• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

23 январ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рўнамоии китоби  тозанашри Нависандаи халқии Тоҷикистон Ўрун Кўҳзод "Гардани ғам бишканед" баргузор гардид. Чорабиниро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа оғоз карда, иброз дошт, ки китоб чанд моҳ пештар дастраси хонандагон гардида буд ва сазовори баҳои баланд гашт.

 

Муаллифи китоб дар суханронии худ сабаби таълифи онро ба ҷамъомадагон баён карда, чунин гуфт: "Соли гузашта ду китобам нашр шуд бо номи "Ғайр аз хўрдану пўшидан" ва "Гардани ғам бишканед". Одат шудааст, ки барои наврасону ҷавонон асарҳое пешниҳод карда шаванд, ки бисёр содаву осонфаҳм бошанд ва бори иҷтимоӣ надошта бошанд. Гўё ин яке аз заруратҳои ба китобхонӣ ҷалб кардани онҳо бошад. Ба гумони ман, китобҳое, ки барои хондани наврасон ва ҷавонон пешниҳод карда мешаванд, бояд баръакс аз ҷиҳати иҷтимоӣ хеле сербор бошанд, то хонандаро барои ба андеша рафтан водор кунанд. Масалан, асари "Ҷанг ва сулҳ"-и Толстойро бо андаке мухтасар кардан метавон барои хондани ҷавонону наврасон пешниҳод кард. Мақсади пешниҳод кардани ин гуна асарҳои ҷиддӣ барои мутолиа он аст, ки одамони нав бо китоб сарукор гиранд, дар вақти хондан ба масъалаҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ як навъ шарик шаванд, фикр кунанд ва ҳатто баҳс кунанд. Ин ду китоби ман ба ҳамин мақсад равона карда шудааст".

Адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода чанд асари Ўрун Кўҳзодро намуна оварда, ба ҳунари нависандагии муаллиф баҳои баланд дод. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард:  "Устод Ўрун Кўҳзод ба тамоми маънӣ аз нависандаҳои пуркору пухтакор ва бузурги муосири мо ҳастанд. Ин ду китоб ("Ғайр аз хўрдану пўшидан" ва "Гардани ғам бишканед") аз лиҳози мавзўъ, масъалагузорӣ, сабк, ҳадаф ба ҳамдигар сахт пайваст буда, давоми якдигаранд. Ба аҳли ҷомеаи тоҷик равона шудаанд, ки онҳо дар бораи масъалаҳои муҳимми сиёсию иҷтимоии давр фикр кунанд, мулоҳиза ронанд. Яке аз масъалаҳои муҳимми онҳо сарнавишти мардуми тоҷик дар гузаштаҳои дуру наздик ва имрўз аст. Вазъи ҷомеаи тоҷик, вазъи фарҳанг, сиёсат, давлатдорӣ, ваҳдат ва ғайраҳоро фарогиранд. Дар байни аҳли адаб кам касоне ҳастанд, ки мисли устод Ўрун Кўҳзод ба омўхтани таърихи дуру наздики мо машғул шуда бошанд. Махсусан, ба омўзиши таърихи асрҳои XIX, XX устод зиёд машғул шудаанд. "Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз", "Ҳайҷо", "Бандии озод", "Писанддара", аз ин мавзўъ сухан мекунанд".

Мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нависанда Равшан Махсумзод аҳаммияти васеи китоби "Гардани ғам бишканед"-ро барои хонанда арзёбӣ карда, чунин иброз дошт:

"Китоби "Гардани ғам бишканед" аз се қисм иборат аст ва дар он ҳам мақолаҳои устод ҳасту ҳам асарҳои бадеияшон ва ҳам ҳаҷв, аммо ҳамаи инҳо якдигарро пурра мекунанд. Мавзўи асосие, ки устод дар ин асарҳо таҳқиқ кардаанд, ба риштаи тасвир кашидаанд, чанд масъалаи муҳимму доимии адабиётро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама, ватандорӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, донистани таърихи халқи худ, пос доштани бузургони мо, ки барои миллату Ватан хидмат кардаанд. Беҳуда нест, ки нахустин мақолаи ин ҷо омада дар бораи устод Садриддин Айнӣ аст. Адиб аз хидматҳои устод Айнӣ мисолҳо оварда, мехоҳанд, ки мо мисли устод Айнӣ миллату Ватанро дўст дорем, таърихамонро омўзем, барои миллату ватанамон Айнивор хидмат кунем. Бовар дорам, ки баъзе мақолаҳои дар китоб буда, ҳамчун барномаҳои мактабӣ истифода шуда метавонанд".

Адабиётшинос Қодири Рустам зарурати китоби тозанашрро барои хонанда аз чанд ҷиҳат баён карда, чунин хулосаронӣ намуд: "Устод Ўрун Кўҳзод шогирд ва давомдиҳандаи мактаби Аҳмади Дониш, Мирзо Ҳакими Сироҷ, Садриддин Айнӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ҳастанд, ки дар замони нав идеяҳои онҳоро инкишофу такмил доданд. Бо андешаҳои хоси худашон дардҳои ҷомеаро гуфтанд. "Гардани ғам бишканед" маҷмўаи осори устод аст, ки аз жанрҳои гуногун, ба монанди мақолаву эссе, қиссаву ҳикояҳои ҳаҷвӣ таркиб ёфтааст. Ҳамаашон масъалаҳои мубрами ҷомеаро дар бар мегиранд. Як қаҳрамон доранд, ки рўшанфикри тоҷик аст, ба атроф бо чашми  бозу интиқодӣ нигоҳ мекунад, онро худ таҳлил мекунад ва гоҳе ба ягон ҳамдаму ҳамрозаш мегўяд. Ин хислати умдаи рўшанфикри тоҷик аст. Барои таҳқиқи навиштаҳои устод Кўҳзод танҳо хонандаи одӣ будан ва ҳатто танҳо адабиётшинос будан кифоят нест, бояд ин ҷо адабиётшиносӣ бо ҷомеашиносӣ ба ҳам оянд, баъд мо ба онҳо ворид бишавем, онҳоро таҳлил бикунем ва бардоштҳое барои худ, барои миллат бигирем."

Ба андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Ўрун Кўҳзод ҳамчун як адиб, ҳамчун як инсон намунаи ибрат, шоистаи таҳсин ва пайравӣ аст. Номбурда як шеъри  ба Ўрун Кўҳзод  бахшидаи худро ҳамчун рамзи дўстии чандинсолаву меҳру эҳтирому ихлос қироат кард.

Нависанда Мирзо Шукурзода ёдовар шуд, ки чанде пештар бо муаллифи китоб мусоҳибаи хотирмоне анҷом додааст ва он дар Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон "Садои Шарқ" чоп шудааст. Ба андешаи номбурда, аввалин навиштаҳои Ўрун Кўҳзод аллакай то дили мардум роҳ ёфта буданд. Аз ҳикояти хурд то романҳои бузурги муаллиф хеҷ як асар бидуни масъалагузорӣ нест. Он қадр, ки дар шеърҳои устодон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон ғами миллат ва забони тоҷикӣ суруда шудааст, мо ҳамаи ин ғамномаро дар насри устод ҳам мебинем.

Нависанда Мансур Суруш аз он изҳори хурсандӣ кард, ки чанд ҳикояи бачагонаи муаллифро ба забони русӣ тарҷума кардааст ва зарур шуморид, ки китоби мазкур низ бояд ҳар чӣ зудтар ба забони русӣ тарҷума шавад. Тавре Мансур Суруш иброз дошт, китобҳои муаллиф бояд бо теъдоди зиёд чоп шаванд ва дар ҳар хонадони тоҷик бошанд, то ин ки мо камбудиҳои худро донем ва ислоҳ кунем.

Зимни суханронии худ адабиётшинос Исрофилниё Шарифмурод Раҳимзода арзёбӣ кард, ки моро лозим аст ҳамин гуна асарҳое, ки фикри наврасону ҷавононро ба гардиши куллӣ меоваранд, барояшон пешкаш гардонем.

Дар охир Нависандаи халқии Тоҷикистон Ўрун Кўҳзод барои баргузории ин маҳфил ба масъулини ИНТ изҳори сипос кард.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved