани аробакаш»-и М. Турсунзода шурӯъ ёфта, дар «Асрор»-у «Тоҷи давлат»-и Ғ. Мирзо, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Дашти Лаванд»-и М. Миршакар хеле қувват гирифт.

Дар назми давра таълифи достони лирикӣ ва лирикии фалсафӣ, бе хатти ягонаи сужет, вале аз андешаҳо ва драматизми шадид саршор инкишофи бештаре пайдо карда, дар ин навъи адабӣ кӯшиши падид овардани хусусиёт ва моҳияти замонҳову шахсиятҳо, дарки иҷтимоиву фалсафии таърих, муносибати инсону ҷомеа мақоми хосса пайдо кард. Достонҳои М. Турсунзода «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин», – Ғ. Мирзо «Тоҷи давлат», «366 паҳлӯ», М. Қаноат «Достони оташ», «Тоҷикистон – исми ман»,  «Гаҳвораи Сино», А. Қаҳҳорӣ «Шаби пеш аз марг», Қ. Киром «Аввалин дидор», Гулрухсор «Мотами сафед» агарчи аз лиҳози мавзӯъ, усули корбасти сухан ва хусусиёти жанриву услубӣ аз якдигар тафовути ҷиддӣ доранд, аз нигоҳи драматизми тасвири инсон дар шароиту ҳолатҳои гуногун, гузоришу ҳалли масъалаҳои пуртазоди муносибати инсону ҷомеаву таърих умумиятҳо  дошта, дар пешбурди жанри достон ва, умуман, назми муосири тоҷик нақши намоёне гузоштанд. Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри 20  то имрӯз дар шеъри тоҷик тағйироти ҷиддии эстетикиву ғоявӣ рух намуда, сохтмони жанриву услубии шеър бо суръати тамом дигаргунӣ пазируфт.

Аз ҷумла, асосҳои таҳлилӣ ва мушахассоти тасвир дар ашъори Ғаффор Мирзо дар омезиш бо фалсафаи мардум ва ҷузъиёти аҷибе падид омаданд.

Ғаффор Мирзо ва Мӯъмин Қаноат тозагӯйиву навҷӯиҳоеро пеш гирифтанд, ки баъдтар дар эҷодиёти Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Ашӯр Сафар, Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ, Бозор Собир Гулназар, Гулрухсор, Ҳабибулло Файзулло, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғойиб, Алӣ Бобоҷон, Аскар Ҳаким, Султон Шоҳзода, Раҳмат Назрӣ, Ҳоҷӣ Мурод, Муҳаммад Ғойиб, Низом Қосим, Ширин Бунёд, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Салимшо Ҳалимшо, Муҳаммад Ғойиб, Зулфия Атоӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Фарзона, Сиёвуш, Ато Мирхоҷа, Озарахш, Раънои Мубориз, Салими Хатлонӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Алимуҳаммад Муродӣ ва дигарон самараҳои хуб оварданд. Дар эҷодиёти номбурдагон унсурҳои тасвиру таҳлили бадеии ҳам воқеъияти имрӯзу гузашта, ҳам ғалаёнҳои ботинии инсон қуввват гирифта, ҷанбаи ҳунарии шеър ба ҷойи аввал баромад.

Драматургияи касбӣ дар адабиёти тоҷик падидаи наве буда, пйесаҳои А. Усмонов «Мубориза», С. Саидмуродов «Раъно», Ғ. Абдулло «Вахш» С. Улуғзода «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх», Ҷ. Икромӣ «Душман», ки воқеъияти солҳои 30-юми асри 20­­ро бо рангомезиҳои романтикию реалистӣ тасвир кардаанд, барои пешрафти ин навъи адабӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳамзамон, адибони тоҷик маҳз дар осори драматургӣ ба таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни таърих, фолклор ва классикаи миллӣ фаъоолона рӯй оварда, қаҳрамонони шӯриши Восеъро ба саҳнаи театр кашиданд (А. Фитрат, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ). Дар заминаи достонҳои «Шоҳнома» осори драмавии А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштеййн «Рустаму Суҳроб» А. Лоҳутӣ «Коваи оҳангар», дар асоси достони «Хусраву Ширин»-и Низомӣ драмаи ҳамноми  Мирзо Турсунзода ба миён омаданд. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ драматургияи тоҷик воқеъияти майдони  ҷангу ақибгоҳро фаро гирифта (Ҷ. Икромӣ ва  А. Файко «Хонаи Надир», С. Улуғзода «Дар оташ»), дар айни замон, корбасти мавзӯъҳои таърихиро идома дод. Солҳои баъди ҷанг сермаҳсултарин давраи инкишофи драматургияи тоҷик ба ҳисоб мераванд.  Ҷустуҷӯҳои ҷиддии ахлоқиву маънавиро дар драматургияи тоҷик пйесаҳои Ф. Ансорӣ «Ҳаёт ва ишқ», «Имтиҳон», «Ҳукми модар», «Як либос атлас», «Модар нигарон аст», М. Миршакар «Фоҷиаи Усмонов» (таҳрири дувумаш – «Шаҳри ман), Ғ. Абдулло «Суруди кӯҳсор», Ҷ. Икромӣ «Хор дар гулистон», А. Сидқӣ «Иродаи зан», Гулрухсор «Ғори аҷинаҳо», Мавҷуда «Зистан мехоҳам» ва ғайра барҷастатар ифода карданд. Ҷанбаҳои ахлоқи иҷтимоӣ ва муаммои шахсу мавқеи ӯ дар ҷомеа дар пйесаҳои Меҳмон Бахтӣ «Захми забон», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ...», С. Сафар «Уқоб», Н. Табар «Дар чорсӯ» омехта бо ҳиссиёти изтиробомез ба тасвир омада, бисёре аз нуқсонҳои ҷамъият ва низоми фармонфармойиро фош намуданд. Инкишофу бозёфтҳои драмаи таърихӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ному фаъолияти устод Сотим Улуғзода вобаста мебошад, ки дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Шифокори бузург» образҳои пурғунҷоишу мушаххаси таърихӣ офарида, рӯҳи бунёдкори халқро таҷассум намудааст. Асари А. Атобоев «Робиаи Балхӣ» ҳам ба ҳамин силсилаи мансуб буда, анъанаи мазкур имрӯз дар навтарин пйесаҳои Меҳмон Бахтӣ «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», С. Айюбӣ «Меъроҷи Шоҳин» ва «Сомонхудот», Бароти Абдураҳмон «Искандар ва Спитамен», асарҳои Нур Табару Ато Ҳамдам ва дигарон падидору устувор гардид.

ИНТ дар офариниши асарҳо барои кӯдакон низ кори зиёдеро ба анҷом расонидааст. Пояҳои нахустини адабиётро барои кӯдакон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, М. Миршакар, А. Деҳотӣ гузошта буданд. Б. Азизӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, М. Фарҳат, А. Баҳорӣ, М. Миршакар, Ҳ. Карим. А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода, А. Шукуҳӣ, Гулчеҳра, Ғ. Мирзо, Ф. Ансорӣ, У. Раҷаб, Н. Розиқ, А. Шарифӣ, Б. Ҳоҷӣ, Р. Амонов, Мавҷуда, Гулназар, О. Аминзода, Б. Ортиқов, Н. Бақозода, А. Бобоҷон, А. Истад, Ҷ. Ҳошимӣ,  Л. Кенҷаева, Ю. Аҳмадзода, М. Субҳон ва дигарон барои кӯдакону наврасон асарҳои шоистаи даврон офариданд. Аз ин миён Гулчеҳра Сулаймонова, У. Раҷаб, А. Шарифӣ, Н. Бақозода, Ҷ. Ҳошимӣ ва дигар адибони касбӣ дар соҳаи асарофаринӣ барои кӯдакон ба ҳисоб мераванд.

Зери роҳбарии ИНТ танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ ташаккул ёфт ва минбаъд ба ду роҳ тараққӣ намуд: омӯзиши мероси гузашта ва таҳқиқи раванди муосири адабӣ. Дар ин самт С. Айнӣ, С. Улуғзода, А. Мирзоев, Ш. Ҳусейнзода, Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ (Шукуров), Р. Амонов, С. Табаров, Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, А. Раҳмонов, А. Сайфуллоев, Худоӣ Шарифов, А. Маниёзов, Х. Отахонова, Ҷ. Бобокалонова,  А. Набиев, Аскар Ҳаким, Ҷ. Бақозода, М. Муллоаҳмадов, Ю. Акбарзод, А. Абдуманонов, А. Кӯчаров, Ш. Раҳмонов, Матлубаи Мирзоюнус, Н. Файзуллоев ва дигарон ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Фаъолияти ИНТ ба ташаккул, ҳамбастагӣ, тарбия, дастгирии қувваҳои эҷодии ҷумҳурӣ равона шудааст. Мақсади асосии вай баланд бардоштани дараҷаи бадеӣ ва ғоявии осори адабӣ, тарбияи адибони ҷавон, ҳимояи ҳуқуқ ва беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо мебошад.

ИНТ анҷуманҳо (аз с. 1934 то с. 2014 сенздаҳ анҷумани ИНТ баргузор гардидааст), пленумҳо, маҷлисҳо, даҳа, ҳафта ва рӯзҳои адабӣ, семинарҳо, курс-конференсияҳои адибони ҷавон, ҷашнвораи адибон ва дигар чорабиниҳо мегузаронад. Нашрияҳои ИНТ – маҷаллаи «Садои Шарқ», маҷаллаи «Памир» (ба забони русӣ нашр мешавад), ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат». Дар назди ИНТ Хазинаи адабиёт (нахустин раисаш Алӣ Хуш) ва Идораи тарғиби адабиёт мавҷуданд; ҳамчунин шӯрои наср, назм, драматургия, очерк ва публитсистика, тарҷумаи бадеӣ ва робитаҳои адабӣ ва  шӯрои адабиёти бачагон фаъолият доранд. ИНТ ҳамчунин, эҷодкорони миллатҳои гуногун (ӯзбекзабонон ва русзабонон)­­ро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод мекунанд, сарҷамъу муттаҳид медорад.

Дар вилоятҳои ВМКБ, Суғд, ва Хатлон шуъбаҳои ИНТ фаъолият менамоянд. ИНТ 443 нафар аъзо дорад.

Сарварони ИНТ: Саид Носиров (1934), Абулқосим Лоҳутӣ (1935), Аҳмадбек Мавлонбеков (1935 – 1937), Нодир Шанбезода (1937 – 1938), Сотим Улуғзода (1944 – 1946), Мирзо Турсунзода (1946 – 1977), Мӯъмин Қаноат (1977 – 1991), Аскар Ҳаким (1991 – 2003), Меҳмон Бахтӣ (2003 – 2008-2015). Аз соли 2015  раиси ИНТ – Низом Қосим.

ИНТ дар шаклу сохтори имрӯза зодаву офаридашуда дар замони шӯравӣ мебошад. Иттиҳод, ба ҳам омадани шоирону нависандагон дар асрҳои миёна ба шакли хосси давру замон дар таърихи адаби форсӣ ва адабиёти кишварҳои дигари дунё ба назар мерасад. Аз мавҷудияти иттиҳоди адибон дар замонҳои қадим − ҳазораи пеш аз милод ва то охири ҳазораи аввали баъд аз милод иттилое дар манбаъҳои адабиву таърихӣ дода нашудааст. Дар асрҳои 8 – 9 адибони арабизабони эронӣ дар дарбори халифаҳо зиндагӣ ва эҷод мекарданд. Дар дарбори Сомониён шоирону насрнависони бисёре ҷамъ омада буданд. Сарвари онҳо Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд. Сарвари шоиронро маликушшуаро мегуфтанд. Расман унвони маликушшуаро дар замони Салҷуқиён пайдо шуд ва Амир Муиззӣ унвони маликушшуароро гирифта буд. Дар дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ 400 нафар шоирон ҷамъ омада буданд. Онҳо бо раҳбарии  маликушшуаро Унсурӣ ба кору эҷод машғул буданд. Дар давраҳои баъдина низ шоирону адибон дар дарбори ҳукмронон ба ҳам омада ба кори эҷод шуғл меварзиданд. Дар асри 15 сарварии шоирону насрнависонро Абдурраҳмони Ҷомӣ   ва Алишери Навоӣ ба ӯҳда доштанд. Шоирону насрнависон берун аз дарбор низ ба ҳам муттаҳид мешуданд. Масалан, Сайидои Насафӣ сарвари шоирону эҷодкорони аҳли касбу ҳунар буд. Дар асри 16 ва давраҳои баъдина шоирону насрнависони бисёре дар дарбори ҳукмронони Ҳиндустон (махсусан, дар дарбори Акбар) ҷамъ омада эҷод мекарданд. Дар асри 19 – ибтидои асри 20 эҷодкорон дар доираҳову маҳфилҳои адабии мадрасаҳои Бухоро ва Самарқанд, Хуҷанду Истаравшану Хуқанд, дарвозу Қаротегину Бадахшон ва дигар мавзеъҳо ба кори эҷод машғул буданд. Пас аз барқарор шудани сохти шӯравӣ, пайдо шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои муттаҳид намудани адибон иқдом пеш гирифта шуд ва ИНТ ба миён омад.

Таърихи муфассали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро метавонед  аз китоби адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ мутолиа кунед. Китобро  скачать кунед!

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved