• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Адибони тоҷик, халқи фарҳангпарвару суханшиноси кишвар, дўстони сершумори хориҷии маданияти волои он бо шоири барҷастае видоъ намуданд, ки истеъдоди дурахшони хешро барои рушди адабиёти миллӣ, обрў ва ҷилои тоза пайдо кардани шеър ва, умуман, адабиёт, бахшида буд.

 13 августи соли 2020 Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ устод Гулназар Келдӣ ҷаҳонро падруд гуфт.

Устод Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дар-дари  ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст.

Соли 1961 мактаби миёнаи зодгоҳаш, соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар идораи рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шурўъ намуда, муовини муҳаррири ҳамин нашрия будааст. Баъдан вазифаҳои муҳарририи шуъбаҳои маҷаллаи «Садои Шарқ», сармуҳарририи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рўзномаи «Ваҳдат» ва маҷаллаи «Пайванд»-ро ба уҳда доштааст. Солҳои 2005 то 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Чанде муовини директори нашриёти «Адиб», аз соли 2012 то ба имрўз муовини раиси Кумитаи давлатии Ҷоизаҳои ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ буд.

Ашъори устод Гулназар Келдӣ дар китобҳои «Расми сарбозӣ» («Ирфон», 1969), «Дастархон» («Ирфон», 1972), «Нардбон» («Ирфон», 1975), «Ағба» («Ирфон», 1979), «Паҳно» («Ирфон», 1981), «Лангар» («Ирфон», 1984), «Пайи дарё» («Ирфон», 1986), «Чашми нигин» («Маориф», 1987), «Табхола» («Адиб», 1992), «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст» («Хуҷанд», 1992), «Фариштаи бомдод» («Адиб», 2000), «Ойинаи ташна» («Сарпараст», 2005), «Фасли оғоз» («Адиб», 2005), «Дўст» («Ношир», 2006), «Шакарнам» («Ношир», 2006), «Хирман» («Эҷод», 2008), «Тулўи бедорӣ» («Ношир», 2009), «Туву хубиву раъноӣ» («Адиб», 2010), «Оғўши саршор» («Маориф ва фарҳанг», 2011), «Дар чодари сафеди маҳтобӣ» (дар ду ҷилд, «Адиб», 2015), «Лолаҳо дар ёлаҳо» («Бухоро», 2017), «Хуҷаста» («Маориф», 2019) ва ғайра ба табъ расидааст.Ҳамчунин ба хати форсӣ маҷмўаҳои «Тахти Рустам» («Ирфон», 1970), «Забони ошиқӣ» (Теҳрон, «Суруш», 1999) ва ба забони русӣ «Звезда Улугбека» (Совпис, 1981), «Безымянный родник» (Совпис, 1988), «Тень тутовника» («Адиб», 1986) манзур гардидаанд. Ба забони арабӣ китоби «Гули назар» (бо Гулрухсор, Кувейт, 2006)-ро ба табъ расондааст.

Устод Гулназар Келдӣ дар соҳаҳои наср ва таҳқиқ дасти тавоно ва қудрати эҷодии бузурги худро бо асарҳои «Таъми тути балхӣ» (ҳикояҳо, «Адиб», 2002), «Гули афшони олуча» (ҳикояҳо, «Ирфон», 2010), тарҷумаи русиаш - «Опавшие листя аличи» (тарҷумаи А. Гаджиева, «Эҷод», 2007), тарҷумаи ўзбекиаш - «Олчанинг тўкилган гуллари», «Адиб», 2012, тарҷумаи Ҳасан Бердиқулов), «Мансури Ҳаллоҷ; Имом Ғаззолӣ» (маҷмўаи пйесаҳо, «Деваштич», 2005), «Лоиқе чун Лоиқе» («Сурушан», 2000; «Адиб», 2013), «Қутбии қутби сухан» (Деваштич, 2007), «Растохези сухан» («Хуҷанд», 2015) собит намуда, ганҷинаи ин бахшҳои адабиётро ғанӣ гардондааст.

Шоири маъруф барои бачаҳо маҷмўаҳои «Аз барои Гулузор» («Маориф», 1983), «Се кулчаи танўрӣ» («Адиб», 1990), «Об омаду об омад» («Маориф», 1991), «Девори сабз» («Адиб», 2002), «Борони бесаранҷом» («Истиқбол», 2004), «Гунҷишки наққош» («Адиб», 2007), «Аз «алиф» то «ё», («Адабиёти бачагона», 2012), «Бозгўйи қиссаҳои «Маснавии маънавӣ» (дар бист китобча, «Адиб», 2013), «Бозгўйи қиссаҳои «Бўстон»-и Саъдӣ» (дар чаҳор китобча, «Адабиёти бачагона», 2014), «Ман» («Маориф», 2019), «Гулҳо зеби заминанд» («Маориф», 2019), «Бо ҳам мо - Тоҷикистон» («Адиб», 2019), «Зарофа чӣ мегўяд?» («Матбуот», 2007), «Калоба» («Истиқбол», 2012)  ва  ғайраро эҷод намудааст.

Мавсуф осори Ояр Ватсиетис «Тилисми муҳаббат» («Ирфон», 1978), Р. Рождественский «Ҷазр» («Ирфон», 1981), М. Светаева «Армон» («Ирфон», 1986), Абдулазиз ал-Мақолеҳ «Ҷоми ашк» («Адиб», 1990), Суод ас-Сабоҳ «Хаймаи қудсии сухан» («Сурушан», 1999), Низор Қаббонӣ «Овози дард» (бо Қутбӣ Киром, «Сурушан», 2000), «Қиёми сабзи дарахт» (баёзи шеъри имрўзи Фаронса, «Деваштич», 2005), Антуан Сент-Экзюпери «Парвози шабона» (қисса, «Деваштич», 2006), Ли Чжаосин «Саду шаш барг» (бо Н. Қосим ва С. Маъмур, «Адиб», 2006), Антал Биҳори Ваҷпейи «Як қатраи меҳрубони борон» («Эҷод», 2006), Марек К. Зигадло «Қиссаи гирёни борон» (Душанбе, 2011) ва ғайраро устодона тарҷума намудааст.

Устоди зиндаёд мураттибии китобҳои «Сафина» (баёзи назму насри замони шўравии тоҷик, «Маориф ва фарҳанг», 2007), «Шоиру шеъре агар ҳаст» (баёзи назми имрўзи тоҷик, «Маориф ва фарҳанг», 2009) ва ғайраро бар дўш дошт.

Филмномаҳои адиб - «Баҳори як кўча», «Дар орзуи падар» (қисматҳои охир), «Нишони зиндагӣ», «Сездаҳ солу се моҳ», «Марги бегуноҳ», «Бачаҳои таҳхонагӣ» ва ғайра дар рушди кинои миллӣ падидаҳои нодир мебошанд.

Устод Гулназар Келдӣ анъанаҳои эҷодии устодонро идома бахшида, либреттоҳои «Хусрав ва Ширин», «Чашмае, ки баҳр шуд», «Достони нур» ва ғайраро бо услуби наву тоза офарид.

Хидматҳои беназири устоди сухан  бо Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1985), Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1991), Ҷоизаи давлатии адабии ба номи Рўдакӣ (1994), бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон (1995), Диплом ва медали Палатаи Европоӣ (2016), Дипломи ҳифзи зеҳнияти Созмони байналмилалии савдо (2014), ордени «Дўстӣ» (1999), «Исмоили Сомонӣ», дараҷаи 3, (2006), медалҳои «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», (2011), «10-солагиии Иҷлосияи 16»-и ШО ҶТ (2002), ордени нуқраи «Дарахти дўстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (2007) ва ғайра қадр шудаанд.

Устод Гулназар Келдӣ муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (1996) мебошад.

Аз соли 1973 узви ИН СССР ва аз соли 1992 узви ИН Тоҷикистон аст.

Осори пурбаракат ва баландғояи ин адиби барҷаста, номи неку хотираи дурахшони ў абадан дар қалбҳо боқӣ хоҳад монд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved