• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистунуҳсолагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рўйдодҳои муҳими таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рўйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гўшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст.

Дигаргуниҳои куллие, ки дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе ва дар тамоми гўшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандўстамон мебошанд.

Ҳамин тавр, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, унвони фахрии «Нависандаи халқии Тоҷикистон», унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.

Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла адибон, омўзгорон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон буданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 сарфароз карда шуданд.

Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омўзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардиданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатиро махсус таъкид карданд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон, бахусус занон дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.

Дар анҷоми маросими бошукўҳи мукофотсупорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

Унвон муборак, ҳамқаламони азиз!

Шералӣ МӮсо – Нависандаи халқии Тоҷикистон

Алимуҳаммад МуродӢ– Шоири халқии Тоҷикистон

Рустам Ваҳҳобзода– Шоири халқии Тоҷикистон

Озар – Шоири халқии Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved