• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Имрӯз, 23 ноябр дар Хонаи адибон ба номи Мирзо Турсунзода Анҷумани XV Иттифоқи нависандагон бо ширкати беш аз 200 вакил ва меҳмонон баргузор гардид. Дар анҷуман ҳисоботи панҷсолаи Раиси ИНТ Низом Қосим ва Раиси Коммисияи тафтишоти ИНТ Раънои Мубориз шунида шуд.

 Дар анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ширкат ва суханронӣ намуданд.

Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба адибон қироат намуд.

Вакилони анҷуман Низом Қосимро аз нав ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамчунин, Ато Мирхоҷа, ба ҳайси муовини аввали раис ва Равшани Махсумзод ба ҳайси муовини раис аз ҷониби Садорати ИНТ интихоб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар анҷумани мазкур бо пешниҳоди вакилон дар оинномаи ИНТ чанд тағйирот ворид ва қабул карда шуд. Бар асоси ин тағйиротҳо минбаъд сармуҳаррирон ва муовинони нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоыикистон на дар садорат, балки дар Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб мешаванд.

 

НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБИ ВАКИЛОНИ АНҶУМАНИ XV

НИЗОМ ҚОСИМ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

НИЗОМ ҚОСИМ (Пури Ҷаҳонгир) 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд ёфтааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №9 ш.Норак, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси «филолог-журналист» хатм намудааст. Дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Садои мардум», шуъбаи танқиди маҷаллаи «Садои Шарқ», Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, нашриёти «Адиб» кор кардааст. Солҳои 2006-2010 директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» буд. Аз соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мебошад.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Хӯшаи шеър» (1984), «Хуни ситора» (1988), «Паровар» (1990), «Қаламҳой» (1997, 1998), «Барги саломи сабз» (2002), «Тафсири панҷ оҳ» (2008), «Маҳвора дар гаҳвора» (2008), «Кӯҳи садо» (ба хатти форсӣ, 2010), «Хомасӯзан» (2014), маҷмӯаҳои мақолаву очеркҳои «Шеър дар дил, шеър дар ҳалқ, шоири халқ» (2013), «Дили дарё» (2013), «Чорсӯ» (2013, 2014), «Аз ассалом то вассалом» (2014), «Бо сӯзҳо то созҳо» (2014) мебошад.

Асарҳои саҳнавӣ низ менависад, ки «Тилгиром», «Амир ва асир» (манзум), «Борони ашк» («Куруш ва Куруз»), «Абадзинда», «Ганҷи дил» (манзум), «Борбад» (манзум) аз он ҷумлаанд. Дар заминаи либреттоҳояш «Рустам ва Суҳроб» (оҳангсоз Талаб Саттор), «Борбад» (оҳангсоз Мустафо Бафоев), «Кони пурганҷ» (оҳангсоз Шуҳрат Ашӯров) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ду опера ва як оперетта таҳия гардидааст.

Мақолаҳои илмии оммавиаш – «Чаҳорҷӯи шодоб», «Равон магзар зи ҳар сатраш чу хома…», «Норавониҳои шеъри равон», «Фарзанди мост шеър…», «Давоми ду тақриз», «Абри эҳсони Худованд», «Меҳру сеҳри нақди шеър», «Гӯӣ осонаш, валекин нест осон гуфтанаш…», «Тақвими раҳгум», «Як соли нашрияи миллӣ», «Қонуни абадияти адабиёт», «Нусхаи оҳангар аз офаридаи заргар», «Дар сухан пинҳон ба мисли бӯи гул дар барги гул» ва ғ. бо тарҳи аёни масъалаҳои мавриди таҳқиқ, таҳлилу баррасии амиқ ва натиҷагириҳои дақиқашон ҷолибанд.

Дар бораи паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти устодон Айнӣ, Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Бозор Собир, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Убайд Раҷаб, Ашӯр Сафар, Гулрухсор, Сайф Раҳим, Атахон Сайфуллоев, Меҳмон Бахтӣ, Ҳилолиён Аскар, Нозирҷон Боҳирӣ, Насим Раҷаб, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Абдуманнони Насриддин, Абдувалӣ Даврон, Рустам Ваҳҳоб ва дигарон мақолаҳо навиштааст.

Ба эҷоди адибони насли ҷавонтар таваҷҷуҳи хоса дорад ва навиштаҳояш дар бораи бурду бохти эҷодиёти Озарахш, Ҳоруни Роъун, Абдуллоҳи Раҳнамо, Абдусаттори Раҳмон, Маҳтоб, Санавбар, Робия, Парда Ҳабиб, Сайёди Ғаффор, Шаҳобиддини Шуҷоъ, Илҳом Юнусов, Баҳром Раҳматзод ва дигарон далели онанд.

Намунаҳои ашъор, драма ва мақолаҳояш ба забонҳои халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тарҷума ва чоп шудаанд.

Китобҳои М. Валек «Маҳруми ишқ» (ҳамроҳи Бозор Собир; 1986), Ҳ. Мистрал «Анвори тирамоҳ» (ҳамроҳи Гулрухсор; 1988), Ч. Айтматов «Пораабри сафеди Чингизхон» (2004), Ю. Марсинкявичус «Девор» (2005), С. Жусуев «Қанот ва Заррина» (Бишкек, 2004), Ли Чжаосин «Саду шаш барг» (ҳамроҳи Гулназар ва Сайидалӣ Маъмур; 2006), А. Вампилов «Хонае дилкушо, тирезаҳояш во сӯи саҳро» (пйеса; дар маҷмӯаи «Шикори мурғобӣ»; 2008), Ж. Қулмамбетов «Чингиз ва Бибисоро» (драма; дар маҷмӯаи «Ман қотилам»; 2012), «Чор қулла» (драмаҳои манзуми Софокл, Готси, Шекспир, Брехт; 2012) дар тарҷумаи ӯ ба табъ расидаанд.

Силсилаи шеърҳои А. С. Пушкин, Н. Ҳикмат, Р. Ҳамзатов, П. Городетский, Е. Евтушенко, Е. ДАлмаатовский, Р. Казакова, Г. Эмин, С. Капутикян, П. Ботсу, Э. Воҳидов, А. Орифов, М. Залите, Л. Бриедис, С. Суслова, А. Маҳкам, М. Ахмедов, Е. Шуваева-Петросян, М. Гонашвили, И. Переверзин, китоби достон ва шеърҳои О.Сулаймонов «Эй замин, таъзим кун бар одамин!» ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи пйесаҳои Софокл «Электра», Готси «Малика Тӯрондухт», Жан-Пол Сартр «Сафеду сиёҳ», Азиз Несин «Бикуш маро, ҷонакам!», А. Вампилов «Хонае дилкушо, тирезаҳояш во сӯи саҳро», А. Дударев «Говгум» дар театрҳои гуногуни ҷумҳурӣ рӯи саҳна омадаанд.

Ширкатварзи ҷашнвораҳои байналмилалии шеър дар Алмаато ва Ереван, барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии шеъри форсӣ дар Исфаҳон, Машҳад ва Теҳрон, барандаи мукофоти озмуни «Шеъри Душанбе-90» аст.

Беш аз сад таронаи ватандӯстона ва лирикияш дар иҷрои ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ пайваста дар радиову телевизион ва маъракаҳои бузурги фарҳангӣ садо медиҳанд. Муаллифи сенария ва лаҳзаҳои бадеии бисёр ҷашнвораҳои ҷумҳурист.

Дар қироати комили радиоии ашъори Рӯдакӣ, «Шоҳнома», «Маснавӣ» (солҳои 1995-2009) ширкат варзидааст.

Мураттиби маҷмӯаҳои ашъори Умари Хайём «Дувист рубоӣ. Двести рубаи» (1995), «Норак, муборак!» (2000), Бозор Собир «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2007), яке аз мураттибони маҷмӯаҳои ашъори дастҷамъии «Чил қалам» (намунаи шеъри навқаламон, 1985), Н. Нодирпур «Мурғи офтоб» (1995), «Як сарзамин муҳаббат» (намунаҳои шеъри тоҷикии сад соли охири Афғонистон; 2005), «Баёзи меҳр» (намунаҳои шеъри муосири киш­варҳои форсизабон, 2006), «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ (2010) ва муҳаррири даҳҳо китоби мансуру манзум аст.

Барои китоби ашъори «Барги саломи сабз» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2006) гардидааст. Шоири халқии Тоҷикистон (2014).

Узви Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Фаъолияти адабию ҷамъиятияш бо медалҳои «Хидмати шоиста» (2001) ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2015 ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд.

 

АТО МИРХОҶА, муовини аввали раиси ИНТ

АТО МИРХОҶАИ НЕРӮ (Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич) 8 апрели соли 1963 дар деҳаи Вужи ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби деҳаааш фаро гирифта, дар мактаб-интернати деҳаи Муни ҷамоати деҳоти Навобод соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёна гардидааст. Соли 1980 вориди бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1985 ба итмом расондааст. Донишу малакаи амалии ӯро ба эътибор гирифта, ҳанӯз дар айёми донишҷӯ буданаш, Кумитаи марказии Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ ӯро ба ҳайси хабарнигори махсуси дастаҳои донишҷӯёни бинокор ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор даъват кардааст. Охири соли 1986 Кумитаи марказии Созмони ҷавонон бо дархости Созмони ҷавонони Кумитаи Бадахшон ӯро ба кор фиристодааст. Соли 1990 аз сабаби пароканда шудани созмон, Ато Мирхоҷа муҳаррири барномаҳои фарҳангӣ дар Кумитаи радио ва телевизиони ВМКБ таъин шудааст. Соли 1994 дар ҳафтаномаи «Фарҳанги Бадахшон» ба ҳайси масъули чоп фаъолият варзида, пас аз як сол барои зиндагии доимӣ ба пойтахти мамлакат омада, аввал дар барномаҳои дувуми Радиои Тоҷикистон, баъдан дар АМИТ «Ховар» фаъолият доштааст. Соли 1998 ба нашрияи Роҳи оҳани Тоҷикистон – ҳафтаномаи «Роҳи умед» (2002 «Нақлиёт») даъват шуда, то соли 2011 сармуҳарририи онро бар уҳда доштааст. Соли 2003-2008, ҳамзамон, мушовири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагон будааст. Аз июли соли 2011 муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» – нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ато Мирхоҷа аз овони мактабхонӣ шеър менависад. Нахустин шеърҳои ӯ дар ҳамин овон бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» пешниҳоди умум гардидаанд.

Соли 1991, бо мадади Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, нахустин силсилаи ашъораш дар китоби дастҷамъии «Боли парвоз» бо номи «Тасмаи мардон» ба чоп расидааст. Баъдан пайиҳам маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Ишқ ва ашк» (2003), «Шакарганҷ» (2006) ва «Нафаси дувум» (2013) дастраси хонандагон шудаанд.

Ато Мирхоҷа, ҳамчунин, муаллифи китобҳои бачагонаи «Нахӯдак-булъаҷабак», «Нахӯдак ва Нисо» осори мансури «Naкhudak-fabulоus» (афсонаи муосир барои хурдсолон; 2006), «Naкhиdaк аnd Nisо» (афсонаи муосир барои бачагони синни калони мактабӣ; 2006), «Равшан қиссаен» (ба забони шуғнонӣ, 2010) буда, асарҳои саҳнавии ӯ – «Даъвати Носир» (1992), «Сайр дар гилем» (1995), «Давлати баргашта» (1999) дар озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ соҳиби ҷоиза гардидаанд. Мазҳакаи «Сайр дар гилем» дар маҷмӯаи асарҳои саҳнавии «Паёми Искандаркӯл» (2007) чоп шудааст.

Намунаҳое аз ашъори Александр Блок, Иван Переверзин (адибони рус), Акбар Рисқулов (қирғиз), Микола Метлитский (белорус), Сергей Сухоян (Тоҷикистон), Аминат Абдурашидова (Доғистон)-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз осори худи ӯ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, белорусӣ, арманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудааст.

Ҳамчунин, шеърҳои алоҳидаи Носири Хусрав, Мирсаид Миршакар, Эраҷ Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Ҳайрат Шанбезода, Камол Насрулло ва драмаҳои Вилям Шекспир «Шоҳ Лир» ва Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ»-ро ба шуғнонӣ тарҷума кардааст. «Қишлоқи тиллоӣ» дар тарҷумаи ӯ ва бо кӯшиши ҳунарпешаи маъруф Маъруфшо Мазҳабшоев соли 1989 таҳти унвони «Тиллойӣ қишлоқ» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Хоруғ) саҳнагузорӣ шудааст.

Дар таҳия ва нашри китобҳои «Вожаномаи мухтасари русӣ-тоҷикии роҳи оҳан» (2004, дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «Луғати соҳаи ҳавопаймоӣ (русӣ-тоҷикӣ)» (2008, дар ҳаммуалифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «800 ғазали дилошӯб» (2007, дар ҳамкорӣ бо Асрори Сомонӣ) ва «800 панди дилписанд»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (2007, дар ҳамкорӣ бо Асрори Сомонӣ), «Баёзи меҳр» (2008), «Анҷумани дидор» (2008), «Гулбоғ» (2010), «Эъҷози Раҳмон» (2011), «Одами тиллоӣ», (2011), «Нома дар барги ҳавас» (2011) ва ғ. ҳиссагузорӣ кардааст.

Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, бо медали «Хизмати шоиста», нишонҳои «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», «100-солагии матбуоти тоҷик», унвони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 Соли 2015 ба ҳайси муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд.

РАВШАНИ МАХСУМЗОД, муовин  раиси ИНТ

Равшан МАХСУМЗОД 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд шудааст.

Пас аз хатми мактаби №9-и зодгоҳаш ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) (1990) дар идораи рўзномаҳои «Сухан», «Саховат», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», маҷаллаи «Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор, мудири шуъба ва сармуҳаррир кор кардааст. Аз соли 2015 мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2008).

Муаллифи маҷмўаи қиссаю ҳикояҳо «Арзи дил» («Адиб», 1997), «Қалами шинос» («Адиб», 1998), «Духтари кўҳистон» («Шарқи озод», 2003), «Сояи ишқ» («Адиб», 2007), «Кафан киса надорад» ( 2009), «Пули Сирот» («Адиб», 2012), «Дили модар» («Русская литература», 2016), повести «Муҷозот» («Садои Шарқ», 2016, №5), «Ишқи зистан» («Русская литература», 2020).

Дар ҳафтаномаю маҷаллаҳо очерку мақолаҳояш дар хусуси фаъолияту зиндагии чеҳраҳои мондагори илму адаб устод Садриддин Айнӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пўлод Толис, Мутеулло Наҷмиддинов, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, академик Ҳамид Мансуров, Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадо ба табъ расидаанд.

Тарҷума: Ҳикояҳои Эрнест Хемингуэй, Ҷек Лондон, О. Генри (ИМА), Антон Чехов, Василий Шукшин, Михаил Зошенко (Россия), Абдулло Қаҳҳор, Ҷамила Эргашева (Ўзбекистон) ва дигаронро тарҷума кардааст.

Ҳикояҳояш ба забони русӣ, қазоқӣ, белорусӣ, арманӣ, ўзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Мукофотҳо: Ифтихорномаи Шўрои Олии СССР (1988), Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2015), ордени «Шараф ва мардонагӣ» (2015), медалҳои «Барои шуҷоат», «100-солагии матбуоти тоҷик» (2011), нишони «Сухан» (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Дипломи нахустин Озмуни байналхалқии Иттифоқи журналистони Русия «Искусство жить вместе».

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved