• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат!

Саодатмандем, ки Анҷумани понздаҳуми адибон дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизи мо дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, садоқат ба ғояҳои пурарзиши худшиносии миллӣ ва дастгирии сиёсати ободкориву созандагӣ барои рушду нумўи Ватани маҳбубамон баргузор гардид.

 

Боиси хушнудист, ки адибон дар марҳалаи барои давлату миллатамон сарнавиштсоз - таҳкими оромиву субот, ваҳдати миллӣ ва рушду тараққиёти мамлакат ба қадри имкон барои аз уҳдаи иҷрои вазифаи иҷтимоии худ сарбаландона баромадан кўшиданд ва адабиёт рисолати таърихии худро чун ҳамеша анҷом дода истодааст.

Аз шарофати сиёсати адабпарваронаи Шумо, Пешвои муаззами миллат, адабиёт дар муддати даҳ-понздаҳ соли охир мартабаву манзалатеро соҳиб гардид, ки дар таърихи тамаддунамон камназир аст. Омўхтани осори адабӣ ба ниёзи аввалияи маънавии мардум табдил ёфта, тавассути тадбирҳои созанда ва шеваҳои пурбору самарабахши муосир сол то сол дар шуур ва ҷаҳонбинии ҷомеа таҳаввулоти бештари мусбат эҷод карда истодааст.

Иқдоми наҷиби Шумо дар ҷаҳонӣ гардонидани Наврўзи оламафрўз, эҳё намудани ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон, Сада, бузургдошти ситораҳои дурахшони илму адабамон - устод Рўдакӣ, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон ғафуров, ҷудо кардани маблағ барои нашри осори адибони гузаштаву муосир, дастгирии саховатмандонаи адибони номвар ва ҷавонони соҳибистеъдоди навқалам, кўшишҳои пайгиронаатон барои соҳибӣ намудани арзишҳои волои фарҳанги қадима ва ташаккули тамаддуни дархури замони мо адибонро баҳри фатҳи қуллаҳои нав ба нави эҷодӣ неруву илҳоми тоза мебахшанд.

Барои ба вуҷуд овардани чунин муҳит ва шароити маърифатпарварона мо, вакилони Анҷумани XV нависандагон, миннатдории самимонаи хешро ба Шумо баён менамоем.

Мо тамоми адибони тоҷикро, чи дар Тоҷикистон ва чи берун аз он, даъват мекунем, ки анъанаҳои башардўстӣ, тамаддунофарӣ, сулҳпарварӣ, ваҳдатгустарӣ ва меҳанпарастии бузургони илму адаби халқамонро инкишоф диҳанд, неруи эҷодии худро барои мустаҳкам намудани дастовардҳои истиқлоли бо заҳматҳои сангин бадастовардаи миллати тоҷик равона сохта, ба хотири таъмини зиндагии шоиста дар атрофи Шумо, Пешвои муаззами миллат, боз ҳам зичтар муттаҳид гарданд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломативу комёбиҳо мехоҳем ва бо садоқат ба ғояҳои бузурги давлатамон қаламро сарфи хидмати халқ карда, асарҳои шоистаи давру замон эҷод менамоем.

 Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон

          23.12.20, ш. Душанбе

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved