• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Низом ҚОСИМ

Наврўзу адабиёт азалан тавъаманд - Наврўзи аҷдодӣ асрҳои аср илҳомбахшу рўҳафзои адибон будааст ва  адибон садсолаҳо ин ганҷинаи пурбаҳои маънавиро дар сурудаҳояшон зинда нигоҳ доштаву то ба имрўз расондаанд.

Лекин асли ҳақиқат ин аст, ки Наврўз маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва аз шарофати сиёсати миллатдўстонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеан эҳё гардид ва бо ҳама рангҳои рангинкамони айёми баҳорон ҷилвагар шуд. Чунки Наврўз худ ҳам моҳиятан истиқлолият аст, истиқлолияти маънавие, ки дар сармоҳои тўлониву дарозои зулмонии таърих халқи моро барҷо нигоҳ дошт ва барпову болодаст то истиқлолияти воқеии сиёсиаш оварда расонд.

 

Наврўзи мо садсолаҳо

                        буд рамзи Истиқлоли мо,

Сарсабзии мо, бахти мо,

                             гулхандаи иқболи мо,

Наврўз моро менамуд

                              озод аз ҳар бандагӣ,

Пайваста меовард бор

                                  озодагӣ, пояндагӣ.

 

Наврўзу Истиқлолият

                    моро ду ҳаммаъно шуданд,

Ин ду ҷаҳонӣ ҷашни мо

                     дар ҷону дилҳо ҷо шуданд,

Хуршеди наврўзӣ бувад

                   тобон дар ин мулки куҳан,

Хуршеди истиқлолият

                          поянда дар авҷи Ватан!

Ин пайвандро ба мо маҳз Пешвои миллат талқин карданд, руҷўъи амиқ ба таърихи Ватанамон, ба гузаштаи пурфоҷиаву пурифтихори миллатро ёд доданд, суннатҳои зиндагисози Наврўзи ниёгон - озодиву озодагӣ, бунёдкориву созандагӣ ва, бар рағми сардиҳои асливу маҷозии ҳаёт, дилгармӣ ва сарсабзиву шукуфоиро дар ҳастии ҳар нафари мо ҷо намуданд.

Бисёр рамзист, ки Ҷаноби Олӣ ҳар сол маҳз дар арафаи Наврўз зиёиён, аз ҷумла шоиру нависандагонро ба ҳузур мепазиранд, розу ниёзашонро мешунаванд, ба ҷодаи пайванди бештари маънавиёт бо ҳаёт ҳидоят мекунанд.

Аз шарофати ҳамин мулоқотҳо буд, ки барои нашри садҳо китоби адибони гузаштаву имрўза имконият фароҳам омад, нашрияҳои Иттифоқи нависандагон дастгирӣ ёфтанд, ба таҳкими пояҳои маънавии адабиётамон таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Суханони самимонаи Пешво - "Ман шоиронро дўст медорам!", ки низ дар ҳамин гуна як мулоқоти сатҳи ҷаҳониашон - Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз иброз доштанд, бори дигар наврўзтинативу баҳороиниашонро бозгў кард. Дар он ҳарфҳои заминиву замонӣ заррае муболиға набуд, чунки Ҷаноби Олӣ худ беш аз ҳар касе халқи хешро, Ватани хешро аз дилу ҷон дўст медоранд ва адибон як ҷузъи ҷонпайванди ҳамин халқу Ватананд, ки бо нахли пурбори қалами хеш боғи маънавиёти Ватанро сарсабз медоранд, бо хиштҳои тиллоии ҳарфу сухан кошонаҳои маънавӣ бунёд мекунанд, бо кафшери сўзони бовару эътиқод дилҳоро пайванд ва ҳастии маънавии халқро бегазанд месозанд. Дар ин роҳ офаридаҳои пурифтихори Пешвои миллат аз таъриху забону адабиёти Ватан чароғи ҳидояти аҳли адаб ҳастанду хоҳанд буд.

Дар масъалаи арзишҳои маънавии халқамон низ аъзои фаъоли Иттифоқи нависандагон самимона ҷонибдори Сарвари давлатанд ва, алорағми баҳсҳои иғвогаронаву ҳангомахоҳона ва бемасъулиятонаи гурўҳе, қотеъона бар онанд, ки ин қаламрави муқаддас Тоҷикистон, ин мардуми сарбаланду арҷманд тоҷик, ин забони нобу пок тоҷикӣ, ин алифбои заминиву замонӣ саводбахши воқеии наслҳои дирўзу имрўз ва фардои миллат, Айнии бузург айни тимсоли ормонҳои халқи моянд ва ба қадри имкон ба ҳар қасди ғаразноку нопок ба ин муқаддасоти маънавии миллатамон барҷову бодалел посух гуфтаанду хоҳанд гуфт.    

Имсол ҳам Ҷаноби Олӣ дар арафаи Наврўзи дилафрўзу кинасўз ба ҳамагон сабақе безавол ва ба аҳли дил ҳадяе бемисол доданд. Мо ҳанўз таҳти таассуроти амиқи мулоқоти деринтизору таърихии он кас бо сарвари ҳамсоякишвари аз ҳар ҷиҳат қаринамон ҳастем. Камина, ки сафари басо душвору басо инсонишиори Пешвои миллатро дар соли 2016 ба Самарқанди бостонӣ хуб дар ёд дорад, муътақид аст, ки мулоқоти файзбахши имсола идома ва натиҷаи ҳамон ҷавонмардиҳои бузургворонаест, ки он вақт, дар лаҳзаҳои мушкили халқу кишвари ҳамсоя дар пеши назари ҳазорон нафар сиёсатмадору халқи одии заҳматкаш зоҳир карданд. Ва бисёр ифтихормандем, ки Сарвари давлатамон ва Сарвари Ҷумҳурии Ўзбекистон дар қатори омилҳои пурзўри офарандаи ваҳдати халқҳоямон адабиётро зикр намуданд ва аз адибони машҳури ваҳдатофаринамону осори ҷовидонашон ёд оварданд. Адибони имрўз ҳам, ба қадри имкону тавон, анъанаи он бузургмардонро идома медиҳанд ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон робитаҳои созандаи адабӣ ва табодули таҷрибаи адабиву осори адабиётро, аз ҷумла тавассути Маркази тарҷумаи бадеӣ, ки бо ибтикору дастури Президенти муҳтарам таъсис ёфтааст, амалӣ хоҳад кард.

Мо, дар эътиқоду бовар ба ояндаи аз имрўз беҳтар, дастпарварону пайравони Ҷаноби Олием ва итминони қавӣ дорем, ки мушкилоту маҳдудиятҳои имрўзаи молиявӣ бартараф, имконоти давлатамон беш аз ин мешавад ва тибқи дастури он кас, ҳамзамон бо нашри осори адибони ду ҳамсоякишвар ба забонҳои ҳамдигар, ба хотири ҳавасмандии бештари қаламкашони маъруфу ҷалби ҷавонадибони болаёқат ва тарбияи завқи насли наврас чопи асарҳои нави аҳли адаб, барқарории дастмузди адибон, таҷлили ҷашну гиромидошти намояндагони бузурги адабиёти дирўзу имрўз, эҳёи рўзҳои адабиёт дар дохили кишвар ва берун аз он идома меёбад, чунки худашон, чун сиёсатмадори оқилу сарвари одил беш аз ҳар каси дигар медонанд, ки рушди адабиёт аз пуштибонии давлатии соҳа ва ҷаҳонбиниву вусъати назари адибон бисёр вобаста аст. Ҳамон тавре ки бо ҳидояташон дар ин айёми сарсабзии оламу одам ба гулбоғи замонавӣ табдил додани атрофи Иттифоқи нависандагон ниҳоли бовару умеди адибонро ба сиёсати созандагии давлатамон қавитару пурбортар намуд, бешак, тадбирҳои зикршуда низ онҳоро ба эҷоди бештару беҳтар рўҳу илҳом мебахшанд.

Ду сол боз, вобаста ба дигаргуниҳое, ки ҷиҳати беҳбуди сатҳу савияи эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон сурат мегирад, ғайбату туҳмат ва авомфиребиҳои маъмулии воситаҳои ба ном "озод"-и ахбор ва шабакаҳои бемасъулияти иҷтимоӣ давом дорад. Лекин мо Сарвари давлатро итминон мебахшем, ки Раёсати Иттифоқи нависандагон дар иҷрои дастурашон ва супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати мамлакат собитқадаму устувор ва софдилу одил  аст, зеро, дар баробари Ватани азиз ва рамзҳои шарифи он, Сухани баланду дилписанд ва Адабиёти ватансозу миллатофаринамонро муқаддас мешуморад ва барои покиву полудагиашон сидқан мекўшад. Яъне, дар муҳити имрўзаи Иттифоқи нависандагон ҳар адиби воқеан ҳунарманду заҳматписанд ҳатман дастгирӣ меёбад, вале на адибтарошони савдогару пурдаъво ва худхоҳу худбаҳо. Тибқи фармонҳои Президенти муҳтарам бо унвонҳои баланд сарфароз гардидани адибони заҳматкашу хизматнишондода ва аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагон бо ҷоизаи адабӣ мукофотонидани қаламкашони сазовору ба узвияти созмони эҷодӣ пазируфта шудани адибони ҷавони умедбахш далели равшани ин аст.  

Чанд рўз пеш гурўҳе, ки шомили намояндагони аҳли адаб ҳам буд, сафари Роғун дошт. Моро бори дигар хираду хаёли онҳое, ки он лоиҳаи бемонандро офаридаанд, корномаву диловарии бинокорон ва шаҳомату вусъати бемисли сохтмон ба ҳайрат овард, вале ҳазорон бор беш аз ин мафтуни дарку эҳсос, ҷасорату матонат, азми пайвастаи бунёдкорӣ ва халқпарвариву ватандўстии бузургмарде шудем, ки зарурати он сохтмони беназирро саривақт эҳсос намуд, ҳазорон банду монеаҳоро собирона бартараф кард, дунёро итминон ва халқи худро имкону тавон бахшида, ба он ҷисми афсурдаву пажмурда рўҳи тоза  дамид. Он бузургмарди фарохандешу фарохназар Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд ва мо, аҳли адаб, дар ин рўзи тантанаи офтоби ҳақиқии наврўзӣ, амалӣ гаштани орзўи бузурги худашону тамоми мардуми кишвар - саривақт фурўзон шудану ҷовидон дурахшон мондани офтоби нави маҷозии Ватан - Нерўгоҳи обии барқи Роғунро самимона барояшон орзў мекунем!

Маҳз сабақи бузурги Пешвои миллат аст, ки Наврўз фақат сабзаву гулу чакану суманак нест, Наврўз, пеш аз ҳама, маънавиёт аст, шеър аст, адабиёт аст, ҳамияту одамият аст, покиву полудагии дилҳову манзилҳост, арҷгузории Ватану ҳамватанон аст, посдории самимонаи миллату давлати худ аст, сарсабзиҳову шукуфоиҳои маънавист. Маҳз ҳамин ҳикмату ҳимматро бори дигар талқин кард мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо зиёиён, ки посдорони асосии ин арзишҳоянд.

Ҳикмати маъруфе ҳаст, ки "кишвари кўчакро сарвари бузург мебояд".  Сарвари давлату миллати мо бо паҳнои дарку эҳсос, вусъати ҷасорату матонат, пайванди нийяту амалҳои нек ва самимияти меҳру муҳаббат Тоҷикистони кўчакамонро як ҷаҳон кардаанд ва акнун мебояд гуфт, ки "Кишвари бузургро Сарвари бузург месозад!". Сарваре, ки аз дилу ҷон сарзаминашро чун баҳористон шукуфонидан мехоҳад, ҳар гўшаи диёрашро наврўзгоҳ кардан мехоҳад, халқашро сазовори зиндагии шоистаи инсон ва сабзҷону ҷовидон дидан мехоҳад.

Зиҳӣ чунин кишвари баҳороин!

Зиҳӣ чунин Сарвари Наврўзботин!

 

 

Савганд ба сарсабзиву савганд ба Наврўз,

Савганд ба ин кишвари пайванд ба Наврўз;

Савганд ба ин нурфишон Меҳани Хуршед,

Савганд ба уммеди дили миллати уммед;

Савганд ба ҳар иду ба ҳар шодии Меҳан,

Савганд ба озодиву ободии Меҳан;

Савганд ба хокаш, ки ҳама ганҷ биёрад,

Савганд ба обаш, ки ҳама нур биборад;

Савганд ба ҳар кўҳ, ки тимсоли ғурур аст,

Савганд ба ҳар рўд, ки сарчашмаи нур аст;

Савганд ба шеъраш, ки баланд аст чу кўҳаш,

Савганд ба меҳраш, ки фузудаст шукўҳаш;

Савганд ба ҳар сабзаи бархоста аз хок,

Савганд ба ин хок, ки болост зи афлок;

Савганд ба ҳар нахли тару меваи покаш,

Савганд ба ин лафзи хушу шеваи покаш;

Савганд ба ҳар модари дилпарвару дилсўз,

Савганд ба ҳар тифлаки хушқисмату хушрўз;

Савганд ба ҳар лонаяки шохи дарахташ,

Савганд ба ҳар хонаи пайвастаи бахташ;

Савганд ба ҳар дил, ки пайи меҳру сафо рафт,

Савганд ба ҳар мард, ки бо роҳи вафо рафт;

Савганд ба ин мақсади созандаи воло,

Савганд ба ин Раҳбари донову тавоно;

Савганд, ки сарсабзии ин мулк бихоҳем,

Наврўзи Ватанро ҳамагон пуштупаноҳем!

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved