• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ХУШ ОН ШЕЪРЕ…

Ба муаллифи Суруди миллӣ

Гулназар Келдӣ

Хуш он шеъре,

Ки бошад инъикоси қудрату

азму мароми халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки бошад иқтибоси вазну

тамкину қиёми халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки дорад ҷўр назми зиндагиро

 бо низоми халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки бо ҳар сатри тўлонӣ чу таъриху чу умри шоирӣ кўтаҳ

Биафзояд ба умри

бардавоми халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки гаҳ дар оташи девону

гаҳ даврон бисўзад,

Пухта созад лек хоми халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки бо тиру туфанги нуқтаҳову

нуктаҳои хеш

Зи хасми халқ гирад

интиқоми халқ

 

Хуш он шеъре,

Ки ҳарфаш заҳрсон бошад

ба коми хасм,

Бигардад шаҳди ноб аммо

ба коми халқ.

 

Хуш он шеъре,

Ки худ шаҳ бошаду табъаш

вазир, аммо

Биёбад хештанро ходими

халқу ғуломи халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки ҳар ҳарфаш дурахшад

Чун нигини тоза дар

ангуштарини нангу номи халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки реши халқро дармон

                            бубахшад бо

                                       забони халқ

Ва дарди халқро дармон бисозад

                                бо каломи халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки бар субҳи фараҳзо,

Шомҳои пурзиё,

Сўи таманно,

Сад ҳазорон рўзи фардо,

Ҷониби аҳли вафо

Бошад саломи халқ;

 

Хуш он шеъре,

Ки вақти хонданаш

Бо қомати болои дил,

Бо ҳиммати волои дил,

Бо фахри беҳамтои дил

Аз ҷой бархезад тамоми халқ!

 

 

Низом Қосим,

соли 2015

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved