• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Рўзи нуҳуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» хотирмонтар ҷараён гирифт.  Ёдовар мешавем, ки дар рўзи нахустини озмун намояндагони ВМКБ, дар рўзҳои дуюму сеюм довталабони вилояти Суғд, рўзҳои чоруму панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рўзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рўзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

 

Аъзои ҳакамон дар номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» таъкид намуданд: «Як хонандаи синфи 8-ум аз шаҳри Душанбе дар озмун баромад кард, ки донандаи чор забон аст, нутқи бурро дорад, озодона аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунад. Ин довталаб ҳатто намунаи китоби  тарҷуманамудаашро ба ҳакамон пешниҳод кард».

Сарвиноз Саидова намояндаи шаҳри Душанбе буда,  донишҷўи соли сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ў соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад ва бо тайёрии ҷиддӣ омада, ният дорад аз озмуни имсола бидуни ҷоиза барнагардад. Номбурда мегўяд, ки аз ашъор бештар аз 4300 байт,  422 ғазал ва 500 рубоию дубайтӣ, чандин қасидаву  достонҳоро аз худ кардааст, ки ин талаботи низомномаи озмунро пурра қонеъ мегардонад.

Тибқи тақвими муайянгардида 15 декабр рўзи охирини озмун мебошад. Пас аз натиҷагирӣ ғолибон муайян ва бо ҷоизаҳои муқарраргардида қадрдонӣ хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved