• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ДУСАД МАРДИ ҶАНГӢ БЕҲ АЗ САД ҲАЗОР

Буд набуд... 50 сол пеш дар шаҳри Душанбе мире буд. Боре  раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон барои ҷудо намудани манзил ба назди ин мири шаҳр, ки он вақт шаҳрдорӣ дар таҳти назорати ҳизб буд, меояд. Ба Мири шаҳр Мамадназар Худоназаров  (Рӯҳаш шод бод) котиба хабар медиҳад, ки аз Союзи композиторон раисаш омадаст. Раиси шаҳр бо дағалӣ гуфт:

Идомаи: ДУСАД МАРДИ ҶАНГӢ БЕҲ АЗ САД ҲАЗОР

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.

Идомаи: МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

ДОНИШ ВА ИЛМ-ДУ НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

 

Робитаҳои илмиву маърифатӣ ба инкишофи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидати ҳамаҷониба менамоянд. Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар вохурӣ бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, баён дошта, илова намуданд, ки "Дониш ва илм дар садаи бисту як мазмуну мундариҷаи хос пайдо намуда, ба неруи пешбарандаи ҳар як ҷомеа табдил ёфтаанд. Бе ин ду наметавон ояндаро сохт".

Идомаи: ДОНИШ ВА ИЛМ-ДУ НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ШУКУФАҲОИ ЗИМИСТОНӣ

Жола БАДЕЪ

Хонандаи тоҷик бо ном ва осори Жола Бадеъ ва ё Жолаи Исфаҳонӣ ба хубӣ ошно мебошад. Ин шоири муҳоҷири эронӣ, мисли устод Лоҳутӣ пас аз муҳоҷират аз меҳани аслиаш Эрон, Тоҷикистонро ба унвони меҳани дуввуми худ ихтиёр намуда ва дӯст дошта буд. Жола Бадеъ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, бо адибон ва …нашрияҳои Тоҷикистон ошноӣ ва ҳамкории доимӣ дошт ва тақрибан тамоми осораш дар Тоҷикистон мунташир гардидааст. Шеъри Жола шеъри содаву равшан ва саршор аз рӯҳиёти шодзистӣ ва умедворӣ ба ояндаи фарруху фархунда мебошад.

Идомаи: ШУКУФАҲОИ ЗИМИСТОНӣ

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН


Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон 10-18 майи соли 1934 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар анҷуман таъсиси ИНТ эълон ва Абулқосим Лоҳутӣ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид.

Идомаи: ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved