• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ЧАРОҒИ РАВШАНИ МУҲАББАТ

Китоби тозанашри "Чароғи сурхи танҳоӣ"-и Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ки рубоию дубайтӣ ва муфрадоти солҳои гуногун эҷодшудаи ӯро фаро гирифтааст, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону пажӯҳишгарон ва мухлисони шеър рӯнамоӣ шуд.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа суҳбатро бо рубоии зери Гулрусхор, ки як навъ баёнгари симои эҷодию инсонии ӯст, оғоз намуд:

Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист,

Дар ҳар варақи китоби  худ хоҳам зист.

То ҳастаму ҳаст зулму зулмат ба ҷаҳон,

Дар хандаи офтоби худ хоҳам зист.

Номбурда изҳор дошт, ки устод Гулрухсор дар эҷоди рубоию дубайтӣ дасти қавӣ ва сабку маҳорати вижа дошта, аз рубоиёту дубайтиҳои мардумӣ бо огоҳии комил суд ҷустааст ва аз ин рӯ, мардум низ онҳоро хуб пазируфтаанду дӯст доштаанд. Қисмате аз рубоию дубайтиҳои ин китоб аз тарафи сарояндагони тоҷик низ суруда шудаанд.

Дар суханронии худ шоир ва пажӯҳишгари эронӣ, муаллифи пешсухани китоб Ҳасан Қарибӣ зикр намуд, ки хонандагони шеър дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои форсизабон бештаранд ва  ин аз фарҳангу маънавияти волои онҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳасан Қарибӣ дар бораи хусусиятҳои хосси ашъори "Чароғи сурхи танҳоӣ" андеша ронда, ёдовар шуд, ки имрӯз рӯзи гиромидошти Фирдавсӣ ва шеъри форсӣ мебошад ва доир шудани рӯнамоии китоби мазкур дар ин рӯз фолу рамзи нек аст.

Устод Гулрухсор бо арзи сипос ба ҳозирон баён дошт, ки "ман рубоиҳову дубайтиҳоямро аз байни халқ гирифтаам ва барои халқ гуфтаам".

Дар бораи вижагиҳои рубоию дубайтӣва муфрадоти китоб адибону донишмандон Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Ҷӯрабек Назрӣ ва дигарон бо меҳру ихлоси зиёд сухан гуфтанд.

Қироати шеър аз сӯи шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур ва ровии телевизион Бахтовари ҷамшед маҳфили рӯнамоӣ ва Рӯзи  Фирдавсиро рӯшноии бештар бахшид.

Т.  Халилӣ

ТАҶЛИЛИ 95-СОЛАГИИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ ДАР ХУҶАНД

Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 95-солагии шоири лирик ва сарояндаи ишқ Аминҷон Шукӯҳӣ таҳти унвони «Таронасози муҳаббат» бо иштироки пайвандон, мухлисон ва аҳли илму адаб маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

 Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зикр кард, ки ҷамъомад бо мақсади тарғибу ташвиқи осори адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ташкил карда шудааст.  «Аминҷон Шукӯҳӣ яке аз устодони мумтози шеъри лирикии тоҷик ба ҳисоб рафта, аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди чашмасор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медод».

Идомаи: ТАҶЛИЛИ 95-СОЛАГИИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ ДАР ХУҶАНД

ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

Абдулҳамид Самад
Овозаи омад-омади устод Бозор Собир ба Ватан моҳҳо идома ёфт. Интизораш будем. Вале сад дареғ, ки хабари нохушу ҷонгудози маргаш расид. Шоири тавоно, рангинхаёлу озодандеш Бозор Собир дар айёми гулшукуфт ба рӯзгори пур аз талош ва шебу фарози пуразияти шоирона пас аз бемории зиёд дар Амрико падруд гуфт ва шахсияташ ба хотира, осори арзишмандаш ба сарвати адабӣ табдил ёфт. ӯ дар авҷи даврони навҷӯӣ, бедорӣ ва худшиносии аҳли қалам ба майдони сухан қадам ниҳода, якбора не, бо тамкину фурсат, бо бинишу офариниши нозук, хаёлҳои рангин, образҳои тару тоза, ангезаи эҳсосҳои нотакрор, ҷасорату ирода мавзӯъҳои ватан, модар, ишқу худшиносӣ, ҳақталошиву армонҳои миллӣ, ҷойгоҳи шахсиятҳои баруманди таърихӣ дар адабиёт ҷову мақоми уствор пайдо кард. Дар тасвири шоиронаи Бозор хасу хор, гулу гиёҳ, пайроҳа, сангу хок, абру борон, дару девору мазор... ҷону ҷилои тоза ёфтанд. Маҳз омӯзишу ҷустуҷӯйи пайваста, сари ҳар калима, ибора ва сатр заргарона нури чашм сарф кардани Бозор ӯро ба мартабаи баланди шоирӣ расонд; соҳибмактаб низ кард.

Идомаи: ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

ОИНАДОРИ ОБШОР

Абдулҳамид Самад

19.05.2018 

Тақрибан ду моҳ пеш бо Акбар Абдулло ба аёдати устод Муъмин Қаноат рафтем. Бонуяшон дарро кушоданд. Устод низ ба даҳлез баромаданд. Чеҳрааш равшан, қоматаш чун ҳамеша рост, саломатиаш беҳтар. Шод шудам, ки хабару овозаҳои нохуши кўча аз сиҳатии устод ботил будааст.

Идомаи: ОИНАДОРИ ОБШОР

РАФТАСТУ МЕОЯД...


Низом Қосим

Устод Бозор Собир гӯё аслан дар дунёе бо номи Шеър таваллуд шуда буд ва батадриҷу табиӣ дар он бузург мешуду камол меёфт. 
Пайваста асрори сухан меҷуст ва суханро паҳлӯ мегардонд, то бозтоби тозаашро дарёбад. Аз куҳнагӯиву куҳнагароиҳо азалан ва амалан дилгир буд.
Дар дасти шоирии ӯ ибора ба ишора табдил мешуду ҳарф ба барф; ӯ намегуфт, ӯ меофариду офаридаҳояш зиндаву палмосиданӣ пеши назарҳо намоён мешуд. Мисраъҳояш роҳҳое буданд сӯи маънии баланду тасвироти дилписанд ва байтҳояш воқеан байт буданд - яъне, сарпаноҳи маромҳо, ормонҳо, санъатҳо, тасвирҳо, маъниҳо.

Идомаи: РАФТАСТУ МЕОЯД...

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved