• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 Дар Хонаи адибон Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон ҷараён дорад

Ин лаҳзаҳо дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар кори анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ширкат доранд.

Дар анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба адибон қироат намуд.

Дар паёми худ ба нависандагон, шоирон, публисистон ва мунаққидони адабӣ Сарвари давлат зикр намудаанд, ки имрӯз адибон дар ҷаҳони мураккабе  умр ба сар мебаранд, ки бо вазъияти бади равоне пайванд аст, ки метавонад ба тамоми ҷараёни фарҳангӣ  таъсир гузорад.

Дар раванди чунин мураккабӣ ва пандемияи коронавирус, Пешвои миллат муаллифонро даъват карданд, ки аз ҳувият ва арзишҳои миллӣ ҳимоят  ва  забони давлатиро  ҳифз кунанд ва дар асарҳояшон асосҳои тарбияи ахлоқиро барои наслҳои оянда  ворид созанд.

«Шоирон ва нависандагони тоҷик ҳамеша бо чашмони боз, диди фарох ва дили пурфараҳ тавассути асарҳои худ мардумро рӯҳбаланд мекарданд ва имрӯз низ онҳо бояд дар тавсифи дастовардҳои даврони Истиқлол саҳм гузоранд»,- гуфта мешавад дар паёми Сарвари давлат.

Президенти мамлакат зикр намуданд, ки ба ояндаи Иттифоқи нависандагон бовар доранд, инчунин умед ба он доранд, ки эҷоди асарҳои нав дар рушди адабиёти муосири  тоҷик нақши сазовор хоҳад дошт.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тамоми осори барҷастаи адибони маъруф ҳамеша барои миллат азиз ва муқаддас будаанд.

«Асарҳои ҷовидонӣ эҷод кунед ва дар хидмат ба халқ ва давлати худ содиқ бошед», — гуфтанд Президент.

Иштирокчиёни анҷуман ҳисоботи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва роҳбари Комиссияи тафтишоти Иттифоқи нависандагон Раънои Муборизро шуниданд.

Дар мубоҳисаҳо шоирон ва нависандагон Абдулҳамид Самад (наср), Камол Насрулло (назм), Ҳакназар Ғоиб (аз вилояти Хатлон), Аҳматҷони Раҳматзод (аз вилояти Суғд), Лаълҷубаи Мирзоҳасан (аз ВМКБ) ва дигарон иштирок  намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон беш аз 202 узви иттифоқ, инчунин меҳмонони сершумор ширкат  доранд. Дар анҷуман роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб карда мешавад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved