• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Аз даргузашти пири як зумра шоирони имрӯзи тоҷик, устод Муъмин Қаноат қариб ду моҳ гузашт. Дар ин муддати кӯтоҳ аз сӯи адибону мухлисони ашъори ӯ марсияву сӯгномаҳо ва ихлосномаҳои зиёде эҷод ва нашр шуданд, ки гувоҳи маҳбубият ва маъруфияти камназири шоири равоншод мебошанд. Бо аз даст додани шоири бузург қаламкашон сӯзу ҳасраташонро рӯи коғаз оварданду ихлосу муҳаббаташонро ба ӯ баён карданд.

Чанде пеш бо кӯшиши Б. Забеҳулло, Р. Давлат ва Ҳ. Акбар марсияву сӯгномаҳо ва ихлосномаҳои адибону донишмандони ватанию хориҷӣ ба сурати китоби алоҳида бо унвони "Ба дида нақши рӯйи ту" интишор ёфт ва дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд. 

 

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зимни ифтитоҳи рӯнамоӣ ва маҳфили ёдбуди устоди равоншод Муъмин Қаноат изҳор дошт, ки имсол баҳор хеле ғамангезу ҳасратовар буд, зеро дар ин фасли ба сурат сабзу гулрез, вале ба назари мо хазонпӯш бузургони адабиёти тоҷик ба абадият пайвастанд. Мавсуф аз хидматҳои бузургу мондагори устод Муъмин Қаноат дар таҳаввулу ташаккули шеъри нави тоҷик, тарбияи шогирдон ва тавсеаи фаъолияти Иттифоқи нависандагон ёдовар шуда, дар бораи китоби "Ба дида нақши рӯйи ту" изҳори назар кард. Раиси ИНТ  ин китобро арзишманду муассир арёбӣ карда, ба мураттибони он, ки кори хайру савоберо анҷом додаанд, арзи сипос намуд.

Сипас масъули чопи китоб Ҳайдаршоҳи Акбар дар бораи сифату муҳтавои он ба ҳамагон маълумот дод.

Бо мулоҳизаронӣ дар атрофи китоби "Ба дида нақши рӯйи ту" иштирокдорони маҳфил дар бораи шахсияти дурахшон ва осори гаронмояи устод Муъмин Қаноат низ сухан гуфтанд. Низом Қосим изҳор дошт, ки достонҳои шодравон дар ҳама давру замон аз қимату аҳаммияти зиёд бархурдор хоҳанд буд, зеро дар онҳо сарнавишти инсон, рӯҳи шикастнопазири ӯ, пирӯзии зиндагӣ бар марг, ватандӯстию қаҳрамонӣ ва бузургию наҷобати фарзандони вафодори миллат васф шудаанд. Номбурда аз ҷумла перомуни достонҳои мондагори "Сурӯши Сталинград" ва "Гаҳвораи Сино", ки ба шоир шуҳрати ҷаҳонӣ оварданду ба чандин забонҳои дунё тарҷума шуданд, андеша ронда, ҳар пораи онҳоро дар адабиёти навини тоҷик намунаи волои ҳунар ва эъҷоз донист ва афзуд, ки минбаъд омӯзишу пажӯҳиши тамоми осори устод Муъмин Қаноат бояд ба таври густардатар ба роҳ монда шавад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун бо нақли хотироташ аз ҳамнишинию ҳамкориҳо бо шоир ӯро бо шоирони бузурги шӯравӣ Р. Рождественский, А. Вознесенский, Р. Казакова, Е. Евтушенко, Олжас Сулаймонов ва дигарон дар як радиф гузошта, изҳор намуд, ки Муъмин Қаноат бо шахсияти тобнок ва осори гаронсангаш адабиёти тоҷикро дар паҳнои Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври шоиста муаррифӣ мекард ва ба шуҳрати он шуҳрати бештар зам менамуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ зимни суханронияш нақл кард, ки чӣ тавр устод Муъмин Қаноат дастгиру пуштибони адибони ҷавон буд ва барои таҳсили ӯ дар Институти адабии ба номи М. Горкийи шаҳри Маскав мусоидат кард ва ҳамеша аз ҳоли донишҷӯёни тоҷике, ки он ҷо таҳсил доштанд, бохабар мешуду дасти ёрӣ дароз менамуд. Зулфия Атоӣ суханашро бо қироати шеъре ба ёди устод ҷамъбаст намуд.

Мактаби адабии устод Муъмин Қаноат адибони тавонову ҳунарманди зиёдеро ба майдони адабиёт овард, ки онҳо баъдан дар рушди шеъри тоҷик хидматҳо карданд. Дар ин хусус Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур бо ҳарорати зиёд сухан гуфта, ёдовар шуд, ки нахустин бор маҳз устод Муъмин Қаноат бо пешгуфтори меҳромез ба нахустмаҷмӯааш ӯро ба хонандагон муаррифӣ карда буд. - Устод берун аз ҷумҳуриямон шуҳрату обрӯи зиёд касб намуда, суханашон воқеан вазну тамкини Замин дошт, - гуфт Сайидалӣ Маъмур.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро низ бори аввал устод Муъмин Қаноат ба хонандагон шинос кард. Пешгуфтори китоби аввалини шеъри ӯ ба қалами устод тааллуқ дорад. Ин нукта дар суханронии Камол Насрулло зикр шуд ва симои эҷодию инсонии Муъмин Қаноат дар шеъри қироаткардаи ӯ ба хубӣ аён гардид.

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб изҳор дошт, ки маҳз бо ибтикори устод Муъмин Қаноат дар вилояти Хатлон шуъбаи Иттифоқи нависандагон таъсис ёфт ва қаламкашони вилоятро муттаҳид намуду ба арсаи адабиёт овард.

Дар бораи маърифати баланду фарҳанги воло ва дигар хислатҳои инсонии шоир Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо ихлосу эҳтироми зиёд сухан ронд ва иброз намуд, ки достонҳои устод ба насри навини мо низ асаргузор буданд ва умедворем, ки минбаъд низ носирон аз саҳнаҳои бисёр ибратомӯзи достонҳои ӯ суд меҷӯянду илҳом мегиранд.

Дар бораи арзиши бадеии осори устод Муъмин Қаноат то кунун таҳқиқоту пажӯҳишҳои зиёде анҷом дода шудаанд, достонҳои ӯ ҳамеша дар маркази диққати донишмандон қарор доранд ва минбаъд низ паҳлуҳои дастнахӯрдаи эҷодиёти ӯ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ин хусус шоир ва донишманди шинохта Рустам Ваҳҳобзода ибрози назар кард ва аз ҷумла баён дошт, ки Муъмин Қаноат дар достонҳояш суннатҳои деринаи адабиёти классикии моро бо ҷараёнҳои нави шеъри замон ҳунармандона пайванд додааст ва дар ин замина ба комёбиҳои бузурге даст ёфтааст.

Дар поёни маҳфил Низом Қосим таъкид намуд, ки осори пурарзиш ва шахсияти дурахшони шоири бузург барои ояндагон намунаи волои ибрат хоҳад буд. Ҳамчунин номбурда изҳори умедворӣ кард, ки эҷодиёти устод зери як ҷилд фароҳам хоҳад омад.

Мавриди зикр аст, ки китоби "Ба дида нақши рӯйи ту" бо таслиятномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти устод Муъмин Қаноат оғоз ёфта, суханони шахсиятҳои ватанию хориҷӣ дар бораи ӯ, таслиятномаҳо ва марсияҳои шоирони тоҷикро фаро гирифтааст. Метавон гуфт, ки ин китоб шахсият ва осори Муъмин Қаноатро ба хонандагон аёнтар мекунад. 

Т. Халилӣ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved