• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Муҳтарам Мирзо Муллоаҳмад!

Шумо перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон ва фарҳанг рисолаву мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ таълиф намуда, роҷеъ ба осор ва аҳволи адибони даврони мухталиф таҳқиқоти боарзиш анҷом додаед. Асарҳои илмиатон  "Фурӯғи Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ" (1967), "Фаррухии Систонӣ" (1978), "Нишот ва Миҷмар" (1983), "Лирикаи Адибулмамолик Амирӣ" (1985), "Қоонии Шерозӣ" (1992), "Инсон. Адабиёт. Фарҳанг" (1993), "Паёми Фирдавсӣ" (2003), "Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт" (2008), "Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…" (2011), "Бузургдошти инсони нек" (2011), "Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон" (2012) ва ғайра равшангари  гӯшаҳои зиндагӣ ва осори бузургони илму адаби тоҷик ва таърихи адабиёти пурғановати он мебошанд.  Омода ва чоп намудани матни мунтахаби оммавии "Қобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус дар солҳои 1979 ва 2007 хидмати пурбаҳоятон  ба хонандаи хурдсоли тоҷик буд ва таҳияву чопи "Рубоиёт"-и Умари Хайём (1983), "Баргузидаи ашъори Шаҳриёр" (1984), "Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон" (1986), "Рӯзномаи сафари Искандаркӯл"-и Абдураҳмони Мустаҷир" (1989), "Гулбонги навҷавонӣ"-и Лоҳутӣ (1991), "Андарзномаи Рӯдакӣ" (1992), "Андарзномаи Ҳаким Носири Хусрав" (2003), "Ашъори мунтахаб"-и Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ (2008)  ва ғайра аз ҳамин қабил корҳои арзишмандатон мебошанд. Чоп шудани асарҳоятон дар Маскав, Теҳрон, Вашинтон, Боку, Машҳад, Қарочӣ, Кобул, Тошканд ва ғайра далели эътирофи асарҳоятон дар мамолики гуногун маҳсуб мешавад. Яке аз муаллифони нашри академии "Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои 19-20" (Маскав, "Наука", 1999) буданатон низ инро собит мекунад.

Идомаи: Муҳтарам Мирзо Муллоаҳмад!

РАВШАНИ МАХСУМЗОД: «САЁҲАТИ ДОХИЛӢ ШИДИВУ НИШОТБАХШ АСТ»

 

-Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 басо муҳим аст. Зеро рушди соҳаи сайёҳӣ аз чанд ҷиҳат афзалиятҳо дорад. Якум, таърих, фарҳанг, урфу одат, маконҳои таърихӣ, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро ба хориҷиён муаррифӣ мекунад. Дуюм, ҷойҳои нави корӣ муҳайё  ва сатҳи некуаҳволии мардумамон беҳтар мегардад.

Албатта, ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода шуд ва боз корҳои дигар дар пешанд. Тавре Президенти кишварамон дар Паёми имсолаи хеш иброз доштанд: "Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст".

Идомаи: РАВШАНИ МАХСУМЗОД: «САЁҲАТИ ДОХИЛӢ ШИДИВУ НИШОТБАХШ АСТ»

ОМОДАГИИ ОЛИМОН БА ҶАШНИ АДИБИ БУЗУРГ

Бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим ва нахустин  сарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС ўзбекистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод  Садриддини Айнӣ моҳи  апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Садриддин Айнӣ, илму адаб ва фарҳанги муосир" баргузор мегардад.

Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдулло Рўдакии  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони асосии конфронс ба шумор меравад.

Идомаи: ОМОДАГИИ ОЛИМОН БА ҶАШНИ АДИБИ БУЗУРГ

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ "КИТОБИ СОЛ - 2017"

Дар Вазорати фарҳанг бо иштироки масъулон ва адибону донишмандон озмуни ҷумҳуриявии "Китоби сол - 2017" ҷамъбаст гардид. Ба озмуни  мазкур китобҳои бадеию илмии адибону пажўҳишгарон, ки соли 2017 таълиф ва нашр шудаанд, пешниҳод гардиданд. Ҳайати тадорукот баъди таҳлилу баррасӣ ғолибони озмунро муайян ва бо мукофоти махсус сарфароз намуд. 

Идомаи: ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ "КИТОБИ СОЛ - 2017"

РЕГИСТОНИ МӮЪҶИЗАВӢ

Адаш ИСТАД

Баъзе касон гумон мекунанд, ки маҷмӯа, яъне Ансамбли Регистон танҳо аз се мадраса ва майдони таърихии он иборат аст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ин ҷо иморатҳои бузурги дигаре низ буданд. Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш Мадрасаи Мирзо Улуғбек – ҳоким ва донишманди маъруфу машҳур мебошад, ки сохтани он соли 1417 ба охир расида, корҳои кошинкориву тазйин боз се соли дигар давом кардааст. Аз рӯи лоиҳаи Мирзо Улуғбек дар Регистон корвонсарой, хонақоҳ, гармоба ва масҷид низ сохтаанд. Ҳоло дар ҷои корвонсарой Мадрасаи Тиллокорӣ ва дар ҷои хонақоҳ Мадрасаи Шердор истодааст, ки бо фармоиши ҳокими Самарқанд Ялангтӯш бунёд ёфтаанд. Иморати аз ҳама калон мадрасаи Алика Кӯкалдош будааст, ки 210 гумбаз доштааст.
Номи деринаи Регистон Сардувоник будааст, тахмин ба маънои ҷои тақсимгоҳи оби равон. Ҳафриёти археологҳо мавҷудияти ҷӯйҳои қадимаи Регистонро тасдиқ кардаанд.

Идомаи: РЕГИСТОНИ МӮЪҶИЗАВӢ

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved