• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

СУРХ, САФЕД, САБЗ…

 

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистонро рангҳои ишқу умеду шукуфоӣ арзёбӣ мекунад

Парчам давлатии мо, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни  муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст…

Парчаме, ки рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст;

Парчаме, ки намои дурахшон ва оинаи мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофар ва башардӯсти мост;

Идомаи: СУРХ, САФЕД, САБЗ…

ИМРӯЗ ДАР ДУШАНБЕ 110-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

 

 

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» намоишгоҳ оғоз гардид.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи  Федератсияи Россия мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Ҳукумат, Парлумон ва ходимони илму фарҳанги Тоҷикистону Россия иштирок менамоянд. Инчунин паёмҳои табрикотии президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба иштирокдорону меҳмонон манзур гардида, китоб–феҳрасти ёдгориҳои намоишгоҳ рӯнамоӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар доираи ҷамъомад ба муносибати 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Конфронси байналмилалии  илмӣ  баргузор мегардад.

Идомаи: ИМРӯЗ ДАР ДУШАНБЕ 110-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ!

 

Ба ифтихори 160-солагии Шамсиддин Шоҳин конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабӣ ба ифтихори 160 — солагии яке аз шоирони номвари нимаи дуюми асри Х1Х тоҷик Шамсиддин махдуми Шоҳин таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва адабиёти тоҷики асри Х1Х» доир гардид. Ҳамоиш бо  ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ташкил гардида, дар ду бахш-забон ва адабиёт, таърих ва фарҳанг давоми рӯз ҷараён мегирад.

Идомаи: СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ!

НУРИ БЕНИЁЗИ СУХАН БУД

Ба тахмин ҳамин ду ҳафта пеш телефонӣ суҳбат доштем. Ҳофизи ҷавони боистеъдод Тулқун Тоҷибоев як таронаашро барои барномаи муҳимми сиёсию фарҳангие ба оҳанг дароварда буд ва баъди баррасии ҳайати эҷодӣ бо мақсади хушоҳангии бештари суруд чанд калима бояд бознигарӣ мешуд. Нурмуҳаммад телефонӣ гуфт, ки дар беморхона аст, барояд, мебинад ё шеъри нав менависад. Гуфтам, ки зуд таҳрир кардан лозим, ки аз барнома наафтад. "Набошад, худат бин, - гуфт ба оҳанги хоси худ, - мабодо ту ҳам ба беморхона афтода монӣ, ман ягон шеъратро дуруст мекунам!"

Идомаи: НУРИ БЕНИЁЗИ СУХАН БУД

ИФТИТОҲИ БОҒИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР ХИЁБОНИ РӯДАКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Шоми рӯзи 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудааст, иштирок намуданд.

Идомаи: ИФТИТОҲИ БОҒИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР ХИЁБОНИ РӯДАКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved