• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Саҳифаҳои аввали шумораи навбатии маҷаллаи миллии адабии ИНТ "Садои шарқ" (№ 7) бо матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом оғоз меёбад.

 

Бахши назми шумораи навро рубоиёти Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, чанд шеъри Давлат Алӣ, бахши насрро романи "Корномаи Спитамен"-и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, повести Раҷаб Мардон зиннат додаанд.

Дар остонаи сафари Президенти кишварамон ба ҷумҳурии Ӯзбекистон қисмати бештари маҷалла зери рубрикаи "Саҳифаҳои дӯстӣ ва бародарӣ" ба адабиёти ин кишвари дӯсту ҳамсоя ихтисос ёфтааст.

Бахши мазкур бо пешсухани академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки дар он сухан роҷеъ ба робитаҳои адабии ду кишвар меравад, оғоз шудааст.

Дар идома шеърҳои шоирони маъруфи ӯзбек Ғафур Ғулом, Зулфия, Мирмуҳсин, Ойбек, Эркин Воҳидов, Абдулло Орифов, Эътибор Охунова ва дигарон дар тарҷумаи шоирони тоҷик пешкаши хонандагон гардидаанд. 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved