• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Абдулҳамид Самад

19.05.2018 

Тақрибан ду моҳ пеш бо Акбар Абдулло ба аёдати устод Муъмин Қаноат рафтем. Бонуяшон дарро кушоданд. Устод низ ба даҳлез баромаданд. Чеҳрааш равшан, қоматаш чун ҳамеша рост, саломатиаш беҳтар. Шод шудам, ки хабару овозаҳои нохуши кўча аз сиҳатии устод ботил будааст.

 

- Дигар кампайдо шудед, - гуфтанд гилаомез.

Ҳолпурсии зиёду баҳонагўӣ дар чунин вазъият гаронӣ мекунад. Пирро дарди зормонда бас. Мехостем, ки заррае боиси озори хотирашон нашавем: дидори шарифашонро дида, дуояшонро гирифта пас гардем. Вале ҳам устод ва ҳам ёри азалӣ – завҷаи меҳрубонашон моро ба ҳуҷра ҳидоят карданд.

- Кирои омадан, аз барои савоб, як дам шинед, як пиёла чой гиред, - гуфтанд устод ва афзуданд: - Шунидам, ки дарахтҳои пеши Иттифоқро канда, ба ҷояшон ниҳолҳои нав шинондед. Баъзе дарахту гулбуттаҳо нодиру камёб буданд. Оҳо, то ба воситаи шиносу ҷўраҳо онҳоро ёфтем, ки риши бобоҳомон сафед шуд...

- Фаввора, гулгашт, китоби рамзии мармарӣ, пиёдароҳу нишастгоҳҳо сохтаанд, - таъриф кард Акбар: - Сайргоҳи аҷиб шудааст. Бубинед, хурсанд мешавед...

Табассумаке гирди лабони устод давид.

- Дигар қонуни зиндагӣ ҳамин аст, - гуфтанд: - Ба ҷойи дарахту гулбуттаи пир навашро мешинонанд. Ҳар замон кору қоидаи худро дорад...

Китоби қадимае болои миз меистод. Нишонаи нағз. Устод гоҳ-гоҳ онро варақ мезанад. Бо иҷозати эшон китобро гирифта кушодам.

- Таърихнома аст, - гуфтанд устод: - Далелу лаҳзаҳои ҷолиб дорад... Кор бисёр... Намедонӣ ба кадомаш даст бизаниву кадомашро ба субут бирасонӣ...

Ман хомўшона ба суханҳои устод гўш дода, бо ҳавас ба тарзи ҳаракати ошнои дасту панҷа ва шарораафкании чашмонашон менигараму дар дил мегўям: «Бигзор танҳо устод суҳбат бикунад».

- Курговад рафтан лозим. Сохтмон ҳанўз буд нашудааст, - овози устод хуш ба гўш мерасад: - Эҳе, дигар кор зиёд аст. Ҳайрон мешавӣ, ҳайрон. То худат рафта нишон надиҳӣ, бачаҳо аз пеши худ кореро намекунанд...

- «Устод ҳанўз бағайрат аст, - мегўям дар дил: - Худо қуввату тани сиҳаташ диҳад». Ва аз адибони номвари ҳамсафи замони шўравияш, дўстону тарҷумонҳои мумтози шеъру достонҳояш, аз робитаҳои адабиву номаҳои онҳо гап кушодам. Чашмони устод шарарбор шуданд, чеҳрааш шукуфт. Ба назарам, дар як лаҳза ў ба даврони ҷавониву авҷи эҷодиёту шуҳраташ бар гаштанд; ваъда доданд, ки номаҳои адибони шуҳратманди русу ҷумҳуриҳои бародариро, ки дар тарҷумаи асарҳояш ҳисса гузоштаанд, ба нашр омода кунанд. Чи хубе! Зимнан номаҳои адибони маъруф ба шоири номваре чун Муъмин Қаноат моли арзишманди адабиётанд...

Як пиёла чой ва порае аз ғизои навпухтаи завҷаи меҳмоннавози устод насиба гирифта, бо фотиҳаи эшон бо дили шоду хотири осуда хайрбод гуфтем. Ва инак дар рўзи мубораки ҷумъа (18.05) баъди пешин хабари ба раҳмати Худо пайвастани шоири шаҳир, инсони наҷиб устод Муъмин Қаноат паҳн шуд. Ду рўз баъд зодрўз доштанд ва ба синни 87 қадам мениҳоданд.

Бешак устод Муъмин Қаноат номвартарин шоири ҷавони тоҷик дар солҳои 60-уми асри бист буд. Аз ибтидои роҳи эҷодӣ то нафаси охирин устод кашфиёту эъҷози тозабаёнӣ бо сабку шеваҳои нав дар шеъру достонҳоро пешаи худ қарор доданд ва ба ин содиқ монданд. Кам навиштанду зебо ва пургунҷоишу арзишманд, шеъру бо маънии баланд. Роҳи мушкилписанду сангини эҷодӣ. Заргарӣ! Роҳе, ки шираи мағз, афкор, набзу ҳарорати дили суханварро меҷабаду мемакад.

Офаридаҳо ё маҳсули эҷодии устод бо зарбу савтиёт, салосату рангинии забон, корбасту бозии дилкаши таъбиру вожаҳо, хушобии тасвиру ҷазобияти чеҳранигорӣ, эҳсосот ва ҳарорати хоси худаш дар адабиёт падидаи тоза пазируфта шуданд. Ҳамболу ҳамрадифи бузургшоирони солҳои шастуми асри бисти давлати шўравӣ. Ҳамсафу ҳамақидаи Пўлод Толису Фазлиддин Муҳаммадиев дар ҷодаи ҷону ҳусни тоза бахшидан ба адабиёт буданд ва дар рушди назму кашфи истеъдодҳои ҷавони арзандаи тоҷик саҳми бедареғ гузоштанд. Дар фурўтаниву шикастанафсӣ ҳамто надоштанд; ҳаргиз намегуфтанд, ки фалон шоири тавонои аз худ ҷавон шогирди ўст. Инро ба худ раво намедиданд. Лекин ба эътирофи шўхиомезу ихлосмандонаи пайвастаи устод Лоиқ: «Мо ҳама аз остинчаи муаллим Мўъминшоҳ баромадаем». Бо назокати гуфтору адаби рафтор устод намунаи ибрат буданд. Ва имрўз зикри ин сифати ҷавонмардӣ ва ҳақшиносии ўро зарур мешуморам. Пас аз вафоти устод Мирзо Турсунзода (охири с.1977) то соли 1991 Муъмин Қаноат чун  Котиби якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳбарӣ карданд. Ҳарчанд, ки дар Анҷумани навбатӣ интихоб шудан чун раис барояшон мушкилоте надошт, ба гумонам вай маҳз ба хотири эҳтироми бузург ба устод Турсунзода инро ба худ раво надиданд. Ин нишонаи иродаву фазилати комилашон буд.

Устод Муъмин Қаноат бо мурури солҳо ба дараҷаи шахсияти тавонои адабӣ, шоири донишманду маъракадида расиданд. Вусъату ибрози назарашон ҳадафманду ибратомўз буд. Дар маҳфиле гўшзад карданд:

- Адиб метавонад ҳатто бо як сатр, байт, рўбоӣ, дубайтӣ, шеъру манзума ё бо як ҷузъиёт, лавҳа, ҳикоя, офаридани қаҳрамони наву дилнишин дар адабиёти миллаташ нақши монданӣ гузорад...

Аз ин меъёр ба дарунмояи ашъори дилангез ва ҳаммосаҳои аз ҷиҳати шаклу мазмун ҳайратангезу ҳунармандона ва арзишманду барҷастаи устод Муъминшоҳ аз сари инсоф нигарем, мебинем, ки ў ба адабиёти муосири тоҷик, хоса шохаи назм олам-олам рангу тароват ва эҳсосоту ҳарорати нотакрори шоирона бахшида, барои баланд бардоштани маърифати адабии мо, тарбияи завқу маҳорати ҷавонадибони имрўзу оянда хизмати бузурге кардааст.

Бо даргузашти устод Муъмин Қаноат шоири рангинбаёне бо «обшори оинаи беғубор», ки сурудаҳояш дар сатҳи баланди осори беҳтарин шоирони даврони шўравӣ буд, аз байни мо рафт. Устод пири некноми адабиётамон буданд. Ва албатта: «Марги чунин хоҷа на корест хурд».

Шигифтангез аст, ки:

 

Зимистон тухми гул бар хок мерезад,

Баҳорон мавҷи гул аз хок мехезад,

Чу тухми одамӣ резад, намехезад,

Намерўяд, ки рози хешро гўяд.

 

Вале бовар дорам, ки тухми сухан ва шеъри волои устод Муъмин Қаноат дар дили хонандаи тоҷик поянда хоҳад монд.

Равонаш шод, хонаи охираташ нуронӣ, ному осораш гиромӣ бод.

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved