• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дўстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

АҲДИ ҶАВОНМАРДӢ

Илҳом аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Дасти деҳқон баски ҷунбондаст маҳди Пешво,

Содаву пурбовару сахт аст аҳди Пешво.

«Ман будам бо халқаму бо халқ ҳастам умрбод!» –

Ин шакар омад бурун аз кони шаҳди Пешво.

 

«Ҳамнафас бо халқи худ ҳастам, қасам бар Зоти Пок,

Чун маро танҳо зи халқам қудрату неру бувад».

Ҳар кӣ бошад бо Худо, оре, бувад бо халқи худ,

Ҳар кӣ бо халқ аст, оре, бо Худо ҳам ў бувад!

 

Халқи тоҷик Пешвояшро раёсат додааст,

Пешво бар халқи худ эъҷози ваҳдат додааст.

Халқи тоҷик Пешвояшро муҳаббат додааст,

Пешво бар халқи худ осуда давлат додааст.

 

Дар ҷаҳони қудрати дороиву ғавғову кин

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ доротарин.

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ донотарин,

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ волотарин!

 

«Аҳди ман аҳди ҷавонмардист бо халқу Ватан,

Ҷон ба ҷон бо халқ ҳастам, бо Ватан ман – тан ба тан!»

Пешво гўяд, ки дар ҳар ҳарфи худ дорад ниҳон

Қудрати Роғуну волоии Парчам аҳди ман!

 

Гарчи ҳар дам медиҳад олам зи хавфи нав хабар,

Давлатамро ҳифз месозам ман аз хавфу хатар!

Ин амонатро хиёнат ман накардам ҳеҷ гоҳ,

Ҳам намебахшам хиёнатро ба ҳар шахси дигар!

 

Парварад андешаи ман раҳнамоии дигар,

Кори дигар, фатҳи дигар, раҳкушоии дигар.

Ман барои гулшукуфти ин Ватан дорам ҳанўз

Дар бисоти хеш сад ҷони фидоии дигар!

Ато Мирхоҷа

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved