• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд

"Дар саҳифаи таърихи ҳамкории Душанбе ва Тошканд марҳилаи нав оғоз шуд. Ба шарофати иродаи сиёсии Президентҳои ҳарду давлат  робитаҳоямон  сатҳи сифатан нав  касб карданд", - иброз дошт вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти клуби матбуотии байналмилалӣ, ки рўзи панҷшанбе, 2 август дар Тошканд баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори махсуси АМИТ "Ховар" Марзия Саидзода аз пойтахти Ҷумҳурии Ўзбекистон хабар дод.

 

"Вақтҳои охир метавон дастовардҳои зиёди ноилшударо мушоҳида кард. Муносибатҳои дўстона, аз ҷумла, дар соҳаи фарҳанг  таҳким ёфтанд", - зикр намуд Ш. Орумбекзода.

Мавсуф ёдовар шуд, ки моҳи майи соли гузашта дар Тоҷикистон Рўзҳои фарҳанг ва санъати Ўзбекистон ва моҳи октябри худи ҳамон сол Рўзҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Ўзбекистон баргузор шуданд. "Ҳамзамон, намоишгоҳи аксҳои дастовардҳои Ўзбекистону Тоҷикистон дар солҳои истиқлол доир гардида,  маводди соҳаи филмсозии ҷонибҳо ба намоиш гузошта шуданд, - гуфт вазири фарҳанги Тоҷикистон ва афзуд: Моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки "Шоми дўстӣ" бо иштироки устодони санъати ҳарду кишвар, ки аз ҷониби коршиносони аксари кишварҳо сазовори баҳои баланд гардид, барпо шуд".

Дар идома Ш. Орумбекзода зикр намуд, ки муносибатҳои халқҳои ўзбеку тоҷик воқеияти нав нест, ки дирўз ё имрўз пайдо шуда бошад. Арзишҳои умумии таърихӣ ва фарҳангӣ, анъаноти эҳтироми тарафайн ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Ўзбекистон заминаи устувор мегузоранд. "Бо он ки мардуми мо ба якдигар ҳамчун "бародар" муроҷиат мекунанд, - ҳамааш равшан аст, ҳоҷат ба баён надорад", - таъкид кард  вазири фарҳанги Тоҷикистон.

 "Ҳоло мо ба сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон барномаи нави ҳамкорӣ таҳия намудаем.  Умедворем, ки бо вазири фарҳанги Ўзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев онро татбиқ менамоем", - гуфт Ш. Орумбекзода.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved