• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат дар саҳни ин Маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчанбар гузоштанд.

 

 -Танҳо ҳамин кофист агар гӯем, ки маҳз тавассути султони шоирони Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъри тоҷикӣ ба қуллаҳои баланд расида, ба ин васила ҷаҳониён бо забони ноби тоҷикӣ ва тамаддуни ориёӣ ошно гардидаанд ва имрӯз низ шеъри ин устоди бузурги сухан қалби дӯстдорони шеъри тоҷикиро гарм ва рӯҳи онҳоро болида мегардонад.

Имрӯз, ҳамчунин, мо дар маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, адиби барои ҳамаамон маҳбуб Лоиқ Шералӣ, ба истифода супоридани маркази эҷодиву фарҳангии шаҳр ва кӯдакистони навбунёд ширкат карда, бо намунаҳои ҳунари мардуми ин диёри бостонӣ ва ҷараёни кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр шинос шудем, - зикр намуданд Сарвари давлат зимни суханрониашон.

 Баъди тамошои Маҷмаа ва фаъолияти маҳфилҳо дар толори калони ин Кохи боҳашамат дар ҳузури Пешвои миллат ва шумораи зиёди ҷавонони шаҳри Панҷакент барномаи мукаммали фарҳангӣ бо фарогирии композитсияи адабӣ-мусиқии "Ёди бузургон", суруду таронаҳои наврӯзӣ ва рақсҳои ҷолиби диққат намоиш дода шуд.

Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон суҳбати самимӣ ороста, пешниҳод намуданд, ки ин Маҷмаа ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шавад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved