• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

26-уми июни соли равон шоири машҳури рус Андрей Дмитриевич Дементев дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт ва ҷасади ӯро дар гӯристони Кунсевск ба хок супориданд. Агар даҳ рӯзи дигар умр ба шоир вафо мекард, ӯ навадсола мешуд.

А. Дементев аз шоирони маъруфу номвари Русия буда, дар як рада бо насли бузургу навовари шоирони ин сарзамин Р. Рождествеснкий, Е. Евтушенко, Р. Казакова, А. Вознисенкий ва дигарон ном бурда мешавад. Ӯ муаллифи беш аз чил маҷмӯаи ашъор мебошад, ки дар байни онҳо  "Ман рӯшод зиндагӣ мекунам", "Лирика", "Шеърҳо", "Ҳама занон дӯстдоштаниянд" ва ғайраҳо миёни хонандагон маълуму машҳуранд ва бештари онҳо дар замони шӯравӣ бо теъдоди хеле зиёд ба чандин забонҳои дунё интишор ёфтаанд. Ба қисмати зиёди шеърҳои шоири марҳум оҳангҳои марғубу зебо низ баста шудаанд.

 

 Як силсила шеърҳои машҳури ӯ ончунон ба хотири хонандагон нишастаанд, ки ҳатто мисраву байтҳои онҳо имрӯз ба ҳикмату зарбулмасал табдил ёфтаанд.  "Аз ҳеч чиз афсӯс нахуред" аз қабили ҳамин гуна шеърҳост, ки соли 1977 вақти сардабири маҷаллаи "Юность" будани шоир эҷод ва ба забони хонандагон ҷорӣ шудааст. Шеърҳои "Медонам, ки ҳама занон зебоянд", "Аленушка", "Себҳои рӯи барф", "Садоқати қувона" ва ғайраҳоро низ ба ҳамин гурӯҳ метавон дохил кард, ки ҳама аз тарафи сарояндагони рус суруда шудаанд.  

Номи А. Демнтев ҳамчун шоири тозакору соҳибном дар таърихи адабиёти шӯравӣ сабт гардидааст ва боду борони замон ин номи дурахшонро аз саҳифаи таърих нахоҳад шуст.

"АС"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved