• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ФЕҲРИСТИ "САДОИ ШАРҚ"-2006-2017" БА ЧОП РАСИД

Муқаддима:

САРЧАШМАИ МУЪТАБАР

Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» дар баробари анҷоми вазифаи асосии худ, ки нашри осори арзишманди адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ба манбаи муътабар ва сарчашмаи пурфайзи маърифатию пажӯҳишӣ табдил шудааст. 
Бисѐре аз муҳаққиқон дар тавсифи ин маҷалла ибораи «Солномаи адабу фарҳанги Тоҷикистон»-ро ба кор бурдаанд. Дар ин таъбир аслан муболиғае ва такаллуфе нест, зеро ин Нашрияи 90-сола, ки бо чопи нахустин шумораи худ ба унвони «Дониш-биниш» («Раҳбари дониш») дар соли 1927 ҳадафи худро иборат аз табъу нашри асарҳои асили адабиѐти миллӣ ва ҷаҳонӣ ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои таърихию маърифатӣ эълом намудааст, то имрӯз ба идомаи ин рисолати бомуваффақият талош намудааст. 



Дар натиҷа ҳамаи маводи чопшуда дар «Садои Шарқ» дар муддати солиёни зиёд ба шарофати интихоби масъулиятшиносона ва таҳриру такмили мутахассисонаи осори интишорӣ эътибори манбаъ ва сарчашмаи илмию пажӯҳиширо доро гардидаанд. 
Натанҳо муҳаққиқони ватанӣ, балки донишмандон, ховаршиносон ва умуман аҳли мутолиаи кишварҳои хориҷӣ низ ба маводи интишорӣ дар ин нашрия эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла ховаршиносони маъруф Ян Рипка ва Иржи Бечка хонандагону муаллифони доимии ин маҷалла буда, дар таҳқиқоти худ аз он истифодаи фаровон намудаанд. Мудир ва сардабири маҷаллаи маъруфи «Бухоро» (Эрон) Алии Деҳбошӣ менависад: «Имрӯз касеро намеѐбем, ки бихоҳад дар бораи таъриху фарҳанги Тоҷикистон ҳатто мақолае бинависад ва бениѐз аз давраи маҷаллаи «Садои Шарқ» бошад». 
Нашрияи миллии «Садои Шарқ» дар остонаи ҷашни 90-солагии нашрия тасмим гирифт, ки дар ҳудуди имконоти мавҷуд, ин кори заруриро идома бидиҳад. Бо ин ният дар навбати аввал феҳристи 12 соли ахири маҷалла (солҳои 2006-2017) таҳия ва ба чоп омода гардид. 
Дастрасӣ ба ин кор пеш аз ҳама ба шарофати ҳифзи матнҳои электронии маҷалла дар тамоми ин солҳо муяссар шуд. 
Қобили қайд аст, ки ҳозир ва дастрас будани ҳам феҳрист ва ҳам матнҳои комили маҷалла дар баробари нусхаҳои коғазӣ ба сурати электронӣ истифодаи ин маводро ба маротиб осон мегардонад. Ҳар нафар муроҷиаткунанда метавонад аз бойгонии электронии идораи маҷалла маводи заруриро дархост намояд. 
Зимни таҳия ҳам ба сабаби тангии фурсат ва ҳам ба мулоҳизаи он ки маводи ин феҳрист чандон зиѐд нест ва сурати электронӣ низ пайдо кардани муаллиф ва маводро осон месозад, феҳрист ба тартиби замонӣ – ҳарсола ва бахшҳо (рубрикаҳо), яъне ба ҳамон сурате, ки ҳар сол дар ахири шумораи 12 ҷой дода мешавад, танзим гардид. 
Танҳо баъзе таҳрироти ҷузъӣ, аз ҷумла ҳазфи баъзе сарбахшҳо (рубрикаҳо), ки моҳиятан такрори якдигарӣ мебошанд, лозим дониста шуд. 
Ҳайати кормандони «Садои Шарқ» умед доранд, ки дар оянда битавонанд, қисмати феҳристнигорӣ нашудаи маҷалларо низ вориди феҳрист намоянд. Дар анҷоми ин кори муҳим аз раҳнамоии ҳаводорони маҷалла ва мутахассисон сипосгузор хоҳем буд.

Нусхаи электронии Феҳристи мазкур низ дар нишасти илмию адабӣ ба муносибати 90-солагии "Садои Шарқ" рӯзи 25-12-17, соати 14 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон ба ҳамаи ҳаводорон пешкаш мегардад. 

Феҳристи маҷаллаи "Садои шарқ"  

                                          

 

 

РУСТАМ ВАҲҲОБ

СОЛНОМАИ ФАРҲАНГУ АДАБИ ТОҶИКИСТОН

 

Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” куҳантарину ҷомеътарин нашрияи фаъоли адабию иҷтимоии Тоҷикистон аст, ки инак ба қуллаи 90-солагӣ расид.
Шумораи нахустини маҷалла бо номи “Дониш-биниш” дар Самарқанд интишор ёфт. Аз шумораи дувуми соли 1927 то соли 1932 он бо унвони “Раҳбари дониш” чоп мешуд. Аз соли 1932, бино бар таҳаввулоти сиёсие, ки ба ҳаёти адабию фарҳангӣ низ нуфуз карда буд, номи ин маҷалла “Барои адабиёти сотсиалистӣ” шуд, ки ба сурати мухтасар “БАС” низ қайд мегардид. Аз соли 1934 то 1964 маҷалла унвони “Шарқи сурх”-ро дошт ва аз шумораи 5-уми соли 1964 то имрӯз бо номи “Садои Шарқ” интишор меёбад. Дар тӯли ин таърих танҳо бо шурӯъи Ҷанги бузурги Ватанӣ аз соли 1941 то 1945 чопи маҷалла қатъ гардид ва аз соли 1946 боз интишори он давом ёфт.

Идомаи: СОЛНОМАИ ФАРҲАНГУ АДАБИ ТОҶИКИСТОН

ОИНАИ ТАМОМНАМО

 

Дар мулоқоти охири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар синамои тоҷик ва дурнамои он дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт ва таъкид мешуд, ки ин риштаи муҳими ҳунар бояд мувофиқи талаботи замони муосир густариш ёбад.

Идомаи: ОИНАИ ТАМОМНАМО

ТУЛӮИ ОФТОБИ БАХТИ ТОҶИК

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки оғози марҳилаи созандагӣ ба хотири ваҳдати комили сартосарӣ ва сулҳу субот буд, табрику таҳният гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаеви вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ҳамон вақт вакилон бо як овоз Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори оқилу хирадманд ва саодатпешаро Раиси Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлати тоҷикон интихоб карданд.

Аз рӯзҳои нахустин ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқи тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад.

Роҳбари хирадманду саодатпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба аҳдаш вафо кардаву ба мардум сулҳ овард, дар ин рӯзи пур аз нишот бори дигар аз талошҳои созандаву бобарори роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми шарафманди кишвар баҳри ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки оғози кори иҷлосия ибтидои умеду дилпурии мардуми Тоҷикистон буд ва дар ҳақиқат гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шӯрои Олӣ дар ин иҷлосияи таърихиву тақдирсоз зарурат ва аҳаммияти нигоҳдории якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк мекарданд.

Мардуми Тоҷикистон низ аз онҳо ҷиҳати аз буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ баровардани мамлакат иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонатро интизор буданд. Вакилони халқ бо қабули қарорҳои воқеан ҳаётӣ собит намуданд, ки онҳо ҷонибдори истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободиву рушди ояндаи он мебошанд.

Воқеан, ин иҷлосия дар рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсӣ, хуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошт.

Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз,  ҳамчун               сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд.

Дар охири суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо ин санаи таърихию тақдирсози миллат табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон бештар талош варзида, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва орзу намуданд, ки дар сарзамини аҷдодиамон - Тоҷикистони азиз офтоби сулҳу сафо ҳамеша дурахшон бошад.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вакили Шурои Олӣ Гулафзо Савриддинова баромад карда, оид ба саҳми арзандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи собиқадорон, вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусаввара тақдим карда шуд.

 

Маҷлиси тантанавии имрӯзаро барномаи рангину пурмуҳтаво ва ҷолиби устодони санъати ҷумҳурӣ идома бахшид.

СУХАНИ МИЛЛАТСОЗИ АЙНӢ

Ӯрун Кӯҳзод

Садриддин Айнӣ, дар вақте ки бардаму бақувват буд, даъвати аморатро қабул накард ва ба хидмати амир нарафт. Аммо вақте ки воқеаҳои рӯзгор ва азобҳойи чӯбзаниву зиндон ӯро пиру каммадор карда буд, хоҳиши Ҳукумати мухтори Тоҷикистонро хуш қабул кард ва ба хидмат камар баст.

Чаро?

Аз ҳамин бобат суҳбат мекунем.

Садриддин Саидмуродзода дар вилояти Бухоро, дар ноҳияи Ғиждувон, дар деҳаи Соктаре, дар соли 1878 ба дунё омад. Падараш аҳли савод буд, вале рӯзгорашро бо кишту кор ва бофандагӣ ва сангиосиётарошӣ таъмин мекард. Вай чор писар дошт ва тайёрӣ медид, ки писари дувумаш Садриддинро барои хондан ба Бухоро, ба мадраса мебарад.

Идомаи: СУХАНИ МИЛЛАТСОЗИ АЙНӢ

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved