• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "ҲУСНИ ПОЙТАХТ ҲУСНИ КИШВАРРО МЕАФЗОЯД»

 

 

Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои  сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил карда мешавад.

Ин матлаб  6 ноябри соли 2017 зимни  суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боғ таъкид гардид. Вобаста ба ин Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки минбаъд сайёҳон дар қатори дигар мавзеъҳои таърихӣ аз ин боғ низ дидан намоянд.

Ҳамзамон Пешвои миллат изҳор намуданд, ки Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ бояд ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфта, дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.

Идомаи: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "ҲУСНИ ПОЙТАХТ ҲУСНИ КИШВАРРО МЕАФЗОЯД»

ФОТЕҲАИ ПАДАР

Вақте ки дар хонадони Раҳмон Шариф  5-уми октябри соли 1952 писари сеюмашон таваллуд шуд, шодиву нишоти коргари совхоз ҳадду канор надошт. Худованд ба ӯ боз як дастёр бахшид. Ба ин муносибат сарвари хона хони зиёфат кушод ва аз Данѓараву атрофаш хешону дӯстонро даъват намуд. Албатта, барои барпо кардани ин маърака каму беш қарздор ҳам шуд. Обмон аз совхоз пули ночиз мегирифт ва  завҷааш, чуноне ки дар Шарқ маълум аст, машѓули кори хонаву тарбияти фарзандон буд.

Идомаи: ФОТЕҲАИ ПАДАР

ЧУ ДАХЛАТ НЕСТ ХАРҶ ОҲИСТАТАР КУН

 

Танзими расму ойинҳои мардумӣ мавзӯест, ки дар давраҳои мухталифи ҷомеаи суннатии тоҷик аз сӯи равшанфикрон матраҳ шудааст. Табиатан расму ойинҳо дар ҳар давру замоне дар шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ карда бар зиндагии иҷтимоии мардум таъсироти худро мегузоштаанд. Расму ойин як навъ пӯшишест, ки бар асоси навъи боварҳои динӣ ва ё фарҳангии як ҷомеа шакл мегирад ва бо мурури замон ба як қоидаи собит ва ғайри қобили тағйир дар зеҳни мардуми ҷомеа табдил мешавад. Аз ин рӯ, тағйири расму ойинҳои мардумӣ аз сахттарин мушкилотест, ки дар баробари фармонравоён қарор мегирад. Зеро ба бовари мардум тағйири расму ойин ба маънии тағйири бовари динии онҳо маҳсуб мешавад. Аз ҷумла барои тағйири расму ойинҳои мавҷуд дар ҷомеаҳои башарӣ ҳатто паёмбарон бо мухолифати мардум ва раҳбарони ҷомеаи суннатии хеш рӯ ба рӯ мешуданд. Муқобилияти суннат ва навоварӣ хоси тамоми ҷомеаҳои башарӣ аст ва ин ду тазод дар тӯли таърих дар муқобили ҳам сафороӣ доштаанд. Мунтаҳо ҳар иҷтимое, ки ҳар чи зудтар бо падидаҳои нав хӯ бигирад зудтар ба рушду шукуфоӣ даст меёбад ва баръакс қавмҳое, ки дар баробари навоварӣ ва илм мухолифат мекунанд, солҳои дароз маҳкуми ақибмондагӣ ва низову ситези иҷтимоӣ хоҳанд шуд.

Идомаи: ЧУ ДАХЛАТ НЕСТ ХАРҶ ОҲИСТАТАР КУН

ДАР САРГАҲИ ЗАРАФШОН

  

Юнус ЮСУФӢ


Номҳои зебо ва қадамҷои Бобур

Аз шумори пулҳои бузургу баланду зебое, ки пас аз бозсозии шоҳроҳи Душанбе то Панҷекат дар рӯдхонаи Зарафшон сохта шудааст, нахустинаш дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Айнист; андак ба дасти чап шаҳраки озодаю ороста бо биноҳои маъмуриву маскуниву маѓозаю мактабу дорухонаю қаҳвахонаҳо, ба дасти рост аммо роҳи дурударозу пуршебу фароз аз дили дараҳои танг ба сӯи Кӯҳистони Масчоҳ. Роҳи мо ба ҳамин сӯст ва ҳадафи сафар дидору гуфтугӯ бо мардум перомуни ворид гаштани дигаргуниҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аст, ки бо ибтикори Роҳбари давлат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Бамаврид аст ёд шавад, ки пайомади хубу чашмраси ин кор дар ҳамон чанд рӯзи пас аз ба имзо расидани қонуни мазкур, дар рӯзҳои Иди қурбон дидаву ҳис карда шуд; бори нахуст дар бисту анд сол нархи наво дар бозорҳо на ин ки боло нарафт, балки поин низ омад ва кам касеро метавонистӣ пайдо кард, ки аз ин падида хурсандӣ намекард.

Идомаи: ДАР САРГАҲИ ЗАРАФШОН

ЭВЕРЕСТИ САНЪАТИ ТОҶИК

Муҳаммад Ғоиб

Он кас бузург аст, ки бо кору кирдор ва фикру ақидааш аз дигарон фарқ мекунад ва тарзи нигоҳи хосса ба атроф ва оламу одам дорад, дар ғамаш шодию дар шодияш ғам дорад. Ояндаро пештар дида, маънии аслии омадану рафтанро хубтар фаҳмида, ба ранги дигар зиндагонӣ мекунад, бори фаҳмаш ба тори зеҳни ҳамзамонон гаронӣ мекунад. Кӣ будан ва чӣ мақсад доштанашро намедонанд. Ошноиашро дарк накарда, ӯро ба олами ҳастӣ бегона мехонанд. Намедонанд, ки оқилон дар фикри кори хештан девонаанд. Ҳошим Гадо аз зумраи ҳамин гуна инсонҳост, нодори аз ҳама дорост. Ҳам нақшофару ҳам таҳиягари бузург аст ва ҳам офаридаҳои хотирмонашро рӯи коғаз оварда, қиссаҳои ибратбахш эҷод мекунад. Ӯ як ҷӯяндаи нӯш аз неш аст, ӯ як Диогени даврони хеш аст.

Идомаи: ЭВЕРЕСТИ САНЪАТИ ТОҶИК

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved